Низомномаи Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок аз 30 декабри соли 2007, № 656

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2007 № 656

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2007 № 656

тасдиқ шудааст

Низомномаи Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок

I. Қоидаҳои умумӣ

1. Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок (минбаъд - КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар асоси моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 617 "Дар бораи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар назди Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

2. КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҷумҳуриявӣ буда, барои баҳисобгирии беэътимоди давлатии захираҳои канданиҳои фоиданок, кондитсияҳои ашёи минералӣ , дурустии маълумоти геологиро оид ба миқдор ва сифати захираҳои дар қаъри замин иктишофшудаи ашёи минералӣ ва қитъаҳои қаъри замин, ки ба истихроҷи канданиҳои фоиданок вобаста нестанд, экспертизаи давлатӣ менамояд.

3. Кондитсияҳои ашёи минералӣ ва захираҳои иктишофшудаи конҳои канданиҳои фоиданоки аз тарафи КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда барои баҳисобгирӣ дар баланси давлатии захираҳои канданиҳои фоиданок, ҳамчунин барои коркарди саноатӣ ва таҳияи барномаҳои дурнамои рушди саноати куҳӣ асос мебошанд.

4. Иҷрои қарорҳо, нишондодҳо ва дастурамалҳои КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои дар доираи салоҳияташ буда, танҳо дар сурати бақайдгирии давлатӣ дар феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии истифодабарандаи қаъри замин ҳатмӣ мебошанд ва онҳоро танҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда метавонад.

5. КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Низомнома ба роҳ мемонад.

6. КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои асоснок будани кондитсияҳои муваққатӣ ва доимии ашёи минералӣ ва дурустии ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданоки тасдиқшуда ҷавобгӯ аст.

II. Ваколатҳо

7. Ваколатҳои асосии КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз инҳо иборатанд:

...

Утверждено

 Постановленном Правительства

Республики Таджикистан

от 30 декабря 2007 года №656

Утверждено

 Постановленном Правительства

Республики Таджикистан

от 30 декабря 2007 года №656

Положение Государственной комиссии Республики Таджикистан по запасам полезных ископаемых

I. Общие положения

1. Государственная комиссия Республики Таджикистан по запасам полезных ископаемых (далее ГКЗ Республики Таджикистан) функционирует при Главном управление геологии при Правительстве Республики Таджикистан в соответствии со ст. 30 Закона Республики Таджикистан "О недрах" и с постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года № 617 "О Главном управление геологии при Правительстве Республики Таджикистан".

2. ГКЗ Республики Таджикистан является республиканским органом для достоверного государственного учета запасов месторождении полезных ископаемых, осуществляющим государственную экспертизу кондиций на минеральное сырье, достоверности подсчета разведанных запасов месторождений полезных ископаемых и геологической информации об участках недр, не связанных с добычей полезных ископаемых.

3. Утвержденные ГКЗ Республики Таджикистан кондиции минерального сырья и разведанные запасы месторождений полезных ископаемых являются основанием для учета разведанных запасов полезных ископаемых государственным балансом, а также основанием для промышленного освоения и для разработки перспективных программ развития горной промышленности,

4. Решения, указания и инструкции ГКЗ Республики Таджикистан по вопросам, отнесенным к ее компетенции, являются обязательными для исполнения всеми физическими и юридическими лицами использующие недра, только после их государственной регистрации в перечне нормативно-правовых актов Министерства юстиции Республики Таджикистан и могут быть отменены Правительством Республики Таджикистан.

5. ГКЗ Республики Таджикистан в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан и иными нормативно-правовыми актами Республики Таджикистан, а также международно-правовыми актами признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением.

6. ГКЗ Республики Таджикистан несет ответственность за обоснованность устанавливаемых временных и постоянных кондиций на минеральное сырье, достоверность утверждаемых запасов полезных ископаемых.

II. Полномочия

7. Основными полномочиями ГКЗ Республики Таджикистан являются:

...