×

Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри солп 2006, № 484

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 ноябри соли 2006 № 484

тасдиқ шудааст

Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Муқаддима

I. Мафҳумҳои асосие, ки дар Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд.

II. Зарурати таҳия ва қабули Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

III. Сиёсати давлатӣ ва кафолати давлатии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

IV. Санадҳом меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ

V. Таҳлили вазъи кунунии системаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ

VI. Мақсад ва вазифаҳои асосии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ

VII. Мазмун ва мундариҷаи системаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ

VIII. Аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ

IX. Самтҳои асосии рушди муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ

Х. Заминаҳои моддию техникӣ, таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолӣ

XI. Маблағгузории системаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ

XII. Истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ

XIII. Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ

XIV. Роҳҳои амалигардонии Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

XV. Натиҷагирӣ аз Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

XVI. Тадбирҳо оид ба амалӣ намудани Копсепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муқаддима

Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Консепсия) дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурми Тоҷикистон дар вохурӣ бо кормандони соҳаи маорифи кишвар аз 22 декабри соли 2005 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия гардидааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти касбӣ дар се зина амалӣ мешавад: таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олии касбӣ. Азбаски бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2004 № 387 "Дар бораи Консепсияи давлатии ислоҳоти соҳаи таҳсилот ва таълими ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" Консепсияи давлатии ислоҳоти соҳаи таҳсилот ва таълими ибтидоии касбӣ тасдиқ шудааст, бинобар ин Консепсияи мазкур танҳо рушди таҳсилоти миёна ва олии касбиро дар бар мегирад.

Консепсия тамоюли инкишофи сиёсати давлатиро дар системаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар шароити муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва ташаккули фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ амалӣ мегардонад.

Консепсия дар марҳилаи муосир бо назардошти рушди ҷомеа ва навсозии системаи ҷаҳонии таҳсилот таҳия шуда, барои инкишофи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ хизмат менамояд. Он талаботи рӯзафзуни бозори меҳнатро ба мутахассисони баландихтисос таъмин намуда, мазмуну мундариҷа ва мақсаду вазифаҳои системаи таҳсилоти миёна ва олии касбиро муайян менамояд.

Консепсия дар асоси санадҳои меьёрии ҳуқуқӣ, арзишҳои миллию башарӣ, эҳёи дарки худшиносии таърихӣ, ҳуввият ва анъанаҳои миллӣ, дастовардҳои илмию техникӣ ва ғайра таҳия шудааст. Он имконият медиҳад, ки ислоҳоти системаи таҳсилоти миёна, олии касбӣ ва кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил таъмин гардад. Тавассути ин Консепсия таҳсилоти босифати шаҳрвандон новобаста аз мансубияти миллӣ, нажодӣ, динӣ, қавмӣ, ҷинсӣ ва забонӣ муяссар мегардад.

Консепсияи мазкур дурнамои ислоҳоти таҳсилоти миёна ва олии касбиро муайян намуда, аз вазорату, идораҳои дахлдор, сохторҳои давлатӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ татбиқи онро тақозо мекунад.

I. Мафҳумҳои асосие, ки дар Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудаанд

Аккредитатсияи давлатӣ - тартиби эътирофи мақоми давлатии муассисаи таълимӣ, ҳуқуқи ба хатмкунандагон додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи меъёри марбутаи таҳсилот;

Аттестатсия - муқаррар намудани мутобиқати мазмун, дараҷа ва сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ба талаботи Стандартҳои давлатии таҳсилот;

Бакалавр - дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбӣ буда, мутахассиси дорои ин таҳсилот доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва маҳорати касбӣ ҳосил менамояд;

Бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси касбӣ - низоми таълимие, ки мутобиқи сатҳи таҳсилоти касбӣ, ба мақсади такмили ихтисос оид ба ин ё он касб дода мешавад;

Бонки маълумот - маҷмӯи маводи таълимию иттилоотие, ки тавассути шабакаҳои мухталифи иттилоотӣ истифода мешавад;

Инноватсия - навсозӣ, навгонӣ, навгароӣ, навоварӣ;

Ихтисос - маҷмӯи дониш ва маҳорату малакае, ки дар натиҷаи омодагӣ ва таҷрибаи корӣ ҳосил шуда, барои навъи муайяни фаъолият зарур мебошад ва бо ҳуҷҷати мувофиқ дар бораи таҳсилот тасдиқ карда шудааст;

Магистр - дараҷаи таҳсилоти олии касбӣ, ки пас аз супоридани имтиҳон ё ҳимояи рисолаи магистрӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ медиҳанд;

Маориф - системаи иҷтимоие, ки ҷараёни таълим, тарбия, маълумот ва умуман, маърифати ҷомеаро ба танзим медарорад;

Маълумот - равандест, ки дараҷаи дониш, малака, маҳорат, қобилият ва маданияту ахлоқи инсонро муайян мекунад;

Муассисаи таълимӣ - шахси ҳуқуқие, ки раванди таълимро ба роҳ монда, якчанд барномаи таълим ва тарбияи хонандагону донишҷӯёнро амалӣ мегардонад;

Мазмуни таълим - сохтор, мундариҷа ва ҳаҷми барноман таълимиест, ки аз худ намудани он ба шахс имконияти гирифтани таҳсилоти олии касбӣ ва ихтисоси муайянро таъмин менамояд;

Муассисаи таҳсилоти миёнаи касбп - муассисаи таълимие мебошад, ки барномаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро дар амал татбиқ намуда, аз коллеҷ, техникум ва омӯзишгоҳ иборат аст;

Муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ - муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбие, ки аз ҷониби давлат таъсис дода шуда, аз Буҷети давлатӣ ё дигар манбаъҳо маблағгузорӣ мешавад ва ба мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад;

Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ - муассисаи таълимӣ, таълимию илмӣ, ки барномаи таълимию касбии таҳсилоти олиро аз рӯи стандарт ва самти муайяни таълим ва маърифату тахассус амалӣ менамояд, таълиму тарбия ва тайёрии касбии шаҳрвандонро вобаста ба майлу хоҳиш, қобилият ва талаботи меьёрии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ таъмин мекунад, инчунин фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро амалӣ мегардонад;

Муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ - муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбие, ки ба моликияти ғайридавлатӣ ва хусусӣ асос ёфта, ба муассис (муассисон) тобеъ аст.

