Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002, № 501 "Оид ба Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015

Бо мақсади татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2.Вазоратҳо, муассисаҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар фаъолияти амалии худ дар соҳаи инкишофи демографӣ муқаррароти ин Барномаро ба роҳбарӣ гиранд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 31 декабри соли 2002 № 501 

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2002 № 501

тасдиқ шудааст

Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015

Шиносномаи Барнома татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015

Заминаи қонунӣ ва меъёрию ҳуқуқии таҳияи барнома

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маърӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов аз 20 феврали соли 2002 "Танзими оила-кафолати пешрафти устувори ҷомеа", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015" аз 6 майи соли 2002, № 201

Ҳамоҳангсози миллии Барнома:

Шӯрои ҳамоҳангсози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақсади Барнома:

-муҳайё кардани шароит барои ҳалли тадриҷии масъалаҳои барқарор кардани навъи оқилонаи рушди демографӣ ва афзоиши сифатии аҳолӣ

Вазифаҳои асосии Барнома:

- баланд бардоштани масъулияти давлат ва ҷомеа нисбат ба вазъи саломатии аҳолӣ;

- таҳияи тадбирҳо оид ба беҳбуди ҳифзи модару кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини омодасозии кадрҳои демограф;

- баланд бардоштани сатҳи маълумоти демографии аҳолӣ, пеш аз ҳама занҳо;

- роҳ надодан ба зӯроварӣ дар соҳаи кам кардани таваллуд;

- таъмини шуғли занон, пеш аз ҳама дар соҳаҳои ғайрикишоварзӣ;

- рушди ҳамаи шаклҳои муҳоҷирати аҳолӣ ва урбанизатсияи кишвар;

- таъмини рушди минбаъдаи саноатии кишвар умуман, дар минтақаҳои алоҳидаи он ва махсусан дар деҳот;

- ташаккули навъҳои оилаи баробарҳуқуқ;

- дастгирӣ ва рушди тадбирҳо доир ба рушди тарзи солими ҳаёт.

Натиҷаҳои ниҳоӣ

- вусъат додани асосҳои ташаккули навъи оқилонаи бозтавлиди аҳолӣ ва баланд бардоштани хусусиятҳои сифатии аҳолӣ;

- баланд бардоштани фаъолияти занон дар гирифтани маълумоти умумӣ ва касбӣ ва таъмини онҳо бо кор;

- тақвияти муҳоҷирати аҳолӣ, махсусан муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди урбанизатсия;

- баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва сифати он, беҳтар кардани шароити кор, маишат ва истироҳати аҳолӣ;

- тақвияти таъсири давлат ба рафтори демографии оила, коллективи меҳнатӣ ва шахс;

- таҳкими оила ва никоҳ;

- рушди шабакаи инфраструктураи демографӣ

Иҷрокунандагони Барнома:

- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Комиссияи нуфуси аҳолӣ ва рушди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ (ТҒҲ)

Буҷети Барнома:

- маблағҳои умумие, ки барои татбиқи Барнома дар соли 2003-2015 зарур мебошанд, 250 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маблағҳо тавассути вазоратҳо ва идораҳои соҳавӣ ва ҳамчунин мақомоти ҳокимияти иҷроия дар (ҳукуматҳо), дар ҳудуди буҷети солонаи харҷ, карда мешавад

Манбаҳои маблағгузорӣ:

- Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, манбаъҳои ғайрибуҷетӣ

Муқаддима

Барнома бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 6 майи соли 2002 № 201 ва дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов, ки дар баромади ӯ 20 феврали соли 2002 дар маҷлиси ҷумуриявӣ доир ба масъалаҳои демографӣ баён шудаанд, таҳия гардидааст.

Муқаррароти ибтидоии ин Барнома таъмини рушди миқдорӣ ва сифатии аҳолӣ дар заминаи болоравии маҷмӯии иқтисодӣ), иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва этникии кишвар мебошад.

Таҳияи Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015 тавсияҳоро оид ба рушди демографии кишвар дар бар мегирад.

Қадами дигар бояд таҳияи зербарномаҳои рушди демографии вилоятҳо ва шаҳрҳо, деҳот, корхона ва ташкилотҳои алоҳида новобаста ба шакли моликияташон бошад.

Баробари наздик омадан ба зинаҳои ибтидоии объектҳои таъсиррасонӣ, зербарномаҳои рушди демографӣ бояд ба таври дақиқ мушаххас карда шаванд.

