Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2017 № 276 "Дар бораи Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи

муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади танзими ягонаи коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 1998, № 345 "Дар бораи тасдиқ кардани Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 1 июни соли 2017 № 276

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке делопроизводства и статистическом учёте по обращениям физических и юридических лиц

В соответствии со статьей 15 Закона Республики Таджикистан "Об обращениях физических и юридических лиц" и статьей 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" с целью единого регулирование делопроизводства и статистического учёта по обращениям физических и юридических лиц Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок делопроизводства и статистического учёта по обращениям физических и юридических лиц (прилагается).

2. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 сентября 1998 года, №345 "Об Инструкции о ведении делопроизводства по обращениям граждан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 1 июня 2017 года, № 276