Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2013, №1493
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.06.2015 № 259)
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2013, №1493 "Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 сентябри соли 2013:
- ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ 25 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 250 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 30 фоиз ва дигар муассисаҳои соҳаҳои маориф, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд (ба ғайр аз муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон аз музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ зиёд мебошад), ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои илм, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва кормандони дигар муассисаву ташкилотҳое, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз ва муассисаҳою ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз зиёд ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба маблағи 190 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии (меъёрҳои тарифии) кормандони прокурорӣ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;
- андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳаҷми 405 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида дар ҳаҷми 450 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии (меъёрҳои тарифии) хизматчиёни ҳарбие, ки дар вазифаҳои ҳайати афсарон адои хизмат мекунанд, ҳайати шахсии роҳбарикунандаи миёна, калон ва олии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии (меъёрҳои тарифии) хизматчиёни ҳарбие, ки дар вазифаҳои командири взвод, прапоршикҳо, сержантҳо ва сарбозон адои хизмат мекунанд, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи хурди мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 35 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва рутбаҳои махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз рутбаи қаторӣ то лейтенант - 450 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш - 405 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- музди меҳнати хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказӣ, мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказӣ, мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии вазорату кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шавад ва ҳисобкунии он мувофиқи замимаи 1 амалӣ карда шавад;
- ба хизматчиёни давлатии хизмати дипломатӣ, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ кор мекунанд, иловапулӣ барои рутбаҳои дипломатӣ дар ҳаҷми 15 фоизи маоши вазифавӣ муқаррар карда шавад;
- ба хизматчиёни давлатии хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донистани забонҳои хориҷии дур иловапулӣ дар ҳаҷми 15 фоизи маоши вазифавӣ муқаррар карда шавад;
- андозаи амалкунандаи стипендияҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад;
- ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол 25 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 130 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол 20 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 624 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- нафақаи заминавӣ ба андозаи 130 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардидаанд ва андозаи онҳо аз 200 сомонӣ кам мебошад, ба 200 сомонӣ баробар карда шавад (зиёдшавӣ дар ҳар як ҳолат аз 25 сомонӣ бояд кам набошад);
- нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардидаанд ва андозаи онҳо аз 200 сомонӣ ва аз ин зиёдтарро ташкил менамоянд, 25 сомонӣ зиёд карда шавад;
- нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории нопурра аз рӯи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол таъин гардидаанд ва нафақаҳои меҳнатии маъюбони гурӯҳи III ва барои маҳрум шудан аз саробон, ки бо назардошти собиқаи кории пурра таъин гардида, андозаи онҳо аз ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол кам мебошад, ба андозаи 30 сомонӣ зиёд карда шавад;
- андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки даҳ фарзанд таваллуд намуда, онҳоро то синни 8 солагӣ тарбия намудаанд), барои маҳрум шудан аз саробон ва аз рӯи маъюбӣ барои маъюбони гурӯҳҳои II ва III (ба ғайр аз маъюбони гурӯҳи II аз овони кӯдакӣ), ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъин гардидаанд, 60 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол муайян карда шавад.
2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозҳисобии андозаи нафақаҳоро дар доираи маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таъмин намояд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбиқ намудани қарори мазкурро аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии соли 2013 барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинӣ шудаанд, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва аз ҳисоби сарфаи маблағ аз рӯи дигар моддаҳои хароҷот ва маблағҳои махсуси муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ амалӣ намоянд. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати норасоии маблағ барои пардохти музди меҳнати кормандони муассисаю ташкилотҳои соҳаҳои буҷетӣ, ки аз буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, маблағгузории онро аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявии соли 2013 барои ислоҳоти музди меҳнат пешбинӣ шудаанд, захираҳои дигари молиявӣ ва сарфаи хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин намояд.
4. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
5. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии фелдъегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон басти вазифаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти худро ҳангоми муайян намудани маоши вазифавии онҳо дар доираи нақшаи маоши вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ), ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2013, №1493 муқаррар гардидааст, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намоянд.
6. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо ҳисобкунии музди миёнаи меҳнатро барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳои марбут ба пардохти музди миёнаи меҳнат (ба ғайр аз нафақа), мувофиқи Қоидаҳои бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиқшуда анҷом диҳанд.
7. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори омма ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2013, №1493 тадбирҳои амалӣ андешанд.