Машғулияти инфиродӣ - машғулияти омӯзгор бо хонанда ё донишҷӯи алоҳида дар асоси истифода аз усулҳои фаъоли таълим;

Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ - маҷмӯи меъёрҳои талаботи соҳавии таҳсилоти касбии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ ва таснифоти ихтисосҳои маълумоти миёнаи касбиро дар бар мегирад;

Стандарти таҳсилоти олии касбӣ - маҷмӯи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилоти олии касбӣ, моҳияти таълим ва усулҳои ташхиси сифати таҳсилоти олиро бо назардошти дастовардҳои умумибашари муайян мекунад;

Системаи маориф - маҷмӯи барномаҳои таълимӣ, стандартҳои давлатии таълимӣ, шабакаи муассисаҳои таълимии амалкунанда, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, мақомоти идораи маориф, муассисаҳо ва дигар ташкилоти он, хонандагон ва тарбиягирандагон, донишҷӯён, пажӯҳишгарон, омӯзгорон ва дигар кормандон, иттиҳодияҳои муассисаҳои таълимӣ, воҳидҳои зерсохторӣ ва дигар таркибҳое мебошанд, ки ба мақсади татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи маориф амал менамоянд;

Таҳсилоти миёнаи касбӣ - дараҷаи таҳсилотест, ки шахс дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва миёнаи ибтидоии касбӣ ба он соҳиб шуда, ихтисоси муайянро дарёфт менамояд;

Таҳсилоти олии касбӣ - дараҷаи таҳсилотест, ки шахс дар муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар натиҷаи раванди пайдарпай, бонизом ва ҳадафманди фарогирии мазмуни таълим, ки он аз таҳсилоти миёнаи умумӣ асос ёфта, бо дарёфти тахассуси муайян аз рӯи ҷамъбасти аттестатсияи давлатӣ ба анҷом мерасад, соҳиб мегардад;

Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи таълимии олии касбӣтаҳсилотест, ки ба ҳар шахс дар заминаи таҳсилоти олии касбӣ имконияти баланд бардоштани сатҳи таҳсил ва тахассусро фароҳам меоварад;

Тахассус - намуд ва дараҷаи омодагии касбии хатмкунанда барои иҷрои фаъолияти касбӣ ё давом додани таҳсил, ки дар ҳуҷҷати дорои таҳсилоти марбута инъикос мешавад;

Таҳсилот - раванди муттасили таълиму тарбия, ки мақсад аз он ноил шудан ба сатҳи баланди инкишофи маънавӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ, фитрӣ ва салоҳияти касбии аъзои ҷамъият мебошад;

Таҳсилоти иловагӣ - тарбия ва таълиме, ки дар асоси барномаҳои маърифатии иловагии ҳама сатҳҳо бо мақсади қонеъгардонии ҳамаҷонибаи талаботи маърифатии шаҳрванд, давлат ва ҷамъият сурат мегирад;

Таълими фосилавӣ - яке аз шаклҳои таълим, фаъолияти мақсадноки методии таълимӣ буда, тавассути воситаҳои электронӣ ва телекоммуникатсионӣ сурат мегирад;

Таҳсилоти муттасил - имконияти таҳсил ва баланд бардоштани ихтисос дар давоми тамоми ҳаёти инсон;

Дар ҷаҳони имрӯза раванди гуманизатсия ба мазмуни таҳсилот ворид шуда, бехатарии амнияти иҷтимоӣ ва фарҳангиро таъмин намуда истодааст. Кишвари моро низ зарур аст, ки тавассути таҳсилот ин равандро дастгирӣ намояд ва онро дар ҷараёни таълим татбиқ гардонад.

Вобаста ба ин муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олиро зарур аст, ки нақшаҳои нави таълимиро таҳия намоянд, барномаҳои мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ қабул кунанд ва шаклу воситаҳои таълимро беҳтар намуда, базаи моддиву техникии худро таҳким бахшанд. Ҳамчунон, барои дигар шудани тафаккури зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии устодон курсҳои бозомӯзии муаллимонро дар дохил ва хориҷи кишвар ба роҳ монда, онҳоро ба воситаҳои муосири таълимӣ, бахусус, технологияи иттилоотӣ таъмин намоянд. Дар баробари ин, китобҳои дарсӣ ва воситаҳои нави таълимиро таҳия карда, донишҷӯи имрузаро бо маълумоти мукаммали муосир, ки асосашро худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои милливу умумибашарӣ ташкил медиҳад, таъмин намоянд.

Зарурати таҳияи Консепсияи мазкур аз ҳамин нуктаҳо сарчашма гирифта, дигаргунсозӣ ва ҳалли вазифаҳои муҳими стратегии системаи таҳсилоти миёна ва олии касбиро дар шароити имрӯзаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ талаб менамояд.

