ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2007, №3, мод.171; с.2008, №6, мод.458)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои байни давлат ва сармоягузорро, ки зимни сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ бо мақсади ҷустуҷӯй, тадқиқ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шартҳои созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулоти истеҳсолшуда ба миён меоянд, муқаррар менамояд (№ 2069).
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Муносибатҳои байни тарафҳои созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот
1. Қонуни мазкур муносибатҳои байни давлат ва саромоягузорро ҳангоми бастан, иҷро ва қатъ намудани созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот, ки дар мавриди истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба миён меоянд, муайян ва танзим мекунад.
2. Муносибатҳои байни тарафҳо, ки дар раванди истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, инчунин интиқол, коркард, азнавкоркунӣ, нигаҳдорӣ, истифодабарӣ, фурӯш ё ихтиёрдории маҳсулоти истеҳсолшуда ба миён меоянд, бо созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот, ки мутобиқи Қонуни мазкур баста мешаванд, танзим карда мешаванд.
3. Ҳуқуқ ва вазифаҳои тарафҳо, ки хусусияти маданӣ - ҳуқуқӣ доранд, мутобиқи Қонуни мазкур ва Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (№ 2069).
4. Муносибатҳое, ки дар раванди истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ берун аз доираи амали Қонуни мазкур қарор мегиранд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.
Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот
Қонунгузорӣ дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (№ 2069).
Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- созишмома оид ба тақсими маҳсулот (минбаъд - созишнома)- шартномае, ки тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъекти фаъолияти соҳибкорӣ (минбаъд - сармоягузор) ба музд ва ба муҳлати муайян барои ҷустуҷӯ, иктишоф, тадқиқ, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки кони маъдани дар созишнома нишон додашударо ва барои иҷрои корҳои вобаста ба ин намудҳои фаъолият ҳуқуқҳои истисноӣ медиҳад ва сармоягузор уҳдадор мешавад, ки фаъолияти дар созишнома нишондодашударо аз ҳисоби худ ва бо ҷуброни зиёни таваккали эҳтимолӣ аз ҳисоби худ амалӣ гардонад (№ 2069);
- маҳсулоти истеҳсолшуда - миқдори маҳсулоти саноати истихроҷи маъдан ва маҳсулоти коркарди конҳои кушода, ки дар таркиби маъданҳои аз қаъри замин (партовҳо, талафҳо), ашёи хоми минералӣ (ҷинс, моеъ ва омехтаи дигар) воқеан истихроҷшуда (гирифташуда) мавҷуд аст ва аз ҷиҳати сифат ба стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё стандарти байналмилалӣ мутобиқ буда, аз ҷониби сармоягузор дар ҷараёни иҷрои корҳо тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот истихроҷ шудааст ва дар доираи меъёрҳои муқарраргардида ба миқдори талафоти технологии ин маҳсулот кам карда шудааст ;
- маҳсулоти фоида - маҳсулоте, ки ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот дар давраи ҳисоботӣ (андозӣ) истеҳсол гардидааст, бе назардошти маҳсулоти ҷубронӣ ;
- маҳсулоти ҷубронӣ - қисми маҳсулоти ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот истеҳсолшудае, ки ба моликияти сармоягузор барои пӯшонидани хароҷоти бо мақсади иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот анҷомдодаи он дода мешавад (хароҷоти ҷуброншаванда), ки таркиби онҳо мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқаррар мегардад ;
- истифодаи сарватҳои зеризаминӣ - истифодаи қитъаи замини маъдандор бо мақсади ҷустуҷӯ, иктишоф, тадқиқ, истихроҷ, коркард ва истифодаи канданиҳои фоиданоки кони маъдани қитъаи замини мазкур.
Моддаи 4. Созиишома оид ба тақсими маҳсулот
1. Созишнома ҳамаи шартҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, аз ҷумла шартҳо ва тартиби тақсими маҳсулоти истеҳсолшударо дар байни тарафҳои созишнома мутобиқи Қонуни мазкур муайян менамояд.
2. Шартҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, ки дар созишнома муайян карда мешаванд, бояд ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намоянд.
3. Номгӯи конҳои маъданҳои фоиданокро, ки ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминии онҳо бо шарти тақсими маҳсулот мутобиқи Қонуни мазкур дода мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Асоси ба номгӯй дохил кардани конҳои маъданҳои фоиданок, ки ҳуқуқи истифодаи онҳо бо шарти тақсими маҳсулот дода мешавад, номатлубии шартҳои маблағгузорӣ кардани корҳои барои қитъаи мазкур мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ", набудани имконияти маблағгузории буҷавӣ барои истифодаи самараноки конҳои мазкур, аз ҷумла ҳолатҳои зерин буда метавонанд:
- кони маъданҳои фоиданок дар маҳалҳои баландкӯҳ ва ё дур аз маҳалҳои аҳолинишин ҷойгир шудааст ва барои истифодаи он шароит ва инфрасохторҳои лозимӣ вуҷуд надоранд;
- ҷустуҷӯ, иктишоф, тадқиқ ва коркарди кони маъданҳои фоиданок технологияи серхарҷ ва маблағи калонро талаб менамоянд;
- зарурати кам кардани миқдори талафоти технологии маъданҳои фоиданок, инчунин пешгирӣ кардани оқибатҳои эҳтимолии манфии иҷтимоӣ-экологиро талаб намояд (№ 2069).
4. Шартномаҳои байни давлат ва сармоягузорон, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур баста шудаанд, мутобиқи шартҳои дар онҳо муайяншуда иҷро карда мешаванд. Дар ин маврид Қонуни мазкур нисбати шартномаҳои зикрёфта ба ҳамон андозае татбиқ карда мешавад, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои дар шартномаҳо ифодаёфтаи сармоягузорро маҳдуд намесозад.
Моддаи 5. Тарафҳои созишнома
1. Тарафҳои созишнома (минбаъд - "тарафҳо") Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз номи он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори давлатии муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки созишномаро имзо мекунанд ва сармоягузорон мебошанд (№ 2069).
2. Сармоягузорон шахсони ҳуқуқӣ, инчунин иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқии дар асоси шартномаи фаъолияти якҷоя ва дигар шаклҳои фаъолият таъсисёфтае мебошанд, ки барои ҷустуҷӯ, иктишоф, тадқиқ ва истихроҷи маъданҳои фоиданок аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва ё ҷалбшуда сармоягузорӣ мекунанд ва истифодабарандагони сарватҳои зеризаминии кони маъданҳои фоиданок тибқи созишнома ба ҳисоб мераванд .
Моддаи 6. Истифодаи сарватҳои зеризаминӣ бо шарти тақсими маҳсулот
1. Ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ бо шарти тақсими маҳсулот ба сармоягузор дар асоси созишнома дода мешавад.
2. Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" амалӣ карда мешавад (№ 2069).
Моддаи 7. Муҳлати амали созишнома
1. Муҳлати амали созишномаро тарафҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд (№ 2069).
2. Муҳлати амали созишнома ва тартиби дароз кардани он дар созишнома нишон дода мешавад. Дар мавриди дароз кардани муҳлати амали созишиома, муҳлати амали иҷозатномаи фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ бояд аз ҷониби мақоме, ки ин иҷозатномаро додааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дароз карда шавад (№ 2069).
Боби 2. Бастани созишномаҳо ва иҷрои онҳо
Моддаи 8. Тартиби бастани созишномаҳо
1. Созишнома мувофиқи тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешавад.
Шартҳои истифодаи сарватҳои зеризаминии ин ё он кони маъданҳои фоиданокро мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, лоиҳаи созишномаро тартиб медиҳад ва бо сармоягузор гуфтушунид мекунад (№ 2069).
