Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таълимӣ доранд, дар муддати ду моҳ тадбирҳои татбиқи "Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро таҳия ва тасдиқ намоянд.
3. Хароҷотҳои Консепсияи мазкур дар доираи ҳаҷми маблағҳои буҷети давлатӣ, ки ҳар сол барои соҳаи маориф пешбинӣ мегарданд, амалӣ карда шаванд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000 № 462 "Дар бораи таъсиси комиссия доир ба таҳияи Консепсияи маълумоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 майи соли 2002 № 200
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3 " майи соли 2002 № 200
тасдиқ шудааст
Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мафҳумҳои асосие, ки дар Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудаанд
Бонки маълумот- маҷмӯи маводҳои таълимию иттилоотие, ки тавасути шабакаҳои гуногуни техникӣ ба марказҳои компютерӣ ворид гардида, барои таҳлил, иттилоот, омӯзиш, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва маълумотгирӣ истифода мешавад.
Бакалавр - яке аз дараҷаҳои маълумоти олии касбӣ.
Валеология -маҷмӯи фанҳои таълимӣ доир ба ҳифзи саломатии инсон.
Дифференсатсия- тафриқа, таълими тафриқадор, равияҳои гуногуни таълимӣ.
Инноватсия - нав, муҷаддад, навсозӣ, навгароӣ.
Интегратсия- ҳамгиро, якҷояшавӣ, пайванд.
Коллеҷ-мактаби маълумоти миёнаи касбӣ.
Консепсия - консепсия, нуқтаи назар, системаи муайяни ақидаҳо, бунёди назариявии ягон раванд.
Коммуникатсия - коммуникатсия, коммуникативӣ, гуфтугӯи шифоҳӣ, муколамаи ду ё якчанд шахс, сухан, ахбор, иттилоот.
Магистр -дараҷаи илмие, ки пас аз супоридани имтиҳон ё ҳимояи рисолаи дипломӣ ба хатмкунандагони мактабҳои олии касбӣ медиҳанд.
Маориф - системаи иҷтимоие, ки раванди идораи таълим, тарбия, маълумот ва умуман маърифати ҷомеаро ба низом медарорад.
Маълумот- равандест, ки дараҷаи фарогирии дониш, малака, маҳорат ва ахлоқи инсонро муайян мекунад.
Менталитет- менталитет, сифати ақл, фаъолияти маънавӣ, тарзи тафаккур ва қобилияти фикрии инсон; маҷмӯи сифатҳое, ки ба ин ё он халқияту миллат хос аст.
Модернизатсия - модернизатсия, ба чизе намуд ва симои муосир бахшидан (модернизатсияи таълим, модернизатсияи маълумот).
1. Муқаддима
Консепсияи миллии маълумот ҳуҷҷати муҳими давлатӣ буда, дурнамои сиёсати давлатро дар соҳаи маълумот муайян мекунад ва тамоюлоти инкишофи ин системаи аҳамияти стратегидоштаро дар шароити муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба танзим медарорад.Ҷузъҳои таркибии мазмуну мундариҷаи ин ҳуҷҷат мақом, мақсад ва вазифа, ҷои маълумотро дар марҳалаи нави таърихӣ муқаррар менамояд.
Дар Консепсия масъалаҳои дарки худшиносии таърихӣ, аз худ намудани муқаррароти суннатию башарӣ ва дар ҳамин замина ҳосил намудани фаросати олии ворисият ба ҳувият ва аньанаҳои миллӣ, арзишҳои ахлоқию фарҳангӣ, идоракунии демократӣ, фаъолу пажӯҳанда будан барои ба даст овардани комёбиҳои илм, техника, фарҳанг ва ғайра тарҳрезӣ гардидааст.
Консепсия зимни тағйиротҳои сифатии мазмуну мундариҷаи маълумот барои инкишофи системаи маориф заминаҳои нави ҳуқуқӣ фароҳам меорад, ки дар асоси он қонун ва дигар муқаррароти расмии соҳаи маориф ва соҳаҳои ба он алоқаманд таҷдиди назар мегарданд ва таҳриру такмил дода мешаванд.
Консепсия тақозо менамояд, ки бо иштироки тамоми вазорату кумитаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ барномаҳои мухталифи давлатии рушди соҳаи маориф таҳия, тасдиқ ва амалӣ гарданд.
2. Зарурати таҳия ва қабули Консепсияи миллии маълумот
1. Маълумот аз ҷумлаи проблемаҳои глобалии асри XXI буда, дар системаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ самти афзалиятдошта ба ҳисоб меравад, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ташкили фазои ягонаи (умумии) маълумот як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими давлатиро ба имзо расонидааст, ки тағйирпазирӣ ва такмил додани мазмуну мундариҷаи маълумотро тақозо менамоянд. Дар ин раванд талабот нисбат ба маънавият ва маҳорати касбии инсон баланд мегардад. Тибқи он бояд низоми сифатан нави маълумот эҳё шавад, ки мазмуну мундариҷаи он ба беҳдошти сифати инсон асар гузорад, тафаккур, заковати фитрӣ, шуури маънавӣ ва ҳунари эҷодгарии ӯро ба ҳаракат оварад.
2. Таи даҳ соли охир мақсаду вазифаҳои маълумот бо роҳи ислоҳоти ҷузъӣ таҷдиди назар шуда бошанд ҳам, вале сифати маълумот, дараҷаи маълумотнокӣ талаботи шахс, ҷомеа ва давлатро қонеъ намегардонад. Дониш, малақа ва маҳорати хонандагону донишҷӯён ба талаботи стандартҳои давлатии маълумот ҷавоб намедиҳанд. Ҳоло шумораи зиёди кӯдакони синну соли мактабӣ ба таълим фаро гирифта нашудаанд.Ҷавонони маълумоти миёнаи асосӣ надошта низ хеле зиёданд. Тамоми соҳаҳои истеҳсолот ва идора ба мутахассисони касбӣ эҳтиёҷ доранд. Дар мактабҳои маълумоти миёнаи ҳамагонӣ муаллимон намерасанд. Мутахассисони ҷумҳурӣ ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ниёз доранд. Дар мактабҳои олии касбии ҷумҳурӣ муаллимони соҳибунвон каманд. Тадқиқотҳои илмӣ дар сатҳи паст анҷом ёфта, аксаран амалӣ намешаванд. Ҳамаи ин тақозо менамояд, ки мақом, мақсад, вазифа ва мазмуни маълумот таҷдиди назар шавад, сифати маълумот беҳтар гардад.
3. Бӯҳрони амиқе, ки соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, маънавияти инсонро коста гардонид ва ба густариши эҳсосҳои бадбинӣ, нафрат, ҷангу хунрезӣ, терроризм, харобкорӣ ва ғайра мусоидат намуд. Ҷомеаи ҷахонӣ бар хилофи ин ҷараёни номатлуб пеш аз ҳама ба гуманизатсияи ҳаёти ҷомеа талош дорад, то ки он ба ҳайси як ангезаи ақлӣ зуҳур намуда, дурустию ростии ахлоқу андешаи инсонро дар саросари ҷамъият таъмин созад. Ин равандро гуманизатсияи мазмуни маълумот низ ба низом дароварда, бехатарии ҳаёти инсон ва ҷамъияту табиатро таъмин карда метавонад. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба чунин раванди арзишманд неруҳои зеҳнию ақлонии хешро сафарбар менамояд.
Бо назардошти инҳо таҳияи Консепсияи миллии маълумот зарурати воқеӣ дошта, ба иҷрои он тамоми сохторҳои сиесию иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат ва ҷомеа масъул дониста мешаванд.
3. Сиёсати давлатӣ ва кафолати давлатии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муайян намудани сиёсати давлатии маълумот соҳибихтиёр буда, сиёсати давлатии маълумотро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ муайян менамояд. Барои рушди системаи маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳуқуқи конститутсионии ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳуриро, сарфи назар аз миллат, нажод, эътиқод, ҷинс ва забон, ба маълумоти босифат, аз ҷумла ба маълумот ва тарбияи томактабии барои ҳама дастрас; маълумоти асосии ҳамагонии ҳатмӣ; маълумоти миёнаи ҳамагонӣ ва ибтидоии касбии барои ҳама дастрас; маълумоти миёнаи касбӣ, маълумоти олии касбӣ ва маълумоти баъди хатми мактаби олӣ дар асоси озмун, маълумоти иловагӣ ва маълумоти махсус барои шаҳрвандоне, ки имконияти маҳдуди саломатӣ доранд, таъмин менамояд;
- ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардӯстии маълумотро дар ҳамаи намуди таълимгоҳҳо (давлатӣ, ғайридавлатӣ, ба истиснои мадрасаҳо) ба эътибор мегирад;
- ба мубоҳисаҳои динӣ, мазҳабӣ ва мунокишаҳои аҳзоби сиёсӣ дар муассисаҳои таълимӣ роҳ намедиҳад;
- ба анъанаҳои халқи тоҷик, дигар халқҳои сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои умумибашарӣ ва фазои ягонан маълумот алоқаманд будани маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд;
- дар бораи муҳофизати ҳаёт ва саломатии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дар кӯдакистонҳо ва таълимгоҳҳо ғамхории ҳаматарафа зоҳир менамояд;
- демократикунонии идораи маълумотро вусъат мебахшад;
- таъмини маълумоти муттасилро кафолат медиҳад;
- дар ҳаллу фасли масъалаҳои ҳендерӣ, пеш аз ҳама, ба соҳибмаълумот шудани духтарону занон шароит фароҳам меорад;
- муаллимонро аз ҷихати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳифз намуда, имтиёзҳои ба онҳо муқарраршударо амалӣ мегардонад;
- дар мактабҳои миёнаи ҳамагонии таҳсилашон ба забонҳои ғайридавлатӣ ба роҳ мондани омӯзиши фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърихи халқи тоҷик ва географияи Тоҷикистонро зарур меҳисобад;
- аз ҳисоби буҷети давлат соҳаи маорифро маблағгузорӣ менамояд ва барои аз ҷониби шахсони ҳуқуқию воқеӣ дастгирӣ ёфтани ин соҳа шароит фароҳам меорад;
- дар доираи стандартҳои давлатӣ бори аввал бепул гирифтани маълумотро дар ҳамаи муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад;
- сармоягузории ватанию хориҷиро барои инкишофи соҳаи маориф ҷалб менамояд;
- ба тарбияи кӯдакон, наврасон ва ҷавонони болаёқат эътибори махсус медиҳад;
- кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, маъюб ва аз ҷиҳати ақлонӣ инкишоф наёфтаро дар паноҳи худ мегирад;
- инкишофи муассисаҳои таълимию тарбиявии ғайридавлатиро таҳкими қонунӣ мебахшад;
- асноди меъёрию ҳуқуқиро барои гирифтани маълумот тасдиқ мекунад;
- сифати маълумотро дар ҳамаи шаклу намуди муассисаҳои таълимӣ назорат менамояд;
- инкишофи мактабҳои олии касбиро ҳамчун маркази маълумот, фарҳанг, илм ва технология таъмин мегардонад;
- ҳамоҳангии фаъолияти вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, маҳаллӣ ва шахсони ҳуқуқию воқеиро барои рушду нумӯи соҳаи маълумот таъмин месозад;
- барои баланд бардоштани масъулияти мақомоти ҳокимияти давлатию маҳаллӣ ва падару модарон (е шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) барои вайрон кардани ҳуқуқҳои конститутсионии бачагон оид ба гирифтани маьлумоти асосии ҳамагонии хатмӣ чораҳо меандешад;
- воситаҳои ахбори умумро барои тарғиби амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои асосии маълумот сафарбар менамояд;
4. Мафҳум, мақсад ва вазифаҳои маьлумот
Маълумот падидаи иҷтимоиест, ки ба иқтисодиёт, фарҳанг, тараққиёти илму техника, ҳифзи муҳити зист (экология), истеҳсолот ва сиёсат робитаи ногусастанӣ дорад ва як қисми ҷудонопазири шуури ҷомеа мебошад.
Маълумот равандест, ки моҳиятан ба манфиати шахс, ҷамъият, давлат ва табиат нигаронида шудааст. Соҳибмаълумот инсонест, ки дар рӯҳи суннату анъанаҳои халқи худ, фарҳанги миллӣ, арзишҳои умумибашарӣ тарбия гирифта, муттасил дар бораи ҷамъият, тафаккури инсон, табиат ва ҳифзи он, техника, технология ва тарзи ҳаёти солим дониш, малака ва маҳорати муназзаму зарурӣ ҳосил карда, кори шахсӣ ва давлатию ҷамъиятии хешро дар дараҷаи баланд саришта мекунад, эҳтироми худ ва халқҳои дигарро ба ҷо меорад, зиндагии хешро бошуурона ва мустақилона эҷод карда, фарзандону пайвандони хешро дар ҳамин руҳия тарбия мекунад.
Дар ҳамин замина мақсад аз таҳия ва қабули Консепсияи миллии маълумоти Тоҷикистон аз инҳо иборат мешавад:
1. Бунёди заминаи ( базиси ) муосири маълумот дар асоси арзишҳои миллию башарӣ ва дар ҳамин замина соҳибият ба худшиносии таърихию фалсафӣ, шуури маънавӣ, ташаккули менталитети шахсию ҷамъиятӣ ва ворисият ба арзишҳои фарҳангию ҳувияти миллӣ.
2. Ворид гардидан ба фазои ягонаи байналмилалии маълумот ва алоқамандӣ бо фарҳангу маърифат ва тамаддуни башарӣ.
Амалӣ гаштани мақсадҳои мазкур ва пайдо кардани мазмуну мундариҷаи нави маълумот ба риояи принсипҳои зерин вобаста аст:
-рӯи кор овардани тадқиқотҳои бунёдие, ки дорои арзишҳои баланди илмию амалӣ бошанд, моҳияти фалсафаи маълумоти муосирро кушоянд, равандҳои судманди тарбия ва таълимро дар асоси барномаҳои нав (инноватсионӣ) фаро гиранд;
- стандартҳои нави давлатии маълумот дар асоси меъёрҳои мавҷудаи маълумоти байналмилалӣ такмил ва тарҳрезӣ шаванд;
- ҳамгироии воқеии илм, таълим ва истеҳсолот ба вуҷуд ояд;
- технологияи ҷадиде ҷорӣ гардад, ки муқаррароти илмию фарҳангӣ, техникӣ ва ахлоқию тарбиявии башариро ба инсон дастрас гардонад, ҳаракати фикри ӯро ба самти фарогирии дониш, ростию покии ахлоқ, фаросати олӣ, арзишҳои асили миллию башари равона созад, дастовардҳои илмию техникӣ ба манфиати инсон, бехатарии ҳаёти ҳамарӯзаи ӯ бошад;
-модернизатсияи муттасили системаи маълумот дар асоси моделҳои эътирофшуда ва арзишманди системаҳои маълумоти ҷаҳони мутамаддин танзим ёбад.
