×

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2006, № 362 "Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 114 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади тақвияти таъсири илм ва технология ба рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, таҳкими нерӯи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид ба рушди минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳо, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои илмҳои соҳавӣ ва мактабҳои олӣ иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007- 2015-ро таъмин намоянд.

3. Назорат ба рафти иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015 ба зиммаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои Стратегия ҳисобот пешниҳод намояд.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 1999 № 87 "Дар бораи консепсияи давлатии сиёсати илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 1 августи соли 2006 № 362

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи с. 2006 № 362

тасдиқ шудааст

Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технологияи барои солҳои 2007-2015

1. Тавзеҳи зарурати қабул кардани Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015. Вазъияти ҷорӣ ва масъалаҳо дар соҳаи илм ва технология

Вазъи ҷорӣ. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бӯҳрони ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, ки ба асари воқеъаҳои ибтидои солҳои 90-ум ба амал омад, илм дар сатҳи ба қадри кофӣ баланд мавқеъ дошт. Дар институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои дигари илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ заминаи моддиву техникӣ ба вуҷуд оварда шуда буд. Дар бисёре аз самтҳои илм кадрҳои илмӣ тайёр карда шуда, мактабҳои аслии илмӣ ташаккул ёфта буданд. Таҳқиқот дар ҳамоҳангӣ бо институтҳои Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва марказҳои дигари илмии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом дода мешуданд.

Пас аз мустақилият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши зиёд ба ҳифз ва дастгирии нерӯи илмӣ, ислоҳоти илм ва ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷумҳурӣ нигаронидани илм равона шуда буд. Дар айни замон раванди ислоҳоти илм идома дорад. Муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оҳиста-оҳиста ба фаъолият дар шароити нав мутобиқ шуда истодаанд. Давлат дастгирӣ ва таҳкими нерӯи илмиро барои пешрафти бомуваффақияти мамлакат бо роҳи рушди устувор яке аз самтҳои стратегӣ донистааст.

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонун ва қарорҳое қабул гардидаанд, ки сиёсати миллиро дар соҳаи илм муайян намуда, ба дастгирии нерӯи илмӣ ва рушди таҳқиқоти илмӣ нигаронида шудаанд, аз ҷумла:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатии илмӣ-техникӣ" (с.1998);

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (с.2002);

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 1996, № 331 "Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 1997, № 395 "Дар бораи таъсиси Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 1999, № 87 "Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2000, № 54 "Дар бораи тартиби аккредитатсияи давлатии ташкилотҳои илмӣ";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2002, № 201 "Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002, № 501 "Дар бораи Барномаи амалисозии Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2002, № 482 "Дар бораи Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002, № 94 "Дар бораи тасдиқ намудани консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2003, № 571 "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2008";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2004, № 385 "Дар бораи фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015 дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар боло зикр шудаанд, таҳия гардидааст.

Дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маркази илмии мамлакат мебошад, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои педагогӣ ва даҳҳо муассисаҳои дигари соҳавии илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ анҷом дода мешаванд.

Тибқи маълумоти Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2005 дар соҳаи илм дар Тоҷикистон 4518 нафар корманди илмӣ кор карданд, ки аз онҳо 2936 нафар дараҷаи илмӣ доранд, аз ҷумла 601 нафар - доктори илм ва 2335 нафар - номзади илм ва 1582 нафар кормандон бе дараҷаи илмӣ мебошанд.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин сол дар аспирантура 870 нафар аспирантҳо таҳсил намуданд, шумораи докторантҳо 20 нафарро ташкил дод.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2003-2004 39 шӯрои диссертатсионӣ, аз ҷумла 13 шӯрои докторӣ ва 26 шӯрои номзадӣ, дар соли 2005 29 шӯрои дисертатсионӣ, аз ҷумла 13 шӯрои докторӣ ва 16 шӯрои номзадӣ амал мекард. Дар айни замон дар ин шӯроҳо аз рӯи 46 ихтисос рисолаҳои илмӣ дифоъ карда мешаванд, аз ҷумла аз рӯи 25 ихтисос доир ба илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ, аз рӯи 21 ихтисос доир ба илмҳои ҷамъиятшиносӣ. Дар соли 2002 216 рисола (23 рисолаи докторӣ ва 193 расолаи номзадӣ), соли 2003 106 рисола (мӯвофиқан 22 ва 84), соли 2004 292 рисола (мувофиқан 24 ва 268) ва дар соли 2005 64 рисола (мувофиқан 7 ва 57) дифоъ карда шуд.

Масъалаҳои асосӣ: Пешрафти илм ва саҳми он дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз бисёр ҷиҳат ба ҳалли саривақтии як қатор масъалаҳо вобаста мебошад, аз ҷумла:

Таъминоти нокифояи молиявӣ ба соҳаи илм.

Илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Хароҷот ба илм ба таври доимӣ меафзояд. Чунончи, дар соли 2005 дар қиёс бо соли 2000 ин хароҷот ба қадри 5,7 маротиба афзоиш ёфт. Лекин ба таври умумӣ ҳиссаи хароҷот ба илм дар ҳисоб бо Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Ҳаҷми умумии маблағгузории соҳаи илм дар соли 2005 8,63 млн. сомонӣ, яъне қариб 0,1 % аз Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дод, дар ҳоле, ки дар давлатҳои пешрафта сатҳи маблағгузории илм дар ҳудуди 1-3 % аз Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қарор дорад.

Таъминоти нокифояи моддиву техникии илм.

Заминаи моддиву техникӣ барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ беҳад кӯҳнаву фарсуда гардида, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ноустувории иҷтимоиву иқтисодӣ қисман вайрон карда шуданд. Таҷҳизот ва асбобҳои илмӣ қисман ва рӯҳан фарсуда шуда, ба талаботи муосири илму техника ҷавобгӯй нестанд.

Ақибмонии ташаккули заминаи муосири иттилоотӣ дар соҳаи илм.

Яке аз сабабҳои рушди сусти илм дар Тоҷикистон, ақибмонӣ дар ташаккули инфрасохтори муосири иттилоотӣ, ки ба истифодаи технологияҳои навтарини иттилоотиву коммуникатсионӣ асос ёфтааст, мебошад. Институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, муассисаҳои илмии соҳавӣ, кафедраҳо ва озмоишгоҳҳои мактабҳои олӣ бо техникаи компютерӣ хеле кам муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ташаккули инфрасохтори муосири иттилоотӣ дар ин муассисаҳо дар марҳилаи оғоз қарор дорад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ ба таври эътимоднок шаҳодат медиҳад, ки бе истифодаи технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ илмро қафомонӣ домангир буда, ба вуҷуд овардани технологияҳои қобили рақобат ва истифодаи онҳо дар амал имкон надорад.

Доир ба масъалаҳои мӯҳими илм шумораи ками монографияҳо, маҷаллаҳои илмӣ, маҷмӯи мақолаҳо ва маводҳои конференсияҳои илмӣ нашр карда мешаванд. Ба ин сабаб натиҷаҳои таҳқиқот кӯҳна мегарданд, коркардҳои олимони Тоҷикистон баромади саривақтиро ба фазои байналхалқии илмиву иттилооотӣ намеёбанд, комёбиҳои илмӣ афзалияти худро гум мекунанд. Ба сабаби нокифоя будани маблағгузорӣ муассисаҳои илмӣ имконияти гирифтани маҷаллаву китоб ва иттилооти дигари илмиро надоранд, ки ин албатта ба сатҳ, сифат ва самаранокии таҳқиқоти анҷомшаванда таъсири манфӣ расонида метавонад.