2. Дар сурати гузаронидани озмун созишнома бо ғолиби он, ки барои бастани созишнома шартҳои беҳтарин пешниҳод намудааст, баста мешавад. Дар шартҳои озмун бояд иштироки шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи иҷрои корҳои тибқи созишнома бо ҳиссае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, пешбинӣ шуда бошад.
Созишномаро аз тарафи давлат мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мекунад (№ 2069).
Моддаи 9. Шартҳои иҷрои корҳо
1. Иҷрои кор ва намудҳои фаъолияти (минбаъд - "корҳои тибқи созишнома") дар созишнома пешбинишуда мутобиқи барномаҳо, лоиҳаҳо, нақшаҳо ва сметаҳое, ки бо тартиби муайянкардаи созишнома тасдиқ шудаанд, амалӣ карда мешаванд.
2. Корҳо тибқи созишнома бо риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳо ва қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва таъмини бехатарии корҳо, ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, муҳити зист ва саломатии аҳолӣ иҷро карда мешаванд (№ 2069).
Дар созишнома бояд уҳдадориҳои сармоягузор оид ба масъалаҳои зерин пешбинӣ шуда бошанд (№ 2069):
- ба шахсони ҳуқуқӣ - резидентони Ҷумҳурии Тоҷикистон додани ҳуқуқи афзалиятноки иштирок дар иҷрои корҳои тибқи созишнома ба сифати паймонкорон, молфиристонандагон, боркашонҳо ё намудҳои дигари фаъолият дар асоси шартномаҳои байни онҳо ва сармоягузор (№ 2069);
- амалӣ намудани тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои таъсири зараровари корҳои тибқи созишнома анҷомдодашуда, инчунин аз ифлосшавӣ тоза кардани ҳудуде, ки корҳо тибқи созишнома анҷом дода шудаанд;
- суғуртаи масъулият барои ҷуброни зарар дар ҳолати садама, ки ба муҳити зист ё ҳаёт ва саломатии кормандон таъсири зараровар расонда метавонад (№ 2069);
- ҷалб кардани кормандон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ барои иҷрои корҳо тибқи cозишнома .
3. Баъди итмоми муҳлати амали созишнома сармоягузор уҳдадор аст, ки кони маъданҳои фоиданок ва қитъаи замини бо ҳуқуқи истифодаи муваққатиро ба давлат баргардонад. Тартиб ва муҳлати баргардонидани кони маъданҳои фоиданок дар созишнома муайян карда мешаванд (№ 2069).
4. Бо мақсади ҳамоҳангсозии корҳои тибқи созишнома тарафҳо шӯрои директоронро дар асоси ҷамъиятӣ таъсис медиҳанд, ки ба ҳайати он шумораи баробари намояндагони тарафҳо дохил мешаванд. Шумора, ҳуқуқ ва вазифаҳои шӯрои директорон, инчунин тартиби кори шӯро дар созишнома муайян карда мешаванд.
Тартиби таъин кардани намояндагони тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шӯрои директорон ва ваколати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 10. Тақсими маҳсулот
1. Маҳсулоти истеҳсолшуда байни сармоягузор ва давлат мутобиқи созишномаи байни онҳо тақсим карда мешавад. Дар созишнома (ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми дуюми моддаи мазкур муқаррар карда шудаанд) нуқтаҳои зерин бояд пешбинӣ шуда бошанд:
- муайян кардани ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ва арзиши он, ки ба андозаи талафи меъёрии технологӣ кам карда шудааст;
- муайян кардани қисми маҳсулоти истеҳсолшуда, ки ба моликияти сармоягузор барои ҷуброни хароҷоти ба иҷрои корҳои тибқи созишнома (минбаъд - "маҳсулоти ҷуброн") сарфшуда, дода мешавад. Дараҷаи ниҳоии маҳсулоти ҷуброн набояд аз 60 фоиз зиёд бошад. Таркиби хароҷоти сармоягузор, ки барои ҳисоби миқдори маҳсулоти ҷуброн ба инобат гирифта мешавад, дар созишнома мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистои муайян карда мешавад (№ 2069);
- тартиби тақсими маҳсулоти фоида байни давлат ва сармоягузор ;
- тартиби ба давлат супоридани қисми маҳсулоти истеҳсолшуда ё эквиваленти арзиши он аз тарафи сармоягузор;
- тартиби гирифтани қисми ба сармоягузор мансуби маҳсулоти истеҳсолшуда.