8. Аз эътибор соқит дониста шавад:
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1998, №140 "Оид ба музди меҳнати кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- сархати нӯҳуми банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №131 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2007, №219";
- банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2009, №102 "Дар бораи ба низом даровардани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои давлатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- сархати панҷуми банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 августи соли 2011, №387 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №1126".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 23 августи соли 2013, № 371
ш. Душанбе
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 августи соли 2013, № 371
Тавсиянома барои амалӣ намудани коэффитсиентҳои тарифии Ҷадвали ягонаи тарифии пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мувофиқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008, №503 тасдиқ карда шудааст
+--------------+---------------+---------------+---------------------ҷ
| Қадами 1 | Қадами 2 | Қадами 3 | Қадами 4 |
+--------------+---------------+---------------+---------------------+
|Кормандони | Кормандони | Кормандони | Кормандони |
|роҳбарикунанда| роҳбарикунанда| роҳбарикунанда| роҳбарикунанда |
|ва мутахасси- | ва мутахасси- | ва мутахасси- | ва мутахасси- |
|сони Ҷамоатҳои| сони ноҳиявии | сони шаҳрии | сони мақомоти |
|шаҳрак ва | мақомоти иҷ- | мақомоти иҷ- | иҷроияи маҳаллии |
|деҳоти Ҷумҳу- | роияи маҳаллии| роияи маҳаллии| ҳокимияти давла- |
|рии Тоҷикистон| ҳокимияти дав-| ҳокимияти дав-| тии ВМКБ, вилоят- |
|новобаста аз | латии Ҷумҳурии| латии Ҷумҳурии| ҳо ва шаҳри |
|миқдори аҳолӣ| Тоҷикистон, | Тоҷикистон, | Душанбе, мақомоти |
| | мақомоти тобеи| мақомоти тобеи| тобеи вилоятии |
| | ноҳиявии вазо-| шаҳрии вазо- | вазорату идораҳои |
| | рату идораҳои | рату идораҳои | Ҷумҳурии Тоҷикистон,|
| | Ҷумҳурии | Ҷумҳурии | дастгоҳи судҳои |
| | Тоҷикистон, | Тоҷикистон, | Шӯрои адлияи Ҷумҳу- |
| | дастгоҳи суд- | дастгоҳи суд- | рии Тоҷикистон дар |
| | ҳои ноҳиявии | ҳои шаҳрӣ, | ВМКБ, вилоятҳо ва |
| | Шӯрои адлияи | судҳои ҳарбии | шаҳри Душанбе, |
| | Ҷумҳурии Тоҷи-| гарнизонҳои | судҳои иқтисодии |
| | кистон, мақо- | Шӯрои адлияи | ВМКБ, вилоятҳо ва |
| | моти ноҳиявии | Ҷумҳурии | шаҳри Душанбе, ма- |
| | Прокуратураи | Тоҷикистон, | қомоти Прокуратураи |
| | генералии | мақомоти шаҳ- | генералии Ҷумҳурии |
| | Ҷумҳурии | рии Прокурату-| Тоҷикистон дар ВМКБ,|
| | Тоҷикистон ва | раи генералии | вилоятҳо ва шаҳри |
| | мақомоти тобеи| Ҷумҳурии Тоҷи-| Душанбе, мақомоти |
| | ноҳиявии Аген-| кистон ва | Раёсати хизмати |
| | тии омори | мақомоти тобеи| давлатии назди |
| | назди Прези- | шаҳрии Агентии| Президенти Ҷумҳу- |
| | денти Ҷумҳурии| омори назди | Тоҷикистон дар ВМКБ,|
| | Тоҷикистон | Президенти | вилоятҳо ва шаҳри |
| | | Ҷумҳурии | Душанбе, шаҳрҳо ва |
| | | Тоҷикистон | ноҳияҳои тобеи |
| | | | ҷумҳурӣ, мақомоти |
| | | | Агентии омори назди |
| | | | Президенти Ҷумҳурии |
| | | | Тоҷикистон дар |
| | | | ВМКБ, вилоятҳо |
| | | | ва шаҳри Душанбе |
+--------------+---------------+---------------+---------------------+
давоми таблитса |
+--------------+-------------+--------------+-----------+------------+
| Қадами 5 | Қадами 6 | Қадами 7 | Қадами 8 | Қадами 9 |
+--------------+-------------+--------------+-----------+------------+
| Кормандони |Кормандони |Кормандони |Кормандони |Кормандони |
| роҳбарику- |роҳбарику- |роҳбарикунанда|роҳбарику- |роҳбарику- |
| нанда ва |нанда ва |ва мутахасси- |нанда ва |нанда ва |
| мутахасси- |мутахасси- |сони дастгоҳи |мутахасси- |мутахасси- |
| сони даст- |сони даст- |марказии вазо-|сони даст- |сони Даст- |
| гоҳи марка- |гоҳи марка- |ратҳо ва куми-|гоҳи мар- |гоҳи иҷ- |
| зии агентиҳо,|зии кумита- |таҳои давлатии|казии Аген-|роияи Пре- |
| хадамотҳо ва |ҳо, агемтиҳо |Ҷумҳурии Тоҷи-|тии назо- |зиденти |