Норасоии кадрҳои илмии тахассуси олӣ.

Ин масъала аз бисёр ҷиҳат ба нокифоя будани маблағгузорӣ ба илм алоқаманд мебошад. Ҷиддияти масъала ҳамчунин бо он маънидод карда мешавад, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ноустуворӣ бисёре аз кормандони илмӣ ва мутахассисон аз мамлакат берун рафтанд ва ҳоло пурра кардани норасоӣ дар кадрҳои илмии тахассуси олӣ, хусусан доир ба ихтисосҳои илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ муяссар намешавад. Норасоии мутахассисон дар чунин самтҳои илм, мисли сейсмология, технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, энергетика, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия, экология, вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, онтология ва гнесология, этика, эстетика, сотсиология, ҳуқуқи байналхалқӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия эҳсос мешавад.

Набудани ҳамгироӣ (интегратсия)-и зарурии илм ва маориф.

Яке аз омилҳои муҳимтарини баланд бардоштани самаранокии тайёр кардани кадрҳои илмӣ, истифодаи заминаи илмиву таҷрибавии муассисаҳои академӣ дар раванди таҳсил ва баланд бардоштани сатҳи таҳқиқоти илмӣ дар мактабҳои олӣ ҳамгироии илм ва маориф мебошад. Набудани хамгироии зарурии илми академӣ ва сохторҳои таҳсилотӣ нерӯи рушд ва саҳми онҳоро дар ислоҳоти иқтисодиёт ва ҷамъият паст мекунад.

Нерӯи илмии институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои педагогии Тоҷикистон, муассисаҳои илмии соҳавӣ ва мактабҳои олӣ ҳоло ба мақсади муттаҳид кардани қувва ва захираҳо барои тайёр кардани кадрҳои тахассуси олӣ ва мутахассисон дар соҳаи илмӣ ва илмиву технологӣ, истифодаи муштараки заминаи илмиву, таҷрибавии бахшҳои академӣ, соҳавӣ ва мактабҳои олии илм, дар равандҳои таҳқиқотӣ ва таълимӣ ба қадри зарурӣ муттаҳид карда нашудаанд.

Мутамарказгардонии сусти нерӯи илмӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат.

Таҳқиқоти илмӣ доир ба самтҳои гуногуни илмӣ бурда мешаванд, ки бнъзе аз онҳо бо кадрҳои илмӣ таъмин нагардидаанд. Банақшагирии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ эҳтиёҷ ба такмили минбаъда дорад. Нерӯи илмӣ ҳоло ба дараҷаи зарурӣ ба ҳалли масъалаҳои афзалиятдоштаи илм ва рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мутамарказ гардонида нашудааст, ки дар ин бобат суст будани фаъолият ҷиҳати ташаккул ва таҳияи барномаҳои комплексӣ ва мақсадноки илмӣ ва илмӣ-техникӣ шаҳодат медиҳад.

Набудани робитаи зарурии илм бо истеҳсолот.

Коркардҳои илмӣ-техникӣ ва тавсияҳои амалӣ на ҳамеша ба сатҳи рушди технологияҳои муосир ҷавобгӯй мебошанд. Ҷустуҷӯи шаклҳои нави таъсири мутоқобили илм бо истеҳсолот суст ба роҳ монда шудааст.

Дархост ба натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ аз тарафи истеҳсолот дар сатҳи паст қарор дорад, гузариши соҳаҳои илм ва технология ба роҳи ннноватсионии рушд хеле суст аст.

Сатҳи нокифояи хамкориҳои илмии байналхалқӣ.

Дар солҳои охир робитаҳои илмии олимоми Тоҷикистон хеле густариш ёфт. Бо вуҷуди ин, сатҳи ҳамкориҳои илмии байналхалқиро каноатбахш эътироф кардан мумкин нест. Новобаста ба миқцорн зиёди шартномаву созишйомаҳои басташуда дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи илм ва технология, самаранокии амалишавии онҳо ба қадри назаррас баланд нест ва беҳбудӣ мехоҳад.

Вазъи баамаломадаи корҳо ва масъалаҳои мавҷуда дар соҳаи илм зарурати таҳия ва қабули маҷмӯи чораҳоро доир ба дастгирии давлатӣ ва рушди илм тақозо дорад, ки амалисозии онҳо бояд таъсири нерӯи илмиро ба рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, рушди маориф ва фарҳанг ба қадри назаррас тақвият дода, барои комёб гардидан ба мақсадҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 мусоидат намояд.

Ғояҳои заминавии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои еолҳои 2007-2015 яке аз афзалиятҳои миллӣ эътироф кардани илм мебошад, ки бе такя ба он муваффак шудан ба сатҳи баланди нерӯи аклонии ҷамъият тасаввурнопазир аст, пешрафти мамлакати мо имкон надорад ва беҳтар кардани сифати зиндагонии аҳолӣ душвор аст.

II. Мақсад ва вазифаҳои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015

Мақсади Стратегия ба вуҷуд овардани системаи пурсамари дастгирии давлатии рушди илм мебошад, ки он мутамарказгардонии нерӯи илмӣ ба самтҳои ба мамлакати мо афзалиятдоштаи таҳкиқоти илмӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, суръатбахши ташаккули инфрасохтори инноватсионӣ ва истифодаи амадии инноватсияҳо, ба вуҷуд овардани технологияҳои рақобатпазир, талабгории коркардҳои илмӣ аз тарафи истеҳсолот, тиҷорат, корфармоён, нуфузи баланд ва ҷозибияти бештари меҳнати илмӣ, ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои тайёр кардани олимон ва мутахассисони ҷавон, рушди маориф ва фарҳангро таъмин менамояд ва дар ниҳояти кор ба болобурди нерӯи ақлонии ҷомеа то чунин сатҳе, ки он ба суръат гирифтани пешрафти мамлакати мо ва муваффақ шудан ба мақсадҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2015-ро боис мегардад.

Барои муваффақ шудан ба мақсадҳои Стратегия ҳал кардани вазифаҳои зерин зарур аст:

- дастгирии давлатии рушди илм ва гузаронидани ислоҳоти идораи давлатӣ дар соҳаи илм;

- ворид кардани тағйирот ва тасҳеҳот дар муқаррар намудани мақоми муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мувофиқсозии сохтори онҳо;

- муайян кардани самтҳои афзалиятдоштаи илм, мутамарказ гардонидани қувваҳои илмӣ ва воситаҳои моддиву техникӣ ба ин самтҳо;

- мутамарказ гардонидани нерӯи илмӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, маориф ва фарҳанг;

- ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои анҷом додани таҳқиқот аз рӯи самтҳои навтарини илм;

- ташаккул додани инфрасохтори инноватсионӣ ва дастгирии фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи илм ва технологияҳо, фароҳам овардани шароит барои тиҷоратӣ (коммерсализатсия) кардани натиҷаҳои таҳкиқот;

- инкишофи заминаи моддиву техникии илм;

- ҳамгироӣ (интегратсия)-и бахшҳои илмҳои академӣ, соҳавӣ ва мактабҳои олӣ;

- тайёр намудани кадрҳои илмӣ;

- инкишоф додани инфрасохтори иттилоотии муосир дар асоси истифодаи технологияҳои пешрафтаи иттилоотиву коммуникатсионӣ;

- инкишоф додани заминаи моддиву техникии нашри асарҳои илмӣ;

- тавсиа бахшидани ҳамкориҳои илмӣ ва технологии байналхалқӣ ва баланд бардоштани самаранокии он.