2. Дар ҳолатҳои алоҳида дар созишнома тартиби дигари тақсими маҳсулоти истеҳсолшуда ё эквиваленти арзиши ин маҳсулот байни давлат ва сармоягузор ва тартиби муайян кардани ҳиссаи маҳсулоти истеҳсолшуда, ки ба давлат ва сармоягузор мансуб аст, пешбинӣ шуда метавонад. Тартиб ва таносуби тақсими маҳсулоти истеҳсолшуда байни иштирокчиёни созишнома вобаста аз арзёбии кони маъданҳои фоиданок, нишондиҳандаҳои иқтисодии лоиҳаи техникӣ ва дигар омилҳои техникӣ-иқтисодӣ дар созишнома муайян карда мешаванд.
Шартҳои дар қисми мазкур нишон додашудаи созишнома бояд дар шартҳои озмун пешбинӣ карда шаванд.
Моддаи 11. Ҳуқуқи моликиятии сармоягузор ба маҳсулоти истеҳсолшуда
Сармоягузор маҳсулоти истеҳсолкардаи худро, ки ба он ҳуқуқи моликият дорад, аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартҳои муайянкардаи созишномаи тарафҳо бидуни маҳдудияти миқдори содирот бо риоя кардани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда метавонад. Бо ҳамин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созишнома барои аз ҳудуди Тоҷикистон баровардани маҳсулоти ба сармоягузор таалуқдошта ба сармоягузор барои содироти маҳсулот ҳиссаи (квотаи) дарозмуддат пешбинӣ менамояд.
Моддаи 12. Ҳуқуқи моликият ба молу мулк ва маълумот
1. Молу мулке, ки сармоягузор баъди имзои созишнома харидааст ё бунёд кардааст ва барои иҷрои корҳои тибқи созишнома истифода мебарад, моликияти сармоягузор аст, агар дар созишнома ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад (№ 2069).
Ҳуқуқи моликият ба ин молу мулк аз рӯзе, ки арзиши молу мулки мазкур аз тарафи давлат пурра пардохта шудааст ва ё аз рӯзе, ки созишнома қатъ гардидааст, аз сармоягузор ба давлат мегузарад. Дар давоми муҳлати эътибори созишнома ба сармоягузор пурра ҳуқуқ дода мешавад, ки ин молу мулкро аз рӯи созишномаи иҷрои кор истифода намояд. Дар ин сурат, масъулияти нигоҳдории молу мулки номбурда ва хатари осеби тасодуфии он ба зиммаи сармоягузор гузошта мешавад (№ 2069).
2. Маълумотҳои аввалияи геологӣ, геофизикӣ ва кимиёвӣ, ҳамчунин намунаи ҷинсҳои маъдан, ки ба сармоягузор дар раванди иҷрои корҳо тибқи созишнома дастрас гардидаанд, моликияти давлат ҳисоб меёбанд. Сармоягузор ҳуқуқ дорад, ки бо риояи шартҳои махфият барои иҷрои корҳои тибқи созишнома ин маълумот ва намунаҳоро истифода барад.
Моддаи 13. Ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва коркарди маъдан
1. Сармоягузор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси шартнома аз иншоотҳои нақлиёти қубурӣ ва дигар иншоотҳои мавҷудаи нақлиётӣ, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва коркарди маъдан истифода барад.
2. Сармоягузор дар доираи кор метавонад барои нигоҳдорӣ, коркард ва ҳамлу нақли маъдан иншоотҳо бунёд намояд ва дар ин маврид ҳуқуқи моликият ба иншоотҳои мазкур дар созишнома бо назардошти моддаи 12 Қонуни мазкур муайян карда мешавад.