| сарраёсатҳои |ва хадамотҳои|кистон, даст- |рати давла-|Ҷумҳурии |
| назди вазо- |назди Ҳукума-|гоҳи судҳои |тии молиявӣ|Тоҷикистон, |
| ратҳо, куми- |ти Ҷумҳурии |Конститутси- |ва мубориза|Шӯрои амни- |
| таҳои давла- |Тоҷикистон, |онӣ, Олӣ ва |бо корруп- |ят, дастгоҳ |
| тӣ ва куми- |мақомоти |Олии иқтисодии|сияи Ҷумҳу-|Маҷлиси |
| таҳою аген- |Агентии назо-|Ҷумҳурии Тоҷи-|рии Тоҷи- |миллӣ ва |
| тиҳои назди |рати давлатии|кистон, даст- |кистон |Маҷлиси |
| Ҳукумати |молиявӣ ва |гоҳи марказии | |намояндагони|
| Ҷумҳурии |мубориза бо |Шӯрои адлияи | |Маҷлиси Олии|
| Тоҷикистон |коррупсияи |Ҷумҳурии Тоҷи-| |Ҷумҳурии |
| |Ҷумҳурии То- |кистон, даст- | |Тоҷикистон, |
| |ҷикистон дар |гоҳи марказии | |Ваколатдор |
| |ВМКБ, вилоят-|Прокуратураи | |оид ба ҳуқу-|
| |ҳо шаҳри |генералии Ҷум-| |қи инсон дар|
| |Душанбе ва |ҳурии Тоҷикис-| |Ҷумҳурии |
| |шӯъбаҳои мин-|тон, Раёсати | |Тоҷикистон, |
| |тақавӣ |хизмати давла-| |Комиссияи |
| | |тии назди Пре-| |марказии |
| | |зиденти Ҷумҳу-| |интихобот ва|
| | |рии Тоҷикистон| |раъйпурсии |
| | |Агентии омори | |Ҷумҳурии |
| | |назди Прези- | |Тоҷикистон, |
| | |денти Ҷумҳурии| |Палатаи ҳи- |
| | |Тоҷикистон, | |соби Ҷумҳу- |
| | |Кумитаи рушди | |рии Тоҷи- |
| | |маҳали назди | |кистон |
Преиденти
Ҷумҳурии
Тоҷикистон
+--------------+-------------+--------------+-----------+------------+
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О мерах по реализации Указа Президента Республики Таджикистан от 14 августа 2013 года, №1493
Во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 14 августа 2013 года, №1493 "О мерах по усилению уровня социальной защищённости населения, увеличению действующих должностных окладов государственных служащих, работников бюджетных учреждений, организаций, размеров пенсий и стипендий, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. С 1 сентября 2013 года:
- увеличить минимальную заработную плату во всех отраслях экономики республики на 25 процентов и установить её в размере 250 сомони в месяц;
- увеличить должностные оклады работников дошкольных учреждений, общеобразовательных учреждений в размере 30 процентов и других учреждений отрасли образования, финансируемых за счет Государственного бюджета (кроме учреждений и организаций, заработная плата в которых превышает уровень заработной платы государственных служащих), в размере 20 процентов;
- увеличить должностные оклады работников организаций и учреждений отраслей науки, социальной защиты, культуры и работников других учреждений и организаций, финансируемых за счет Государственного бюджета, в размере 20 процентов, учреждений и организаций, заработная плата в которых приравнена к заработной плате государственных служащих, в размере 15 процентов;
- увеличить должностные оклады работников отрасли здравоохранения, финансируемых за счет Государственного бюджета, на 20 процентов и установить размер базисной заработной платы для расчёта должностного оклада работников отрасли здравоохранения в сумме 190 сомони;
- увеличить должностные оклады (тарифные ставки) прокурорских работников в размере 15 процентов;
- установить размер базисной заработной платы в качестве основы тарифных коэффициентов для государственных служащих административных должностей высшей, первой, второй, третьей, четвертой категории государственной службы органов государственного управления, местных исполнительных органов государственной власти, органов самоуправления посёлков и сёл в сумме 405 сомони и для административных должностей пятой, шестой, седьмой категории государственной службы перечисленных органов в сумме 450 сомони;
- увеличить должностные оклады (тарифные ставки) военнослужащих, проходящих военную службу на офицерских должностях, лиц среднего, старшего и высшего начальствующего состава органов внутренних дел и других правоохранительных органов в размере 15 процентов;
- увеличить должностные оклады (тарифные ставки) военнослужащих, проходящих военную службу на должностях командира взвода, прапорщиков, сержантов и солдат, лиц рядового и младшего начальствующего состава органов внутренних дел и других правоохранительных органов в размере 35 процентов;