III. Самтҳои асосии амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсоҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015. Тадбирҳое, ки барои муваффақ шудан ба мақсад ва вазифаҳои Стратегия равона шудаанд

1. Мақом ва сохтори муассисаҳои илмӣ. Ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ

Таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотие анҷом дода мешавад, ки мақом ва сохтори гуногуни ҳуқуқӣ доранд:

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Академияи илмҳо муассисаи давлатии олии худидорашавандаи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки гузаронидан, инкишоф додан ва ҳамоҳанг сохтани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар мамлакат, таҳлили масъалаҳои муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро таъмин менамояд ва дар ташаккулу амалисозии сиёсати давлатии илмӣ-техникӣ иштирок мекунад. Ба ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 институти илмӣ-таҳқиқотӣ, бахши Помир, марказҳои илмии Хуҷанд ва Хатлон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ва Кумитаи истилоҳот дохил мешаванд.

Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон муассисаи давлатии худидорашавандаи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ, инкишофи таҳқиқоти бунёдӣ ва илмӣ дар соҳаи кишоварзӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмиро таъмин менамояд. Ба таркиби Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон 2 иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ, 6 институти илмӣ-таҳқиқотӣ, Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-техникии механизатсияи кишоварзӣ, Маркази илмии Суғд ва Пойгоҳи илмӣ-таҳқиқотии кишоварзии Помир дохил мешаванд.

Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Академияи илмҳои педагогӣ гузаронидан ва ҳамоҳанг сохтани таҳқиқоти илмӣ доир ба педагогика ва соҳаи таҳсилотӣ, истифодаи таҷрибаи ватанӣ ва ҷаҳонӣ дар соҳаи илмҳои педагоги ва амалия, коркарди асосҳои илмии шаклҳои фаъоли таълим дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ таъмин менамояд. Дар назди Академияи илмҳои педагогӣ 2 институт - Ииститути илмӣ-таҳқиқотии илмҳои педагогӣ ва Институти такмили ихтисоси кормандони маориф, Осорхонаи маориф амал мекунанд.

Бахши илми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Таҳқиқот дар марказҳои илмӣ, иттиҳодияҳои илмӣ-истеҳсолӣ ва пойгоҳхо, парваришгоҳҳо, озмоишгоҳҳо, дар кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ анҷом дода мешаванд. Тахкиқоти илмӣ ва тайёр кардани кадрҳо ва мутахассисони илмӣ дар аксар мавридҳо дар ҳамкорӣ бо институтҳои академӣ анҷом дода мешаванд.

Бахши соҳавии илм. Ба бахши соҳавии илм воҳидҳои илмӣ-таҳқиқотии вазорату идораҳо дохил мешаванд, ки онҳо таҳқиқоти амалиро анҷом дода, тавсияҳои амалиро доир ба баланд бардоштани самарамокии истеҳсолот ва татбиқи технологияҳои нав, истифодаи инноватсия дар соҳаи маориф ва фарҳанг таҳия менамоянд.

Манфиатҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи навро нисбат ба илм пеш мегузоранд. Вобаста ба ин масъалаи зарурати ба таври аниқ муайян кардани мақоми ҳуқуқӣ ва вазифаҳои муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳамаи бахшҳои илм дар мамлакат бо назардошти мавқеъ ва нақши онҳо дар илм, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва муваффақ шудан ба мақсадҳои афзалиятдоштаи илмӣ муҳим мебошад. Инро ба назар гирифта, нақшагирӣ мешавад, ки тайи солҳои 2007-2008 инвентаризатсия ва аккредитатсияи ҳамаи муассиса ва воҳидҳои илмӣ-таҳқиқотии дар мамлакат амалкунанда анҷом дода шавад, ки аз рӯи натиҷаҳои онҳо бозсозии сохтори соҳаи илм гузаронида шуда, Феҳристи давлатии ташкилотҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо назардошти тағйироти шаклҳои ташкиливу ҳуқуқии онҳо, шаклҳои моликият ва тобеъияти идоравӣ тартиб дода мешавад.

Мураттаб ва мувофиқсозии шабакаи муассиса ва ташкилотҳои илмӣ-таҳқиқотӣ имкон медиҳад, ки захираҳо ба самтҳои афзалиятдоштаи рушди илм, технология ва техника ва баланд бардоштани самаранокии илм мутамарказ гардонида шаванд.

Дар айни замон таҳқиқоти илмиро дар миқёси тамоми мамлакат Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ ҳамоҳанг месозад, ки он дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 1996, № 331 амал мекунад. Вобаста ба бозсозии банақшагирифташудаи соҳаи илм ва зарурати ба системаи ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ташаккули барномаҳои комплексӣ ва мақсаднок доир ба самтҳои афзалиятдоштаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ додани такяи асосӣ пешниҳод мешавад, ки ба Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тағйирот ва иловаҳо ворид карда шаванд. Ҳамчунин васеъ гардидани мақом, ваколат ва масъулияти Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи интихоб ва ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ дар миқёси тамоми мамлакат пешбинӣ гардидааст.

2. Самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ

Ба махсусияти ташаккули ин самтҳо таърихи пайдоиш ва рушди таҳқиқоти илмӣ дар Тоҷикистон, талаботи рушди иқтисодиёт, маориф ва илм, ҳамчунин тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар марказҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ боис гардиданд.

Дар системаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои олии ҷумҳурӣ мактабҳои илмии эътирофи ҷаҳонӣ пайдокарда дар чунин самтҳои илм, чун математика, астрофизика, физикаи ҳолатҳои конденсӣ, асосҳои химиявиву технологии истифодаи захираҳои ашёи хом, геология, сейсмология, омӯзиши флора-фауна ва захираҳои биологӣ, физиология ва биохимияи растаниҳо, хурургия, гастроэнтерология, психиатрия ва наркология, генетика ва селексияи пахта ва зироатҳои дигари кишоварзӣ, усулҳои интегратсионии мубориза бар зидди зараррасонандаҳои кишоварзӣ, хокшиносӣ ва агрохимия, таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносӣ, фалсафа, забон ва адабиёти тоҷик таъсис дода шуда буданд.

Вале дар айни замон бо сабаби мавҷудияти масъалаҳои ҷиддие, ки ба имкопиятҳои махдуди маблағгузорӣ ва таҳкими заминаи моддиву техникии илм алоқаманд мебошанд ва ҳамчунин бо назардошти суръати фавқулода баланди рушди илми ҷаҳонӣ рақобати афзоишёбандаи мактабҳои илмӣ ва талаботи воқеии рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакати мо, масъалаи беҳад муҳим муайян кардан ва ҷудо намудани самтҳои афзалиятдоштаи таҳқикоти илмӣ дар ояндаи наздик, мутамарказ гардонидани нерӯи илмӣ ба ин самтҳо, дастгирии мактабҳои ташаккулёфта ва самаранок фаъолияткунандаи илмӣ ва дар як вақт ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои анҷом додани таҳқиқот доир ба бахшҳои навтарин ва тезрушдкунандаи илм мебошад.