Моддаи 14. Андозҳо ва дигар пардохтҳо ҳангоми иҷрои созишнома
Дар давоми муҳлати эътибори созишнома сармоягузор андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт менамояд (№ 2069).
Моддаи 15. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ
1. Баҳисобгирии фаъолияти молиявию хоҷагидории сармоягузор зимни иҷрои корҳо тибқи созишнома аз рӯи ҳар созишнома ба таври алоҳидагӣ ва ҳамчунин ҷудо аз чунин баҳисобгирӣ дар мавриди иҷрои дигар кор, ки бо созишнома алоқаманд нест, сурат мегирад. Тартиби ин баҳисобгирӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (№ 2069).
2. Баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботии иҷрои корҳо аз рӯи созишнома бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё худ бо асъори хориҷӣ сурат мегирад. Агар баҳисобгирии муҳосибавӣ бо асъори хориҷӣ сурат гирад, маълумоти ҳисоботе, ки манзури мақомоти давлатӣ мешавад, бояд бо асъори хориҷӣ ва пули миллӣ ҳисоб карда шавад. Ҳамзамон, ҳамаи маълумоти бо асъори хориҷӣ ҳисоб кардашуда, бояд аз рӯи қурби асъор, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт муайян кардааст, ба пули миллӣ гардонида шавад (№ 2069).
Моддаи 16. Суратҳисобҳои бонкӣ ва танзими асъор
Сармоягузор барои иҷрои корҳо аз рӯи созишнома бояд дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисобҳои махсуси бонкӣ бо пули миллӣ ва (ё) асъори хориҷӣ дошта бошад, ки танҳо барои иҷрои корҳои дар созишнома зикршуда истифода бурда мешаванд (№ 2069).
Моддаи 17. Вогузоштани ҳуқуқ ва вазифаҳои дар созишнома муайяншуда
1. Сармоягузор метавонад ҳуқуқ ва вазифаҳои дар созишнома муайяягардидаи худро ба шахси ҳуқуқӣ ё шахси воқеии дигар танҳо бо ризоияти тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ё қисман вогузорад, ба шарте, ки ин шахсон захираи кофии молиявӣ, техникӣ ва таҷрибаи идоракунӣ, ки барои иҷрои кор тибқи созишнома зарур аст, дошта бошанд.
2. Ҳуқуқу вазифаҳои дар созишнома муайянгардида ба таври хаттӣ бо роҳи тартиб додани санади махсусе, ки қисми таркибии созишнома ба ҳисоб меравад, бо тартиб ва дар муҳлати муайяннамудаи созишнома ба зиммаи шахси ҳуқуқӣ ё воқеии дигар вогузор карда мешаванд ва зимни ин иҷозатнома барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар давоми 30 рӯзи ба имзо расидани санади мазкур аз нав ба расмият дароварда мешавад.
3. Сармоягузор метавонад бо ризоияти мақоми ваколатдори давлатӣ молу мулк ва ҳуқуқҳои молумулкии худро ҳамчун гарав барои иҷрои уҳдадориҳое, ки вобаста ба иҷрои созишнома қабул кардааст, бо риояи талаботи қонунгузории мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад (№ 2069).
Моддаи 18. Устувории шартҳои созишнома
1. Шартҳои созишнома дар давоми муҳлати муайяншуда эътибор доранд. Шартҳои созишномаро танҳо бо розигии тарафҳо ва ҳамчунин бо талаби яке аз тарафҳо дар сурати моҳиятан дигар шудани вазъият тибқи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир додан мумкин аст (№ 2069).
Тағйиротҳо ба шартҳои созишнома бо розигии тарафҳо аз рӯи тартиби барои қабули созишнома пешбинигардида ворид карда мешавад (№ 2069).