Мониторинг ва арзёбии ҷараёни татбиқи Барнома аз ҷониби мақомоте, ки Барномаро идора мекунад, ба амал бароварда мешавад ва ба воситаи зербарномаҳо барои ҳар як зина (ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳр, ноҳия, деҳа, корхона, ташкилот) индикаторҳои баҳо омода карда мешаванд.

Ҳайати гурӯҳи корие, ки Барномаро омода кардааст.

Исломов С.И. - Академияи илмҳо, роҳбари гурӯҳ

Аъзои гурӯҳи корӣ:

1. Кислитсина Е.А. - Кумитаи давлатии омор

2. Қурбонов Ш.М. - Вазорати тандурустӣ

3. Қурбонов А.Ш. - Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Ғоибов А. - Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

5. Қуддусов Д.Х. - Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

6. Қайюмов Ш.К. - Вазорати адлия

7. Исломов Ф. - Академияи илмҳо

8. Маҳмудов М.А. - ДДМТ

9. Бобоева М. - Вазорати иқтисод ва савдо

10. Ирматова З.- Вазорати маориф

11. Абдуҷабборов С. - Вазорати молия

12. Валиев Д. - Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

13. Инояти Насриддин - Вазорати фарҳанг

14. Абдураҳмонов С.Н. - Вазорати кишоварзӣ

15. Носирова Т.О. - Вазорати ҳифзи табиат

Шӯрои ҳамоҳангсоз

Раиси шӯро - Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Котиби масъули шӯро - Намояндаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аъзои шӯро:

Муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Раиси Кумитаи кор бо занҳо ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндаи Шӯъбаи тандурустӣ, кор бо занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндаи Шӯьбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндаи Шӯъба оид ба масъалаи ҷавонон, спорт ва туризми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мушкилот ва афзалиятҳои рушди демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Тараққиёти саноатӣ. Вазъияти истеҳсолот ҳамчун нишондиҳандаи сатҳи инкишофи саноатии кишвар пас аз ҷанги гражданӣ бо бекормонию харобӣ, фарсудашавии ҷисмонию маънавии фондҳои асосӣ тавсиф мегардид, бинобар ин ба Ҳукумат лозим омад, ки тамоми саъю кӯшиши худро баҳри барқарор намудан ва реструктуризатсияи саноат равона намояд.

Ба ин нигоҳ накарда, тайи солҳои 1991-2000 ҳиссаи дар саноату сохтмон машғулбудагон аз 21 то 9,1 % кам гардида, ҳиссаи дар хоҷагии қишлоқ ва маҳаллӣ машғулбудагон аз 45 то 65% афзуд. Шумораи занон, коргарон ва хизматчиёни дар соҳаҳои иқтисодиёт машғулбуда аз 456,2 то 248,6 ҳазор нафар кам гардид. Раванди ғайрисаноатӣ шудани иқтисодиёт боиси афзоиши бекорӣ, дар кишоварзӣ ҷамъ шудани қисмати асосии меҳнатӣ, зиёд шудани ҳиссаи меҳнати дастӣ, паст гаштани сатҳи техникӣ мегардад. Чунин шароит ба афзоиши эҳтиёҷи оилаҳо ба қувваи корӣ мусоидат карда, махсусан дар бахши хусусӣ аз ҳисоби таваллуд таъмин карда мешавад.

Афзалиятҳои ноил шудан ба ҳадафҳои демографӣ. Ҷалби маблағгузории хориҷӣ барои ба вуҷуд овардани ҷойҳои кори ҳозирзамон дар саноат, тайёр кардани кадрҳо ва нав кардани техникии истеҳсолот ва дар асоси он зиёд намудани миқдори одамони машғули кор. Бо суръати баланд соҳаҳои саноатро (сабук, хӯрокворӣ) тараққӣ дода, дар қишлоқҷойҳо корхонаҳои миёнаҳаҷм ва хурдро ҷойгир кардан зарур аст.

2 Шаҳришавӣ (Урбанизатсия). Даҳ соли охир дар Тоҷикистон раванди ғайришаҳришавӣ, бар акси тамоюли умумиҷаҳонии афзоиши миқдори шаҳрҳои калон, шумораи аҳолии шаҳрӣ ба мушоҳида мерасад. Тайи солҳои 1991-2000 ҳиссаи аҳолии шаҳрӣ аз 31,0 то 26,4 фоиз кам шудааст.