- установить размер базового оклада для исчисления коэффициентов по воинским званиям военнослужащих и специальным званиям сотрудников правоохранительных органов, от звания рядового до лейтенанта - 450 сомони и от старшего лейтенанта до генерала армии - 405 сомони;
- приравнять заработную плату государственных служащих центральных аппаратов, областных, городских и районных органов Управления государственной службы при Президенте Республики Таджикистан и Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан к заработной плате государственных служащих центральных аппаратов, областных, городских и районных органов министерств и государственных комитетов Республики Таджикистан и осуществлять её исчисление в соответствии с приложением 1;
- установить денежную надбавку за дипломатические ранги государственным служащим дипломатическая служба, работающим в дипломатических представительствах и консульствах Республики Таджикистан за рубежом, представительствах Республики Таджикистан при международных организациях, в размере 15 процентов от должностного оклада;
- установить государственным служащим дипломатической службы Республики Таджикистан за рубежом и центрального аппарата Министерства иностранных дел Республики Таджикистан надбавку за знание иностранных языков дальнего зарубежья в размере 15 процентов от должностного оклада;
- увеличить действующие размеры стипендий студентов учреждений высшего и среднего профессионального образования (кроме курсантов высших военных учебных заведений и Академии Министерства внутренних дел Республики Таджикистан) в размере 20 процентов;
- увеличить минимальную пенсию по возрасту на 25 процентов и установить её в размере 130 сомони в месяц;
- увеличить максимальную пенсию по возрасту на 20 процентов и установить её в размере 624 сомони в месяц;
- установить базовую пенсию в размере 130 сомони в месяц;
- трудовые пенсии, назначенные при полном трудовом стаже, размер которых меньше 200 сомони, приравнять к 200 сомони (увеличение в каждом случае не должно быть менее 25 сомони);
- трудовые пенсии, назначенные при полном трудовом стаже составляющие 200 сомони и более, на 25 сомони;
- увеличить трудовые пенсии, назначенные при неполном трудовом стаже по минимальному размеру пенсии по возрасту и трудовые пенсии инвалидов III группы и по случаю потери кормильца назначенные при полном трудовом стаже размер которых составляет меньше минимального пенсии по возрасту, на 30 сомони;
- определить размер социальных пенсий по возрасту (за исключением матерей, родивших десять и более детей и воспитавших их до 8-летнего возраста), по случаю потери кормильца и по инвалидности инвалидам II и III группы (за исключением инвалидов II группы с детства), назначенные в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении граждан Республики Таджикистан", в 60 процентов минимальной пенсии по возрасту.
2. Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан обеспечить перерасчет размеров пенсий в пределах средств бюджета социального страхования и пенсий.
3. Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами, ведомствами и местными исполнительными органами государственной власти обеспечить реализацию настоящего постановления за счёт средств, предусмотренных в республиканском и местных бюджетах на 2013 год для фонда оплаты труда и пенсионного обеспечения, средств свободных остатков, перевыполнения доходов местных бюджетов, за счёт экономии средств других статей расходов и специальных средств бюджетных учреждений и организаций. Министерству финансов Республики Таджикистан в случае нехватки средств на выплату заработной платы работникам учреждений и организаций бюджетной сферы, финансируемых из республиканского и местных бюджетов, обеспечить их финансирование за счет средств, предусмотренных в республиканском бюджете 2013 года на реформирование заработной платы, других финансовых резервов и экономии расходов республиканского бюджета.