Дар охири асри XX Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид ва дар системаи таҳсилоти миёна ва олии касбии худ дигаргуниҳои амиқи сифатиро ворид намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар даврони истиқлолият бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилот як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ", Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳимро таҳия, қабул ва мавриди амал карор дод, ки онҳо барои рушди муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ заминаи хуб фароҳам оварданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи маориф, ки системаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мебошад, эътибори ҷиддӣ медиҳад. Давлат тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ" шароит муҳайё намуда, фаъолияти самараноки муассисаҳои таълмии таҳсилоти миёна ва олии касбиро таъмин менамояд.

Таҳсилоти миёнаи касбӣ бо мақсади қонеь гардонидани талаботи шахс барои гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ ва гирифтани тахассус дар соҳаи фаъолияти касбии интихобнамуда фаъолият менамояд ва барои рушди зеҳнӣ, фарҳангӣ, ҷисмонӣ ва ахлоқӣ, инчунин конеъ гардонидани талаботи ҷамьият ба мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ амал менамояд.

Таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун зинаи олии тайёр намудани мутахассисони касбӣ ба ҳисоб рафта, бо назардошти дастовардҳо ва анъанаҳои системаи ҷаҳонии таҳсилот амал мекунад. Он дар асоси фароҳам овардани шароити мусоиди дастрасии раванди таҳсилот амал карда, самтҳои афзалиятноки рушди илму техникаи муосир, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, ҳамоҳангсозӣ ва ягонагии мазмуни таҳсилот, муттасили ва пайдарҳамии ҷараёни таълиму тарбия, тадқиқоти бунёдӣ ва илмиро муайян менамояд.

Рушди таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз ҳисоби маблағгузории буҷети давлатӣ ва грантҳо, қарзҳои миёнамӯҳлат ва дарозмуддати имтиёзнок, ҳамчунин худтаъминкунии молиявӣ таъмин карда шуда, барои ҳимояи иҷтимоии донишҷӯён, аспиранту докторантҳо шароити мусоид фароҳам меоварад. Давлат дар сиёсати худ, инчунин, муассисаҳои таълимии ғайридавлатиро таъсис дода, инкишофи бемайлони онҳоро таъмин менамояд. Бо ин мақсад барои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ новобаста аз шакли моликияташон ба хотири интихоби донишҷӯён арзанда ва таъмини шаффофияти қабул Маркази ягонаи тестӣ бунёд менамояд.

Дар сиёсати давлатӣ оид ба таҳсилоти касбӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама намуди таълимгоҳҳо ҷанбаи илмӣ ва дунявии таҳсилотро ба эътибор гирифта, ба мубоҳисаҳои динӣ, мазҳабӣ ва муноқишаҳои ҳизбҳои сиёсӣ роҳ намедиҳад. Анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашариро эътироф карда, барои демократикунонии идории таҳсилот, воридшавӣ ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилот ва шакли кредитии таълим, қабули духтарону писарон тибқи квотаи президентӣ, ҳифзл иҷтимоӣ ва иқтисодии кормандону омӯзгорон, маблағгузорӣ ва сармоягузории соҳаи маориф, рушди заминаҳои моддию техникӣ ва афзунгардонии буҷети давлатӣ ва сармоягузории ватанию хориҷӣ имконият фароҳам меоварад. Давлат инчунин ба тарбияи солими шаҳрвандон махсусан ҷавонони лаёқатманду эҷодкор, аспиранту докторантҳо эътибори махсус дода, ба шахсони камбизоат, ятиму бепарастор, маъюбон ва аз ҷиҳати ақлонӣ ва ҷисмонӣ ноқис кӯмак мерасонад. Давлат ҳамчунин дар асоси риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои гирифтани таҳсилот, баланд бардоштани сифати таълим ва маърифати занону духтарон дар ҳамаи намуди муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамояд. Ба инкишофи муассисаҳои таълимию тарбиявии ғайридавлатӣ имконият фароҳам меоварад.

Давлат барои таҷдиди назар намудани Стандарти давлатии таҳсилот, нақшаву барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон чораҷӯӣ намуда, роҳбарии самараноки соҳаи маорифро кафолат медиҳад.

Оид ба таъсис ва барҳамдиҳии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва ҷузъу томҳои онҳо чораҳои дахлдор андешида, тартиби додани иҷозатнома, гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро муайян мекунад.

Низоми давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ барои дастрасии ҳадафҳои асосӣ дар тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби дорои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мусоидат карда, барои таъмини кадрҳои баландихтисос, беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии кормандони маориф ва донишҷӯён, инкишофи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамгироӣ дар системаи ҷаҳонии таҳсилот ва умуман, ба рушди воқеии қонунии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ имконият фароҳам меоварад.

Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар ихтиёрашон муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доранд, барои таъмин ва рушди ҳамаҷонибаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ вазифадор мебошанд.

IV. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ

Дар муддати понздаҳ соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тағйироти назарраси сифатӣ ва миқдорӣ ба вуҷуд омад. Дар ҷумҳурӣ донишгоҳҳо, академияҳо, донишкадаҳо, коллеҷҳо, техникумҳо, омӯзишгоҳҳо ва филиалу шӯъбаҳо, намояндагиҳои ватаниву хориҷии онҳо таъсис дода шуданд, ки ҳар кадоми онҳо мансубияти ҳуқуқию идориро ба худ гирифта, барои тайёр намудани мутахассисон машғул мебошанд. Қисми зиёди ин муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба рақобати иқтисоди бозоргонӣ тоб оварда, ба таври ройгон ва ғайриройгон мутахассис тайёр менамоянд.

Дар оянда ин муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки баҳри тайёр кардани мутахассисони баркамол, ки аз истифодаи воситаҳои нави технологияи информатсионӣ огоҳ мебошанд, диққати махсус диҳанд ва барои ҷалби донишҷӯён аз хориҷи кишвар шароит фароҳам оваранд ва барои дарёфти аккредитатсияи байналмилалӣ замина муҳайё намоянд.

