Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 1993, № 339 "Дар бораи Пажӯҳишгоҳи меҳнати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- номи қарор дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Дар бораи Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ"-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- дар муқаддимаи қарор баъд аз калимаи "меҳнат" калимаи ",муҳоҷират" илова карда шавад;
- дар банди 1 калимаҳои "Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқикотии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" мутобиқан ба калимаҳои "Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ"-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ", муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ" иваз карда шаванд.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 1996, № 77 "Дар бораи танзими пардохти музди меҳнати роҳбарони корхонаҳои давлатӣ" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар банди 5 қарор калимаҳои "Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии" ва "Кумитаи давлатии саноати" мутобиқан ба калимаҳои "Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии" ва "Вазорати саноат ва технологияҳои нави" иваз карда шаванд;
- дар банди 5 Низомномаи танзими пардохти музди меҳнати роҳбарони корхонаҳои давлатӣ ҳангоми бо онҳо бастани шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ калимаҳои "Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии", ба калимаҳои "Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии" иваз карда шаванд.
3. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997, № 462 "Дар бораи дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷират" тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- дар сархати дуюми ҳайати Комиссия калимаҳои "Мудири Шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии" ба калимаҳои "Сардори Раёсати рушди иҷтимоии" иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюми ҳайати Комиссия калимаҳои "Мудири бахши муҳоҷират ва робита бо ҳамватанони бурунмарзии Шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии" ба калимаҳои "Сармутахассиси Раёсати рушди иҷтимоии" иваз карда шаванд;
- дар сархати шашуми ҳайати Комиссия калимаҳои "Муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии" ба калимаҳои "Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии" иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳаштуми ҳайати Комиссия калимаҳои "Муовини Вазири тандурустии" ба калимаҳои "Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии" иваз карда шаванд;
- дар сархати даҳуми ҳайати Комиссия калимаҳои "Муовини Вазири маорифи" ба калимаҳои "Муовини Вазири маориф ва илми" иваз карда шаванд;
- дар сархати ёздаҳуми ҳайати Комиссия калимаҳои "Муовини Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи" ба калимаҳои "Муовини Вазири нақлиёти" иваз карда шаванд;
- сархати бисту дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- дар банди 9 Низомномаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи "семоҳа" ба калимаи "нимсола" иваз карда шавад.
4. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 1999, № 154 "Дар бораи тасдиқи Тартиби корбурди дафтарчаи меҳнатии кормандон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар банди 4 қарор калимаҳои "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии" ба калимаҳои "Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии" иваз карда шаванд;
- дар сархати якуми банди 19 Тартиби корбурди дафтарчаи меҳнатии кормандон калимаҳои "Вазорати амнияти" ба калимаҳои "Кумитаи давлатии амнияти миллии" иваз карда шаванд.
5. Дар банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002, № 521 "Дар бораи Номгӯи истеҳсолот, сехҳо, корҳо, касбу вазифаҳое, ки шароити меҳнати зарарнок ва вазнини кор дар онҳо барои рӯзи кӯтоҳи кор ва рухсатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад" калимаҳои "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии" ба калимаҳои "Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии" иваз карда шаванд.
6. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008, № 98 "Дар бораи тасдиқи Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар бандҳои 2 ва 3 қарор калимаҳои "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии" ба калимаҳои "Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии" иваз карда шаванд;
- дар бандҳои 13 ва 14 Консепсия калимаҳои "Вазорати маорифи" ва "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии" мутаносибан ба калимаҳои "Вазорати маориф ва илми" ва "Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии" иваз карда шаванд;
- дар банди 14 Консепсия калимаҳои "Кумитаи давлатии омори", "Вазорати маорифи", "Вазорати тандурустии" ва "Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати" мутаносибан ба калимаҳои "Агентии омори назди Президенти", "Вазорати маориф ва илми", "Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии" ва "Вазорати кишоварзии" иваз карда шаванд.
7. Ҳайати Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, № 267 "Дар бораи тасдиқи Ҳайати Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳамоҳангсози Комиссия
Котиби Комиссия
Аъзои Комиссия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози Тараф
- Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои Комиссия аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон:
- Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ҳамоҳангоози Тараф
- Муовини Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон
- Раиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ ва хизматрасонии ҷамъиятӣ
- Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиён
- Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ
- Раиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони комплекси агросаноатӣ
- Раиси Федератсияи иттифоқи касабаи кормандони ҳавопаймоӣ
- Раиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони саноати маъдан ва металлургия "Тоҷикметалл"
- Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабук
- Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон
Аъзои Комиссия аз ҷониби Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози Тараф
- Раиси Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муовини Раиси Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Раиси иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон
- Раиси Фонди ғайритиҷоратии хайрияи "Савоб"
- Директори Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикхориҷакор"
- Директори Муассисаи давлатии "Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа"
- Раиси Иттифоқи илмию саноатии Тоҷикистон
- Директори Созмони ғайриҳукуматии "Сурхоб"
- Директори Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд".
8. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, № 684 "Дар бораи Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар банди 3 қарор калимаҳои "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии" ба калимаҳои "Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии" иваз карда шаванд;
- дар бандҳои 1, 3, 4 ва 5 Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2016 калимаҳои "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии" ба калимаҳои "Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии" иваз карда шаванд;
- дар банди 4 Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016 калимаҳои "Вазорати маорифи" ба калимаҳои "Вазорати маориф ва илми" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 декабри соли 2014 № 794
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Внести в постановление Совета Министров Республики Таджикистан от 12 июля 1993 года, №339 "О Научно-исследовательском институте труда Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнения:
- название постановления изложить в следующей редакции;
"О Государственном учреждении "Институт труда, миграции и занятости населения" Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан";
- преамбулу постановления после слова "труда" дополнить словом ", миграции";
- в пункте 1 слова "Научно-исследовательский институт труда и социальной защиты населения Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан" и "занятости и социальной защиты населения" соответственно заменить словами "Государственное учреждение "Институт труда, миграции и занятости населения" Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан" и "миграции и занятости населения".
2. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 21 февраля 1996 года, №77 "О регулировании оплаты труда руководителей государственных предприятий" следующие изменения:
- в пункте 5 постановления слова "Министерству труда и занятости населения" и "Государственному комитету промышленности" заменить соответственно словами "Министерству труда, миграции и занятости населения" и "Министерству промышленности и новых технологий";
- в пункте 5 Положения о регулировании оплаты труда руководителей государственных предприятий при заключении с ними трудовых договоров (контрактов) слово "Минтрудзанятости" заменить словами "Министерством труда, миграции и занятости населения".
3. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 21 октября 1997 года, №462 "Об образовании при Правительстве Республики Таджикистан Межведомственной Комиссии по регулированию миграционных процессов" следующие изменения:
- в абзаце втором состава Комиссии слова "Заведующий Отделом занятости и социальной защиты населения" заменить словами "Начальник Управления социального развития";
- в абзаце третьем состава Комиссии слова "Заведующий сектором миграции и связей с зарубежными соотечественниками Отдела занятости и социальной зашиты населения" заменить словами "Главный специалист Управления социального развития";
- в абзаце шестом состава Комиссии слова "Заместитель Министра труда и социальной защиты населения" заменить словами "Заместитель Министра труда, миграции и занятости населения";
- в абзаце восьмом состава Комиссии слова "Заместитель Министра здравоохранения" заменить словами "Заместитель Министра здравоохранения и социальной защиты населения";
- в абзаце десятом состава Комиссии слова "Заместитель Министра образования" заменить словами "Заместитель Министра образования и науки";
- в абзаце одиннадцатом состава Комиссии слова "Заместитель Министра транспорта и коммуникации" заменить словами "Заместитель Министра транспорта";
- абзац двадцать второй изложить в следующей редакции:
"Заместитель Председателя Государственного комитета земельного управления и геодезии Республики Таджикистан";
- в пункте 9 Положения о межведомственной Комиссии по регулированию миграционных процессов при Правительстве Республики Таджикистан слово "квартал" заменить словом "полугодие".
4. В постановление Правительства Республики Таджикистан от 12 апреля 1999, № 154 "Об утверждении Порядка ведения трудовых книжек работников" внести следующие изменения:
- в пункте 4 постановления слова "Министерству труда и социальной защиты населения" заменить словами "Министерству труда, миграции и занятости населения";
- в абзаце первом пункта 19 Порядка ведения трудовых книжек работников слово "Министерства" заменить словами "Государственного комитета национальной".
5. В пункте 3 постановления Правительства Республики Таджикистан от 31 декабря 2002 года, №521 "О списке производств, цехов, профессий и должностей с вредными и тяжёлыми условиями труда, работа в которых даёт право на сокращенный рабочий день и ежегодный дополнительный отпуск" слова "Министерству труда и социальной защиты населения" заменить словами "Министерству труда, миграции и занятости населения".
6. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 марта 2008 года, №98 "Об утверждении Концепции реформирования заработной платы в Республике Таджикистан" следующие изменения:
- в пунктах 2 и 3 постановления слова "Министерству труда и социальной защиты населения" заменить словами "Министерству труда, миграции и занятости населения;
- в пунктах 13 и 14 Концепции слова "Министерству образования", "Министерстве труда и социальной защиты населения", "Министерство труда и социальной защиты населения", "Министерству труда и социальной защиты населения" и "Министерством труда и занятости населения" соответственно заменить словами "Министерству образования и науки", "Министерстве труда, миграции и занятости населения", "Министерство труда, миграции и занятости населения", "Министерству труда, миграции и занятости населения" и "Министерством труда, миграции и занятости населения";
- в пункте 14 слова "Государственным комитетом статистики", "Министерству образования", "Министерству здравоохранения" и "Министерству сельского хозяйства и охраны природы" соответственно заменить словами "Агентством по статистике при Президенте", "Министерству образования и науки", "Министерству здравоохранения и социальной защиты населения" и "Министерству сельского хозяйства".
7. Состав трехсторонней Комиссии по регулированию социально-трудовых отношений в Республике Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 29 апреля 2009 года, №267 "Об утверждении состава трехсторонней Комиссии по регулированию социально-трудовых отношений в Республике Таджикистан", изложить в следующей редакции:
"Заместитель Премьер-министра Республики Таджикистан координатор Комиссии
Секретарь Комиссии
Члены Комиссии от Правительства Республики Таджикистан:
- Министр труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан, координатор Стороны
- Начальник Управления социального развития Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
- Заместитель Министра юстиции Республики Таджикистан
- Заместитель Министра финансов Республики Таджикистан
- Заместитель Министра экономического развития и торговли Республики Таджикистан
- Заместитель Министра энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан
- Заместитель Министра сельского хозяйства Республики Таджикистан
- Заместитель Министра транспорта Республики Таджикистан
- Заместитель Министра образования и науки Республики Таджикистан
- Заместитель Министра здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан
Члены Комиссии от Федерации независимых профсоюзов Таджикистана:
- Председатель Федерации независимых профсоюзов Таджикистана, координатор Стороны
- Заместитель Председателя Федерации профсоюзов Таджикистана
- Председатель Центрального комитета профсоюза работников государственных учреждений и общественного обслуживания
- Председатель Республиканского комитета профсоюза железнодорожников
- Председатель Республиканского комитета профсоюза работников здравоохранения
- Председатель Центрального комитета профсоюза работников агропромышленного комплекса
- Председатель Федерации профсоюза работников авиации
- Председатель Центрального комитета профсоюза трудящихся горнометаллургической промышленности "Таджикметалл"
- Председатель Республиканского комитета профсоюза работников текстильной и легкой промышленности
- Председатель Совета профсоюзов Хатлонской области
Члены Комиссии от Объединения работодателей:
- Председатель Объединения работодателей Республики Таджикистан, координатор Стороны
- Председатель Национальной ассоциации малого и среднего бизнеса Республики Таджикистан
- Заместитель Председателя Союза дехканских (фермерских) хозяйств и предпринимателей Республики Таджикистан
- Председатель национального объединения инвалидов Таджикистана
- Председатель Некоммерческого благотворительного фонда "Савоб"
- Директор Государственного учреждения "Агентство трудоустройства за рубежом"
- Начальник отдела труда Государственного унитарного предприятия "Таджикская алюминиевая компания"
- Председатель Научно-промышленного союза Таджикистана
- Директор НПО "Сурхоб"
- Директор Ассоциации предпринимателей Согдийской области".
8. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 декабря 2012 года, №684 "О Программе охраны труда в Республике Таджикистан на 2013-2016 годы" следующие изменения:
- в пункте 3 постановления слова "Министерству труда и социальной защиты населения" заменить словами "Министерству труда, миграции и занятости населения";
- в пунктах 1, 3, 4 и 5 Плана мероприятий по реализации Программы охраны труда в Республике Таджикистан на 2013-2016 годы слова "Министерство труда и социальной защиты населения" заменить словами "Министерство труда, миграции и занятости населения";
- в пункте 4 Плана мероприятий по реализации Программы охраны труда в Республике Таджикистан на 2013-2016 годы слова "Министерство образования" заменить словами "Министерство образования и науки".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 31 декабря 2014 года, № 794