Бо назардошти мақсад ва принсипҳои мазкур вазифаи асосии маълумот дар маҷмӯъ иборат аз мунтазам қонеъ гардонидани талаботи инсон ба инкишоф, равона кардани қобилиятҳои ӯ ба ҷустуҷӯ ва дарёфти тарзи ҳаёти солим, таъмини рушди иҷтимоии ҷамъият, давлат ва ҳифзи табиат мебошад. Маълумот бояд:
- ба инсон шуури маънавӣ эҳё кунад, донишҳои зарурӣ ва арзишҳои миллию умумибашариро омӯзонад, барои ҳифзи Ватан, забон ва фарҳанги миллат омода созад, ба забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллии халқҳои дигар эҳтиром ба ҷо оварданро тарбия намояд;
- инкишофи илму фарҳанг, техника, иқтисодиёту истеҳсолотро барои инсон, ҷамъият ва давлат таъмин созад;
- эҳтиёҷоти инсонро ба маълумоти муттасил дар тӯли ҳаёташ таъмин гардонад;
- технологияи нави аз худ намудани дониш, малака ва маҳоратро пайдо намояд;
- барои ба системаи маълумоти ҷаҳонӣ ҳамгиро намудани маълумоти ҷумҳурӣ ва ба ин васила аз худ намудани арзишҳои тамаддуни башарӣ шароит фароҳам оварад;
- шаклу усулҳои нави мактабдорӣ ва идоракунии системаи маорифро ташаккул диҳад;
- мутахассисони соҳибмаърифат, олифаросат ва баландпоя, ки фишанги рушди ҷомиаро идора карда метавонанд, ба камол расонад.
5. Мазмуни маълумот
Асри XXI марҳалаи нави инкишофи тамаддун аст. Он асри ҷомеаи иттилоотӣ, коммуникатсия, техника ва технология, асри муносибати эҳтиёткорона ба муҳити зист ва саломатии инсон аст. Давраи нави инкишоф, пеш аз ҳама, ҳусни тафоҳумеро тақозо менамояд, ки навсозиҳои маълумот ба манфиати шахс, ҷамъият, табиат ва давлат бошанд.
Тибқи низоми нави маълумот бояд донишҳои илмӣ ба талабот ва шароитҳои иҷтимоӣ ва маишии инсон мувофиқ бошанд, қонунҳои инсоният, ҷамъият ва табиат ҳамгиро шаванд, мазмуни маълумот муқтадирии инсонро барои созандагӣ таъмин гардонад.
Мазмуну мундариҷаи нави маълумот дар нақша, барнома ва дастурҳои таълимӣ инъикос мегарданд. Мувофиқи синну сол, ҷаҳонбинӣ, қобилият, завқу хоҳиш ва маданияти миллии шахс ба вуҷуд овардани барномаю китобҳои дарсии нав ниҳоят зарур аст.
Касбомӯзии донишҷӯён дар мактабҳои олии касбӣ мувофиқи моделҳои муосири маълумот сурат мегирад.
Фанҳои забон ва адабиёти тоҷик аз муҳити хонаводагӣ сар карда, то зинаҳои охирини маълумот дар асоси маводи асил, мероси пурарзиши адибони гузаштаю муосир омӯзонида мешавад.
Осори суханварони бузурги дунёро низ дар тарҷумаҳои беҳтарин аз кӯдакистонҳо сар карда бояд омӯхт. Дар синфҳои ибтидоӣ низ ҷои маводҳои камарзишро бо осори устодони сухани гетӣ пур кардан лозим аст.Чунки дунёшиносии кӯдак аз шинохти адибону фарҳангиёни дунё ибтидо мегирад.
Забономӯзии кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар тамоми зинаҳои маълумот ба таълими сухандонию суханшиносию суханварӣ бояд омезиш ёбад. Тарзҳои гуногуни баён амалан омӯзонида шаванд. Мактабиён услуби расмӣ-коргузориро комилан фарогир бошанд, имлои забони тоҷикиро риоя намоянд, хати меросиро хонда тавонанд.
Омӯзиши забонҳои хоричӣ, махсусан русӣ, англисӣ ва арабӣ дар ҳамбастагӣ бо забони модарӣ аз синфҳои ибтидоӣ оғоз меёбад ва тамоми мархилаҳои маълумотро фаро мегирад. Зарурати омӯзиши забони хориҷиро ҳамчун сарчашмаи дониш барои омӯхтани илму фарҳанги дунё, прогресси илмию техникӣ ва воситаи муоширати байни миллатҳо бояд ба эътибор гирифт.
Омӯзиши таърих, бахусус таърихи халқи тоҷик, марҳалаи асосии худогоҳии таърихию фарҳангии насли оянда аст, ки аз боғча то мактаби олӣ давом мекунад. Таълими таърих аз таърихи зодгоҳ, ноҳия, шаҳр, вилоят оғоз ёфта, минбаъд таърихи кишвар ва таърихи дунёро фаро мегирад. Яъне таълими таърих мактабиёнро аз худшиносии маҳаллӣ ба худшиносии миллӣ ва дунёшиносӣ мерасонад.
Омӯзиши таърихи халқҳои дунё аз мактаби ибтидоӣ оғоз ёфта, дар синфҳои боло ҳам бо роҳи ҳамгироӣ ( интегратсия) ва ҳам бо роҳи таълими тафриқадор (диференсатсия) сурат мегирад.
Фанни ахлоқ яке аз фаннҳои ҳатмии таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои маълумот ба ҳисоб меравад ва дар ҳамбастагӣ бо соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ таълим дода мешавад. Рафтор, гуфтор ва кирдор дар доираи меъёрҳои ахлоҳие, ки ҷомеа ва давлат тавассути қонун барои инсон муайян кардаанд, омӯзонида мешавад.Дарсҳои ахлоқ танҳо барои хондани панду андарз набуда, балки гуфтугӯи озоду мақсадноки муаллиму хонанда (донишҷӯ) дар доираи меъёрҳои ахлоқ ва ҳуқуқҳоест, ки риояи онҳоро ҳар як шаҳрванд вазифадор аст. Хонанда ва ё донишҷӯе, ки аз ахлоқ баҳои ғайриқаноатбахш дорад, то ислоҳи он ба синф ё курси дигар гузаронида намешавад. Меъерҳои ахлоқ дар асоси қонун ва дигар асноде, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба танзим медароранд, дар низомнома ва оинномаҳои муассисаҳои таълимӣ муқаррар мегарданд.
Барои танзими оила ва вусъат башидани ҳаллу фасли масъалаҳои демографӣ дар синфҳои бопо ва мактабҳои маълумоти касбӣ ҷорӣ намудани омӯзиши масъалаҳои демографӣ ба мақсад мувофиқ аст.
Яке аз ҳадафҳои маълумот ин расидан ба сатҳи маълумоти дунёист. Бинобар ин фанҳои риёзӣ, физика, кимиё, биология, технология, нуҷум ва ғайра дар доираи барномаҳое таълим дода мешаванд, ки мазмуну мундариҷаи онҳо ба мазмуну мундариҷаи маълумоти ҷахонӣ мувофиқ бошанд. Дар ин сатҳ лозим аст, ки барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии ин фанҳо бо роҳи ҳамгироӣ ва модернизатсияи маълумот таълиф ёбанд. Моделҳои муосири барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, усулҳои омӯзиш (технологияи таълим) таҳия ва таълиф шаванд. Дар ин самт модернизатсияро на ба маънои нусхабардорӣ, балки бо роҳи эҷодӣ ва ҳамкорӣ бо Иттиходи Давлатҳои Мустақил ва дигар мамлакатҳои дунё амалӣ бояд кард. Танҳо ба роҳ мондани ҳамкории илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ Тоҷикистонро ба маълумоти сатҳи ҷаҳонӣ ворид намуда, рақобатпазирии сифатии маълумотро таъмин мегардонад.
6. Сохтори маълумот
Системаи маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таълим ва тарбияи томактабӣ, маълумоти миёнаи ҳамагонӣ, маълумоти ибтидоии касбӣ, маълумоти миёнаи касбӣ, маълумоти олии касбӣ, маълумоти пас аз хатми мактаби олӣ ва маълумоти иловагӣ иборат аст.
Таълиму тарбияи томактабии кӯдакон дар оила, кӯдакистонҳои оилавӣ, давлатӣ, ғайридавлатӣ ва дигар муассисаҳои ба он баробар ташкил мегардад.
Оила заминаи нахустини ташаккули шахс ва оғози раванди маълумот дар парвариши кӯдак аст.
