Низомномаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 605

Санаи амалкуни: 12.09.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 149 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 605

тасдиқ шудааст

Низомномаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.07 № 355, аз 30.06.07 № 372, аз 30.08.07 № 470, аз 2.11.07 № 548, аз 30.05.2008 № 277, аз 30.05.2008 № 278, аз 29.04.2009 № 265, аз 2.10.2010 № 529, аз 12.09.2012 № 483)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, оид ба таҳияи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ, захираҳои табиӣ, аз ҷумла манбаъҳои барқароршавандаи энергия, танзими саноат, саноати мудофиавӣ, техника ва технология, саноати маводи сохтмон, хӯрокворӣ ва коркард фаъолиятро анҷом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 529).

2. Вазорат роҳбарӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия, Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ки таҳти тобеияташ қарор дорад, корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорат, анҷом медиҳад.

3. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Низомнома ва дигар санадҳои меъёрии танзимкунандаи ташкили фаъолияти дохилӣ ва ҳамкориҳои муштараки мақомоти ваколатдорро дастури амал қарор медиҳад.

4. Вазорат фаьолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

II. Ваколатҳо

5. Вазорат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият дорои ваколатҳон зерин мебошад:

ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёриии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои, ки дар соҳаи муқарраргардидаи фаьолият таҳти салоҳияти Вазорат ва хадамоти он қарор доранд, манзур менамояд.

Тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазорат вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад:

- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масьалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти Вазорат ва хадамоти тобеи он, ба ғайр аз масъалаҳое, ки танзими ҳуқуқии онҳо мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонхои Президентн Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври истисноӣ тавассути қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд;

- таҳияи стратегияи рушди комплекси сӯзишворию энергетикӣ, саноатӣ ва саноати мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи он дар асоси барномаҳои байнидавлатӣ, давлатӣ ва соҳавӣ;

- таҳияи пешниҳодот оид ба ташаккул ва дар комплекси энергетикию саноатӣ татбиқ намудани сиёсати иқтисодӣ, инвеститсионӣ, тарифӣ, илмию техникӣ, кадрӣ ва иҷтимоӣ;

- мусоидат ба баланд бардоштани самарабахшии корҳо, рақобатпазирии маҳсулот ва хизматрасонии корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои комплекси саноатӣ дар бозори байналмилалӣ ва андешидани чораҳо оид ба ҷалби инвеститсияи хориҷӣ барои рушди соҳа;

- андешидани тадбирҳои сиёсати давлатии энергетикӣ ва саноатӣ дар соҳаи рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ бо дигар кишварҳо ва созмонхои байналмилалӣ;

- таҳия ва татбиқи консепсияхо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии комплекси энергетикию саноатӣ, иштирок дар ташаккул ва татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ ва байнисоҳавӣ;

- таҳлили маҷмӯии фаъолият ва таҳияи дурнамои рушди соҳаҳои комплекси энергетикию саноатӣ, таҳияи пешниҳодот ва татбиқи чорабиниҳо оид ба фаъолият ва рушди устувор;

- анҷом додани роҳбарии методологӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои энергетикию саноатӣ оид ба ҳимояи манфиатҳои давлат, ҳифзи сирри ҳарбӣ ва иқтисодӣ, таъминн бехатарии иншооти саноатӣ;

- дар доираи салоҳияти худ таҳияи пешниҳодот оид ба сиёсати амортизатсионӣ ва чораҳои татбиқи он;

- таҳияи пешниҳодот ҷиҳати мусоидат барои иштироки бахши хусусӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноат, дастгирии рақобат дар сохтмон, барқарорсозӣ ва истифодаи иншооти энергетикӣ ва саноатӣ;

- тибқи тартиби муқарраргардида иштирок дар раванди саҳомигардонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ, ташаккули бозори коғазҳои қиматнок, татбиқи қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муфлисшавӣ ва таҳияи чорабиниҳо ҷиҳати расонидани кӯмак ба корхонақо ва дигар ташкилотҳои комплекси энергетикию саноатӣ;

- андешидани чораҳои превентиви (пешгирикунанда) оид ба гузаронидани тадбирҳои зиддимонополӣ дар комплекси энергетикию саноатӣ ва рушди рақобати бовиҷдонона;

- тибқи тартиби муқарраргардида додани иҷозатнома ба намудҳои алоҳидаи фаъолият ва истеҳсоли маҳсулот дар комплекси энергетикию саноатӣ, назорати иҷрои шартҳои иҷозатнома;

- таҳияи пешниҳодот ҷиҳати ба консессия додани иншооти давлатин энергетикию саноатӣ ҷиҳати лоиҳакашӣ ва сохтмони иншооти энергетикию саноатӣ;

- ташкили ба таври самарабахш гузаронидани корҳои кашфи геологӣ ва кӯқкорию истифодабарӣ ҷиҳати афзоиши захираҳо оид ба истихроҷ ва коркарди ашёи пиезооптикӣ, сангҳои рангаю ороишӣ, квартсӣ ва дигар ашёи рӯйкаш, инчунин металҳои қиматбаҳо ва ранга дар доираи минтақаҳои кӯҳии ҷудошуда ва дар доираи салоҳияти худ;

- мусоидат ба ташкил ва рушди фаъолияти лизингӣ дар комплекси энергетикию саноатӣ;

- пешбурди сиёсати ягонаи илмию техникӣ дар комплекси энергетикию саноатӣ, ташкили пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва илмию техникӣ оид ба самтҳои афзалиятноки рушд ва фаъолияти он, ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои илмии энергетикию саноатӣ, ташкили корҳо оид ба таҳия ва татбиқи барномаҳои байнисоҳавии илмию техникӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ;

- роҳбарии методӣ оид ба масъалаҳои татбиқи сиёсати энергетикию саноатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- анҷом додани назорати техникии иншооти сохташавандаи сӯзишворию энергетикӣ ва саноатӣ;

- таҳия ва тасдиқи қоидаҳое, ки барои амалисозии таъминот бо энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия заруранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 529);

- додани ҳуҷҷатҳое, ки тавоноии таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таҷҳизоти технологии навкардашуда ва комплексҳои таҷҳизоти технологиро барои истеҳсол, табдилдиҳӣ, нигаҳдорӣ ва интиқоли энергия тасдиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 2.10.2010№ 529);

- муайян намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷойгиранд, баҳисобгирии онҳо, инчунин баҳисобгирии таҷҳизоте, ки барои истифодабарии ин манбаъҳо пешбинӣ шудаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 529);

- тасдиқ намудани тартиби ташаккул, мундариҷа, шакл ва мӯҳлатҳои пешниҳоди иттилоот ҷиҳати пешбурди кадастри манбаъҳои барқароршавандаи энергия, инчунин тартиби қабули қарорҳо оид ба ворид ва хориҷ намудани онҳо аз кадастр (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 2.10.2010 № 529);

- амалисозии таъминоти иттилоотӣ дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 529);

- таҳия, ба мувофиқа расонидан ва тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ намудани талаботи техникӣ ва дигар талабот нисбат ба маҳсулоти саноатӣ, таҷҳизот ва маводе, ки дар комплекси саноатӣ истифода мегардад, тасдиқи меъёри хароҷоти ашё, масолеҳ, маводи такмилӣ, захираҳои энергетикӣ ва ғайра ба ҳар як воҳиди маҳсулот;

- якҷоя бо мақомоти стандартизатсия, метрология ва сертификатсия гузаронидани корҳо оид ба сертификатсияи маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонӣ, инчунин оид ба стандартизатсия ва таъмини метрологии истеҳсолот;

- дар доираи салоҳияти худ ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳо оид ба иҷрои ӯҳдадориҳо вобаста. ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба фаъолияти комплекси энергетикию саноатӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида намояндагии манфиатҳои Ҷумҳурии Хоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ;

- аиҷом додани маркетинг оид ба омӯзиши конъюктураи бозор;

- кӯмаки иттилоотию методӣ вобаста ба фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои комплекси энергетикию саноатӣ, рекламаи маҳсулот дар бозорҳои ватанӣ ва хориҷӣ;

- дар ҷумҳурӣ ва хориҷа доир намудани ярмаркаҳо, намоишгоҳҳо ва музоядаҳо, мусоидат ба рушди робитаҳои мустақими истеъмолкунандагон бо истеҳсолкунандагон;

- роҳбарии намояндагиҳои худ дар хориҷа;

- мусоидат ба таъсис ва фаъолияти гурӯҳҳои молиявию саноатӣ ва сохторҳои трансмиллӣ бо иштироки корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои комплекси энергетикию саноатӣ;

- ташкил ва амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳолатҳои фавқуладда дар комплекси энергетикию саноатӣ;

- ташкил, ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои чорабиниҳо дар комплекси энергетикию саноатӣ, ки ба татбиқи вазифаҳои мудофиаи гражданӣ, омодагии сафарбарӣ, таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва дигар иттилооти махфӣ нигаронида шудаанд;

- иштирок дар ташаккул ва дар комплекси энергетикию саноатӣ татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи тайёр кардани мутахассисон, омодасозӣ, бозомӯзй ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳо, таъмини шуғл, ҳифзи иҷтимоии кормандони комплекси энергетикию саноатӣ, ҳифзи меҳнат, рушди муносибатҳои меҳнатӣ дар асоси шарикии иҷтимоӣ ва пешгирии ихтилофоти меҳнатӣ;

- ҷамъбаст ва таҳлили иттилооти давлатӣ, оморӣ ва иттилооти молиявӣ дар комплекси энергетикию саноатӣ;

- иҷрои корҳо оид ба компютерикунонӣ, пешбурд ва ҳифзи махзани маълумот вобаста ба комплекси энергетикию саноатӣ ва реестри иттилооти субъектҳои он, ташкили таъмини иттилоотии комплекси энергетикию саноатӣ;

- муқаррар намудани шартҳои созишномаҳои дуҷониба барои корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ, ки ба номгӯи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд;

- таҳия ва таъмини татбиқи барномаҳои инвеститсионӣ, ки ба суръатбахшии рушди илмию техникӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот, паст кардани маводталабӣ на энергия талабии маҳсулот нигаронида шудаанд;

- андешидани тадбирҳо оид ба ташкили истеҳсолоти намудҳои маҳсулоти воридотивазкунанда барои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ;

- ташкили корҳо ва назорати таъмини истифодаи судманди захираҳои сузишворию энергетикӣ, ашё, маҳсулот, маводи такмилӣ, ба муомилоти хоҷагидорӣ ҷалб намудани захираҳои моддӣ ва ашёи хоми маҳаллӣ;

- тасдиқи шакл ва мундариҷаи пешниҳоди барномаҳои инвеститсионии субъектҳои монополияи табиӣ;

- таҳияи методикаи ташаккули рақамҳои назоратии воситаҳои дастгирии давлатии соҳаҳои энергетика ва саноат оид ба самтҳои маблағгузорӣ, тартиби истифодаи фондҳои эҳтиётии мутамаркази таҷдиди сохтори энергетика ва саноат, ки аз ин ҳисоб ташаккул ёфтаанд;

- тасдиқи меъёрҳои хароҷоти ниҳоии захираҳои энергетикӣ, ашё, мавод, меъёрҳои захира намудани сӯзишворӣ, меъёрҳои талафоти технологии қувваи барқ ва гармӣ, ашёи хоми карбогидридӣ;

- тасдиқи тартиби ташаккул, ҳаҷм, шакл ва мӯҳлати пешниҳоди иттилоот барои пешбурди реестри маҷмӯии иттилоотҳои комплекси саноати мудофиа, инчунин тартиби қабули қарор дар хусуси ворид намудани ташкилотҳо ба реестр ва хориҷ кардани онҳо аз реестр;

- тасдиқи номгӯи молрасонии мутақобилаи маводи махсуси такмилӣ ва захираҳои моддӣ барои таҳияи маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ ва гражданӣ дар доираи кооператсияи истеҳсолии ташкилоти давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

- татбиқи тадбирҳо оид ба ташаккул ва таъсиси истеҳсолоти маҳсулоти фармоиши мудофиавӣ;

- тасдиқи шакли реестри иншооти хоҷагии қувваи барқ, инчунин регламенти фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба дохил намудани объектҳои хоҷагии қувваи барқ ба шабакаи ягонаи миллии барқӣ;

- тасдиқи шакли реестрҳои иншооти хоҷагии генерӣ (истеҳсолкунанда);

- тасдиқи қоидаҳои баҳисобгирӣ ва истифодаи қувваи барқ ва газ;

- тасдиқи шакли реестри корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои соҳаҳои саноат;

- тасдиқи тартиби ташаккул, пешбурд ва ҳифзи микроорганизмҳои саноатӣ,

- тасдиқи дастурамал дар хусуси бақайдгирии намунаҳои маҳсулоти касбу ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки дорои хусусияти бадеӣ эътироф гардидаанд бо пешниҳодоти мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳияи пешниҳодот оид ба сиёсати сертификатсияи маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ вобаста ба воридот ва содироти онҳо;

- таҳияи пешниҳодот оид ба муқаррар намудани стандарт ва омилҳои бехатарӣ ва (ё) барои инсон бозарар ҳангоми воридоти мол, ки барои тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад ва қоидаи назорати он;

- муқаррар намудани тартиби анҷом додани назорати давлатии сифат ва безарарии молҳои истеъмолии халқ;

- ташкил ва гузаронидани корҳо оид ба сертификатсияи маҳсулот;

- тасдиқи ҳуҷҷатҳои технологии мсъёрии техникӣ оид ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ;

- санҷиш ва таҳлили иҷрои санадҳои меьёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои техникаи бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист дар корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои энергетикӣ ва саноатӣ;

- муқаррар намудани тартиби тафтиши таҷҳизоти назоратию ченкунанда, баркашанда ва дигар таҷҳизоти зарурӣ барои фаъолияги объектҳои қабул ва ҷойгиронии шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга (нуқтаҳои қабул);

- муқаррар намудани тартиби пешбурди китобҳои баҳисобгирӣ оид ба ҷамъоварии шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, инчунин шакли намунавии чунин китобҳо;

- муқаррар намудани тартиби пешниҳоди иттилоот оид ба манбаи ба даст овардани шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга аз ҷониби супорандагони чунин шикасчапораҳо (шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ), инчунин истифодаи амволи дорои чунин металлҳо;

- муқаррар намудани тартиби коркарди шикастапораҳо ва партови металлҳои қиматбаҳо, инчунин меъёрҳои иҷозатшудаи талафоти технологӣ ва партови коркард;

- муайян намудани методикаи ҳисоби тарифҳо барои қувваи барқ, гармӣ ва гази табиӣ;

- муайян намудани тартиби махдудсозӣ ва қатъ намудани истифодабарандагон аз системаи таъмииот бо энергия (қувваи барқ, газ ва гармӣ);

- пешбурди баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар соҳаи фаъолият оид ба ҷамъоварии шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга;

- анҷом додани назорати риояи тартиби аз ҳисоб баровардан ва истифодаи амволи давлатии дорои чунин металлҳо;

- анҷом додани назорати риояи меъёри супурдани шикастапораҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, ки таҳти эъломия (декларатсия) қарор намегиранд;

- анҷом додани назорати риояи меъёрҳо ва қоидаҳои эъломиякунонии супурдани шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга;

- анҷом додани назорати риояи тартиби содироти шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, инчунин металлу сангҳои қиматбаҳо;

- анҷом додани назорати риояи маҳдудиятҳои меъёрӣ ба намудҳои шикастапораҳои металл, ки аз шахсони воқеӣ қабул намудани онҳо (супорандагони шикастапора) манъ аст;

- анҷом додани назорати истифодаи амволи дорои металл ва партовҳои истеҳсолӣ, назорати фаъолияти супорандагони шикастапора ва ҷамъоварандагони шикастапора;

- анҷом додани иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба таҳия, коркард ва фурӯши шикастапора ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, назорати аз ҷониби дорандаи иҷозатнома риоя намудани шартҳои иҷозатномадиҳӣ;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва маҳсулоти спиртдор;

- анҷом додани иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти спиртдор ва аз ҷониби дорандаи иҷозатнома риоя намудани шартҳои иҷозатномадиҳӣ;

- таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба сарфаи энергия ва истифодаи манбаъҳои гайримаъмулии энергия;

- анҷом додани фаъолияти иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок ва канданиҳои фоиданоки маъмул, назорати аз ҷониби дорандаи иҷозатнома риоя намудани шартҳои иҷозатномадиҳӣ;

- анҷом додани назорати аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ риоя намудани стандартҳои муқарраргардида, меъёр ва қоидаҳои коркарди канданиҳои фоиданок ва канданиҳои фоиданоки маъмул;

- қабули меъёрҳои технологии талафот ҳангоми коркард, интиқол ва нигахдошти канданиҳои фоиданок ва канданиҳои фоиданоки маъмул;

- қабули тартиби коркарди канданиҳои фоиданок, инчунин меъёрҳои иҷозатшудаи технологии талафот ва партовҳои коркард;

- таҳияи тартиби аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ пешниҳод намудани иттилоот оид ба истихроҷи канданиҳои фоиданок ва канданиҳои фоиданоки маъмул;

- эълони тендер барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати коркарди канданиҳои фоиданок;

- якҷоя бо дигар мақомоти идораи давлатӣ таҳияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи истеҳсол, истифода ва фурӯши сангу металлҳои қиматбаҳо;

- Фонди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои дорои нишондиҳандаҳои баланд ва маҳсулоти онҳо таъмин менамояд;

- расонидани металлҳои қиматбаҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғанӣ гардондани захираи тиллою асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тибқи тартиби муқарраргардида ҳамоҳангсозии фаъолияти вобаста ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулот ва ашёи тайёр аз металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозори берунӣ;

- тасдиқи лоиҳаҳои коркарди конҳо, аз нав коркард намудани маъдан, баҳисобгирии истихроҷ ва истеҳсол дар ҳамаи давраҳои раванди технологӣ, аз ҷумла то лаҳзаи фурӯши онҳо;

- назорат ҷиҳати аз ҷониби корхонаю ташкилот ба Фонди давлатии геологӣ пешниҳод шудани ҳисобот оид ба корҳое, ки аз бақайдгирии давлатӣ гузаштаанд ва ҳисобот оид ба баланси захираҳо ва тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоб баровардани захираҳои баланси тасдиқнашудаи канданиҳои фоиданок;

- тибқи тартиби муқарраргардида назорати истифода ва ҳифзи қаъри замин;

- муайян намудани тартиби пешбурди китобҳои баҳисобгирии захираҳо ҳангоми коркарди конҳо;

- тасдиқи талафоти меъёри ва омехташавии маъдан ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданок;

- анҷом додани экспертизаи ҳатмии энергетикии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншооти сохтмон;

- анҷом додани назорати пешбурди баҳисобгирии ҳатмии захираҳои энергетикие, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ истеҳсол ва масраф шудаанд;

- анҷом додани сертификатсияи ҳатмии маҳсулоти истеъмолкунандаи энергия ва захираҳои энергетикӣ;

- анҷом додани фаъолияти иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи энергетика ва назораги аз ҷониби дорандаи иҷозатнома риоя намудани шартҳои иҷозатномадиҳӣ;

- анҷом додани назорати аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ риоя намудани стандартҳои муқарраргардида, меъёр ва қоидаҳо дар энергетика ҳангоми истеҳсол, интиқол, коркард, дигаргунсозӣ, нигаҳдошт, истифодаи захираҳои энергетикӣ ва маҳсулот, истифодаи объектҳои энергетикӣ, дастгоҳ ва таҷҳизот;

- додани иҷозат барои пайвастани барқтаъминкунии дохилии корхонаҳо, бино, иншоот ва дигар силсилаҳо ё истеҳсолоти алоҳида;

- додани иҷозат барои истифодаи таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ ё электротермикӣ;

- додани иҷозат барои дастрасӣ ба истифодаи таҷҳизоти барқии нав васлгардида (зерстансияҳо, шабакаҳо), ки транзитӣ мебошанд ё ба хати интиқоли барқи аз 35 кВ ва бештар аз он сахт васл карда шудаанд;

- додани иҷозат барои рухсат ҷиҳати истифодабарии таҷҳизоти нави барқӣ;

- анҷом додани назорати истифодаи дурусти тахфиф ва илова ба тарифҳо барои қувваи барқ ҷиҳати ҷуброни иқтидори реактивӣ дар таҷҳизоти барқии истеъмолкунандагон;

- додани иҷозат барои рухсат ҷиҳати истифодаи таҷҳизоти барқӣ ва дигар таҷҳизоти маишии барқӣ дар, биноҳои истиқоматии навсохташуда, биноҳо ва дигар манзилҳои истиқоматии кӯҳна баъди таъмири асосӣ;

- анҷом додани назорати риояи қоидаҳои истифодаи техникии таҷҳизоти истифодабарандаи гармӣ, шабакаҳои гармӣ ва қоидаҳои истифодаи энергияи гармӣ;

- додани иҷозат барои истифодаи системаҳои нави васлгардида ё аз нав сохташудаи истифодаи гармӣ;

- назорати системаи истифодаи гармии истсъмолкунандагон;

- тасдиқи стандартҳо, ҷорӣ намудани стандартҳо, қоидаҳо ва тавсеаҳои байналмилалӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сифат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- қабули қарор дар хусуси бекор кардан, таҷдиди назар намудан ё маҳдуд сохтани мӯҳлати амали ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ки хилофи талаботи стандартҳои давлатӣ мебошанд;

- нисбат ба корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо истифода бурдани чораҳои таъсиррасонии ҳукуқӣ ва иқтисодӣ оид ба натиҷахои назорати давлатӣ дар соҳаи муқаррарнамудаи фаъолият;

- тибқи тартиби муқарраргардида гузаронидани озмунҳо ва бастани қарордодҳои давлатӣ барои ҷойгиркунии фармоишҳо барои молрасонӣ, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти Вазорат, инчунин барои дигар эҳтиёҷоти давлатӣ гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- анҷом додани функсия ихтиёрдори асосӣ ва гирандаи маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои нигаҳдошти Вазорат ва иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда пешбинӣ гардидаанд;

- ташкили қабули шаҳрвандон ва тибқи тартиби муқарраргардида таъмини сари вақт баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон;

- дар доираи салоҳияти худ таъмини ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ;

- таъмини омодагирии сафарбарии Вазорат, инчунин назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти агентиҳо, корхонаҳо ва муассисаҳо оид ба омодагии сафарбарӣ, ки таҳти тобеияти Вазорат қарор доранд;

- ташкили омодагии касбии кормандони Вазорат, бозомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассус ва таҷрибаомӯзии онҳо;

- тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳо оид ба такмил, нигахдошт, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Вазорат ташаккул ёфтаанд;

- дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият анҷом додани дигар вазифаҳое, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

6. Вазорат бо мақсади татбиқи ваколат дар соҳаи мукарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ дорад:

- тибқи тартиби муқарраргардида маълумотеро, ки барои қабули қарор вобаста ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Вазорат қарордошта заруранд, дархост намояд ва ба даст орад;

- тибқи тартиби муқарраргардида барои ҳалли масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣва дигар ташкилотҳо, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;

- дар соҳаи мукарраргардидаи фаъолият мақомоти ҳамохангсоз, машваратӣ ва экспертӣ, аз ҷумла байниидоравӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо) таъсис диҳад;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар хориҷа намояндагиҳои Вазоратро таъсис диҳад;

- тибқи тартиби муқарраргардида барои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, эълонҳои расмӣ, чопи дигар мавод оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Вазорат ва хадамоти тобеъ қарордошта воситаҳои ахбори умум таъсис диҳад;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият нишонаҳои ифтихорӣ таъсис диҳад ва кормандони соҳаи мазкурро сарфароз гардонад.

7. Вазорат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, ба истисноӣ ҳолатҳои муқаррарнамудаи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, функсияи назорати фаъолияти молиявию хоҷагии мақомот, корхонаю муассисаҳои системаи Вазорат, функсияҳои идоракунии амволи давлатӣ, ки ба Вазорат таҳти идораи оперативӣ дода шудаанд, истифодаи мақсадноки воситаҳои дотатсионӣ ва хароҷоти корҳои кашфи геологӣ, инчунин воситаҳои сармоягузории асосии мутамарказро, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешаванд, анҷом медиҳад.

Ҳангоми анҷом додани танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият Вазорат ҳуқуқ надорад функсия ва ваколатҳоеро, ки қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ пешбинӣ нанамудаанд, муқаррар намояд, инчунин ҳукуқ надорад нисбат ба татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ маҳдудият муқаррар намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки имконпазирии муайян намудани чунин махдудиятҳо мутобиқи санадҳои мақомоти марказии ваколатдори ҳокимияти иҷроия мустақиман дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, конунҳои коонститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, пешбинӣ шудаанд.

III. Ташкили фаъолият

8. Вазоратро Вазир роҳбарӣ менамояд, ки тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Вазир барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

Вазир муовинон, аз ҷумла як муовини аввал дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таънн ва аз вазифа озод карда мешаванд. Шумораи муовииони Вазирро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

9. Барои ҳалли проблемаҳои нисбатан муҳим дар Вазорат дар хайати Вазир (раиси ҳайати мушовара), муовинони Вазир мувофиқи вазифа, дигар кормандони роҳбарикунандаи Вазорат ҳайати мушовара ба теъдоди 7 нафар таъсис дода мешавад. Шумораи аъзои ҳайати мушовараи Вазорат, тасдиқ ва озод намудани онҳо аз ҳайати мушовара бо пешниҳоди Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Ҳайати мушовара масъалаҳои муҳимтарини вобаста ба фаъолияти Вазоратро дар машваратҳои мунтазам гузарондааш баррасӣ менамояд. Қарори ҳайати мушовара бо протоколҳо ба расмият дароварда шуда, бо фармонҳои Вазир дар амал татбиқ карда мешаванд.

10. Воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорат аз раёсатҳо ва шӯбаҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти Вазорат иборатанд. Ба таркиби раёсатҳо шӯъбаҳо дохил карда мешаванд.

11. Вазир:

байни муовинони худ вазифаҳоро тақсим мекунад;

низомномаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорат ва мақомоти тобеи Вазоратро тасдиқ менамояд;

кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва роҳбарони мақомоти маҳаллии хадамоти тобеи Вазоратро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

роҳбарони корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазоратро тибқи тартиби муқарраргардида мувофиқа ва ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

роҳбароии намояндагиҳои Вазоратро дар хориҷа ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Вазорат ҳал менамояд;

сохтор ва ҷадвали штатии Вазоратро дар доираи фонди музди меҳпат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва сметаи хароҷоти нигаҳдошти Вазоратро дар доираи маблағгузорӣ, ки барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунад;

шумораи кормандон ва фонди музди меҳнати кормандони мақомоти тобеи Вазоратро дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сметаи хароҷотро барои нигаҳдошт дар доираи маблағгузорӣ, ки барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудаасг, тасдиқ менамояд;

оинномаҳои корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазоратро тибқи тартиби муқарраргардида мувофиқа ва тасдиқ менамояд;

нақшаи кори харсола ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти хадамоти тобеъ, инчунин ҳисобот оид ба иҷрои онҳоро тасдиқ менамояд;

ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди роҳбари хадамоти тобеи Вазорат лоиҳаҳои низомнома ва сохтор, пешниҳод оид ба шумораи ниҳоӣ ва фонди музди меҳнати кормандони онҳоро барои тасдиқ манзур медорад;

ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар қмсми таъмини молиявии фаъолияти Вазорат ва хадамоти тобеъ пешниҳод манзур медорад;

ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои моъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дар банди 5 ҳамин Низомнома зикргардидаро пешниҳод менамояд;

тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхонаю муассисаҳои давлатӣ, ки таҳти тобеияти хадамоти тобеи Вазорат қарор доранд, пешниҳод манзур медорад;

ба хадамоти тобеи Вазорат дастурҳо медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;

қарорҳои хадамоти тобеи Вазоратро, ки хилофи қонунгузорӣ мебошанд, агар қонун тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад, бекор мекунад;

ба Ҳукумати Ҷумҳурин Тоҷикистон барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбари хадамоти тобеи Вазорат пешниҳод манзур менамояд;

бо пешииҳоди роҳбари хадамоти тобеи Вазорат муовинони он ва роҳбарони мақомоти маҳаллии хадамотро ба вазифа таьин ва аз вазифа озод менамояд;

фармоишҳо мебарорад, ки дорои хусусияти меъёрӣ мебошанд ва вобаста ба масъалҳои оперативӣ ва дигар масъалаҳои ҷории Вазорат фармонҳои дорои хусусияти ғайримеъёрӣ мебарорад;

тибқи тартиби муқарраргардида кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, хадамоти тобеи Вазорат, корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорат ва дигар шахсонеро, ки дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият корҳоро анҷом медиҳанд, барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ на мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

12. Маблағгузории хароҷоти нигаҳдории дастгоҳи марказии Вазорат ва мақомоти тобеи он аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида ва тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои махсус ва фаъолияти хоҷагидорӣ анҷом дода мешавад.

13. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ, мӯҳр, бланк ва штампҳои намунаи муқарраргардида буда, аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

14. Суроғаи ҳуқуқии Вазорат: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734012, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 22 мебошад.

Замимаи 2

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 605

тасдиқ карда шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.09.2012 № 483)

Роҳбарият

Раёсати иқтисод ва дурнамо

Раёсати электроэнергетика ва манбаъҳои алтернативии энергия

Раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ

Раёсати саноати истихроҷи ангишт

Раёсати саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо

Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия

Раёсати саноати маводи сохтмон

Раёсати пилла ва саноати сабук

Раёсати саноати хӯрокворӣ

Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ

Раёсати муассисаҳои таълимӣ

Раёсати рушди илм, техника ва технология

Раёсати иҷозатномадиҳӣ

Раёсати сохтмони асосӣ

Раёсати баҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибавӣ

Раёсати ҳуқуқ, кор бо кадрҳо ва корҳои махсус

Раёсати корҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.09.2012 № 483)

Замимаи 3

бо қарори Ҳукумати

Чумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 605

тасдиқ карда шудааст

НАҚШАИ идоракунии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика

Замимаи 4

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурни Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 605

тасдиқ карда шудааст

Номгӯи корхонахо ва муассисаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи тоҷик"

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Нафтрасон"

Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикгаз"

Корхонаи воҳиди давлатии "Нафтугаз ва ангишт"

хорис карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.07 № 372)

Корхонаи воҳиди давлатии "Хӯрокворӣ"

Корхонаи воҳиди давлатии "Ғалла"

Корхонаи воҳиди давлатии "Гушту шир"

Корхонаи давлатии "Востокредмет"

Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиктекстилмаш"

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Корхонаи таҷрибавии таҷҳизоти технологии шаҳри Кӯлоб"

Корхонаи воҳиди давлатии "Заря Востока"

хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 1.08.2008 № 388)

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Трансформатор", ш. Кургонтеппа

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Чароғ" н. Ким

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Системсервис"

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Филиз"

Корхонаи муштараки Тоҷикистону-Эрон "Точирон" ш. Дангара

Корхонаи воҳиди давлатии "Садаф" ш. Хуҷанд

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Тоҷикхимпром" ш. Ёвон

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Кипр "Тоҷиказот" ш. Сарбанд

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Химзавод", ш. Исфара

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Тамохуш", ш. Исфара

хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 1.10.07 № 508)

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада "Апрелевка"

Корхонаи воҳиди давлатии "Ҷамаст"

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Британияи кабир "Заравшон"

Корхонаи воҳиди давлатии "Пилла"

Корхонаи давлатии "Қолинҳои Кӯлоб", ш. Кӯлоб

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Пойафзоли Кӯлоб"

Заводи "Пӯсти Данғара"

Ҷамъиятм саҳомии шакли кушодаи "Колинҳои Қайроққум"

Корхоиаи хизмати маишӣ "Равшан"

Корхонаи хизмати маишӣ "Сапфир"

Корхонаи хизмати маишӣ "Элегант"

Корхонаи хизмати маишӣ "Ашт"

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Зайнаббибӣ"

Муассисаи давлатии таълимӣ "Донишгоҳи технологии Тоҷикистон"

Муассисаи даплатии таълимӣ "Донишкадаи энергетикаи Тоҷикистон"

Муассисаи давлатии таълимӣ "Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон"

Муассисаи давлатии таълимӣ "Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат"

Муассисаи давлатии "Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова" дар назди Донишкадаи қӯҳию металлургии Тоҷикистон" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2008 № 278)

Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии саноат (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 30.06.07 № 372)

Мудирият оид ба назорати техиикии сохтмони НОБ-и "Сангтғда-1"

хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2008 № 277);

Муассисаи давлатии илмӣ "Пажуҳишгоҳӣ давлатии "Ғизо"

Корхонаи воҳиди давлатии "Обёрӣ" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.07 № 355)

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Ангишт" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.07 № 372);

Корхонаи воҳиди "Содирот" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.07 № 372);

Корхонаи воҳиди "Легпромконтракт" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.07 № 372).

Муассисаи "Маркази ҳамоҳангсозӣ дар вилояти Суғд" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.07 № 470);

Муассисаи "Маркази ҳамоҳангсозӣ дар вилояти Хатлон" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.07 № 470).

Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2007 № 548).

"Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2008 № 277).

Муассисаи давлатии маҷаллаи "Энергетика ва саноат" (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 29.04.2009с. № 265)

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июни соли 2007 № 372

НОМГӯИ корхонаҳои воҳиди давлатие, ки дар соҳаи нафтугаз ва ангишт фаъолият мекунанд

1. Корхонаи воҳиди давлатии "Нафтугазистеҳсолкунандаи ҷануб".

2. Корхонаи тадқиқоти геофизикӣ.

3. Корхонаи сохтмону васлкунии №1.

4. Корхонаи воҳиди "Пармакунии ҷануб".

5. Корхонаи воҳиди давлатии "Таъминоти моддию техникӣ ва соҳибкорӣ".

6. Корхонаи воҳиди "Суғднафтугаз".

7. Корхонаи хоҷагию манзилӣ.

8. Корхонаи воҳиди "Шахтаи Фон-Яғноб".

9. Корхонаи воҳиди "Зиддӣ".

10. Корхонаи воҳиди "Тошқӯтан".

11. Корхонаи воҳиди "Назар-Айлоқ".

12. Корхонаи воҳиди "Моғиён".

13. Корхонаи воҳиди "Шурообод".

14. Корхонаи воҳиди "Заводи таъмирию механикии ноҳияи Ҷаббор Расулов".

15. Корхонаи воҳиди "Борборкунию нақлиётии ноҳияи Ҷаббор Расулов".

16. Муассисаи оид ба пешгири ва барҳамдиҳии фавораҳои нафтугаз (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.07 № 372).

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 605

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.07 № 355, аз 30.06.07 № 372)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, оид ба таҳияи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ, захираҳои табиӣ, танзими саноат, саноати мудофиавӣ, техника ва технология, саноати маводи сохтмон, хӯрокворӣ ва коркард фаъолиятро анҷом медиҳад.

2. Вазорат роҳбарӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия, Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ки таҳти тобеияташ қарор дорад, корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорат, анҷом медиҳад.

3. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Низомнома ва дигар санадҳои меъёрии танзимкунандаи ташкили фаъолияти дохилӣ ва ҳамкориҳои муштараки мақомоти ваколатдорро дастури амал қарор медиҳад.

4. Вазорат фаьолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

II. ВАКОЛАТҲО

5. Вазорат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият дорои ваколатҳон зерин мебошад:

ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёриии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои, ки дар соҳаи муқарраргардидаи фаьолият таҳти салоҳияти Вазорат ва хадамоти он қарор доранд, манзур менамояд.

Тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазорат вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад:

- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масьалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти Вазорат ва хадамоти тобеи он, ба ғайр аз масъалаҳое, ки танзими ҳуқуқии онҳо мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонхои Президентн Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври истисноӣ тавассути қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд;

- таҳияи стратегияи рушди комплекси сӯзишворию энергетикӣ, саноатӣ ва саноати мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи он дар асоси барномаҳои байнидавлатӣ, давлатӣ ва соҳавӣ;

- таҳияи пешниҳодот оид ба ташаккул ва дар комплекси энергетикию саноатӣ татбиқ намудани сиёсати иқтисодӣ, инвеститсионӣ, тарифӣ, илмию техникӣ, кадрӣ ва иҷтимоӣ;

- мусоидат ба баланд бардоштани самарабахшии корҳо, рақобатпазирии маҳсулот ва хизматрасонии корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои комплекси саноатӣ дар бозори байналмилалӣ ва андешидани чораҳо оид ба ҷалби инвеститсияи хориҷӣ барои рушди соҳа;

- андешидани тадбирҳои сиёсати давлатии энергетикӣ ва саноатӣ дар соҳаи рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ бо дигар кишварҳо ва созмонхои байналмилалӣ;

- таҳия ва татбиқи консепсияхо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии комплекси энергетикию саноатӣ, иштирок дар ташаккул ва татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ ва байнисоҳавӣ;

- таҳлили маҷмӯии фаъолият ва таҳияи дурнамои рушди соҳаҳои комплекси энергетикию саноатӣ, таҳияи пешниҳодот ва татбиқи чорабиниҳо оид ба фаъолият ва рушди устувор;

- анҷом додани роҳбарии методологӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои энергетикию саноатӣ оид ба ҳимояи манфиатҳои давлат, ҳифзи сирри ҳарбӣ ва иқтисодӣ, таъминн бехатарии иншооти саноатӣ;

- дар доираи салоҳияти худ таҳияи пешниҳодот оид ба сиёсати амортизатсионӣ ва чораҳои татбиқи он;

- таҳияи пешниҳодот ҷиҳати мусоидат барои иштироки бахши хусусӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноат, дастгирии рақобат дар сохтмон, барқарорсозӣ ва истифодаи иншооти энергетикӣ ва саноатӣ;

- тибқи тартиби муқарраргардида иштирок дар раванди саҳомигардонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ, ташаккули бозори коғазҳои қиматнок, татбиқи қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муфлисшавӣ ва таҳияи чорабиниҳо ҷиҳати расонидани кӯмак ба корхонақо ва дигар ташкилотҳои комплекси энергетикию саноатӣ;

- андешидани чораҳои превентиви (пешгирикунанда) оид ба гузаронидани тадбирҳои зиддимонополӣ дар комплекси энергетикию саноатӣ ва рушди рақобати бовиҷдонона;

- тибқи тартиби муқарраргардида додани иҷозатнома ба намудҳои алоҳидаи фаъолият ва истеҳсоли маҳсулот дар комплекси энергетикию саноатӣ, назорати иҷрои шартҳои иҷозатнома;

- таҳияи пешниҳодот ҷиҳати ба консессия додани иншооти давлатин энергетикию саноатӣ ҷиҳати лоиҳакашӣ ва сохтмони иншооти энергетикию саноатӣ;

- ташкили ба таври самарабахш гузаронидани корҳои кашфи геологӣ ва кӯқкорию истифодабарӣ ҷиҳати афзоиши захираҳо оид ба истихроҷ ва коркарди ашёи пиезооптикӣ, сангҳои рангаю ороишӣ, квартсӣ ва дигар ашёи рӯйкаш, инчунин металҳои қиматбаҳо ва ранга дар доираи минтақаҳои кӯҳии ҷудошуда ва дар доираи салоҳияти худ;

- мусоидат ба ташкил ва рушди фаъолияти лизингӣ дар комплекси энергетикию саноатӣ;

- пешбурди сиёсати ягонаи илмию техникӣ дар комплекси энергетикию саноатӣ, ташкили пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва илмию техникӣ оид ба самтҳои афзалиятноки рушд ва фаъолияти он, ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои илмии энергетикию саноатӣ, ташкили корҳо оид ба таҳия ва татбиқи барномаҳои байнисоҳавии илмию техникӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ;

- роҳбарии методӣ оид ба масъалаҳои татбиқи сиёсати энергетикию саноатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- анҷом додани назорати техникии иншооти сохташавандаи сӯзишворию энергетикӣ ва саноатӣ;

- таҳия, ба мувофиқа расонидан ва тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ намудани талаботи техникӣ ва дигар талабот нисбат ба маҳсулоти саноатӣ, таҷҳизот ва маводе, ки дар комплекси саноатӣ истифода мегардад, тасдиқи меъёри хароҷоти ашё, масолеҳ, маводи такмилӣ, захираҳои энергетикӣ ва ғайра ба ҳар як воҳиди маҳсулот;

- якҷоя бо мақомоти стандартизатсия, метрология ва сертификатсия гузаронидани корҳо оид ба сертификатсияи маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонӣ, инчунин оид ба стандартизатсия ва таъмини метрологии истеҳсолот;

- дар доираи салоҳияти худ ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳо оид ба иҷрои ӯҳдадориҳо вобаста. ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба фаъолияти комплекси энергетикию саноатӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида намояндагии манфиатҳои Ҷумҳурии Хоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ;

- аиҷом додани маркетинг оид ба омӯзиши конъюктураи бозор;

- кӯмаки иттилоотию методӣ вобаста ба фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои комплекси энергетикию саноатӣ, рекламаи маҳсулот дар бозорҳои ватанӣ ва хориҷӣ;