4. Министерствам и ведомствам Республики Таджикистан, местным исполнительным органам государственной власти принять необходимые меры по своевременному выполнению настоящего постановления.
5. Министерству обороны Республики Таджикистан, Министерству внутренних дел Республики Таджикистан, Министерству юстиции Республики Таджикистан, Государственному комитету национальной безопасности Республики Таджикистан, Комитету по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, Национальной гвардии Республики Таджикистан, Агентству по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан, Агентству по обеспечению специальным имуществом при Правительстве Республики Таджикистан, Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан, Государственной фельдъегерской службе Республики Таджикистан, Главной военной прокуратуре Республики Таджикистан утвердить штатное расписание военнослужащих и сотрудников правоохранительных органов в пределах схем должностных окладов (тарифных ставок) по исчислению должностных окладов, установленных Указом Президента Республики Таджикистан от 14 августа 2013 года, №1493, по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан.
6. Министерствам и ведомствам Республики Таджикистан, местным исполнительным органам государственной власти, предприятиям, учреждениям и другим организациям исчисление среднего заработка для оплаты трудовых отпусков, выходных пособий, пособий по временной нетрудоспособности и в других случаях, связанных с выплатой средней заработной платы (кроме начисления пенсии), производить в соответствии с Правилами, утверждёнными постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 июня 2007 года, №313.
7. Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан и Комитету телевидения и радио при Правительстве Республики Таджикистан принять действенные меры по разъяснению и толкованию Указа Президента Республики Таджикистан от 14 августа 2013 года, №1493.
8. Признать утратившими силу:
- постановление Правительства Республики Таджикистан от 4 мая 1998 года, №140 "Об оплате труда работников Центра стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан";
- девятый абзац пункта 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2007,№131 "О мерах по реализации Указа Президента Республики Таджикистан от 16 марта 2007 года, №219";
- пункт 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 19 февраля 2009 года, №102 "Об упорядочении должностных окладов работников государственных учреждений Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан";
- пятый абзац пункта 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 18 августа 2011 года, №387 "О мерах по исполнению Указа Президента Республики Таджикистан от 2 августа 2011 года, №1126".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
23 августа 2013 года №371
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от 23 августа 2013 года, №371
Рекомендации при введении тарифных коэффициентов Единой тарифной сетки по заработной платы для государственных служащих административных должностей государственной службы органов государственного управления, местных исполнительных органов государственной власти, органов самоуправления посёлков и сёл согласно Реестра государственных должностей Республики Таджикистан утверждённой Указом Президента Республики Таджикистан от 2 августа 2008 года, №503
+------------+------------+---------------+-------------+------------ҷ
| Шаг1 | Шаг 2 | ШагЗ | Шаг 4 | Шаг 5 |
+------------+------------+---------------+-------------+------------+
|Руководящие |Руководящие |Руководящие ра-|Руководящие |Руководящие |
|работники и |работники и |ботники и спе- |работники и |работники и |
|специалисты |специалисты |циалисты город-|специалисты |специалисты |
|поселковых |местных ис- |ских местных |местных ис- |центральных |
|и сельских |полнитель- |исполнительных |полнительных |аппаратов |
|джамоатов |ных органов |органов госу- |органов госу-|агентства, |
|Республики |государст- |дарственной |дарственной |службы и |
