(банди 5 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.10.2010 № 527 аз эътибор соқит дониста шуд)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Хадамоти давлатии назорати танзим дар соҳаи нақлиёт
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи корхонаҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4)().
2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба миқдори 330 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз чумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 36 воҳид муқаррар карда шавад, ки аз он 262 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла дастгоҳи марказӣ 36 воҳид ва 68 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси хадамот маблағгузорӣ карда шавад ().
3. Барои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт лимити автомашинаҳои хизматӣ ба миқдори 11 адад, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ 4 адад муқаррар карда шавад.
4. Маблағгузории хароҷот барои нигаҳдории Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо тибқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида, анҷом дода шавад.
5. Банди 6 фасли 1 тартиби танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 2003 № 342 "Дар бораи тасдиқи Тартиби танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"6. Мақоми назоратӣ ва танзими давлатии ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт буда, иҷрокунандаи ин Тартиб Ассотсиатсияи боркашонҳои байналмилалии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон "АВВАТ" мебошад" ().
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июни соли 2001 № 252 "Дар бораи Инспексияи нақлиётии назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 марти соли 2007 № 107
ш. Душанбе
(банди 5 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.10.2010 № 527 аз эътибор соқит дониста шуд)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Хадамоти давлатии назорати танзим дар соҳаи нақлиёт
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2008 № 689, аз 02.08.2010 № 399, аз 02.10.2010 №527)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи корхонаҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4)().
2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба миқдори 256 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 43 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад ().