Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.08.2011 № 437, аз 30.03.2024 № 206)
Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷихати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, сохтори марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯйи ташкилотҳои низоми Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
2. Шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 59 воҳиди корӣ (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ 57 воҳид, муқаррар карда шавад
3. Ба Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини Сардор, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад.
Барои дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомошинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад.
4. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ ва мақомоте, ки ба нақшаи идоракунии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, инчунин корҳои омӯзиши геологии қаъри замин ва рушди заминаи ашёи минералии иқтисодиёти мамлакат аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои махсуси Саридора ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад
5. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шаванд:
- аз 31 декабри соли 2002 № 520 "Дар бораи Низомномаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Геологияи тоҷик";
- аз 3 декабри соли 2006 № 483 "Дар бораи Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 28 декабри соли 2006 № 617
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷихати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3).
2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба микдори 56 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.
3. Ба Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини Сардор, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад.
Барои дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомошинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад.
4. Маблағгузории фаъолияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои системаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои амалиётии буҷети давлатии барои омӯзиши геологӣ ҷудошуда, аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.