Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 № 114 "Дар бораи стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Стратегияи Ҷумхурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорату идораҳо, Академия илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои илмҳои соҳавӣ ва мактабҳои таҳсилоти олӣ иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015-ро таъмин намоянд.

3) Назорати иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 20-11-2015 ба зиммаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон доир ба иҷрои Стратегия ҳисобот пешниҳод намояд.

4) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2006, № 362 "Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 марти соли 2011 № 114

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Стратегии Республики Таджикистан в области науки и технологий на 2011-2015 годы

В соответствии со статьей 17 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 6 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах. концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить Стратегию Республики Таджикистан в области науки и технологий на 2011-2015 годы (прилагается).

2) Министерствам и ведомствам, Академии наук Республики Таджикистан, отраслевым академиям наук и высшим учебным заведениям, обеспечить выполнение Стратегии Республики Таджикистан в области науки и технологий на 2011 -2015 годы.

3) Контроль за ходом выполнения Стратегии Республики Таджикистан в области науки и технологий на 2011-2015 годы возложить на Академию наук Республики Таджикистан. Академии наук Республики Таджикистан ежегодно представлять в Правительство Республики Таджикистан отчет о реализации Стратегии.

4) Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2006 года, №362 "О Стратегии Республики Таджикистан в области науки и технологий на 2007-2015 годы".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

от 3 марта 2011 года № 114

г. Душанбе