Ба ин хотир муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олиро зарур мебошад, ки барои ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ заминаи моддиву техникӣ ташкил диҳанд ва таҷрибаи пешқадаму фаъолро дар ҷараёни таълим татбиқ гардонанд. Ҳамчунон барои тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ - тахассуси миёнаи касбӣ ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар шакли бисёрзинагӣ - бакалавр, магистр ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия карда, нақшаи таълимиашонро дар асоси Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ омода гардонанд.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар солҳои истиқлолияти кишвар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро ба танзим медароранд, инҳоянд:

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 дар райъпурсии умумихалқӣ қабул карда шуда, 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд;

Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989;

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи маориф";

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 1996 № 96 "Дар бораи тасдиқ намудани Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1999 № 353 "Дар бораи тасдиқи стандарти давлатии маълумоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2002 № 200 "Дар бораи Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003 № 54 "Дар бораи тартиби гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиягирии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003 № 470 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2004 № 291 "Дар бораи Нақшаи татбиқи ислоҳоти маориф барои солҳои 2004-2009";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2004 № 435 "Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ барои солҳои 2005-2010";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2005 № 264 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 № 309 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Санадҳои дар боло зикргардида самтҳои стратегии рушди системаи таҳсилоти миёна ва олии касбиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозанд.

Дар системаи таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ 48 муассисаи таълимӣ, аз он ҷумла 24 коллеҷ, 4 техникум ва 20 омӯзишгоҳ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 2480 нафар омӯзгор иҷрои вазифа менамоянд. Аз ин миқдор 193 ё 7,7 фоиз нафарашон дорои унвон ва дараҷаҳои илмианд.

Дар 15 соли истиқлолият миқдори донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 28 фоиз кам шудааст. Агар дар соли 1992 теъдоди донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 40,7 ҳазор нафарро ташкил намояд он дар соли 2006 ба 31,7 ҳазор нафар расидааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи 20 равия ва 103 ихтисос мутахассисон барои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодиёт ва саноат тайёр карда мешаванд.

Дар системаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ айни замон 28 муассисаи таълимӣ, аз он ҷумла, 13 донишгоҳ, 12 донишкада, як академия, Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Мактаби олии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, ки дар онҳо 7623 нафар омӯзгор адои вазифа мекунанд. Аз ин миқдор 483 нафарашон ё 6,3 фоиз докторони илм ва 2221 нафар ё 29 фоиз номзадҳои илм мебошанд.

Дар понздаҳ соли охир миқдори донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ 191 фоиз зиёд шудааст. Агар дар соли 1992 теъдоди донишҷӯён 69,3 ҳазор нафарро ташкил намояд, он дар соли 2006 ба 132 ҳазор нафар расидааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ ба 10000 нафар аҳолӣ 188 нафар донишҷӯ рост меояд ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ паст мебошад. Ба ғайр аз ин, зиёда аз 50 фоиз донишҷӯён дар ихтисосҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ таҳсил менамоянд. Дар ихтисосҳои табиатшиносӣ ва техникӣ бошад, донишҷӯён камтар таҳсил карда, сатҳи дониш ва малакаи азхудкунии онҳо ба талаботи имрӯзаи бозори меҳнат ҷавобгӯ намебошанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи 167 ихтисос мутахассис тайёр карда шавад ҳам, он ба пуррагӣ талаботи иқтисодиёти миллиро қонеъ карда наметавонад.

Аз ин рӯ, муассисаҳои таҳсилоти олиро зарур аст, ки шаклҳои нави таълим, усулҳои фаъоли таълимро истифода карда, завқи донишҷӯёнро ба таҳсил ва дарёфти маълумот бештар намоянд ва барои рушди омӯзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ шароити мусоид фароҳам оваранд.

Нақша ба барномаҳои таълимии амалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ то ба имрӯз тибқи Стандартҳои давлатии маълумоти миёнаи касбӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1999 № 353) ва Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 1996 № 96) таҳия шуда, амалӣ мегарданд, ки ба талабот ҷавобгӯ нестанд.

Гузариши системаи таҳсилоти олии касбӣ ба системаи бисёрзинагии таълим зарурати таҳияи нақшаҳои нави таълимӣ ва коркарди талаботи давлатиро ба системаи бисёрзинагӣ тақозо менамояд.

Компютерикунонии ҷараёни таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ проблемаи дигаре мебошад, ки дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба назар мерасад. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ ба ҳар 350 нафар донишҷӯ як комютер рост меояд ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бошад, ба ҳар 220 нафар донишҷӯ ва 20 нафар устод як компютер рост меояд, ки он аз сатҳи нишондиҳандаҳои байналмилалӣ хеле паст мебошад. Минбаъд марказҳо ва шабакаҳои компютерӣ сохта мешаванд ва онҳо ба шабакаи Интернет пайваст мегарданд. Ин вазъ дар ҳақиқат беҳбудӣ мехоҳад ва дар натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатие, ки муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таҳия менамоянд, амалӣ мегардад. Дар ин ҷода дарёфти грантҳо, ҳамкориҳо бо созмонҳои ғайридавлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии хориҷи кишвар низ ёрии амалӣ хоҳад расонид.

Дар ин асос бояд фаъолияти хоҷагидории муассисаҳом таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тағйир дода шавад. Хизматрасонии таълими пулавиро ба роҳ монда, шаклу воситаҳои дигари дарёфти маблағҳои иловагиро пайдо намудан ба мақсад мувофиқ мебошад. Маблағгузории нокифояи буҷетӣ ба он овардааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ базаи таълимию озмоишгоҳӣ коста гардида, шӯъбаҳо ва факултетҳо бо дастурҳои таълимию методӣ таъмин намешаванд ва тадқиқоти илмӣ пурра ба анҷом намерасанд. Маоши кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ низ паст мебошад, ки ин сабабгори ба соҳаи илм ва маориф ҷалб нашудани ҷавонони болаёқат гардидааст.