Муайяи кардани самтҳои афзалиятдошта, нав ва тез рушд кардаистодаи таҳқиқот имконият медиҳад, ки захираҳои асосӣ ба ин самтҳо равона карда шуда, заминаи моддиву техникии илм ба мақсадҳои муайян таҳким ёбад ва кадрҳои илмӣ тарбия карда шаванд. Ин дар навбати худ, дар сатҳи муосир анҷом додани корҳои илмӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии коркардҳои илмиро таъмин намуда, ниҳоят дар амал татбиқи бештар ёфтани натиҷаҳои таҳқиқотро суръат мебахшад. Яъне, дар асоси самтҳои ояндадори афзалиятдошта ва нави таҳқиқот барномаҳои комплексӣ ва мақсаднок ташаккул меёбанд, ки дар онҳо мақсад ва вазифаҳоии таҳқиқот, иҷрокунандагон, марҳила ва мӯҳлатҳои иҷрои кор, ҳаҷм ва манбаъҳои маблағгузорӣ, натиҷаҳои чашмдошт, тавсияҳои амалӣ, самаранокии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муайян карда мешаванд.

Дар асоси фикру андешаҳои зикршуда ҷудо намудани самтҳои зерини афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ мувофиқи мақсад мебошад:

Илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ:

Математика

Асрофизика: ҷисмҳои хурди системаи Офтоб, объектҳои наздизаминӣ, ситораҳо ва системаҳои ситорагӣ. Астрономияи берунигалактикӣ.

Физикаи ядро. Физикаи ҳолатҳои конденсӣ. Оптика ва электроникаи квантӣ. Масъалаҳои физикӣ-техникии энергетикаи алтернативӣ. Амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ.

Бозкоркарди комплексии ашёи хоми маъданӣ ва партовҳои саноатӣ. Химияи пайвастагиҳои координатсионӣ. Химияи пайвастагиҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол. Геохимияи қабати таҳшинии Замин. Металлҳо ва хӯлаҳои хосиятҳои махсусдошта. Мавод барои микроэлектроника. Полимерҳо ва композитҳо. Синтези дорувориҳо ва иловаҳои ғизоӣ.

Канданиҳои фоиданок. Маъданҳосилшавӣ ва металлогения. Петрология ва геохимия. Палеонтология ва стратиграфия. Тектоника.

Технологияҳои табиатҳифзкунанда, бозкоркард ва безараргардонии партовҳои техногенӣ. Сохтмони гидротехникӣ. Мониторинги захираҳои об ва истифодаи онҳо, тартиб додани балансҳои обӣ. Коркарди нақшаҳои ҳавзавии истифодаи комплексии захираҳои об.

Мониторинги сейсмологӣ ва баҳодиҳии хатари сейсмикӣ. Коркарди усулҳои унификатсионии ҷамъоварӣ, коркард, интиқол ва нигоҳ доштани иттилооти сейсмикӣ ва иттилоотн дигари геофизикӣ. Назарияи зилзилабардории бино ва иншоот. Усулҳои таҷрибавии зилзилабардорӣ.

Технологияҳои сарфаи энергия. Манбаъҳои ғайрианъанавии барқароршавандаи аз нигоҳи экологӣ тозаи энергия, усулҳои табдили онҳо ва захираи энергия (аккумулятсия). Технологияҳои комилан дақиқ ва нанотехнологияҳо. Технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ.

Илмҳои биологӣ:

Омӯзиш, ҳифз ва истифодаи оқилонаи гуногуншаклии биологӣ, генофонд, захираҳои биологӣ ва гуногуншаклии биологии марзҳои махсусан ҳифзшавандаи Тоҷикистон. Омӯзиши таъсири тағйироти иқлим, омилҳои антропогенӣ ва техногенӣ ба гуногуншаклии биологӣ, системаҳои табиии экологӣ ва зироатҳон кишоварзӣ. Интродуксия ва акклиматазатсияи растаниҳо. Такмил додани системаи интегратсионин муҳофизати зироатҳои кишоварзӣ аз зараррасонандаҳо.

Фотосинтез ва ҳосилнокии растаниҳо. Генетика ва биохимияи фотосинтез. Истифодаи озмун-аломатҳои физиологӣ дар селексияи зироатҳои кишоварзӣ.

Адаптатсияи биохимиявӣ ва механизмҳои танзимкунандаи устувории организмҳои зинда ба таъсири стрессҳо. Таъсири радиатсияи ултрабунафш ба фаъолияти растаниҳои баландкӯҳ. Физиологияи ҳайвонот.

Асосҳои генетикӣ-физиологии коркарди агротехнологияҳои пурсамар. Истифодаи усулҳои биотехнологияи муосир дар селексияи навьҳои нави зироатҳои кишоварзӣ, парвариши растаниҳо ва истеҳсоли маводи тухмии солим.

Илмҳои тиббӣ:

Бемориҳои сирояткунанда. Бемориҳои дилу раг. Бемориҳои онкологӣ. Бемориҳои узвҳои ҳозима. Сиҳатии модару кӯдак. Бемориҳои эндокринӣ. Бемориҳои бо воситаи алоқаи ҷинсӣ гузаранда. ВИЧ/СПИД. Сил. Солимии рӯҳӣ.

Илмҳои кишоварзӣ:

Омӯзиши генефонди миллии растаниву ҳайвоноти кишоварзӣ, коркарди асосҳои ҳифз ва афзун гардонидани онҳо.

Селсксияи зироатҳои тезпаз, серҳосил ва ба касалиҳо тобовари кишоварзӣ ва коркарди системаи муосири тухмипарварӣ.

Тақвият ва тавсиаи таҳқиқот доир ба рушди боғдорӣ, ангурпарварӣ, сабзавоткорӣ ва занбӯрпарварӣ.

Коркарди усулҳои мубориза бо зараррасонандаҳо ва касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ.

Ҷорӣ намудани ҷинс, навъ ва гибридҳои нави ҳайвоноти кишоварзӣ, паррандаҳо, занбӯри асал ва кирмаки пилла.

Коркарди усулҳои мубориза бо касалиҳои ҳайвоноти кишоварзӣ ва ба вуҷуд овардани доруҳои нави пурсамари ветеринарӣ.

Коркарди асосҳои илмии оқилона ва аз ҷиҳати экологӣ асоснокшудаи баланд бардоштани ҳосилнокии хок, мубориза бо эрозия, шӯршавии хок, корамкунӣ ва ҳосилдиҳии такрории замин.

Коркарди агротехнологияҳои нави пурсамари аз нигоҳи экологӣ бехатар;

Рушди таҳқиқоти илмӣ доир ба механизатсия ва автоматизатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ.

Илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ:

Таърихи халқи тоҷик. Таърихи Тоҷикистони мустақил. Таърихи этникии Осиёи Марказӣ.

Онтологияи фалсафӣ, гносеология ва мантиқ. Масъалаҳои муосири антропологияи фалсафӣ. Масъалаҳои фалсафӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии рушди ҷомеаи муосири тоҷик. Масъалаҳои таърих, фалсафа ва дин. Масъалаҳои фалсафии муколимаи фарҳангҳои Шарқ ва Ғарб.

Адабиёти тоҷику форс. Адабиёти тоҷик дар давраи Тоҷикистони соҳибистиқлол. Забони тоҷикӣ ва фолклор. Забонҳои яғнобӣ ва помирӣ. Таҳкиқ ва нашри ёдгориҳои хаттии илму фарҳанги тоҷику форс.

Сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муносибатҳои иқтисодии байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Механизмҳои иқтисодии рушди муносибатҳои бозаргонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сиёсати демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Асосҳои назариявии ҳуқуқҳои муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳуқуқи байналхалқӣ.

Тарбия, таҳсил, таълим ва идораи системаҳои таълиму тарбия.