Шаҳришавӣ аз нуқтаи назари демографӣ ҳамчун омили афзоиши муносиби табиии аҳолӣ баромад мекунад. Сатҳи таваллуди аҳолии шаҳрӣ нисбати аҳолии деҳот паст аст, ки он аз рӯи тафовутҳо дар тарзи ҳаёт ва тавсифи сифатии аҳолии ин минтақаҳо муайян мегардад. Соли 1991 ба 1000 нафар аҳолии шаҳрӣ 29,9, дар деҳот 43,3 нафар, соли 1995 мутобиқан 30,2 ва 35,6 нафар, соли 2000 мутабиқан 25,5 ва 27,2 таваллуд рост меомад. Дар соли 2000 тафовути ин рақамҳо, бинобар пурра ба қайд нагирифтани шумораи таваллудшудагон, ба хусус дар деҳот амалан зиёд мешавад.

Мушкилот. Ҷо ба ҷо кардани саноат дар якчанд марказ ва шабакаи номукаммали хизматрасонии фарҳангию маишии аҳолӣ истифодаи захираҳои меҳнатиро дар ноҳияҳои атроф дар навбати аввал барон аҳолии деҳот мушкил мегардонад.

Афзалиятҳои ноил шудан ба ҳадафҳои демографӣ:

-густариши агломератсияи ш. Душанбе;

-марҳила ба марҳила ташкил кардани шабакаи марказҳои мутараққи, ки аз ҷиҳати иҷтимоӣ-иқтисодӣ дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд;

-ташкили системаи марказҳои пойгоҳӣ барои ҷойгир кардани корхонаҳои созҳаҳои меҳнаттал бо назардошти истифодаи захираҳои меҳнатии деҳотӣ;

-ташаккули мураттаби системаҳои гурӯҳӣ ва маҳаллии миёна ва хурд.

3. Маълумотнокии занон. Занони дорои маълумоти миёнаи махсус ва олӣ майли доштани 2-3 фарзанд доранд, оилаҳои навъи баробарҳуқуқ ташкил медиҳанд, ба масъалаи сифати тарбияи фарзандон диққат дода, ҳам аз ҷихати макон ва ҳам аз ҷиҳати касбӣ бештар интқолпазиранд.

Ҳадди ақалли синну соли барои издивоҷ муқарраршуда 17 сол омили идома наёфтани таҳсили занон мегардад.

Вазъи душвори иқтисодӣ, психологӣ ташкилии оилаҳо низ яка аз омилҳоест, ки садди роҳи давом додани таҳсили духтарон мегардад.

Афзалиятҳои ноил шудан ба ҳадафҳои демографӣ. Инкишофи шабакаи хадамоти маълумотнокӣ, гузаронидани корҳо барои маърифатнокии занон дар бораи бартарии маълумот дар ҳаёти ояндаи онҳо, баланд бардоштани нақш ва мақоми шахсони дар ҳақиқат босавод дар ҷамъият, зиёд намудани маблағгузории тамоми дараҷаҳои системаҳои маълумот. Баланд бардоштани сини никоҳ.

4. Мушкилоти шуғл. Норасоии ҷойҳои корӣ, пурра истифода набурдан аз ҷойҳои кории мавҷуда, кам будани маош, шароити ғайриқаноатбахши корӣ, сатҳи пасти ҳосилнокии меҳнат дар истеҳсолот ва хоҷагии қишлоқ, кам гардидани саҳми коргарзанон, ҳаҷми ками кӯмакпулиҳо ба бекорон, пастшавии иқтидори касбию тахассусии аҳолӣ, аз он ҷумла занон, номукаммалии муносибатҳои меҳнатӣ, инкишофи сусти соҳибкории хурд.

Афзалиятҳои дастёбӣ ба мақсадҳои демграфӣ. Ташкили ҷойҳои кории нав бо маоши баланд, мусоидат ба занон дар фаъолияти соҳибкорӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи ғайрикишоварзӣ тайёр намудани мутахассисони маълумоти миёнаву олидор, беҳбудии шароитҳои меҳнат, баланд бардоштани шуғлнокӣ дар соҳаҳои саноатӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои чандири шуғлнокӣ ва ташкили меҳнат.

5. Ҳифзи тандурустӣ ва афзоиши давомнокии умри минбаъда.

Аҳолии дорои саломатии ғайриқаноатбахш насли заифу носолимро ба вуҷуд меорад, ки ин дар навбати худ ба наслҳои оянда таъсир мерасонад. Шумораи зиёди фавти кӯдакон боиси таваллуди зиёди аҳолии носолим мегардад.

