Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон аз 2 сентябри соли 1998, № 345

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.06.2017 № 276 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 сентябри соли 1998 № 345

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 сентябри соли 1998 № 345

тасдиқ шудааст

Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон

1. Дастуруламали коргузори бо муроҷиатҳои шаҳрвандон дар асоси қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 № 344 ,Оид ба мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон" тартиб дода шудааст.

2. Ҳамин Дастуруламал тартиби пешбурди коргузориро аз рӯи муроҷиатҳои шаҳрвандон дар корхона, муассиса ва ташкилот (минбаъд муассиса) сарфи назар аз шакли моликият муайян мекунад.

3. Пешбурди коргузорӣ аз рӯи муроҷиатҳои шаҳрвандон аз дигар намудҳои коргузори ҷудо буда, ба зиммаи шахсони мансабдори махсуси барои ин кор таъиншуда гузошта мешавад, ки онҳо тартиби пешбурди коргузориро дар муассиҳои дахлдор мунтазам тафтиш карда, барои такмил додани ин кор чораҳо меандешанд.

4. Тамоми муроҷиатномаҳое, ки ба муассисаҳо ворид мешаванд, бояд қабул карда, ба ҳисоб гирифта, дар варақаи бақайдгирию назорати (замимаи № 1) ва дар дафтари алоҳида (замимаи № 2) дар рӯзи воридшавии онҳо ба таври марказонидашуда ба қайд гирифта шавад. Дар муроҷиатҳо бояд фамилия, ном ва номи падар, суроғаи шаҳрванд нишод дода шавад, дар акси ҳол чунин муроҷиатҳо номаълум дониста, барраси намешаванд.

Ҳангоми ворид шудани миқдори начандон зиёди муроҷиатномаҳо (соле то 100 дона) онҳо танҳо дар дафтар ба қайд гирифта мешаванд.

Лифофаи онҳо дар мавридҳое нигоҳ дошта мешаванд, ки агар фақат аз рӯи он суроғаи фиристонандаро муқаррар кардан мумкин шавад, ё агар санаи мӯҳри почта барои тасдиқ мамудани вақти фиристодан ва гирифтани муроҷиатнома, инчунии дар дигар мавридҳо зарур шуда монад.

Дар сурати шахсан қабул кардани шаҳрвандон муроҷиатҳои хаттию даҳонии онҳо низ бояд дар дафтарҳои дахлдор ё варақаҳои бақайдгирию назорати ба таври марказонидашуда қайд карда шаванд.

Шохиси (индекси) бақайдгирии муроҷиат дар мӯҳри бақайдгири нишон дода мешавад, ки ҷои гузориш ва шакли онро ГОСТ-и 6,38-90 муайян мекунад. Шохиси бақайдгири аз ҳарфи аввали фамилияи муаллиф ва рақами тартибии муроҷиати воридшуда (масалан, А-117) иборат мебошад. Шохси бақайдгирии бо дигар аломатҳое, ки батартибандози, ҷустуҷӯ, таҳлил ва эҳтиёткунии ин муроҷиатҳои шаҳрвандонро таъмин менамояд, пурра шуда метавонад.

...

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.06.2017 № 276 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқ кардани Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон

Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дастураламали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 30 апрели соли 1982 "Дар бораи тасдиқ кардани Низомномаи тартиби дида баромадани таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳои гражданинҳо ва Дастуруламали бурдани коргузорӣ аз рӯи таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳои гражданинҳо дар вазоратҳо, комитетҳои давлатӣ, идораҳо, комитетҳои иҷроияи Советҳои халқӣ, дар корхонаҳо, муассисаҳо, совхозҳо, колхозҳо ва дигар ташкилотҳои кооперативию ҷамъиятии РСС Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Э. Раҳмонов

аз 2 сентябри соли 1998 № 345

ш. Душанбе