3. Мутамарказгардонии нерӯи илмӣ ва технологӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат

Ба мақсади пурқувват кардани таъсири илм ба суръати рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат наздик кардани илм ба эҳтиёҷоти амалия, тавсиаи доираи таҳқиқоти амалӣ ва баланд бардоштани самаранокии онҳо, ба вуҷуд овардани шароит барои коркард ва истифодаи амалии технологияҳои инноватсионӣ зарур аст.

Нерӯи илм бояд дар чунин самтҳои афзалиятдоштаи рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат истифода шавад:

3.1. Сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодӣ

такмили сохтори идоракунии иқтисодиёти миллӣ ва механизмҳои иқтисодиву ҳукуқӣ, ки ба припсипҳои иқтисодиёти бозаргонӣ мувофиқ мебошанд;

ташаккули сиёсати фаъоли сохториву саноатӣ, ки ба инкишоф додани истеҳсолоти воридотӣ ва рақобатпазир ва корхонаҳои аз нуқтаи назари тақсимоти байналхалқии меҳнат ояндадор равона шудааст;

рушди иқтисодиву иҷтимоии комплекси агросаноатӣ;

таҳкими низоми молиявиву бонкӣ;

такмили сиёсати инноватсионӣ, ки ҷалби маблағҳои асосии хориҷиро ба иқтисодиёт пешбинӣ менамояд;

такмили низоми давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва сиёсати давлатии демографӣ.

3.2. Гидроэнергетика, истифодаи комплексӣ ва оқилонаи захираҳои об, манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва технологияҳои сарфаи энергия

рушди минбаъдаи гидроэнергетика;

асоснок намудани сиёсати сарфаи энергия дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ;

истифодаи комплексӣ ва оқилонаи захираҳои об;

истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии аз нигоҳи экологӣ тозаи барқароршаиаидаи энергия (офтоб, энергияи шамол, энергияи дарёҳои хурд, манбаъҳои геотермалӣ ва биомасса).

3.3. Комплекси саноатӣ ва ашёи хоми маъданӣ, ба вуҷуд овардани маводи нав ва технологияҳои муосир

ба вуҷуд овардани маводҳои нав, коркард ва дар саноат истифода кардани технологияҳои муосир;

коркарди технологияҳои аз нав кор кардани алюминий ва нстеҳсоли маснуъоти тайёр;

коркарди технологияҳои аз нав кор кардани пахта ва навъҳои дигари ашёи хоми кишоварзӣ;

ба вуҷуд овардан ва истифода кардани технологияҳои сарфаи захираҳои кампартов ва аз нигоҳи экологӣ тозаи коркарди комплексии захираҳои ашёи хоми маъданӣ;

ба вуҷуд овардан ва аз худ кардани технологияҳои коркарди такрорки захираҳои пасмонда;

коркарди технологияҳои масолеҳи сохтмонӣ; тавсиаи заминаи ашёи хоми маъданӣ.

3.4. Кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ

татбиқи системаи устувор ва аз нигоҳи экологӣ баробаркардашудаи пешбурди кишоварзӣ мувофиқ ба минтақаҳои табииву хоҷагидории ҷумҳурӣ;

такмили сохтори истифодаи замин ва об, мувофиқсозии таносубҳои ҳаҷмҳои истеҳсолоти зироатҳои озуқаворӣ ва техникӣ, рушди пахтакорӣ, гандумпарварӣ, ҳайвонпарварӣ, мевапарварӣ ва соҳаҳои дигари кишоварзӣ;

селексияи навъҳои нави серҳосил, мувофиқ ва гибриди зироатҳои кишоварзӣ;

ба вуҷуд овардани системаи самараноки тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ;

истифодаи усулҳои биотехнологӣ дар кишоварзӣ;

селексия ва парвариши ҷинс, навъ ва зотҳои нави ҳайвоноти кишоварзӣ;

такмили усулҳои мубориза бо зараррасонандаҳо ва касалиҳои махсусан хатарноки растанӣ ва ҳайвоноти кишоварзӣ, коркарди усулҳои пешгирӣ ва табобатӣ бо истифодаи доруҳои нав;

гузариш ба истифодаи технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ бехатар, захирасарфакунанда ва босуръат пешравандаи кишоварзӣ;

3.5. Тандурустӣ

мониторинги иҷтимоиву иқтисодӣ, санитариву гигиенӣ ва экологии сиҳатии аҳолӣ;

ҳифзи сиҳатии модар ва кӯдак;

эпидемиология, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сирояткунанда;

эпидемиология, пешгирӣ ва табобати бемориҳои дилу раг, эндокринӣ, онкологӣ, гастроэнтерологӣ ва касбӣ, сил, нашъамандӣ, бемориҳои ба воситаи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ВИЧ/СПИД;

коркарди доруҳои нави табобатӣ.

3.6. Устуворӣ ва амнияти экологӣ

мониторинги муҳити зист, таҳияи чорабиниҳо оид ба барқарор ва ҳифзи табиат;

коркарди технологияҳои тоза кардани обҳои равон, безараргардонии партовҳо ва бетаъсиргардонии партовҳои корхонаҳои саноатӣ;

таҳлили таъсири антропогенӣ ва техногенӣ ба тағйироти иқлим, мониторинги ҳолати атмосфера ва гидросфера;

таҳлили тағйироти иқлим, таъсироти антропогенӣ ва техногенӣ ба гуногуншаклии биологӣ, низоми табииву экологӣ ва кишти зироатҳои кишоварзӣ;

мониторинги гуногуншаклии биологӣ ва амнияти биологӣ;

мониторинги радиатсионӣ ва амнияти радиатсионии аҳолӣ ва муҳити зист;

мониторинги ҳолати сейсмологӣ дар марзи мамлакат, коркарди усулҳои пешгӯй кардани заминларзаҳо, таъмини амнияти сейсмологӣ, истифодаи технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ барои ба даст даровардани иттилооти бефосила ва зуди сейсмологӣ.

3.7. Технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ

рушд ва таъмини дастрасии инфрасохтори муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ ба доираи васеъи аҳолӣ, дастгирии рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар марзи мамлакат;

таъмини самаранокии истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар идоракунии давлатӣ ва соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ, соҳаҳои илм, тандурустӣ, маориф.

3.8. Маориф

тарбия ва такмили ихтисоси кадрҳои илмиву омӯзгории тахассуси олӣ;

таҳия намудани стандартҳои давлатии таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълим барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ миёна ва олии касбӣ;

омода ва нашр кардани китобҳои дарёии силсилаи нав барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва мактабҳои олии касбӣ.

Дар назар аст, ки доир ба ҳар яке аз самтҳои дар боло нишондодашудаи афзалиятдори рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат барномаҳои мақсадноки комплексӣ, технологияҳо, тавсияҳои амалӣ ва чорабиниҳои дигаре, ки ба истифодаи босамари натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ нигаронида шудаанд, таҳия карда мешаванд.

Номгӯи муҳимтарин технологияҳои коркардшаванда ва дар, истеҳсолот татбиқшаванда ба намуди замима ба бахши мазкури Стратегия оварда шудааст.

4. Ташаккули инфрасохтори инноватсионӣ ва дастгирии фаъолияти инноватсионӣ

Аз рӯи сатҳи фаъолияти инноватсионӣ, нуфузи маҳсулоти баландтехнология дар сохтори истеҳсолот ва содирот, рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта хеле қафо мемонад.

Рақобатпазирӣ аз рӯи суръати истифодаи навоварии илмиву-техникӣ ва хавасмандии истеҳсолоти илмталаб, самаранокии равандҳои инноватсионӣ муайян карда мешавад. Вобаста ба ин истифодаи захираҳои зеҳнӣ ва ташаккули заминаи илмиву технологӣ яке аз вазифаҳои муҳими умумимиллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки қабули татбирҳои махсусро доир ба рушди инноватсионӣ ба вуҷуд овардани шароити зарурии ташкилӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиро талаб мекунад. Бо андозаи фароҳам омадани шароити зарурӣ инфрасохтори инноватсионӣ низ дар шакли марказҳои инноватсионӣ-технологӣ, бизнес-инкубаторҳо, марказҳои трансфери технологияҳо ва монанди ин оҳиста-оҳиста ташаккул меёбад.

Ба фаъолгардонӣ ва ҳавасмандии фаъолияти ихтироотӣ кӯшиш ба харҷ додан зарур аст, зеро патентҳо ба ихтироот яке аз омилҳои, муайянкунандаи нерӯи инноватсионии мамлакат мебошад.

Таваҷҷӯҳи махсус бояд ба тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи менеҷменти инноватсионӣ равона карда шавад.

Ба шумори самтҳои афзалиятдоштаи фаъолияти инноватсионӣ дар мамлакати мо ва ҳамкориҳои байнидавлатии инноватсионӣ, ки дар асоси онҳо лоиҳаҳои инноватсионӣ таҳия шуда метавонистанд, инҳоро номбар кардан мумкин аст: маводи металлии конструксионӣ, маводи полимерии композитсионӣ, технологияҳои сарфаи энергия, мувофиқсозии кори гидроузелҳо бо истифодаи усулҳои моделсозии, математикӣ, технологияи истеҳсоли пектини камметил, техкологияҳо дар соҳаи мониторинги муҳити зист ва пешгирӣ кардани офатҳои табиӣ ва техногенӣ, инженерия ва биотехнологияи генӣ, истифодаи тестҳои физиологӣ дар селексияи навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ, технологияҳои истеҳсоли доруҳои нави табобатӣ дар асоси истифодаи ашёи хоми растаниҳои маҳаллӣ, ташхис, пешгирӣ ва табобати касалиҳои инсон.

5. Ҳамгироии бахшҳои илми академӣ, соҳавӣ ва мактабҳои олӣ

Тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва сиёсати иҷтимоӣ дар соҳаи илм

Яке аз вазифаҳои Стратегия аз он иборат аст, ки ҳамгироии институтҳои академӣ ва мактабҳои олӣ тақвият дода шавад. Пешбинӣ мешавад, ки чорабиниҳое таҳия гарданд, то амалисозии онҳо ба муттаҳид кардани нерӯи илмии институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва мактабҳои олӣ имкон диҳанд ва системаи тайёр кардани мутахассисони ҷавонро мақсаднок ва самараноктар гардонанд.

Ин ҷо ҷалби кормандони пешбари илмии академӣ ба кор дар асоси ҳамкориҳо дар мактабҳои олӣ барои анҷом додани таҳкиқоти муштарак, хондани лексияҳо ва роҳбарӣ ба аспирантон, навиштани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ дар мадди назар аст. Донишҷӯён барои ҷалб шудан ба кори илмӣ ва гузаронидани таҳқиқот дар институтҳои академӣ имкониятҳои бештар ба даст меоранд. Зарур аст, ки шаклқои хеле гуногуни ҳамгироии бахшҳои академӣ ва мактабҳои олии илм истифода шаванд. Аз ин нуқтаи назар ташаббуси ДДМТ доир ба кушодани Институти илмӣ-таҳқиқотии Илмҳои табиатшиносӣ дар иазди ин мактаби олӣ қобили таваҷҷӯҳ аст, ки дар он дар баробари кормандони ДДМТ ҳамчунин олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисон дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ кор мекунанд, ва аспиранту донишҷӯёни факултаҳои табиатшиносӣ имкон доранд, ки корҳои илмиро зери назари роҳбарони илмии олимони ҳам ДДМТ ва ҳам Академияи илмҳо анҷом диҳанд.

Ба мақсади ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои иҷрои таҳқиқоти илмӣ ва дастгирии вазъи моддии мутахассисони ҷавон -хатмкардагони мактабҳои олӣ дар асоси шартнома ба кор қабул намудани онҳо, аз ҷумла барои иштирок дар иҷрои лоиҳаҳои илмӣ, барномаҳои комилексиву мақсаднок ва шартномаҳо бо хоҷагиҳо бо муқаррар кардани музди меҳнати мувофиқ пешбинӣ мегардад.

Андешидани чораҳо оид ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои тахсили аспирантҳо, беҳтар намудани системаи тайёр кардани кадрҳои илмии тахассуси олӣ - доктор ва номзадҳои илм зарур аст. Пешниҳод дар бораи дар соли 2007 ташаккул додани шабакаи нави шӯроҳои диссертатсионӣ дар мамлакат, ҳамчунин такмили системаи аттаттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ ва беҳтар намудани фаъолияти Комиссияи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ омода карда мешаванд.

Гузаронидани корҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотии кормандони институтҳои академӣ, институтҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳавӣ ва мактабҳои олӣ аз рӯи шартномаҳои ҳамкорӣ, лоиҳаҳои муштарак аз рӯи грантҳои ташкилотҳои байналхалқӣ ва аз рӯи фармоишҳои вазоратҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо дар асоси бастани шартномаҳо бо хоҷагиҳо пешниҳод мешавад.

Таваҷӯҳи махсус ба ҳамкории олимои дар иҷрои барномаҳои комплексӣ ва мақсаднок доир ба масъалаҳои муҳими илмӣ ва илмӣ-техникӣ ва чорабиниҳои Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2008, Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015, Барномаи миллии амалиёти мубориза ва нақшаи амалиёт доир ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи гуногуншаклии биологӣ, Нақшаи миллии амалиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сабук гардонидани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва монанди инҳо дода мешаванд. Ташаббус доир ба баргузор намудани конференсияҳои муштараки илмӣ, симпозиум ва семинарҳо, нашри асарҳои илмӣ ва маҷмӯаи мақолаҳо дастгирӣ карда мешаванд.

Қабули Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ пешбинӣ мешавад, ки дар асоси он чорабиниҳои зарурии тайёр кардани кадрҳои илмии тахассуси олӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои педагогӣ, институтҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳавӣ ва мактабҳои олӣ ба мақсади бо мутахассисон, хусусан дар соҳаҳои нав ва тезрушдкунандаи илм ва технологияҳо пурра таъмин намудани муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ таҳия карда мешаванд.

Бо мақсади дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи илм мебояд, ки як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва меъёриву ҳуқукӣ омода ва қабул карда шаванд, аз ҷумла: дар бораи такмил додани системаи пардохти меҳнат дар соҳаи илм; дар бораи давра ба давра ҷорӣ намудани системаи шартномавии пардохти меҳнат; дар бораи шароит ва тартиби пардохти меҳнати олимони Академияи илмҳо ва ташкилотҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳавӣ, ки дар асоси ҳамкорӣ дар мактабҳои олӣ кор мекунанд, ва ғайра. Дастгирии давлатии кормандони соҳаи илм, хусусан аспирантҳо ва олимони ҷавон ҷиҳати беҳтар кардани шароити зиндагонии онҳо зарур аст.

6. Рушди заминаи моддиву техникии илм

Натиҷабахшии таҳқиқоти илмӣ ва афзалиятҳои он, рақобатпазирии коркардҳои олимон аз бисёр ҷиҳат ба ҳолат ва модернизатсияи заминаи моддиву техникӣ, таъмини муҳаққиқон бо навтарин асбобу таҷҳизот, мунтазам нав ва пурра кардани маҷмӯи асбобҳои илмӣ, таъминот бо реактиву препаратҳои кимиёӣ ва монанди инҳо мебошад.

Бар асари воқеаҳои маълум дар Тоҷикистон дар даҳ соли охир имконият ба дастгирии илмӣ ҷиҳати модернизатсияи заминаи моддиву тсхникии илм ва навсозии маҷмӯи асбобҳои муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ имкон надошт. Дар айни замон дар мамлакат шароити бештари мусоид барои дастгирии молиявии рушди заминаи моддиву техникии илм вуҷуд дорад. Бо назардошти ин, аз ҷумлаи тадбирҳои аввалдараҷа муайян кардани моднрнизатсия, тармим ва таъмири иншоотҳои бузурги илмӣ-институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои педагогӣ, институтҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳавӣ, марказҳои илмӣ, кафедраҳо ва лабораторияҳои таҷрибавии мактабҳои олӣ, расадхонаҳо, пойгоҳҳои зилзиласанҷӣ, боғҳои ботаникӣ, понгоҳҳои биологӣ ва кишоварзӣ, парваришгоҳҳо, осорхонаҳо зарур аст.

Мебояд, ки зиёд намудани маблағҳои молиявиро ба хариди реактивҳои кимиёӣ, препаратҳо, лавозимоти сафарӣ ва маводҳои гуногуне, ки барои гузаронидани таҳқиқоти лабораторӣ ва корҳои саҳроӣ ба нақша гирифта шавад.

Қабули Барномаи рушди заминаи моддиву техникии илм пешбинӣ мешавад, ки тибқи он чорабиниҳо доир ба сохтмон, модернизатсия ва тармими иншоотҳои илм таҳия гардида, номгӯи онҳо, марҳилаҳои иҷро, хаҷм ва манбаъҳои маблағгузорӣ муайян карда мешаванд.

7. Рушди заминаи иттилоотиву коммуникатсионии илм

Бо мақсади ташаккули заминаи иттилоотиву коммуникатсионии илм таҳияи Барномаи махсуси рушди заминаи иттилоотиву коммуникатсионии илм ва иҷрои як қатор чорабиниҳое, ки ба иҷрои таҳқиқоти илмӣ дар сатҳи муосир мусоидат мекунанд, пешбинӣ мешавад.

То соли 2010 ташаккул додани шабакаи иттилоотӣ бо пайвастан ва ба шабакаи байналхалқии иттилоот ИНТЕРНЕТ баромадани ҳамаи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии мамлакат низ пешбииӣ мегардад. Барои амалӣ кардани ин мақсад бо миқдори кофии компютерҳо ва техникии дигари иттилоотӣ таъмин намудани институтҳо, лабораторияҳо ва кафедраҳо зарур аст. Дар натиҷа ба гирифтани иттилооти илмӣ аз давлатҳои дигар, марказҳои илмӣ, китобхонаҳо ва монанди инҳо имконият фароҳам меояд. Ҳамчунин таъсиси китобхонаҳои махсусгардонидашудаи электронӣ, маҷаллаҳои электронӣ ва базаҳои иттилоотии маълумот доир ба самтҳои алоҳидаи илм дар назар аст.

Бо мусоидати Ассосиатсияи тоҷикистонии истифодакунандагони шабакаҳои компютерии академӣ, таҳқиқотӣ ва таҳсилотии институтҳои академӣ ва мактабҳои олӣ ба истифодаи системаи алоқаи оптикӣ-нахии муосир гузаронида мешаванд.

Дар амалияи илмӣ татбиқ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии насли нав тайёр кардани мутахассисони баландихтисосро дар мактабҳои олӣ ва ба тартиб даровардани системаи тайёр кардан ва такмили ихтисоси кормандони илмӣ ва мутахассисонро дар соҳаи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ талаб мекунад.

Дар баробари тараққӣ додани коммуникатсия ва технологияҳои компютери таваҷҷӯҳи зарурӣ ба дастгирӣ ва таҳкими заминаҳои иттилоотии анъанавии илм - китобхонаи илмӣ дода мешавад. Дар солҳои охир, тавре, ки маълум аст ба китобхонаҳои илмӣ ворид гардидани адабиёти махсуси илмӣ аз давлатҳои дигар якбора кам гардид. Мубодилаи байналхалқии байни китобхонаҳо дар сатҳи паст қарор дорад, барои бо нашрияҳои нави илмӣ пурра кардани китобхонаҳо хеле кам маблағ ҷудо мешавад.

Сгратегия дастгирии китобхонаҳои илмӣ ва пурра кардани фондҳои адабиёти илмӣ, ба базаи маълумот пайвастани нашриётҳои пешсафи илмӣ ва маҷаллаҳо, дастгирии нашри асарҳои илмӣ, адабиёти иттилоотиву маълумотӣ, дастурҳои илмиву методиро пешбииӣ мекунад.

Ба мақсади дар сатҳи стандартҳои муосир таъмин намудани нашри асарҳои илмӣ барқарор кардани нашриёти "Дониш"-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, модернизатсияи матбааи "Дониш" ва бо таҷҳизоти муосири технологӣ таъмин намудани онро пешбинӣ мекунад.

8. Рушди ҳамкориҳои байналхалқии илмӣ

Ояндаи илми Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки он то чӣ андоза тез ва самаранок ба фазои ҷаҳонии илм ворид шуда метавонад. Бо назардошти ин чораҳое андешида мешаванд, ки ба дастгирӣ ва рушди шаклҳои гуногуни ҳамкорӣ ва шарикии олимони Тоҷикистон бо олимони давлатҳое дигар равона гардидаанд. Дар Стратегия ба таври назаррас тавсиа бахшидан ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳо бо ташкилот ва муассисаҳои илмии давлатҳои ИДМ, давлатҳои дигар, ташкилотҳои байналмилалӣ, фондҳо, ассосиатсияҳо ва монанди инҳо ҳам дар асоси шартномаву созишномаҳои баимзорасондаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва ҳам Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, муассисаҳои алоҳидаи илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин ҷалби олимом ба иҷрои лоиҳахои илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар чаҳорчӯбаи созишномаву шартномаҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама бо давлатҳои ИДМ, барномаву лоиҳаҳо аз рӯи грантҳо, ки аз тарафи марказҳо, фондҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Маркази байналхалқии илмӣ-техникӣ, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО), Фонди ҷаҳонии экологӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии СММ доир ба масъалаҳои тандурустӣ, Ташкилоти СММ доир ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), Ташкилоти давлатҳои исломӣ доир ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО), Агентии байналхалқии энергияи атомӣ (МАГАТЭ), Маркази байналмилалӣ доир ба таҳқиқоти кишоварзӣ дар минтақаҳои хушкида (ИКАРДА), Маркази байналмилалӣ доир ба беҳтар кардани ҷуворимакка ва гандум (СИММИТ), Институти байналмилалии захираҳои генетикӣ (ИПГРИ) низ пешбинӣ гардидаанд. Тавсиаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи байналхалқии илмӣ аз рӯи самтҳои Ассосиатсияи байналмилалии академияи илмҳо (МААН), Ассосиатсияи Академияи илмҳои Осиёи Марказӣ (ААНСЦА), Академияи илмҳо барои ҷаҳони рушдкунанда (ТВАС), Кумитаи доимии ҳамкории илмӣ ва технологии Ташкилоти конференсияи исломӣ (КОМСТЕК) дурнамои хуб дорад.

