Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008, № 98 "Дар бораи тасдиқи Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 31.12.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794)

Тибқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои пешбинишуда ҳар сол дар Буҷети давлатӣ ҷиҳати татбиқи Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикисгон тадбирҳои зарурӣ андешад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794).

3. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда, фаъолияти вазорату идораҳоро дар ин самт ҳамоҳанг намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 5 марти соли 2008 № 98

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Концепции реформирования заработной платы в Республике Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 31.12.2014г. №794)

В соответствии со статьёй 16 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьёй 6 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Концепцию реформирования заработной платы в Республике Таджикистан (прилагается).

2. Министерству труда,  миграции и знятости населения  Республики Таджикистан совместно с Министерством финансов Республики Таджикистан, Министерством   экономического   развития   и   торговли    Республики Таджикистан  в  рамках  ежегодно  предусматриваемых  в Государственном бюджете средств принять  необходимые  меры  для  реализации  Концепции реформирования  заработной  платы в Республике Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 31.12.2014г. №794).

3. Министерству труда,  миграции и занятости населения Республики Таджикистан разработать и утвердить  план  мероприятий  по  реализации Концепции  реформирования  заработной платы в Республике Таджикистан и
осуществлять координацию деятельности министерств и  ведомств  в  этом направлении (в редакции постановления Правительства РТ от 31.12.2014г. №794).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                                       Эмомали Рахмон

от 5 марта 2008 года №98

ш. Душанбе