Синни миёнаи устодони унвондор дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 53 гузаштааст. Аз соли 1990 то соли 1998 теъдоди ками устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ унвонҳои профессор ва дотсенти кафедра гирифтаанд. Дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ низ кам шудааст. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои таъсис додани шӯроҳои диссертатсионӣ мувофиқи талаботи Низомномаи Шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба мушкилот дучор мешаванд. Дар баробари ин, миқдори қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ на ҳама вақт ба талаботи бозори меҳнат мувофиқ мебошад.

Барои ҳалли ин масъалаҳои мубрам давра ба давра аз ҳисоби Буҷети давлатӣ зиёд намудани маоши кормандони педагогӣ, устодону кормандони ёрирасони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ ногузир мебошад. Ҳамчунин, аз ҳисоби маблағҳои шартномавӣ ҳавасманд кардани муаллимон ва дигар кормандони ёрирасон бояд ба танзим дароварда шавад.

Дар оянда барои инкишофи илм ва тайёр намудани кадрҳо дар асоси Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2006 №362 тасдиқ гардидааст, фаъолият намуда, барои ташкили шӯроҳои диссертатсионӣ шароит фароҳам овардан зарур мебошад.

Ба танзим даровардани микдори қабули донишҷӯён ба мактабҳои миёна ва олии касбӣ дар асоси талаботи ҷомеа, шахсият ва бозори меҳнат сурат гирифта, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ба танзим дароварда мешавад.

Ташаккули системаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба қонеъ гардонидани талаботи ҷомеа, давлат ва шахсият, аз ҷумла ба баланд бардоштани сифати мутахассис нигаронида шудааст. Он ба инсон имконияти васеъ медиҳад, ки дараҷа, мазмун, шакл ва мӯҳлати таҳсилро интихоб намояд.

Мақсади асосии Консепсия ба амалӣ гардидани ҳамин масъалаҳо равона шуда, татбиқи ислоҳоти куллии системаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баланд бардоштани сифати тайёр кардани мутахассисонро дар ҷомеа таъмин менамояд. Ҳадаф ва мақсади умдатарини Консепсияи мазкур аз инҳо иборат мебошад:

- бунёди заминаи таҳсилоти босифат дар асоси дастовардҳои илмӣ ва арзишҳои фарҳангии миллию башарӣ, ташаккули худшиносии миллӣ, шаъну шарафи шаҳрванди, ифтихори ватандорӣ ва нерӯи ақлонии миллӣ;

- ворид шудан ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилот ва инкишофи робитаи дутарафаи илмиву фарҳангӣ ва дастовардҳои маърифатии башарӣ;

-таҳия ва татбиқи стандарти давлатии таҳсилот, ривоҷи интегратсия ва диференсиатсияи муосири илмҳо дар асоси принсип ва меъёрҳои муосири системаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, таъмини ҳамгироии таълим, тарбия ва истеҳсолот;

-равнақи низоми таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар пайравӣ бо моделҳои эътироф ва пазируфташудаи системаи таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷаҳони мутамаддин;

-татбиқи амалии тадқиқоти илмию бунёдӣ, ки арзишҳои баланди илмию амалӣ доранд;

-ҷорӣ намудани технологияи муосир, ки барои инкишофи қобилияти зеҳнию фарҳангӣ ва арзишҳои маънавии инсон, моҳият ва нерӯи инсон мусоидат менамояд.

Вазифаи асосии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар асоси ба инобат гирифтани мақсад ва принсипҳои зикргардида аз нуктаҳои зерин иборат мебошад:

-таъмин ва дастраси тамоми табақаҳои ҷомеа гардонидани таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;

-тарбияи ватанпарастӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон;

- инкишофи афзалиятноки забони давлатӣ;

- ташкил ва густариши асосҳои меъёрии ҳуқуқии системаи миллии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар шароити демократикунонӣ ва гуманизатсияи таҳсилот;

-таҷдиди назар намудани мазмун ва сохтори соҳаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар асоси анъанаҳои миллӣ, таҷриба ва принсипҳои рушди устувор;

-азнавсозии системаи таҳсилоти миёна, олии касбиӣ ва тайёр кардани кадрҳо мувофиқи меъёрҳои стандартҳои байналмилалии таҳсилот;

-бунёди модели яклухти бисёрзинагии тайёр кардани кадрҳо (бакалавриат - магистратура , аспирантура - докторантура) дар системаи таҳсилоти олии касбӣ;

-баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир барои ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ;

- бунёди низоми миллии арзёбии сифати таҳсилот;

- такмили таъминоти таълимию методӣ ва илмии ҷараёни таҳсилот;

- таҳкими пояи моддию техникии системаи таҳсилоти мнёна ба олии касбӣ;

- ҳамгироии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо илм ва истеҳсолот;

-дарёфти механизмҳои ҷалби сармоягузорӣ бо мақсади таъмини сифати таҳсилот;

-баланд бардоштани мақоми иҷтимоии кормандони педагогӣ, такмили таъминоти молиявию кадрии системаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, тайёр намудани менеҷерҳои таҳсилот;

- таъмини тавозуни манфиатҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсӣ дар низоми таҳсилоти олии касбии муттасили бисерзинагӣ.

Замони муосир дар назди системаи маориф вазифаҳои муҳимро ба миён гузошта, аз он талаб менамояд, ки барои болоравии камолоти маърифати инсон ва аз бар намудани дастовардҳои илм дар раванди ҷаҳонишавӣ ва тамоюлҳои мухталифи он замина фароҳам оварад ва муноснбатро ба мазмуни таҳсилот ҷиддитар намояд.