Ҳоло шуморан беморони гирифтори касалиҳои сил афзуда, фавти модарону кӯдакони хурдсол зиёд гардида, давомнокии минбаъдаи умри аҳолӣ кам мешавад. Дар байни занон миқдори бемориҳое, ки сабабашон нокифоягии ғизо, сатҳи паст ва дастнорас будани х змати тиббиюсанитарӣ аст, меафзояд. Сатҳи паҳншавии бемориҳое, ки аз тариқи алоқаи ҷинсӣ паҳн мегарданд, зиёд аст.

Мушкилот. Маблағгузории нокофӣ барои рушди тандурустӣ ва хизматрасонии тиббӣ, иқтидори сусти кадрӣ, огоҳии сусти воқеии мақомоти тандурустӣ дар бораи вазъияти ҳақиқии саломатии аҳолӣ, ки он бо мушкилоти маблағгузорӣ ва ташкили кор бо аҳолӣ дар маҳаллҳо вобаста аст, нокифоягии дастрасии қисми асосии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ.

Афзалиятҳои дастёбӣ ба мақсадҳои демографӣ:

- рушди истифода аз хизматрасониҳои хадамоти тандурустии репродуктивӣ, махсусан дар деҳот;

- рушди истифода аз ёрии босифати тиббӣ, ки дар ҷойи истиқомати оилаҳо ба назар гирифта шудааст;

- кам намудани шумораи фавти модару кӯдакон ва мардони синну соли фаъоли меҳнатӣ; - беҳтар намудани баҳисобгирии омории бемориву фавт.

6. Муҳоҷирати аҳолӣ. Тайи солҳои 1991-2000 афзоиши расмии муҳоҷират манфӣ буда, дар ҳадди 10-14 ҳазор нафар дар сол истиқрор мегардад. Ба ғайр аз ин дар муҳоҷирати ба хориҷи кишвар, миқдори зиёди муҳоҷирони стихиявӣ иштирок мекунанд, ки ба қайди дақиқ гирифтани онҳо ғайримумкин аст.

Душвориҳои иқтисодӣ сабаби асосии муҳоҷирати хориҷӣ аст. Қисмати асосии муҳоҷирони хориҷиро ҷавонони оиладор ё муҷаррад ташкил медиҳанд.

Ба ҷойҳои дур сафар намудани ҷавонони муҷаррад боиси камбуди шумораи домодшавандагон мешавад, ки ин ба паҳншавии серзанӣ меорад. Муҳоҷирати хориҷӣ ба пастшавии миқдори таваллуд таъсир мерасонад, ҳамчунин аён аст, ки муҳоҷирон бо арзишҳои нави ҳаётӣ, бо тарзи нави зиндагонии халқҳои дигар ошно гардида ва ба андозаи муайян зери таъсири он монда, меъёри ками фарзанддор шуданро қабул мекунанд. Маводи пурсиши гурӯҳи муҳоҷирони хориҷӣ нишон дод, ки 75% муҳоҷирон қабл аз сафари нахустини худ аз кишвар оилаи дорои 3-5 нафар фарзанд, пас аз 2-3 соли дар хориҷа будан оилаи дорои 2-3 фарзандро мепазиранд.

Мушкилот. Аз кишвар баромада рафтани ҷавонону мардони муҷаррад ба таври ҷиддӣ сохтори синну солии ҷинсии аҳолиро вайрон карда, дар муносибатҳои никоҳию оилавӣ боиси ба вуҷуд омадани мушкилот мегардад. Ғайримуташаккилона ба бозори байналмилалӣ ворид гардидани қувваи корӣ аз Тоҷикистон аз ҷиҳати тайёрии касбӣ бо қувваҳои кории маҳаллӣ рақобат карда наметавонад ва бинобар ин дар корҳои камнуфузу каммаош бо шароитҳои ғайрисанитарии меҳнатию маишӣ истифода гардида, асосан аз назорати иҷтимоии ҷамъият берун мемонад. Ин ба тараққиёту тағйироти қолабию иҷтимоӣ, аз он ҷумла ба идеалҳои демографӣ, таъсири боздоранда мегузорад, мушкилоти муҳоҷирати занон ба амал меояд.