Кӯдакистон муассисаест, ки барои инкишофи кӯдак муҳити солим фароҳам меорад. Маълумоти ин сатҳ тавассути забони шевою гуворо, анъанаҳои миллӣ, муколама аз рӯи расму суратҳо, шунидани мусиқӣ, қироати шеъру афсона, риояи бехатарии ҳаёт, бозӣ, сайру саёҳат, расмкашӣ, тамошои театр, кино, телевизион ва ғайра ба худшиносию дунёшиносии кӯдакон ибтидо мегузорад.
Маълумоти миёнаи ҳамагонӣ пойдевори системаи иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ба ҳисоб меравад ва дараҷаи маълумотнокии миллатро муайян карда, дар маҷмӯъ насли ҷавони ояндасози миллатро ба ҳаёт тайёр менамояд. Сохтори маълумоти миёнаи ҳамагонӣ чунин аст:
1. Маълумоти ибтидоии ҳамагонӣ (синфҳои I-IУ) 4 сол идома ёфта, аз инкишофи он тасаввуротҳое, ки кӯдакон доир ба одаму олам дар давраи томактабӣ ҳосил кардаанд, шурӯъ шуда, одоби муомила, хондан, навиштан, ҳисоб кардан, расмкашӣ, муҳити зистро меомӯзанд.
Кӯдакон доир ба таърих, география, табиатшиносӣ, ҳифзи саломатӣ ва ғайра дар ҳамин зина маълумоти ибтидоӣ ҳосил мекунанд.
2. Маълумоти асосии ҳамагонӣ (синфҳои У-IХ ) равандест, ки бояд тавассути он мактаббача ба мафҳумҳои "Ман"- у "Дуне" сарфаҳм равад, мақсадҳои маънавии худро мустақилона муайян созад, тарзи ҳаёти солимро дарк карда, вазифа ва ҳуқуқҳои хешро донад. Дар ин зинаи маълумот ӯ аз дараҷаи саводомӯзӣ тадриҷан ба дараҷаи маърифатӣ расад. Маълумоти ин зина ба муносибатҳои фаъолу муфид ва зарурӣ ҳосил кардани кӯдакону наврасон барои муомила карда тавонистан бо ҳамсолону калонсолон дар мактаб, хона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ мувофиқ бошад.
Маълумоти асосӣ бояд кӯдакону-наврасонро ба маърифате соҳиб гардонад, ки дороии он худидоракунӣ, интихоби касб, шуғли дӯстдошта, эҳтироми илму фарҳанг, анъанаҳои миллӣ, эътиқод ва ахлоқи ҳамидаи кӯдакро таъмин созад. Барои алоқаманд будан бо тамаддуни башарӣ яке аз забонҳои хориҷиро омӯзад ва донад.
Маълумоти асосӣ барои ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳатмӣ аст.
3. Маълумоти миёнаи ҳамагонӣ (синфҳои Х-XI) равандест, ки тавассути он қобилиятҳои ақлонию ҷисмонии мактаббачагон инкишоф ёфта, онҳо имконияти амалӣ кардани мақсадҳои дар зинаи асосии маълумот пеш гузоштаи худро васеъ мегардонанд.
Маълумоти ин сатҳ ба наврасон барои амиқтар омӯхтани фанҳои интихобшуда имконият фароҳам меорад, барои дастрас намудани зинаҳои олии маълумот онҳоро ҳавасманд мегардонад. Бинобар ин таҳсил дар мактабҳои маълумоти миёнаи ҳамагонӣ мувофиқи майлу хоҳиш ва қобилияту завқи наврасон ба равияҳо ҷудо мегардад.Мақсади ташкили тамоилҳо фароҳам овардани шароит барои инкишоф, шахсият пайдо намудани наврасон ва рушди камолоти маънавии онҳо мебошад. Маҳдуд кардани ҳуқуқи онҳо барои гирифтани маълумоти миёнаи ҳамагонӣ раво нест.
Барои расидан ба сатҳи маълумоти байналмилалӣ маълумоти миёнаи ҳамагонӣ таҳсили 12-соларо тақозо менамояд, ки ҳангоми гузариш ба он шароиту имкониятҳои воқеии мактаб ва шаҳрвандонро низ ба эътибор гирифтан зарур аст. Имрӯз аксарияти мамолики дунё таҳсили 12-соларо пазируфтаанд. Барои чунин сохтори мактабҳо барномаю китобҳои дарсии нав, дастурҳои методӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ лозиманд. Вале шароити мавҷуда масъалаи гузариш ба таҳсили 12-соларо ҳаллу фасл карда наметавонад. Чунки афзудани шумораи кӯдакон, нарасидани синфхонаҳо, мутахассисон, муҳайё набудани шароити якхелаи таълим ва ғайра имкон намедиҳад, ки мактабҳо саросар дар як вақт ба таҳсили 12-сола гузаранд. Барои қабули ин сохтор афкори умум ва тайёрии ҷиддӣ лозим аст. Дар марҳалаи аввал Академияи илмҳои педагогӣ асосҳои илмӣ, педагогӣ, психологӣ ва иқтисодии сохтори мазкурро бояд мавриди баррасӣ қарор диҳад. Гузариш ба таълими 12-соларо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Маълумоти ибтидоии касбӣ талаботи инсон, ҷамъият ва давлатро ба тамоми касбҳои зарурӣ таъмин менамояд. Низоми маълумоти ибтидоии касбӣ ба талаботи бозори меҳнат бояд мувофиқ бошад. Мутахассисони ин дараҷаи маълумот тавассути омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, марказҳои таълимӣ, мактабҳои маълумоти миёнаи ҳамагонӣ, курсҳои таълимӣ ва дигар муассисаҳои таълимии ба инҳо баробар тайёр карда мешаванд. Ба чунин муассисаҳои таълимӣ ҷавонон пас аз хатми мактаби асосӣ ва мактаби маълумоти миёнаи ҳамагонӣ қабул мегарданд.
Барои шахсоне, ки бо сабабҳои гуногун маълумоти асосӣ ё касбӣ нагирифтаанд, мувофиқи майлу хоҳишашон курсҳои касбомӯзӣ ташкил шуда, ба онҳо шаҳодатнома ва ё сертификат медиҳанд. Ба хатмкунандагони мактабҳои маълумоти миёнаи ҳамагонӣ дар баробари шаҳодатномаи маълумоти миёнаи ҳамагонӣ сертификат ё гувоҳномаи тахассусӣ дода мешавад. Стандарти давлатии маълумоти ибтидоии касбӣ дар заминаи фарҳанги миллӣ таҳия шуда, бояд ба сатҳи маълумоти байналмилалӣ мувофиқ бошад.
Мӯҳлати таҳсил дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва дигар омӯзишгоҳҳои ба ҳамин сатҳ баробар, ки маълумоти миёнаи ҳамагонӣ низ медиҳанд, на камтар аз 3 сол аст.
Маьлумоти миёнаи касбӣ дар заминаи маълумоти асосӣ, маълумоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи ҳамагонӣ дар мактабҳои миёнаи касбӣ (омӯзишгоҳҳои касбӣ, техникумҳо, коллеҷҳо ва дигар муассисаҳои ба инҳо баробар) ва ё дар заминаи муассисаҳои таълимии маълумоти олии касбӣ ба роҳ монда мешавад.
Мутахассисони дорои маълумоти миенаи касбӣ дар соҳаҳои мухталиф ба сифати мутахассиси хурд машғули кор мешаванд.
Маълумоти миёнаи касбӣ ҷавононро барои гирифтани маълумоти олӣ ҳавасманд мегардонад. Онҳое, ки коллечу техникумҳоро бомуваффақият хатм мекунанд, имконияти давом додани таҳсилро дар мактабҳои олӣ аз рӯи барномаҳои махсус, бо назардошти кам кардани мӯҳлати таҳсил, пайдо менамоянд. Таҳсил дар баъзе муассисаҳои маълумоти ибтидоии касбӣ танҳо дар заминаи маълумоти миёнаи ҳамагонӣ сурат мегирад.
