Сархати 2 банди 1 бо қарори Ҳукумати ҶТ 03.04.2007 с. № 131 аз эътибор соқит дониста шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи рӯзномаи ҷумҳуриявии "Ҷумҳурият"
Бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби интишори қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2000 № 187 "Дар бораи тадбирҳои таъмини саривақтии интишори қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Миқдори штатии идораи рӯзномаи "Ҷумҳурият" 44 воҳид муқаррар карда шавад.
Аз моҳи апрели соли 2000-ум музди меҳнати кормандони идораи рӯзномаи "Ҷумҳурият" ба музди меҳнати кормандони мақомоти идораи давлатӣ баробар карда шавад. Дар айни замон маоши вазифавии сармуҳаррир ба маоши вазифавии сардори идораи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шавад.
2.Аз соли 2000-ум рӯзномаи "Ҷумҳурият" ҳафтае 3 маротиба ё ин ки 156 шумора дар як сол чоп ва ба ҳар шумораи рӯзнома 20000 (бист ҳазор) рубл ҳаққи қалам муқаррар карда шавад. Адади нашр мувофиқи талаботи хонандагон танзим карда мешавад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории рӯзномаи "Ҷумҳурият"-ро дар ҳудуди маблағҳое, ки ҳар сол дар буҷети ҷумҳурӣ барои нашри он пешбинӣ мешаванд, таъмин намояд.
4.Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар дурнамои тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ барои нашри рӯзномаи "Ҷумҳурият" маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.
5. Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳнкунӣ, обуна ва фурӯши чаканаи рӯзномаи "Ҷумҳурият"-ро ба роҳ монад.
6. Комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри саривақтиву мунтазами рӯзномаи "Ҷумхурият"-ро таъмин намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 апрели соли 2000 № 165
ш. Душанбе
абз.2 пункт 1 Утратил силу в редакции Постановления Правительства РТ от 3.04.2007г. №131
ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О республиканской газете "Джумхурият"
В целях обеспечения выполнения Закона Республики Таджикистан "О порядке опубликования законов Республики Таджикистан" и в соответствии с Указом Президента Республики Таджикистан от 14 марта 2000 года № 137 "О мерах но своевременному обеспечению опубликования законов Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Установить штатную численность редакции газеты "Джумхурият" 44 единицы.
С апреля 2000 года приравнять оплату труда работников редакции "Джумхурият" к оплате труда работников органов государственного управления. При этом должностной оклад главного редактора приравнять к должностному окладу начальника управления исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
2. Установить с 2000 года выпуск газеты "Джумхурият" 3 раза в неделю или 156 номеров в год и для каждого номера газеты 20000 (двадцать тысяч) рублов гонорара. Тираж регулируется читательским спросом.
3. Министерству финансов Республики Таджикистан обеспечить финансирование газеты "Джумхурият" в пределах средств, ежегодно предусматриваемых в республиканском бюджете на ее издание.
4. Министерству экономики и внешних экономических связей ежегодно предусматривать в прогнозах социально-экономического развития республики необходимые средства для издания газеты "Джумхурият".
5. Министерству связи Республики Таджикистан организовать распространение, подписку и реализацию в розницу газеты "Джумхурият".
6. Издательско-полиграфическому комплексу "Шарки Озод" при исполнительном аппарате Президента Республики Таджикистан обеспечить своевременный и регулярный выпуск газеты "Джумхурият"
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 3 апреля 2000 года № 165
г. Душанбе