Афзалияти дастёбӣ ба рушди демографӣ:

- таъмини назорат ва идораи давлатии муҳоҷирати аҳолӣ;

- аз ҳисоби муҳоҷирон тайёр намудани қувваи кории қобили рақобат;

- ташкили ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоии аҳолӣ дар макони ҷойгиршавии муҳоҷирон;

- кафолати музҳоҷирон барои ҷойҳои корӣ ва маоши хуб;

- кӯмак барои сафари муҳоҷирон ҳамроҳи оилаҳои худ.

7.Анъана ва расму оинҳои миллӣ. Маводи тадқиқотҳо ва пурсишҳо нишон доданд, ки дар шароити муосир чунин анъанаҳои миллӣ, ба монандн ҳар чӣ зудтар оиладор кардан ё ба шавҳар додани фарзандон, ба таваллуди писар бештар моил будан, назари манфӣ доштан ба ҷудошавии оилаҳо, зиндагии якҷояи оилаҳои ҷавони фарзанддор бо оилаҳои волидон, барои ташаккули оилаҳои серфарзанд таъсири муайяне дорад.

Мушкилот. Зарур аст, ки назари демографии аҳолӣ дар ҳазорсолаи сеюм ба идеалҳои нави демографӣ бо назардошти тамоюлҳои арзишманди инсонӣ аз нав муайян карда шавад. Афзалиятҳои дастёбӣ ба рушди демографӣ:

- ба воситаи ахбори умум ташвиқ намудани оилаҳое, ки дорои шумораи миёнаи фарзандон ҳастанд;

- нашри асарҳои адабиёт ва санъат, ки дар шароити муосир оилаҳои дорои шумораи фарзандони миёнаро бо тарбияи сифатии фарзандон, ташвиқ мекунанд;

- ба воситаи системаи маориф ташаккул ва тарбия додани ақида барои баланд бардоштани сифати тарбияи фарзандон;

- ташвиқоти нақши тағйирёфта ва баланди духтарон дар ҳаёти волидон, ҳуқуқҳои онон барои нигоҳубини волидон, дастгирӣ дар пиронсолӣ, ворисии моликият ва муҳофизати хонадони волидайн, ки пештар инҳо фақат вазифаи писар ҳисоб меёфтанд.

8. Дини Ислом. Сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан пайрави дини Ислом мебошанд, ки нақши он дар шуур, психология ва расму оини мардум бузург аст. Дини Ислом низ танзими оиларо дастгирӣ менамояд. (ниг.Абдул Раҳим Умрон. Танзими оила дар шарҳи Ислом.-Душанбе, 2001). Дар айни замон бисёр мамолики ҷаҳони араб, ки дини Исломро тарғиб мекунад, ақидаи танзими оиларо дастгирӣ мекунанд, якчанд барномаҳои миллӣ оид ба ин масъала қабул шудаанд.

Мушкилот. Дар мавриди муносибати дини Ислом нисбат ба танзими оила, усулҳои ба он ноил гардидан, дар хусуси муносибатҳои никоҳию оилавӣ, дар бораи муносибати наслҳо, ба ҳуқуқи марду зан, фарзандон дар оила ва ғайра маълумоти кам доштани аҳолӣ.

Афзалиятҳои дастёбӣ ба рушдӣ демографӣ:

- ташкили семинарҳои махсус доир ба омӯзиши муносибати дини Ислом ба танзими оила ва дигар масоили демографӣ;

- мунтазам аз тариқи воситаҳои ахбори умум баён намудани муносибати дини Ислом ва кишварҳое, ки ба дини Ислом эътиқод доранд, ба масъалаҳои демографӣ.

9. Функсияи иқтисодии оила. Барқароршавии муносибатҳои бозоргонӣ дар шароити сатҳи пасти инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ, камбизоатии қисми асосии аҳолӣ, таҳкурсии пасти моддӣ-техникӣ ва молиявии хоҷагиҳои коллективӣ, давлатӣ ва оилавӣ, гаронии нархи хизматрасонии маишӣ, ва бошиддат фаъол гардидани функсияи иқтисодии оила мусоидат намуд. Оилаҳо бо қувваи худ таҷҳизоти хурд, хонаҳои истиқоматӣ ва иморатҳои хоҷагидорӣ месозанд, замин шудгор мекунанд, маҳсулот парвариш намуда, асосан дастӣ ҳосил меғундоранд, серфарзандию издивоҷи барвақтиро бо мақсади бозтавлиди қувваи корӣ ташвиқ менамояд.