2. Агар дар давоми муҳлати эътибори созишнома ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳое муқаррар гарданд, ки ба натиҷаи фаъолияти тиҷоратии сармоягузор дар доираи созишнома таъсири манфӣ мерасонанд, ба созишнома тағъйиротҳое ворид карда мешаванд, ки барои натиҷаи фаъолияти тиҷоратии сармоягузор матлуб буда, ба вай имконият медиҳад, ки ба натиҷаи тиҷоратии ҳангоми татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони имзо кардани созишнома ноил гардад. Муқаррароти мазкур оид ба тағйир додани шартҳои созишнома татбиқ карда намешаванд, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои (қоидаҳои) бехатарии иҷрои кор, ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, муҳити зист ва саломатии аҳолӣ, аз ҷумла бо мақсади мутобиқ намудани онҳо бо чунин меъёрҳо (қоидаҳо), ки дар амалияи байналмилалӣ маъмул ва эътироф гардидаанд, тағйирот ворид карда шаванд (№ 2069).
Муқаррароти мазкур дар бораи тағйир додани шартҳои созишнома дар сурати ба меъёрҳои (қоидаҳои) бехатарии иҷрои кор, ҳифзи сарвати замин, муҳити табиии зист ва сиҳатии аҳолӣ ворид намудани тағйирот ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо мақсади мутобиқ гардидани онҳо бо чунин меъёрҳо (қоидаҳо), ки дар амалияи байналмилалӣ маъмулу эътироф гардидаанд, татбиқ карда намешавад.
Моддаи 19. Кафолатҳои давлатии ҳуқуқи сармоягузор
1. Ба сармоягузор ҳифзи ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳое, ки мувофиқи созишнома соҳиб гаштааст ва дар амал татбиқ менамояд, кафолат дода мешавад (№ 2069).
2. Нисбат ба сармоягузор амали санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти худидоракунии маҳаллӣ татбиқ намегарданд, агар санадҳои мазкур маҳдудияти ҳуқуқҳои мувофиқи созишнома соҳибгардида ва амалишавандаи сармоягузорро муқаррар намоянд, ба истиснои маҳдудияти дастурҳои мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррарнамудаи мақомоти дахлдори назоратӣ, ки бо мақсади таъмини бехатарии иҷрои кор, ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, муҳити зист, саломатии аҳолӣ, ҳамчунин таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти давлатӣ дода мешаванд (№ 2069).
Моддаи 20. Назорат ба иҷрои созишнома
1. Назорати иҷрои созишномаро мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ваколатҳояшон анҷом медиҳанд (№ 2069).
2. Ваколат ва вазифаҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (№ 2069).
3. Намояндагони мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои созишномаро таҳти назорат мегиранд, танҳо бо мақсади назорати иҷрои созишнома ҳуқуқи ба иншоотҳое, ки корҳои мазкурро анҷом медиҳанд, бемамоният ворид шудан, ҳамчунин ҳуқуқи дастрас намудани ҳуҷҷатҳоро доранд (№ 2069).
Моддаи 21. Қатъи амали созишнома
Амали созишнома баъди гузаштани муҳлати эътибори он ё худ бо мувофиқаи тарафҳо пеш аз муҳлат ва ҳамчунин бо дигар асосҳо ва бо тартиби пешбининамудаи созишнома мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи имзо шудани созишнома амал мекунад, қатъ мегардад. Қатъи амали созишнома ба истиснои расмиёти озмун бо мувофиқаи тарафҳо аз рӯи тартибе, ки барои мавриди амал қарор гирифтани созишнома пешбинӣ шудааст, амалӣ гардонида мешавад (№ 2069).
БОБИ 3. Муқаррароти хотимавӣ
Моддаи 22. Тартиби ҳал намудани баҳс
Баҳсҳо байни давлату сармоягузор доир ба иҷро, қатъ кардан ва беэътибор донистани созишнома аз рӯи шартҳои созишнома ба тариқи судӣ ҳал карда мешаванд.
Моддаи 23. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 24. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
5 марти соли 2007 № 238
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
9 феврали соли 2007 № 484
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе
22 феврали соли 2007 № 280