Муносибати инфиродӣ ба таълиму тарбияи ҳар мутахассис бошад, вазифаи масъулиятноки кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба ҳисоб меравад. Он ба шахс тарзи таълими алоҳидаро пешбинӣ намуда, имконият медиҳад, ки маҳорату қобилияти касбии худро таҳким бахшад ва дониши зиёдтареро соҳиб гардад.

Дар оянда бояд сатҳи дониш ва фарогирии мутахассисони мо ба дараҷаи таълимдиҳии байналмилалӣ баробар эътироф шавад, чунки инкишофи таҳсилот бе бозгашт характери глобалӣ мегирад. Ин падида дар замони муосир ҷараёни баҳамназдикшавии кишварҳою миллатҳоро суръат бахшида, ҳамкориҳои судмандро ба миён меорад. Ҳамкориҳои фаъол ҷабҳаҳои гуногуни истеҳсолоти моддию маънавии миллатҳои мухталифро тавассути истифода бурдан аз комёбиҳои илмию маърифатии якдигар ба ҳам омезиш дода, ҷараёни фароҳам омадани арзишҳои умумиҷаҳониро метезонад. Таҳсилот тадриҷан монеаҳои минтақавию маҳаллии маҳдуди хешро бартараф намуда, сифат ва моҳияти ҷаҳонӣ пайдо мекунад.

Омилҳои дар боло зикргардида дар инктшофи системаи таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон бояд меъёри асосӣ гардида, мазмун ва мундариҷаи онро ташкил диҳанд.

VIII. Аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ

Аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003 № 54 "Дар бораи тартиби гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005 №337 "Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ бо баъзе намудҳои фаъолият", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006 № 411 "Оид ба Департаменти аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ як намуди назорати давлатӣ ва санҷиши мукаммали фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оид ба иҷрои нишондоди Стандарти давлатии таҳсилот ва таъмини сифатии талаботи нақшаву барномаҳои таълимӣ буда, барои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти идоракунии муассисаҳои таълимӣ, мустаҳкам кардани қонуният ва интизом, баланд бардоштани сатҳи корҳои таълиму тарбия ва сифати тайёр кардани таълимгирандагон хидмат менамояд.

Аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ падидаи муҳими ислоҳоти системаи муосири таҳсилоти ҷаҳонӣ буда, ҳадаф ва моҳияти он дар саросари олам барои таъмини сифат ва низоми таҳсилот нигаронида шудааст. Дар ин радиф тартиб ва раванди аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, бо назардошти талаботи ислоҳоти муосири соҳаи маориф, бояд ба раванди фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилот мувофиқ карда шуда, баррасии он дар ду зина - иҷозатномадиҳӣ ва аккредитатсия амалӣ гардад. Дар ин асос бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон мувофиқ таҳия карда шавад. Ҷараёни таълиму тарбия, аттестатсия, аккредитатсия инчунин баҳо додан ба сифати тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бояд ба сатҳи баланд бардошта шавад.

Ҷаҳони муосир дар асри XXI тақозо менамояд, ки мутахассисон дар рӯҳияи эҳтироми принсипҳои гуманистӣ ва демократӣ тарбия ёбанд ва барои ноил гаштан ба мақсадҳои худ волоияти қонунро дар ҳама ҷабҳаҳои демократикунонии ҷамъият таъмин намоянд. Самтҳои асосии рушди муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ низ дар доираи ҳамин принсипҳо ташаккул меёбанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи интегратсионӣ бо мамлакатҳои ҷаҳон дар раванди ҳалли масъалаҳои глобалии соҳаҳои иқтисодиёт, сиёсат, равобити фарҳангию илмӣ ҳамкорӣ менамояд ва дар шароити ҳозира онро густариш мебахшад. Бо назардошти он ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Иқтисодии Евроазия ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад, масъалаи тайёр намудани мутахассисони дар бозори меҳнати ҷаҳон рақобаткунанда аз масъалаҳои мубрами рӯз ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, мутахассисоне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тайёр карда мешаванд, бояд қобилияти инкишоф додани ҳама гуна равобитро бо ҳама давлатҳои ҷаҳон дар доираи ихтисос ва наздикшавии тамаддунҳо дошта бошанд.

Барои ноил гаштан ба ин мақсад бояд самтҳои асосии рушди муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар ояндаи наздик возеҳу равшан муайян карда шаванд, ки асоситаринашон аз чунин ҳадафҳои стратегӣ иборат мебошанд:

-таҳлил намудани таҷрибаи ҷаҳонии гирифтани таҳсилот ва дар ин асос таҳияи моделҳои гуногуни тайёр кардани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-таҳлили муқоисавии санадҳои меъёрии ҳуқуқии тайёр намудани мутахассисон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва дар ин замина таҳия намудани талаботи замонавӣ вобаста аз ихтисос ва равияҳо;

-таҳияи меъёрҳое, ки аз рӯи онҳо мутахассисони дар бозори озоди меҳнати ҷаҳонӣ тобовар тарбия меёбанд;

-таҳияи барномаи мутобиқгардонидашудаи миллии гирифтани таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аз таҷрибаи ҷаҳонӣ;

-таҳияи маҷмӯи санадҳои ҳуқуқие, ки барои гирифтани таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мусоидат менамояд;

-таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи ба тарзи озмуни озод қабул кардани кормандон, васеъ намудани эқтимолияти ба кор таъмин намудани хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар ин раваинд;

-ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи соҳаи маориф ва таҳсилоти миёна ва олии касбӣ.

