Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 № 107
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 107 "Дар бораи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2) Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба миқдори 286 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 47 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад, ки аз он 256 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 43 воҳид ва 30 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамот, аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 4 воҳид маблағгузорӣ карда шавад.".
2) Сархати сеюми Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 107 тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Раёсати ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 декабри соли 2010 № 668
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2007 года № 107
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Изложить пункт 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2007 года № 107 "О Государственной службе по надзору и регулированию в области транспорта" в следующей редакции: "Установить предельную численность работников Государственной службы по надзору и регулированию в области транспорта в количестве 286 единиц (без обслуживающего персонала), в том числе Центрального аппарата в количестве 47 единиц (без обслуживающего персонала), из которых финансирование 256 единиц осуществляется за счёт республиканского бюджета, в том числе 43 единиц Центрального аппарата и 30 единиц за счёт специальных средств Службы, в том числе Центрального аппарата 4 единицы.".
2) Изложить третий абзац Структуры Центрального аппарата Государственной службы по надзору и регулированию в области транспорта утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2007 года № 107 в следующей редакции:
"Управление международных автомобильных перевозок".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 30 декабря 2010 года №668
г. Душанбе