Барои ба сатҳи байналмилалӣ мувофиқ намудани маълумот техникумҳои мавҷуда тадриҷан ба коллеҷҳо табдил дода мешаванд. Коллеҷҳо метавонанд дар сохтори макгаби олӣ ва ё мустақил бошанд.
Маълумоти олии касбӣ сатҳи баланди инкишофи инсон, нумӯи нисбатан пурраи қобилиятҳои инфиродии шахс, маънан ва ҷисман тайёр намудани ӯ ба меҳнати мустақилона ва бошуурона, зиндагии шахсӣ ва иҷрои вазифаҳои ҷамъиятию давлатӣ мебошад.
Маълумоти олии касбӣ ба донишҷӯён пеш аз ҳама бояд одамият омӯзонад, ба онҳо сифатҳои олии инсонӣ, камолоти маънавӣ, дониши амиқ, тафаккури эҷодӣ ва маҳорати касбӣ бахшад ва ҳамчун фишанги асосии идоракунии сиёсату иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бошад.
Вобаста ба ихтисос бояд васеъ ва дақиқ омӯхтани мероси адабӣ, фалсафӣ, афкори пелагогии халқи тоҷик, риёзӣ, тиб, нуҷум, мусиқӣ, табиатшиносӣ ва дигар илмҳои қадим ба ҳукми анъана дарояд.
Барномаҳои ҳунаромӯзии мактаббачагон аз рӯи шавқу рағбат бояд пайваста амалӣ гарданд.
Мазмуну мундариҷаи маълумот барои инсон аз ҷиҳати илмӣ мушаххасу асоснок, аз ҷиҳати ахлоқи ҳуқуқбунёд ва аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ҳавасмандӣ дошта бошад.
Дар ин раванд тарбия, ки як қисмати азими мазмуни маълумотро ташкил медиҳад, муҳаррики асосии инкишофи шахсият буда, бо мафҳуму мазмуни таълим ҳамгироӣ ва пайванди ногусастани пайдо мекунад. Гуманизатсияи маълумот ҳамгироӣ ва пайванди таълиму тарбияро таъмин мегардонад ва тафаккури созандагию бунёдкорӣ низ аз он сарчашма мегирад. Дар инсон тарбия намудани малака ва маҳорати дидану шинохтан, шунидану фаҳм кардан, гуфтану амал кардан ниҳоят аҳамият касб мекунад ва дороии ин ҳолатҳо асоси инкишоф буда, феълияти инсонро танзим мебахшад. Такмил додани ин раванди судманд яке аз вазифаҳои мубраму замонавии педагогикаи амалӣ ба ҳисоб меравад.
Маълумот шахсро аз як зина ба зинаи дигари инкишоф мерасонад. Маълумот дар зинаҳои аввал чӣ қадаре ки бунёдӣ бошад, рушди босифати инсонро дар зинаҳои минбаъда ҳамон қадар бештар таъмин месозад.
Мазмуну мундариҷаи маълумоти томактабӣ дар муҳити оила ва кӯдакистонҳо аз инкишофи қобилиятҳои равонӣ, ҷисмони ва фикрии кӯдакон дар асоси арзишҳои баланди маънавӣ иборатанд. Давлат, ҷамъият ва шаҳрвандон вазифадоранд, ки ба хотири солимии миллат ва ҷомеаи солим ба ҳаллу фасли проблемаҳои демографӣ, танзими оила, омода намудани волидон ба тарбияи кӯдак, танзими ҳуқуқу вазифаҳои волидон дар тарбияи фарзанд, паст намудани сатҳи камбизоатии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯмаки моддию маънавӣ ба волидони ҷавон, ташвиқу тарғиби маърифати педагогӣ дар байни волидон ва нашри адабиёти кӯдакона муваффақ шаванд.
Маълумот ҳамчун раванд рушди сифатҳои инсонро аз рӯзи таваллуд барои як умр таъмин мегардонад. Идомаи ташаккули шахсияти кӯдак дар оила аз дараҷаи савод, маълумот, маърифату ҷаҳонбинӣ, тарзи ташкили рӯзгордории волидон, муҳайё намудани шароит барои парвариши кӯдакон ва ғайра вобастагӣ дорад.
Ба мактаб тайёр кардани кӯдакон яке аз вазифаҳои ҳатмии волидон аст. Дар ин кор ба ҷуз кӯдакистонҳо марказҳои тарбиявӣ (давлатӣ, хусусӣ ва ғ.) ва мактабҳои маълумоти миёнаи ҳамагонӣ низ ба онҳо бояд ёрии амалӣ расонанд.
Фаъолияти тамоми намуди муассисаҳои томактабӣ ба инкишофи кӯдак дар муҳити солим нигаронида мешавад. Усулҳои муомила бо кӯдакон бояд қобили мулоҳизаи волидон, олимон, омӯзгорон, мураббиҳо, шоирону нависандагон ва тамоми зиёиён бошад. Барои гуфтугӯ қолабҳои муомилае эҳё гардад, ки асолати забони тоҷикӣ дар он таҷассум ёфта бошад. Мундариҷаи маълумот дар муҳити хонаводагӣ аз забономӯзӣ оғоз ёбад. Ба ин васила волидон бояд ба ҳамбастагии саводу маънавияти фарзандони хеш ибтидо гузоранд.
Кӯдакистонҳо бояд дар тарбия ва таълими кӯдакон вазифаҳои зеринро анҷом диҳанд:
- ҳифзи саломатии кӯдакон;
- муҳайё намудани шароит барои инкишофи қобилиятҳои равонӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонӣ;
- тарбияи маънавият ва одоби хуби муносибати гуманистӣ дар синну соли тифлӣ;
- тайёр намудани кӯдакон аз хурдсолӣ ба иҷрои вазифаҳои суннатӣ дар назди волидон ва ҷомеа;
- ташаккул додани майлу рағбати кӯдакон ба ҳама гуна амалҳои неку шоиста ва пешгирӣ намудани рафтору амалҳои барои онҳо мамнӯъ;
- босифат ва ҳаматарафа тайёр намудани кӯдакон ба мактаб;
- эътибори махсус ба кӯдаконн болаёқат.
Мазмуну мундариҷаи маълумоти ибтидоӣ ба он нигаронида мешавад, ки кӯдак тавассути он ба одаму олам шиносоии бештаре дошта бошад, меҳру муҳаббат ва дилбастагӣ пайдо кунад, асосҳои ахлоқ ва донишҳоеро, ки барои зинаҳои минбаъдаи маълумот ва муносибати фардии ӯ бо ҷамъият ва табиат заруранд, аз худ кунад. Дар ташаккули кӯдакони ин синну сол омӯзиши забон, адабиёт, таърих, суруду мусиқӣ, ҳисоб, ахлоқ, инсон ва муҳити зист нақши асосӣ хоҳанд дошт.
Маводи таълимӣ дар зинаи ибтидоӣ бояд мушаххасу шавқовар ва ибратомӯз бошад, дар хонандагон малакаҳои худшиносию худогоҳиро таъмин кунад. Кӯдак дар ин синну сол он чизеро аз худ кунад, ки ба инкишофи имрӯзу фардои ӯ мусоидат намояд. Мустақилона ҷустуҷӯ намуданро дар ҳамин синну сол ба онҳо бояд омӯзонд. Вақти бештари кӯдаконро ба ҳифзи маводи пурмаънӣ, луғату истилоҳоти зарурӣ, ҳисоб, ҳифзи саломатӣ ва бехатарии ҳаёт, расмкашӣ, бозиҳои серҳаракат, супоришҳои тафаккурро таҳрикдиҳанда ва ғайра сарф бояд кард. Мазмуни матн ва супоришоти китобҳои дарсӣ барои кӯдак намунае бошад, ки тимсоли онро вай берун аз китоб низ пайдо карда тавонад.