Вобаста ба ҳалли масъалаҳои дар боло зикргардида ба Стандарти давлатии таҳсилот, нақшаҳои таълимӣ, мазмуну мундариҷаи таҳсилот тағйиру иловаҳо ворид мешаванд. Ҳангоми иҷро намудани ин ҳадафҳои стратегӣ, пеш аз ҳама мазмуну мундариҷаи фанҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ, техникӣ ва фанҳои дақиқ дигаргун мегарданд, тарзи омӯзиши онҳо ва талаботи аз худ намудани ин фанҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар ҳамбастагӣ бо мактабҳои миёнаи умумӣ мутобиқ гардонида мешаванд. Барои рушди бемайлони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ талаботи ҳадди аққали тараққиёти онҳо дар самтҳои гуногуни фаъолияташон таҳия гардида, дар амал ҷорӣ карда мешаванд.

X. Заминаҳои моддию техникӣ, таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолӣ

Заифии заминаи моддию техникӣ, таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз пошхӯрии давлати Шӯравӣ оғоз шуда буд. Тоҷикистон бо соҳибистиқлол гардидан солҳои 1992-1997 ҳамчун давлати ҷавон мактабҳои олӣ ва миёнаи касбиро бо таҷҳизот, техника ва технологияи муосир таъмин карда натавонист.

Дар давраи солҳои 1998-2005 барқарор кардани заминаи моддию техникӣ, таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ шурӯъ шуда бошад ҳам, он натиҷаи дилхоҳ надода истодааст. Тайи ду даҳсолаи охир муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба маводи лабораторӣ, асбобҳои аёнӣ, воситаҳои нави таълимӣ, техникаи электронӣ пурра таъмин нестанд. Махсусан, муассисаҳои таълимии илмҳои дақиқ, техникӣ ва педагогӣ дар ин давра аз маводи таълимӣ бебаҳра монда, ба азнавсозиву бунёди такягоҳҳои моддиву техникӣ ниёз доранд.

Дар ин замина Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра дар буҷети давлатӣ маблағҳои мушаххасро пешбинӣ менамояд ва шаклҳои дигари маблағгузориро низ дар ин самт ҷустуҷӯ мекунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Маблағгузории соҳаи илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001-2006 мунтазам афзудааст. Масалан, агар маблағгузории соҳаи илми Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2001 32829 сомониро ташкил дода бошад, ин нишондод дар соли 2006 ба 370744 сомонӣ расидааст. Қисми асосии маблағи ҷудогардида барои тадқиқоти илмии Академиям илмҳои педагогӣ ва Пажуҳишгоҳи илмҳои педагогӣ сарф мешавад. Масалан, соли 2006 аз 370744 сомонии аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудогардида 156020 сомонӣ ё 42 фоиз барои Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ ва 135548 сомонӣ ё 36 фоиз барои Академияи илмҳои педагогӣ сарф карда шудааст. Аз ин ҳисоб 79176 сомонӣ ё 21 фоиз барои иҷрои корҳои имию тадқиқотӣ ва мустаҳкам кардани заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Ҳоло ҳам заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ куҳнаву фарсуда буда, ба талаботи илму техникаи имруза ҷавобгӯ нестанд. Бо сабаби нарасидани маблағ шумораи ками монографияҳо, маҷаллаҳои илмӣ, маводҳои конференсияҳои илмӣ нашр карда мешаванд ва маҷаллаву китоб ва иттилооти дигари илмиро харидорӣ карда наметавонанд, ки ин ба сатҳ, сифат ва самаранокии тадқиқоти илмӣ ва таълиму тарбия таъсири манфӣ мерасонад.

Гузаштан ба технологияи нави таълими кредитӣ дар оянда яке аз самтҳои асосии ислоҳоти соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб меравад ва талаботи махсусро оид ба заминаҳои моддию техникӣ, таълимӣ ва илмӣ тақозо менамояд. Махсусан компютеркунонии пурраи ҷараёни таълиму тарбия, тартиб додани сармаҷмӯи маълумотҳо дар маркази бақайдгирӣ, ба ҳар як донишҷӯ додани маҷмӯи маводҳои таълимӣ-методӣ (силлабусҳо) ва курси мухтасари лексияҳо ва амсоли онҳо зарур мешавад, ки иҷрои онҳо ногузир мебошад.

Заминаҳои моддию техникӣ, таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз нигоҳи тайёр намудани мутахассисон вобаста ба самтҳои тараққиёти иқтисодии кишвар мукаммал карда мешавад. Дар ин самт зарурияти истифодаи муфиди имкониятҳои вазоратҳо, корхонахо ва дигар сохторҳои мутасаддӣ масъалаи мубрами рӯз мегардад. Корхонаҳои саноатӣ ва ташкилотҳои ба мутахассисон эҳтиёҷманд минбаъд ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ имконияти васеи истифодаи техникаю технологияи муосирро фароҳам меоваранд. Бо ин роҳ самтҳои афзалиятноки таълимӣ ва илмӣ таҷдиди назар шуда, заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ таҳким меёбанд.

Давра ба давра зиёд кардани маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ягона воситаи расидан ба натиҷаи ниҳоии ин Консепсия ба ҳисоб меравад.

Ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф ҳамасола меафзояд ва он дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Музди миёнаи меҳнати омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба музди меҳнати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ниҳоят кам мебошад. Динамикаи инкишофи он аз 9,3 сомонии соли 2000 ба 41,2 сомонӣ дар соли 2006 расидааст. Стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ соли 2001 агар 2,1 сомониро ташкил диҳад, дар соли 2006 он ба 30,6 сомонӣ расидааст. Маблағи буҷетие, ки давлат ба ҳар як донишҷӯ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷудо менамояд соли 2006 ҳамагӣ 335 сомониро ташкил медиҳад, ки ин маблағи ночиз аст. Динамикаи инкишофи маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ роҳҳои нави ҷустуҷӯ ва истифодаи маблағҳоро тақозо менамояд. Барои ноил гаштан ба ин мақсад маҷмӯи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия мешаванд, ки фазои мухторият ва мустақилияти муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро васеъ менамоянд.