Мушкилот. Рушди функсияи иқтисодии оила барои дар оила иигоҳ доштани рафтори анъанавии демографӣ, ки рӯ овардан ба серфарзандии оиларо ба сабаби нақши иқтисодии фарзандон дар оила, дар бар мегирад. Тарзи муқарраршудаи ҳаёти деҳот барои мавҷудияти худ тақозо мекунад, ки оила функсияи фаъоли иқтисодиро иҷро намояд.

Афзалиятҳои дастёбӣ ба рушди демографӣ:

- рушди пояи техникии оилаҳо;

- аз ҷониби иттиҳодияҳои махсус ба оилаҳо пешниҳод намудани хизматрасонии маишию истеҳсолӣ;

- дар оилаҳо ҷорӣ намудани арзишҳои наве, ки барои баланд бардоштани маданияти меҳнати оилавӣ, инкишофи маишию иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.

10. Ҳимояи иҷтимоии оилаҳо. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ" аз 13 декабри соли 1997, № 517 ҳангоми таваллуди фарзанди нахустин ба андозаи 4 маоши ҳади ақал (20 сомонӣ), ҳангоми таваллуди фарзанди 2-юм ба андозаи 2 маоши ҳади ақал (10 сомонӣ) ва ҳангоми таваллуди фарзанди 3-юм ва минбаъда ба андозаи як маоши ҳади ақал (5 сомонӣ) кӯмакпулиҳои яквақта, пардохта мешавад. Барои нигоҳубини кӯдак то синну соли 1,5 солагӣ кӯмакпулии ҳармоҳа ба андозаи 100 % маоши ҳадди ақал пардохта мешавад.

Тадқиқотҳо ва пурсишҳои дар байни аҳолии кишвар гузаронида нишон доданд, ки ин пардохтҳо барои ҳавасмандӣ, барои маҳдудияти шумораи таваллуд бинобар ҳаҷми ночизи худ, ягон нақши амалие намебозанд. Оилаҳо ба ин ё он меъёри фарзанддорӣ вобаста ба шароити мушаххаси ҳаёти хеш ва нақши иқтисодии фарзандон дар оила амал мекунанд.

Мушкилот. Пардохтҳое, ки дар шакли кӯмакпули ба аҳолӣ дода мешавад, ягон таъсир ба рафтори демографии онҳо намерасонад. Ба ғайр аз ин, кӯмакпулиҳои яквақта фақат ҳавасмандии оилаҳои 1-2 нафар фарзанд доштаро дастгирӣ менамояд, ки барои рушди мақсадҳои дарозмӯҳлат дар кишвар мувофиқ нест.

Афзалиятҳои дастёбӣ ба рушди демографӣ:

- коркарди модели нави дастгирии иҷтимоии оилаҳо.

11. Издивоҷ. Дар айни замон дар Тоҷикистон синну соли пасттарини издивоҷ кардан 17-сол аст, дар ҳолатҳои истисно дар синни 16-солагӣ низ издивоҷ иҷозат дода мешавад.

Дар бисёр ҳолатҳо дар синни 16-17 солагӣ духтарон мактабҳои таълимоти ҳамагониро тамом мекунанд ва таҳсилро давом надода, шароитҳои омодагӣ ба издивоҷ ба вуҷуд меоянд. Аз ин ҷо моҳиятан ташаккули оилаҳои серфарзанд ва минбаъд ҷудоии духтарҷавонон аз идомаи таҳсил, соҳиби касбу машғулият шудан ва ғайра оғоз меёбад.

Мушкилот. Асосҳои қонунии ба никоҳ даромадани аҳолӣ зарур аст, ки аз нав дида баромада шавад.

Афзалияти дастёбӣ ба рушди демографӣ:

- синни издивоҷ аз 17-солагӣ то синни-18 солагӣ зиёд карда шавад;

- бояд дар байни аҳолӣ аз тарафи сарварону ходимони дин доир ба зиёд кардани синни издивоҷ корҳои маърифатӣ-ташвиқотӣ бурда шавад;

- зарур аст, ки бар зидди бисёрзанӣ мубориза бурда шавад.

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе реализации Концепции государственной демографической политики Республики Таджикистан на 2003-2015 годы

В целях реализации Концепции государственной демографической политики Республики Таджикистан на 2003-2015 годы Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу реализации Концепции государственной демографической политики Республики Таджикистан на 2003-2015 годы (прилагается).

2. Министерствам, ведомствам и органам исполнительной власти на местах в своей практической деятельности в области демографического развития руководствоваться положениями настоящей Программы.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                      Э.Рахмонов

от 31 декабря 2002 года № 501

г.Душанбе