Асоси мундариҷаи маълумотро дар мактабҳои маълумоти миёнаи умумӣ омӯзиши забони модарӣ (тоҷикӣ), адабиёт, ахлоқ, забонҳои хориҷӣ, риёзӣ, таърих, ҷомеашиносӣ, география, биология, физика. химия, информатика, санъат, технология, валеология ва ғайра ташкил медиҳанд, ки доир ба ҳар кадоми он стандартҳои давлатии таълим таҳия ва тасдиқ мегарданд.Таълими фанҳои мазкур дар асоси таълими тафриқадор ва ё ҳамгиро ба роҳ монда мешаванд.
Мазмуну мундариҷаи маълумоти ибтидоии касбӣ, миёна ва олии касбӣ аз пайванди дониш бо касб, шуғл ва истеҳсолот таркиб ёфта.
Донишҷӯён ба маълумоти олии касбӣ дар донишгоҳ, академия, донишкада, консерватория ва дигар муассисаҳои таълимии ба инҳо баробар дар асоси принсипи бисёрзинагӣ фаро гирифта мешаванд. Дар ҳар як зинаи маълумот донишҷӯ соҳиби дараҷаи (бакалавр, мутахассис, магистр) муайяни маълумот мегардад.
Бакалавр мутахассиси маълумоти олидор аст, ки доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва маҳорати касбӣ ҳосил кардааст. Шаҳрванде, ки маълумоти дараҷаи "бакалавр" дорад, аз рӯи ихтисосаш ба вазифаҳое, ки сатҳи маълумоти олии касбиро талаб мекунанд, ба кор қабул карда мешавад. Мӯҳлати таҳсил барои гирифтани дараҷаи "бакалавр" на кам аз 4 сол (барои соҳаи тиб на кам аз 5 сол) аст. Бакалавр дар зинаҳои дигари маълумоти олии касбӣ ҳуқуқи идомаи таҳсил дорад.
Магистр баъди гирифтани дараҷаи "бакалавр", таҳсилро дар магистратура на кам аз 2 сол давом медиҳад ва пас аз гузаштани аттестатсияи ҷамъбастӣ дараҷаи "магистр" мегирад. Магистр асосан ба соҳаи муайяни илм машғул шуда, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебарад ва аз рӯи ихтисосаш дар муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва дигар вазифаҳое, ки ба сатҳи маълумоташ мувофиқанд, кор мекунад.
Дар мактабҳои маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар давлатҳои Итгиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шахсоне, ки 5 сол (ба истиснои донишгоҳи тиббӣ) таҳсил намуда, аз аттестатсияи ҷамъбастӣ бомуваффақият мегузаранд, дипломи дараҷаи "мутахассис" дода мешавад.
Мактабҳои олии касбии ҷумхурӣ дар сатҳи мутахассиси хурд низ кадр тайёр мекунанд. Сатҳи маълумоти мазкур ба сатҳи маълумоти миёнаи касбӣ ё маълумоти олии нопурра баробар аст, ки муҳассил пас аз ду соли таҳсил (барои соҳаи тиб пас аз се соли таҳсил) ба он муваффақ мегардад.
Барои ба низом даровардани касбу вазифаҳои тахассусӣ бо дараҷаҳои маълумот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд номгӯи вазифаҳои тахассусии ҳамаи соҳаҳоро мувофиқи дараҷаҳои маълумоти касбӣ тасдиқ намояд, то ки сатҳи маълумот бо вазифаҳои тахассусии шаҳрвандон муайян ва мувофиқа гардад.
Барномаҳои таълим дар мактабҳои олии касбӣ дар асоси модернизатсияи маълумот, моделҳои муосири таълим, талаботҳои Консепсияи мазкур ва бо назардошти сатҳи байналмилалии маълумот аз нав таҳия ва тасдиқ мешаванд.
Минбаъд бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони маълумоти олидор дар заминаи мактабҳои олии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Маълумот пас аз хатми мактаби олӣ ( аспирантура, докторантура) хусусияти инфиродӣ дошта, бо роҳи худталошӣ, нумӯи қобилиятҳои баланди инсон барои донишофарӣ ва кашфиётҳои илмӣ нигаронида шудааст.
Маълумоти иловагӣ ин фарогирии тамоми шаҳрвандон ба дониш, техника ва технологияи нав, эҷодкорӣ, дарёфти ихтисоси нав, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва ғайра мебошад, ки онро шахс дар мактаб ҳангоми таҳсил, пас аз хатми мактаб ва баъди гирифтани диплом низ соҳиб шуда метавонад.
Маълумоти иловагӣ бо мақсади тақвият бахшидани маълумоти базавӣ, мутобиқ сохтани шахс ба муҳити нави иҷтимоӣ, маънан ва ҷисман дастгирӣ намудани ӯ дар шароити нави муносибатҳои истеҳсолӣ, самаранок ба манфиати шахс, ҷомеа ва давлат гузаронидани вақти холии шаҳрвандон, ривоҷи илму фан ва истеҳсолот ташкил карда мешавад.. Маълумоти иловагӣ новобаста ба синну сол ва маҳдудият барои тамоми шаҳрвандон дар шаклу намудҳои гуногун пешниҳод мегардад:
1. Маълумоти иловагии баъдидипломӣ барои шаҳрвандоне, ки ин ё он зинаи маълумоти касбӣ (маълумоти ибтидоии касбӣ, маълумоти миёнаи касбӣ, маълумоти олии касбӣ)-ро гузашта, соҳиби ихтисоси муайян гаштаанд. Шаҳрвандон тавассути мактабҳои олӣ ё курсҳои махсуси таълимӣ барои гирифтани ихтисоси дигар аз нав таҳсил ва ё бозомӯзӣ мекунанд. Курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ низ имконият медиҳад, ки шаҳрвандон вобаста ба талабу дархости бозори меҳнат касбашонро дигар карда, соҳиби ихтисоси нав шаванд. Чунин намуди курсҳо дар сохтори омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, марказҳои таълимӣ, марказҳои иҷтимоӣ-соҳибкорӣ ва ё дар назди муассиса ва корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ таъсис меёбанд.
2. Маълумоти иловагӣ барои ихтисосе, ки шаҳрванд мувофиқи он машғули кор асту дониш, малака ва маҳорати хешро дар семинару курсҳои махсуси такмили ихтисос, академия, донишкадаю донишгоҳҳо, марказҳои таълимӣ ва тавассути таълими фосилавӣ (дистансионӣ) такмил медиҳад.
3. Барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ шаклу намудҳои гуногуни маълумоти иловагиро пешбинӣ мекунад: маълумоти иловагӣ барои гирифтани ихтисоси дуюм бо назардошти қобилияти донишҷӯ ва зиёд намудани мӯҳлати таҳсил, монанди тарҷумон-омӯзгор, психологҳуқуқшинос, технолог-тарҷумон, рӯзноманигор-тарҷумон, агрономмуҳандис, муаллими забони тоҷикӣ бо ихтисоси иловагии забони русӣ ва ё англисӣ, муаллими синфҳои ибтидоӣ бо ихтисоси иловагии забони англисӣ, русӣ ва ё тоҷикӣ ва ғайра; маълумоти иловагие, ки тавассути курсҳои кӯтоҳмуддат донишҷӯ соҳиби ин ё он касб мегардад (курсҳои махсуси дӯзандагӣ, компютерӣ, ронандагӣ, рассомӣ, коргузорӣ, муҳосибӣ ва ғайра) ва ба ӯ дар ин хусус сертификат дода мешавад.
4. Маълумоти иловагӣ барои кӯдакону наврасон дар заминаи маълумоти миёнаи ҳамагонӣ дар мактабҳо, Академияи хурди илмҳо, марказҳои фарҳангӣ, касбинтихобкунӣ, техникӣ, варзишӣ, кишваршиносӣ ва ғайра ташкил ёфта, маълумоти ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи онҳоро пурра мегардонад ва барои интихоби касб заминаи устувор фароҳам меорад. Муассиси чунин муассисаҳо давлат ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ буда метавонанд, ки дар асоси литсензияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, идора ва шӯъбаҳои маорифи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳуқуқи фаъолият кардан доранд.
7. Роҳҳои амалӣ гардонидани Консепсияи миллии маълумот
Омилҳои асосии амалӣ гаштани Консепсияи миллии маълумот инҳоянд, ки давлат асосҳои ҳуқуқии онҳоро таҳким мебахшад:
Омилҳои ҳуқуқӣ
- Ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф.
- Таҳияи санадҳои дигари ҳуқуқию меъёрӣ барои инкишофи муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои хусусии таълиму тарбия, пайдо намудани имтиёзҳо дар андозбандии соҳаи маориф бо мақсади таъмин намудани рақобатпазирии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Омилҳои иқтисодӣ
- Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷети давлатӣ" ҳамчун соҳаи афзалиятдошта эътироф намудани соҳаи маориф.
- Таҳия ва тасдиқи меъёрҳои муосири музддиҳии кормандони соҳаи маориф.
- Таҳияи барномаҳои иқтисодӣ барои дастгирии рушди соҳаи маориф.
- Ба вуҷуд овардани рақобат дар бозори хизматрасонии соҳаи маълумот.
Омилҳои ташкилӣ
- Таҳияи барномаи комплексӣ барои амалӣ намудани Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Такмили минбаъдаи стандартҳои давлатии маълумот.
- Таҳияи барномаҳои давлатӣ доир ба модернизатсияи маълумот ва ба ҳалли проблемаҳои соҳаи маориф ҷалб намудани тамоми ҷомеа.
- Тайёр намудани гузориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи неруи зеҳнии миллат".
- Чорабиниҳои тиббӣ доир ба пешгирии бемориҳо дар муассисаҳои таълимӣ барои ҳифзи мунтазами саломатии кӯдакон ва наврасон.
- Ташкили низоми сифатан нави системаи оморӣ ва иттилоотӣ, ки ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад.
Вазорати маориф ҳаллу фасли масъалаҳои зерини соҳаи маорифро амалӣ мегардонад:
- ворид намудани тағйиротҳои сифатӣ ба мазмуну мундариҷаи маълумот тавассути:
- гуманизатсияи мазмуни маълумот;
- такмили стандартҳои давлатии маълумот;
- аз нав таҳия намудани нақшаю барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ;
- таҳияи талаботи ягонаи тарбияи кӯдакону наврасон дар оила, мактаб ва ҷамъият;
- ташкили системаи корҳои тарбиявие, ки волидон ба сифати шарики мактабу муаллим ширкат меварзанд.
- Назорати доимии сифати дониш, малака ва маҳорати хонандагону донишҷӯён дар ҳамаи намуди муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ;
- Тавассути аттестатсия ва аккредитатсия баҳои давлатӣ додан ба раванди таълиму тарбия ва сифати тайёр кардани мутахассисон дар ҳамаи намуди таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ.
Якҷоя бо вазорату кумитаҳо, мақомоти идоракунии маҳаллӣ, ташкилоту муассисаҳо, шахсони ҳуқуқию воқеӣ:
- тадбирҳои амалӣ намудани Консепсия ва барномаи рушди соҳаи маорифро таҳия намуда, иҷрои онҳоро таъмин мегардонанд;
- низомномаи нави пардохти музди меҳнати кормандони системаи педагогиро аз рӯи принсипи фаъолият ва нақши мутахассис дар ҷараёни таълиму тарбия (аз рӯи талаботи стандартҳои давлатӣ) таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд;
- системаи маълумоти Тоҷикистонро бо роҳҳои зерин ба системаи маълумоти ҷаҳонӣ ҳамгиро менамоянд:
- васеъ намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маълумот;
- вусъат бахшидан ба модернизатсияи системаи маълумот дар асоси системаҳои маълумоти пурарзиши ҷаҳони мутамаддин;
- ҷорӣ намудани компютеризатсияи системаи маълумот;
- таъсис додани Марказҳои компютерӣ дар шаҳру навоҳӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ бо мақсади ташкил намудани Бонки маълумот барои таҳлил, алоқа, ҳамкорӣ ва бозомӯзию такмили ихтисоси кадрҳо;
- таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ширкат ва мавқеъ доштан дар кори якҷояи инсоният барои инкишофи имкониятҳои судманди қобилияти инсон;
Роҳу усулҳои нави тайер кардани кадрҳо ва такмили ихтисоси онҳоро ба ин тарз ҷорӣ менамояд:
- ҳамгироии маълумоти миёнаи ҳамагонӣ ва миёнаи касбӣ , ба хусус мактабҳои равиядор, бо мактабҳои олии касбӣ;
- ҷорӣ намудани таълими фосилавӣ дар донишгоҳҳо, донишкадаҳо ва дигар таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ барои бозомӯзӣ, такмили ихтисоси кадрҳо, гирифтани маълумоти миёнаи махсус, маълумоти олии касбӣ ва ихтисоси дуюм (барои донишҷӯён ва дигар хоҳишмандон);
- таъсис додани кафедраю лабораторияҳо дар сохтори мактабҳои маълумоти миёнаи умумии равиядор, гимназияю литсейҳо. Марказҳои маълумоти иловагӣ, Академияҳои хурди илмӣ ва ғайра:
- ҳамкории кафедраҳои методикаи таълим бо мактабҳои маълумоти миёнаи ҳамагонӣ бо мақсади ошноӣ бо маҳорати касбӣ, аз худ кардани моделҳои нави таълим ва усулҳои фаъоли (интерактивии) таълим;
- дар хориҷи кишвар ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии профессорону устодони кафедраҳои технологӣ, методикаи таълим ва ба воситаи аспирантура ва докторантура дар хориҷи кишвар тайер кардани мутахассисони ин соҳа;
- дар заминаи мактабҳои олии касбӣ гузаронидани курсҳои такмили ихтисоси мутахассисони ҳамаи зинаҳои маълумот (миёнаи ҳамагонӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ) мутахассисони гуногунсоҳа, аз ҷумла дар кафедраҳои методика, педагогика ва равоншиносии донишгоҳҳои омӯзгорӣ ба роҳмондани бозомӯзии мураббиҳо, омузгорон ва роҳбарони мактабҳо;
- ҷорӣ намудани ихтисосҳои иловагӣ барои донишҷӯёни қобилиятнок (иқтисодчӣ бо ихтисоси иловагии ҳуқуқшинос, технолог бо ихтисоси иловагии химия ё биология, забони тоҷикӣ бо ихтисоси иловагии забони англисӣ ё русӣ, технолог-тарҷумон, филолог-тарҷумон ва ғайра);
Қонеъ намудани ниёзмандии шахс, ҷомеа ба инкишоф, омӯзиши илму фарҳанги дунё:
- иштироки тамоми институтҳои сиесӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа дар тарбияи кӯдакон (педагогизатсияи муҳити ҷамъиятӣ);
- таҳияи барномаи давлатии "Кӯдакону наврасони Тоҷикистон" барои кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, маъюб ва болаёқат;
- ба таълим пурра фаро гирифтани кӯдакони синну соли мактабӣ;
- ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои паҳнгаштаи дунё, аз ҷумла забонҳои англисию русӣ, арабӣ, немисӣ, романӣ ва забонҳои давлатии мамлакатҳое, ки бо Тоҷикистон робитаҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ доранд, аз ҷумла забонҳои чинӣ, ҳиндӣ, туркӣ, урду ва ғайра
Муаллим ва мураббӣ барои иҷрои Консепсияи мазкур соҳиби чунин сифатҳо буданро ӯҳдадор бошанд:
- асосҳои назарӣ ва амалии ихтисоси худро хуб донанд, педагогика, равоншиносӣ ва методикаи таълимро фаро гирифта бошанд;
- шахсияти шогирдони худро эҳтиром намоянд;
- ҷаҳонбинӣ ва диди васеи илмӣ дошта бошанд;
- раванди тарбия ва таълимро эҷодкорона ба роҳ монанд;
- сифати таълиму тарбияро натиҷаи ниҳоии фаъолияти хеш донанд;
- ба стандартҳои давлатии маълумот ҷавобгӯ будани дониш, малака ва маҳорати шогирдони хешро кафолатдиҳанд.