Истифодаи усулҳои нави таълим дар асоси истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ яке аз вазифаҳои асосии рушди таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ҳалли масъалаҳои ба ин алоқаманд дар сатҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи умумӣ оид ба Барномаи истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ба роҳ монда мешавад. Барои амалӣ намудани барномаи мазкур бояд меъёрҳои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳангоми гирифтани иҷозатномаи (литсензияи) ҳуқуқи фаъолияти таълим ба инобат гирифта шаванд. Барномаи ташкил кардани китобхонаҳои электронӣ ва истифодаи манбаҳои электронӣ дар шабакаи Интернет ва сармаҷмӯи фанҳои таълимӣ вобаста ба равия ва ихтисосҳо ба назар гирифта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Истифодаи самараноки технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оид ба таҳия ва чопи китобҳои электронӣ имкон дода, донишҷӯёнро ба сарчашмаҳои навини иттилоотӣ шинос мегардонад. Татбиқи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди амалӣ гардидани таҳсилоти фосилавӣ низ нақши муҳим мебозад. Вобаста ба ҳалли масъалаҳои дар боло зикргардида ба ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии Департаменти аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

ХIII. Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилоту иттиҳодҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардида, бо зиёда аз 150 давлати ҷаҳон муносибатҳои иқтисодӣ, дипломатӣ ва фарҳангию илмӣ барқарор намудааст. Барои равнақ бахшидани ин самтҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ низ вазифадор мебошанд. Яке аз талаботи асосии ин ҳамкориҳо бояд ҳимоя карда тавонистани манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудани нерӯи ақлонӣ, мероси илмию фарҳангии кишвар мебошад. Вобаста ба ин зарурати таҳияи барномаи алоқаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бо муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ба вуҷуд омадааст. Зимни ин барнома бояд ҳадаф ва мақсадҳои гузошташуда возеҳ нишон дода шуда, самтҳои ҳамкорӣ муайян гарданд. Дар ин замина зарур аст, ки ба ғайр аз тайёр намудани мутахассисон, инчунин, маҷмӯи корҳои илмие таҳия ва амалӣ гардонида шаванд, ки онҳо бо ҷалби якҷояи олимону мутахассисони ҷумҳурӣ ва хориҷӣ ба сомон расонида мешавад. Бо ҳамин мазмун, таҳияи китобҳо бо иштироки муаллифони ватанӣ ва хориҷӣ, маводҳои таълимию методӣ низ метавонанад самаранокии ҳамкориҳоро баланд бардоранд ва нерӯи зеҳнии олимонро дар раванди масъалаҳои мубрами рӯз тақвият бахшанд.

Бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисон вобаста ба эҳтиёҷот таҷрибаи тайёр намудани онҳо дар хориҷи кишвар дар оянда тақвият дода мешавад.

Омилҳои асосии амалӣ гардидани Консепсияи инҳо мебошанд:

Омилҳои ҳуқуқӣ;

- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф;

- таҳияи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;

- таҳияи санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ барои рушди муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо мақсади рақобатпазирии онҳо ва ҷавобгӯ будан ба талаботи бозори меҳнат.

Омилҳои иқтисодӣ:

- мунтазам афзун намудани маблағгузории системаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;

- таҳия ва тасдиқи меъёрҳои нави пардохти музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва мунтазам баланд бардоштани музди меҳнати онҳо.

Омилҳои ташкилӣ:

- тағйири сохтори идории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;

- таҳия ва такмили стандартҳои давлатии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;

- таъминоти методии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;

- компютерикунонии ҷараёни таълим;

- ба роҳ мондани таҷрибаомузӣ ва такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар хориҷи кишвар.

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор вобаста ба талаботи иқтисодиёти миллӣ нақшаи қабули донишҷуёнро ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ муайян намуда, ба мустаҳкам шудани заминаҳои моддиву техникӣ, маблағгузории кофӣ ва рушди бемайлони соҳа ва амалӣ гардидани ҳамин Консепсия масъул мебошад.

Консепсия бояд ба ҳадафҳои зерин ноил гардад:

- баланд шудани сифати таълим ва боло рафтани сатҳи дониши донишҷӯён;

- ҷавобгӯ будан ба талаботҳои бозори меҳнат ва рақобатпазирӣ дар системаи байналмилалии таҳсилот;

- мустаҳкам шудани пояи моддиву техникӣ ва таъминоти пурраи кадрӣ;

- ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ;

- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;

- татбиқи мслоҳоти систсмаи та\силоти миеиа ия олии касби;

- ба даст овардани натиҷаҳои назарраси илмӣ;

- густариши равобити байналмилалӣ;

- истифодаи мақсадноки технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ дар ҷараёни таълиму тарбия ва тадқиқотҳои илмӣ;

- рушди сохтории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;

- пайдо намудани роҳу усулҳои наву замонавии идораи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;

- мунтазам болоравии маблағгузории системаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;

- ғанӣ гардонидани хазинаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ;

- созмон додани технопаркҳо.

Бо натиҷагирии ҳадафҳои фавқ татбиқи Консепсияи мазкур таъмин шуда, тағйироти сифатӣ дар рушди муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба вуҷуд меояд.

* Банди XVI дар матни забони русӣ оварда шудааст.