Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок
Мутобиқи моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар назди Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок таъсис дода шавад.
2. Низомномаи замимашудаи Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок тасдиқ карда шавад.
3. Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок дар ҳайати Раис, муовини Раис, котиби масъул ва 4 нафар аъзо (бе ҳайати хизматрасон) тасдиқ карда шавад.
4. Маблағгузории Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок аз ҳисоби маблағҳои Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои шартномавӣ ва дигар сарчашмаҳо, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад, анҷом дода шавад.
5. Ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2006 № 617 "Дар бораи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок".
6. Аз эътибор соқит дониста шаванд:
қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 авгусги соли 1994 № 420 "Масъалаҳои комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1997 № 327 "Дар бораи экспертиза ва тасдиқи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданок ва баҳисобгирии давлатии онҳо".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 декабри соли 2007 № 656
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Государственной комиссии Республики Таджикистан по запасам полезных ископаемых
В соответствии со статей 30 Закона Республики Таджикистан "О недрах" Правительство Республики Таджикистан постановляет;
1. Образовать при Главном управлении геологии при Правительстве Республики Таджикистан Государственную комиссию Республики Таджикистан по запасам полезных ископаемых.
2. Утвердить прилагаемое Положение Государственном комиссии Республики Таджикистан по запасам полезных ископаемых.
3. Государственную комиссию Республики Таджикистан по запасам полезных ископаемых утвердить в составе Председателя, заместителя Председателя, ответственного секретаря и 4 человек членов комиссии (без вспомогательного персонала).
4. Финансирование Государственной комиссии Республики Таджикистан по запасам полезных ископаемых осуществляется за счет средств Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан, договорных работ и других источников, не противоречащих законодательству Республики Таджикистан.
5. В Перечень подразделений системы Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 26 декабря 2006 № 617 "О Главном управлении геологии при Правительстве Республики Таджикистан добавить абзац следующего содержания:
"Государственная комиссия Республики Таджикистан по запасам полезных ископаемых".
6. Признать утратившим силу:
постановление Совета Министров Республики Таджикистан от 22 августа 1994 года № 420 "Вопросы Государственной комиссии по запасам полезных ископаемых при Совете Министров Республики Таджикистан";
постановление Правительства Республики Таджикистан от 21 июля 1997 года № 327 "О Государственной экспертизе и утверждении запасов полезных ископаемых, их государственном учете".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 30 декабря 2007 года №656
г. Душанбе