Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 1999, № 87 "Дар бораи "Консепсияи сиёсати давлатии илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2006с. № 362 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи "Консепсияи сиёсати давлатии илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" аз 21 маи соли 1998 № 598 ва фароҳам овардани заминаи илмию техникии замонавӣ оид ба илм ва иқтисод, истифодаи ҳарчи бештар ва афзун намудани иқтидори зеҳнии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Консепсияи сиёсати давлатии илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шавад (замима мегардад).

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи мазкурро ба маълумоти вазоратҳою идораҳо, муассисаҳо, корхонаю ташкилотҳо расонад.

2. Вазоратҳо, Кумитаҳои давлатӣ, Кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Идораҳо, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар фаъолияти амалии худ оид ба татбиқи Сиёсати давлатии илмию техникӣ муқаррароти асосии ин Консепсияро дастури амал қарор диҳанд.

3. Вазоратҳо, Кумитаҳои давлатӣ, Кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Идораҳо, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо мақсади ворид намудан ба нақшаи тадбирҳои иҷрои Консепсия дар муддати се моҳ таклифҳои мушаххас омода намуда, ба Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 1996 тасдиқ шудааст, пешниҳод намоянд.

Шӯрои ҳамоҳангсозӣ то 1 июли соли 1999 нақшаи тадбирҳои татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намояд ва ба маълумоти вазоратҳою идораҳои дахлдор расонад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 15 марти соли 1999 № 87

ш. Душанбе