|Таджикистан |венной вла- |власти Респуб- |власти ГБАО, |главных уп- |
|независимо |сти районов |лики Таджикис- |областей и |равлений |
|от численно-|Республики |тан, городских |города Душан-|при минис- |
|сти населе- |Таджикистан,|подведомствен- |бе, областных|терствах, |
|ния |районных |ных структур |подведомст- |государст- |
| |подведомст- |министерств и |венных струк-|венных коми-|
| |венных ст- |ведомств Рес- |тур мини- |тетах и ко- |
| |руктур мини-|публики Таджи- |стерств и ве-|митетах, |
| |стерств и |кистан, аппара-|домств Рес- |агентств при|
| |ведомств |тов городских |публики Тад- |Правительст-|
| |Республики |судов, военных |жикистан, ап-|ве Республи-|
| |Таджикистан,|судов гарнизо- |паратов судов|ки Таджикис-|
| |аппатов |нов Совета юс- |Совета юсти- |тан |
| |районных |тиции Республи-|ции Республи-| |
| |судов Совета|ки Таджикистан |Таджикистан в| |
| |юстиции Рес-|городских орга-|ГБАО, облас- | |
| |публики Тад-|нов Генеральной|тях и городе | |
| |жикистан, |ральной проку- |Душанбе, эко-| |
| |районных ор-|куратуры Рес- |номических | |
| |ганов Гене- |публики Таджи- |судов ГБАО, | |
| |ральной про-|кистан и гор- |областей и | |
| |куратуры Ре-|родских органов|города Душан-| |
| |спублики |Агентства по |бе, органов | |
| |Таджикистан |статистике при |Генеральной | |
| |и районных |Президенте Рес-|прокуратуры | |
| |органов |публики Таджи- |Республики | |
| |Агентства |кистан |Таджикистан в| |
| |по статисти-| |ГБАО, облас- | |
| |ке при Пре- | |тях и городе | |
| |зиденте Рес-| |Душанбе, ор- | |
| |публики Тад-| |ганов Управ- | |
| |жикистан | |ления госу- | |
| | | |дарственной | |
| | | |службы при | |
| | | |Президенте | |
| | | |Республики | |
| | | |Таджикистан в| |
| | | |ГБАО, облас- | |
| | | |тях, городе | |
| | | |Душанбе, го- | |
| | | |родах и райо-| |
| | | |нах респуб- | |
| | | |ликанского | |
| | | |подчинения, | |
| | | |органов | |
| | | |Агентства по | |
| | | |статистике | |
| | | |при Президен-| |
| | | |те Республики| |
| | | |Таджикистан в| |
| | | |ГБАО, облас- | |
| | | |тях и городе | |
| | | |Душанбе | |
| | | | | |
+------------+------------+---------------+-------------+------------+
+продолжение таблицы------------------------------------ҷ
+------------+---------------+-------------+------------+
| Шаг 6 | Шаг 7 | Шаг 8 | Шаг 9 |
+------------+---------------+-------------+------------+
|Руководящие |Руководящие ра-|Руководящие |Руководящие |
|работники и |ботники и спе- |работники и |работники и |
|специалисты |циалисты цент- |специалисты |специалисты |
|центральных |ральных аппара-|центральной |Исполнитель-|
|аппаратов |тов министерств|аппарата |ного аппара-|
|комитетов, |и государствен-|Агентства по |та Президен-|
|агентств и |ных комитетов |государствен-|та Республи-|
|служб при |Республики Тад-|ному финансо-|ки Таджикис-|
|Правительст-|жикистан, аппа-|вому контролю|тан, Совета |
|ве Республи-|ратов Конститу-|и борьбе с |безопаснос- |
|ки Таджикис-|ционного, Вер- |коррупцией |ти, аппараты|
|тан, органов|ховного и Выс- |Республики |Маджлиси |
|Агентства по|шего экономи- |Таджикистан |милли и |
|государст- |ческого судов | |Маджлиси на-|
|венному фи- |Республики Тад-| |мояндагон |
|нансовому |жикистан, цент-| |Маджлиси Оли|
|контролю и |рального аппа- | |Республики |
|борьбе с |рата Совета | |Таджикистан |
|коррупцией |юстиции Респуб-| |Уполномочен-|
|при Прези- |лики Таджикис- | |ного по пра-|
|денте Рес- |тан, централь- | |вам человека|
|публики Тад-|ного аппарата | |в Республике|
|жикистан в |Генеральной | |Таджикистан |
|ГБАО, облас-|Прокуратуры | |Центральной |
|тях, городе |Республики Тад-| |комиссии по |
|Душанбе и |жикистан, Уп- | |выборам и |
|региональных|равления госу- | |референдумам|
|отделов |дарственной | |Республики |
| |службы при Пре-| |Таджикистан,|
| |зиденте Респуб-| |Счётной па- |
| |лики Таджикис- | |латы Респуб-|
| |тан, Агентства | |лики Таджи- |
| |по статистике | |кистан |
| |при Президенте | | |
| |Республики Тад-| | |
| |жикистан | | |
+------------+---------------+-------------+------------+