Таваҷҷӯҳи махсус ба тавсиаи имкониятҳои сафари олимон ба марказҳои пешсафи илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ барои кори илмӣ ва барои иштирок дар конференсияҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳои дигари илмӣ равона карда мешавад.

Дастгирӣ ҷиҳати дар мамлакати мо баргузор намудани конференсияҳои байналмилалии илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо ва монанди инҳо доир ба масъалҳои муҳими илм пешбинӣ мешавад.

Дар натиҷаи амалисозии ин чорабиниҳо имконияти иштироки олимони Тоҷикистон дар баргузории таҳқиқоти муштарак бо олимони хориҷа аз рӯи лоиҳаву барномаҳои байналмилалӣ, истифодаи базаи муосири таҷрибавӣ ва асбобии марказҳои илмии хориҷӣ, таҳсил ва такмили ихтисоси олимони ҷавон ба таври назаррас тавсиа месоад. Намояндагии васеъи олимони Тоҷикистон дар конференсияҳо ва чорабиниҳои дигари илмӣ ва давлатҳои хориҷӣ ва баргузории онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баромади илми мамлакати мо ба фазои байналмилалии илм, таҳкими афзалиятҳои дастовардҳои олимони тоҷик ва ба даст овардани иттилооти зарурӣ доир ба комёбиҳо ва равишҳои рушди илм дар ҷаҳон мусоидат менамояд.

IV. Дастгирии давлатии рушди илм ва технология ва ислоҳоти идораи давлатӣ дар соҳаи илм ва технология

Бо мақсади дастгирии нерӯи илмӣ ва тақвияти таъсири он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат таъмини маблағгузории босуботи давлатӣ, афзоиши давра ба давраи захираҳои молиявӣ дар соҳаи илм муҳим мебошад.

Муҳимтарин ҷузъҳои ислоҳоти системам идораи соҳаи илм такмили заминаҳои қонунгузорӣ, меъёриву ҳуқуқии илм, механизмҳои маблағгузорӣ, ташкили таҳқиқот, сиёсати андоз ва дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи илм мебошанд, аз ҷумла:

қабули санади қонунгузорӣ дар бораи ҷори намудани имтиёзҳои андоз ва гумрукӣ барои ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии фаъолияти илмӣ;

ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2000, № 54 "Дар бораи тартиби аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ" ва тартиб додани феҳристи давлатии муассисаҳои илмӣ-та ҳқиқотӣ;

қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Низомномаи тартиби ягонаи ташаккул, экспертиза, тасдиқи маблағгузорӣ ва амалисозии барномаву лоиҳаҳои илмӣ, илмӣ-техникие, ки аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд";

қабули қаарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои дастгирӣ ва рушди минбаъдаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ";

такмили системаи пардохти меҳнат дар соҳаи илм;

коркард ва амалисозии механизми фармоиши давлатӣ ба таҳқиқоти илмӣ;

таъмини сершумории манбаъҳои маблағгузории корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ аз ҳисоби дастгирии фаъолонаи онҳо бо фондҳои мақсадноки давлатӣ;

ба вуҷуд овардани шароити мусоид бораи инвеститсияи маблағҳои корхонаҳои саноатӣ, бонкҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва соҳибкорон ба илм;

рушди оғози асосҳои озмунӣ дар тақсимоти маблағҳо ба барномаҳои илмӣ;

давра ба давра ҷорӣ намудани системаи шартномавии пардохти меҳнат дар соҳаи илм;

ба вуҷуд овардани шароит ва фароҳам намудани захираҳои зарурӣ барои иштироки олимони Тоҷикистон дар лоиҳаҳои байналмилалӣ;

фароҳам овардани шароит барои фаъолияти иттиҳодияҳои илмии ҷамъиятӣ.

V. Таъмини молиявии амалисозии Стратегия

Чороҳои асосии ҳавасмандгардонии давлатии фаъолияти илмӣ, илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ инҳо мебошанд:

таъмини истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷет, ки барои маблағгузории таҳқиқоти илмӣ ва мусоидат ба пешрафти илмӣтехникӣ ҷудо мешаванд;

мутамарказ гардонидани захираҳои буҷетӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ ва барномаҳои мақсадноку комплексии илмӣ ва илмӣ-техникӣ.

Манбаъи таъминоти захиравии илм маблағгузории буҷетӣ, ғайрибуҷетӣ ва дигар манбаъҳо мебошад.

Дар шароити маҳдуд будани маблағҳои буҷетии ба соҳаи илм ҷудошаванда вазифаи беҳад муҳим ҷустуҷӯ ва истифодаи самараноки манбаъҳои ғайрибуҷетӣ барои маблағгузории корҳои амалӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ, ҳамчунин барои ба гардиши хоҷагидорӣ ҷалб намудани дастовардҳои илмӣ ва илмӣ-техникӣ мебошад.

Ҳавасманд кардани соҳибкории хурд ва миёнаи илмӣ-техникӣ, технологӣ ва инновастсионӣ бо назардошти рушди инфрасохтори тиҷоратӣ хурд ва миёна, ҳамчунин дар асоси озмун дастгирӣ кардани лоиҳаҳои ояндадори илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ зарур аст. Ба назар гирифтан мебояд, ки дар бисёре аз кишварҳо ҳиссаи зиёди маҳсулоти инноватсиониро ширкатҳои тиҷорати хурд ва миёна ворид месозанд.

Манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ маблағҳои ташкилот ва фондҳои байналмилалӣ, корхонаву ширкатҳои хусусӣ ва маблағҳои хусусии ташкилотҳои илмӣ буда метавонанд.

Нишондиҳандаҳои дурнамои мақсадноки хароҷоти молиявӣ вп манбаъҳои маблағгузорӣ дар соҳаи илм зимни таҳияи Барномаҳои алоҳидаи рушди илм (Барномаи рушди илмҳои дақиқ, Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ, Барномаи рушди заминаи моддӣ-техникии илм, Барномаи рушди заминаи иттилоотӣ-коммуникатсионии илм, Барномаи пешгирӣ ва мубориза бар касалиҳои инсон ва ғайраҳо) дар асоси Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва техпология барои солҳои 2007-2015 муайян карда мешаванд.

VI. Идоракунии амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015

Стратегия аз тарафи ҳамаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад.

Назорат аз болои амалишавии Стратегия ба зиммаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта мешавад. Рафти амалишавии Стратегия, баҳодиҳии муҳимият ва самаранокии чораҳое, ки ба расидани мақсад ва ҳалли вазифаҳои Стратегия нигаронида шудаанд, пешниҳод доир ба беҳтар шудани корҳои ташкилӣ оид ба назорат ҷиҳати амалисозии Стратегияро Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.

Ҷамъоварӣ, ҷамъбаст ва баҳодиҳии маводҳо доир ба иҷрои Стратегия, таҳлили масъалаҳои пайдошуда, омода кардани тавсияҳо доир ба таҳияи барномаву чорабиниҳо роҷеъ ба самтҳои Стратегия аз тарафи Шӯрои ҳамоҳангсозии корхои илмӣ-таҳқиқотӣ амалӣ карда мешаванд.

Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистои ҳар сол то 15 декабр ҳисоботро доир ба рафти иҷрои амалишавии Стратегия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.