8. Натиҷагирӣ аз Консепсияи миллии маълумот
Татбиқи амалии Консепсияи мазкур ҳаллу фасли масъалаҳои зеринро таъмин мегардонад:
1. Омӯзиши амиқ ва иҷрои нишондодҳои Консепсия педагогизатсияи муҳити ҷамъиятиро таъмин сохта, доир ба мақсад ва вазифаҳои нави маълумот афкори умум ба вуҷуд меорад. Маълумот барои шахс, давлат ва ҷамъият ҳамчун дороии моддию маънавӣ ва раванди бонизоми инкишоф қабул мегардад.
2. Заминаи (базис) муосири маълумот, ки дар асоси арзишҳои фарҳанги миллию башарӣ сохта мешавад, менталитети наслҳоро ба дараҷаи худшиносии таърихию фалсафӣ расонида, ворисияти наслҳои ояндаро ба арзишҳои миллӣ таъмин месозад.
3. Маълумоти босифат ташкили тарзи ҳаёти солимро ташаккул дода, ба ҳаллу фасли масъалаҳои демографӣ ва танзими оила асар мегузорад.
4. Риояи меъёрҳои ахлоқ талаботи ҳатмии давлат ва ҷомеа гашта, сатҳи маънавияти ҷомеа баланд мегардад.
5. Тарбия бо мазмуни таълим ҳамгироӣ ва пайванди ногусастанӣ пайдо карда, гуманизм - дӯст доштани инсон, эҳтироми мақом ва муҳити моддию маънавии вай, - ҳадафи асосии тарбия қарор мегирад.
Педагогикаи амалӣ ба ташаккули малака ва маҳорати дидану шинохтан, шунидану дарк кардан ва гуфтану амал намудани афроди ҷомеа ноил мегардад.
Тарбияи шаҳрвандии насли ҷавон беҳтар шуда, мафҳумҳои дӯст доштани зодгоҳ, сарзамин, Ватан ҳамгироӣ пайдо мекунанд.
6. Шумораи муассисаҳои томактабӣ зиёд шуда, кӯдакон тавассути марказҳои алоҳида, кӯдакистонҳои оилавӣ (хусусӣ), давлатӣ, ғайридавлатӣ, мактабҳои маълумоти миёнаи ҳамагони ва ғайра ба мактаб тайёр карда мешаванд. Масъулияти волидон ба тарбия ва ба мактаб тайёр кардани кӯдакон баланд мегардад. Барои тарбияи томактабии кӯдакон китобҳои таълимии босифат таҳия ва нашр мешаванд.
7. Дар сатҳи маълумоти ибтидоӣ тамоми кӯдакони ин синну сол ба мактаб фаро гирифта шуда, дар хондан, навиштан, ҳисоб кардан, риояи бехатарии ҳаёт ва фаъолияти коммуникативӣ ӯҳдабаро мегарданд. Барои омӯзгорону волидон имконияти интихоби китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ ба вуҷуд меояд.
8. Маълумоти сифатноки миёнаи ҳамагонӣ талаботи асосии шахс, ҷомеа ва давлат қарор мегирад. Ба маълумоти асосии ҳатмӣ тамоми кӯдакону наврасони Тоҷикистон фаро гирифта мешаванд. Барои онҳое, ки маълумоти асосӣ, миёнаи ҳамагонӣ ва ё имконияти таҳсили рӯзона надоранд, мактабҳои шабона, ғоибона ва ё таълими фосилавӣ ташкил карда мешавад. Дар мактабҳои маълумоти миёнаи ҳамагонӣ (синфҳои X(XI) , XI(XII) мактаббачагон дар асоси шавқу завқ ва қобилияташон ба равияҳои таълимӣ ҷудо мешаванд.
9. Омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва дигар муассисаҳои таълимии ба онҳо баробар ба касбу кори муосир ҷалб намудани ҷавононро таъмин менамоянд. Дараҷаи маълумоти ин сатҳ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ шуда, мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар низ аз рӯи касби хеш кор карда метавонанд.
10. Маълумоти олии касбӣ сифатан беҳтар мешавад. Соҳиби маълумоти олӣ шахсе мешавад, ки камолоти маънавӣ, тафаккури эҷодӣ ва маҳорати баланди касбӣ дорад. Идоракунии соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз ҳисоби рушди сифати инсон тавассути маълумоти олии касбӣ батадриҷ беҳтар мегардад.
11. Маълумоти иловагӣ доираи васеи ҷамъиятро фаро мегирад. Маълумот барои ҳама талаботи ҷомеа ва давлат қарор меёбад. Қобилияту фаҳмиши техникӣ ва фаъолияти коммуникативии шаҳрвандон аз омӯзиши техника ва технологияи муосир рушд меёбад. Аз ҳамгироии илму истеҳсолот зиндагии инсон сифатан беҳтар мешавад.
12. Тамоми таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ бо кадрҳои ихтисосманд таъмин мешаванд. Шумораи олимон афзуда, тадқиқотҳои илмии сифатнок ва тамоюли амалидошта рӯи кор меоянд.
13. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандон барои гирифтани маълумоти босифат васеъ мешавад. Шумораи мактабҳои хусусӣ меафзояд. Заминаҳои ҳуқуқии чунин муассисаҳо аз ҷониби давлат таъмин мегарданд. Давлат хароҷотҳои соҳаи маорифро ба субъектҳо бештар равона месозад. Барои волидон имконияти интихоби таълимгоҳҳо пайдо мешаванд. Давлат, волидон ва донишҷӯён аз маълумоти бесифати таълимгоҳҳо ҳуқуқи пас гардонидани маблағҳои шахсию давлатиро пайдо мекунанд. Дар соҳаи маориф қонунгузории амалкунанда такмил ёфта, қонунҳои нав (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон " Дар бораи маълумоти олии касбӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсили 12-сола", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муассисаҳои таълимии хусусӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон " Дар бораи ҳифзи кӯдак ва наврас" ва ғайра) таҳия ва тасдиқ мешаванд.
14. Доир ба рушди соҳаи маориф барномаҳои давлатии "Рушди сохаи маориф", "Тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ", "Кӯдакону наврасони Тоҷикистон", "Сохтмони таълимгоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Консепсияи маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2004-2015" ва ғайра таҳия, тасдиқ ва амалӣ мегарданд.
15. Маоши кормандони соҳа мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" амалӣ мешавад.
16. Забони давлатӣ рушду нумӯ меёбад. Сатҳи сухандонӣ, суханронӣ ва маданияти гуфтори ҷомеа ташаккул ёфта, аксарияти озодона гуфтугузор мекунанд.
17. Маблағҳои инвеститсионӣ асосан ба сохтмони мактабҳо, биноҳои иловагӣ, хобгоҳҳо ва мустаҳкам намудани базаи таълимии таълимғоҳҳо сарф мешаванд. Таълими себаста (се сменагӣ) дар мактабҳои маълумоти миёнаи ҳамагонӣ барҳам мехӯрад.
18. Компютеризатсияи мактабҳои маълумоти миёнаи ҳамагонӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ таъмин мегардад. Марказҳои компютерӣ барои омӯзиш, бозомӯзӣ ва иттилоот соҳиби Бонки маълумот мегарданд.
19. Ҳамкорӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ дар соҳаи маориф ривоҷ ёфта, муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон рақобатпазирии сифати маълумотро таъмин мегардонанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи маълумоти байналмилалӣ ворид мегардад.