Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 131 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2007 № 219"

Санаи амалкуни: 23.08.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2007 № 219

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2013 № 371)

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2007 № 219 "Оид ба зиёд намудани маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва андозаи нафақаи иҷтимоӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 апрели соли 2007:

- нақшаи музди меҳнати вазифавии хизматчиёни давлатии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд ва прокуратура мувофиқи замимаҳои 1-38 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2007 № 219 муқаррар карда шавад;

- пардохти маош барои рутбаҳои ҳарбии (махсус) хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо тартиби муқаррарнамудаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2006 № 1716 амалӣ карда шавад;

- ҳадди ниҳоии пардохти иловапулиҳои хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба нафақаи хизматӣ ҳуқуқ доранд ва хизматро давом дода истодаанд, ба андозаи на зиёда аз 20 фоизи ҳаҷми нафақае, ки ба онҳо метавонад таъин гардад, муқаррар карда шавад;

- андозаи нафақаҳои қаблан таъиншудаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки то 1 апрели соли 2007 аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд, то охири соли 2007 нигоҳ дошта шавад;

- нақшаи маоши вазифавии роҳбарон ва ставкаҳои музди меҳнати муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (мактабҳо, литсейҳо, гимназияҳо ва мактаб-интернатҳои ҳамаи шакл ва номгӯ) мувофиқи замимаҳои 39-40-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2007 № 219 муқаррар карда шавад;

- пардохти иловапулиҳо барои муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (мактабҳо, литсейҳо, гимназияҳо ва мактаб-интернатҳои ҳамаи шакл ва номгӯ) аз рӯи ставкаҳои музди меҳнат ба андозаҳои зерин муқаррар карда шавад:

а) барои роҳбарии синф - 15 фоиз;

б) барои тафтиши дафтарҳо ва корҳои хаттӣ - 20 фоиз;

- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба андозаи 30 фоиз ва дигар муассисаҳон соҳаи тандурустӣ - 10 фоиз зиёд карда шавад;

- маоши вазифавӣ ва ставкаҳои тарифии кормандони дигар муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд (ба ғайр аз сархатҳои якум, панҷум ва ҳафтуми банди 1 қарори мазкур, кормандони ҳайати хоҷагидорӣ ва ёрирасони мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ) ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;

- маоши вазифавии кормандони роҳбарикунанда ва мутахассисони дастгоҳҳои марказии Президиуми Академияи илмҳо, Академияи илмҳои педагогӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музди меҳнати кормандони роҳбарикунанда ва мутахассисони дастгоҳҳои марказии вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шавад (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.08.2013 № 371 аз эътибор соқит дониста шуд);

- маоши вазифавии кормандони муҳосиботи марказонидашудаи соҳавии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятн давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ки ҳисоби бухгалтериро ба ӯҳда доранд, ба маоши вазифавии мутахассисони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баробар карда шавад;

- маоши вазифавии ҳайати профессорону устодон ва кормандони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва ҳунармандони алоҳидаи санъати касбии Театри опера ва балети ба номи С. Айни ба ҳисоби миёна ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шавад.

- андозаи нафақаи иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 фоиз зиёд карда шавад;

- андозаи ниҳоии иловапулиҳои хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти қорҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳукуқ, ки ба нафақаи собиқаи кори баромадан ҳуқуқ доранд ва хизматро давом дода истодаанд, ба андозаи 20 фоиз муқаррар карда шавад.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи музди меҳнати кормандони муассисаҳои дар сархати ёздаҳуми банди 1 қарори зикргардидаро таҳия ва тасдиқ намоянд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати тандурустии Чумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз 1 октябри соли 2007 амалӣ намудани марҳилаи дуюми зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намоянд.

4. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ оид ба ворид намудани тағйирот ба қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки танзими тартиби пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳоро барои хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муқаррар менамоянд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд.

5. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба тасдиқи Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ барои аз кор рафтан, кӯмакпулии барои корношоямии мувақаттӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқманданд", таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷрои саривақтии қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешида, манбаъҳои иловагиро барои, маблағгузории зиёдшавии музди меҳнат, иловапулиҳо ва нафақаи иҷтимоӣ таъмин намоянд.

7. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби бозҳисобии нафақаҳои иҷтимоиро, ки аз ҳамин қарор бармеояд, таҳия ва тасдиқ намояд.

8. Амали муқаррароти қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 1995 № 675 "Дар бораи тадбирҳои пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони маориф", аз 25 декабри соли 1997 №550 "Дар бораи пардохтҳои иловагӣ ва изофа ба меъёрҳои тарифии амалкунада ва маоши кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои кормандони дар сархати панҷуми банди 1 қарори мазкур зикргардида, қатъ карда шавад.

9. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тавассути воситаҳои ахбори умум шарҳу тавзеҳ додани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2007 № 219 тадбирҳои амалӣ андешанд.

10. Аз эътибор соқит дониста шаванд:

- қарори Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли 1991 № 137 "Масъалаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 маи соли 1999 № 22412 "Дар бораи ба низом даровардани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои давлатии хизматрасонии байторӣ, зотпарварӣ, хизматрасонию чорводории айлоқӣ ва интиқоли чорво, саисхонаи давлатӣ ва ипподром, карантин ва ҳимояи растаниҳои кишоварзӣ аз ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо, назорати чигити тухмӣ ва нахи пахта, санҷиши навъи зироатҳои кишоварзӣ, санҷиши мошинолот ва стансияҳои меъёрию тадқиқотии меҳнати системаи комплекси кишоварзию саноатӣ";

- сархати сеюми банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 1998 № 553 "Дар барои рӯзномаҳои "Ҷумҳурият", "Народная газета" ва "Халқ овози";

- сархати дуюми банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2000 № 165 "Дар барои рӯзномаи чумҳуриявии "Ҷумҳурият";

- сархати дуюми банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006 № 530 "Масъалаҳои муассисаи давлатии маҷаллаи Бонувони Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 3 апрели соли 2007 № 131

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2007 № 219

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2007 № 219 "Оид ба зиёд намудани маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва андозаи нафақаи иҷтимоӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 апрели соли 2007:

- нақшаи музди меҳнати вазифавии хизматчиёни давлатии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд ва прокуратура мувофиқи замимаҳои 1-38 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2007 № 219 муқаррар карда шавад;

- пардохти маош барои рутбаҳои ҳарбии (махсус) хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо тартиби муқаррарнамудаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2006 № 1716 амалӣ карда шавад;

- ҳадди ниҳоии пардохти иловапулиҳои хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба нафақаи хизматӣ ҳуқуқ доранд ва хизматро давом дода истодаанд, ба андозаи на зиёда аз 20 фоизи ҳаҷми нафақае, ки ба онҳо метавонад таъин гардад, муқаррар карда шавад;

- андозаи нафақаҳои қаблан таъиншудаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки то 1 апрели соли 2007 аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд, то охири соли 2007 нигоҳ дошта шавад;

- нақшаи маоши вазифавии роҳбарон ва ставкаҳои музди меҳнати муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (мактабҳо, литсейҳо, гимназияҳо ва мактаб-интернатҳои ҳамаи шакл ва номгӯ) мувофиқи замимаҳои 39-40-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2007 № 219 муқаррар карда шавад;

- пардохти иловапулиҳо барои муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (мактабҳо, литсейҳо, гимназияҳо ва мактаб-интернатҳои ҳамаи шакл ва номгӯ) аз рӯи ставкаҳои музди меҳнат ба андозаҳои зерин муқаррар карда шавад:

а) барои роҳбарии синф - 15 фоиз;

б) барои тафтиши дафтарҳо ва корҳои хаттӣ - 20 фоиз;

- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба андозаи 30 фоиз ва дигар муассисаҳон соҳаи тандурустӣ - 10 фоиз зиёд карда шавад;

- маоши вазифавӣ ва ставкаҳои тарифии кормандони дигар муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд (ба ғайр аз сархатҳои якум, панҷум ва ҳафтуми банди 1 қарори мазкур, кормандони ҳайати хоҷагидорӣ ва ёрирасони мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ) ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;

- маоши вазифавии кормандони роҳбарикунанда ва мутахассисони дастгоҳҳои марказии Президиуми Академияи илмҳо, Академияи илмҳои педагогӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музди меҳнати кормандони роҳбарикунанда ва мутахассисони дастгоҳҳои марказии вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шавад;