- дар ҷумҳурӣ ва хориҷа доир намудани ярмаркаҳо, намоишгоҳҳо ва музоядаҳо, мусоидат ба рушди робитаҳои мустақими истеъмолкунандагон бо истеҳсолкунандагон;

- роҳбарии намояндагиҳои худ дар хориҷа;

- мусоидат ба таъсис ва фаъолияти гурӯҳҳои молиявию саноатӣ ва сохторҳои трансмиллӣ бо иштироки корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои комплекси энергетикию саноатӣ;

- ташкил ва амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳолатҳои фавқуладда дар комплекси энергетикию саноатӣ;

- ташкил, ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои чорабиниҳо дар комплекси энергетикию саноатӣ, ки ба татбиқи вазифаҳои мудофиаи гражданӣ, омодагии сафарбарӣ, таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва дигар иттилооти махфӣ нигаронида шудаанд;

- иштирок дар ташаккул ва дар комплекси энергетикию саноатӣ татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи тайёр кардани мутахассисон, омодасозӣ, бозомӯзй ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳо, таъмини шуғл, ҳифзи иҷтимоии кормандони комплекси энергетикию саноатӣ, ҳифзи меҳнат, рушди муносибатҳои меҳнатӣ дар асоси шарикии иҷтимоӣ ва пешгирии ихтилофоти меҳнатӣ;

- ҷамъбаст ва таҳлили иттилооти давлатӣ, оморӣ ва иттилооти молиявӣ дар комплекси энергетикию саноатӣ;

- иҷрои корҳо оид ба компютерикунонӣ, пешбурд ва ҳифзи махзани маълумот вобаста ба комплекси энергетикию саноатӣ ва реестри иттилооти субъектҳои он, ташкили таъмини иттилоотии комплекси энергетикию саноатӣ;

- муқаррар намудани шартҳои созишномаҳои дуҷониба барои корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ, ки ба номгӯи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд;

- таҳия ва таъмини татбиқи барномаҳои инвеститсионӣ, ки ба суръатбахшии рушди илмию техникӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот, паст кардани маводталабӣ на энергия талабии маҳсулот нигаронида шудаанд;

- андешидани тадбирҳо оид ба ташкили истеҳсолоти намудҳои маҳсулоти воридотивазкунанда барои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ;

- ташкили корҳо ва назорати таъмини истифодаи судманди захираҳои сузишворию энергетикӣ, ашё, маҳсулот, маводи такмилӣ, ба муомилоти хоҷагидорӣ ҷалб намудани захираҳои моддӣ ва ашёи хоми маҳаллӣ;

- тасдиқи шакл ва мундариҷаи пешниҳоди барномаҳои инвеститсионии субъектҳои монополияи табиӣ;

- таҳияи методикаи ташаккули рақамҳои назоратии воситаҳои дастгирии давлатии соҳаҳои энергетика ва саноат оид ба самтҳои маблағгузорӣ, тартиби истифодаи фондҳои эҳтиётии мутамаркази таҷдиди сохтори энергетика ва саноат, ки аз ин ҳисоб ташаккул ёфтаанд;

- тасдиқи меъёрҳои хароҷоти ниҳоии захираҳои энергетикӣ, ашё, мавод, меъёрҳои захира намудани сӯзишворӣ, меъёрҳои талафоти технологии қувваи барқ ва гармӣ, ашёи хоми карбогидридӣ;

- тасдиқи тартиби ташаккул, ҳаҷм, шакл ва мӯҳлати пешниҳоди иттилоот барои пешбурди реестри маҷмӯии иттилоотҳои комплекси саноати мудофиа, инчунин тартиби қабули қарор дар хусуси ворид намудани ташкилотҳо ба реестр ва хориҷ кардани онҳо аз реестр;

- тасдиқи номгӯи молрасонии мутақобилаи маводи махсуси такмилӣ ва захираҳои моддӣ барои таҳияи маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ ва гражданӣ дар доираи кооператсияи истеҳсолии ташкилоти давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

- татбиқи тадбирҳо оид ба ташаккул ва таъсиси истеҳсолоти маҳсулоти фармоиши мудофиавӣ;

- тасдиқи шакли реестри иншооти хоҷагии қувваи барқ, инчунин регламенти фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба дохил намудани объектҳои хоҷагии қувваи барқ ба шабакаи ягонаи миллии барқӣ;

- тасдиқи шакли реестрҳои иншооти хоҷагии генерӣ (истеҳсолкунанда);

- тасдиқи қоидаҳои баҳисобгирӣ ва истифодаи қувваи барқ ва газ;

- тасдиқи шакли реестри корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои соҳаҳои саноат;

- тасдиқи тартиби ташаккул, пешбурд ва ҳифзи микроорганизмҳои саноатӣ,

- тасдиқи дастурамал дар хусуси бақайдгирии намунаҳои маҳсулоти касбу ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки дорои хусусияти бадеӣ эътироф гардидаанд бо пешниҳодоти мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳияи пешниҳодот оид ба сиёсати сертификатсияи маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ вобаста ба воридот ва содироти онҳо;

- таҳияи пешниҳодот оид ба муқаррар намудани стандарт ва омилҳои бехатарӣ ва (ё) барои инсон бозарар ҳангоми воридоти мол, ки барои тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад ва қоидаи назорати он;

- муқаррар намудани тартиби анҷом додани назорати давлатии сифат ва безарарии молҳои истеъмолии халқ;

- ташкил ва гузаронидани корҳо оид ба сертификатсияи маҳсулот;

- тасдиқи ҳуҷҷатҳои технологии мсъёрии техникӣ оид ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ;

- санҷиш ва таҳлили иҷрои санадҳои меьёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои техникаи бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист дар корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои энергетикӣ ва саноатӣ;

- муқаррар намудани тартиби тафтиши таҷҳизоти назоратию ченкунанда, баркашанда ва дигар таҷҳизоти зарурӣ барои фаъолияги объектҳои қабул ва ҷойгиронии шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга (нуқтаҳои қабул);

- муқаррар намудани тартиби пешбурди китобҳои баҳисобгирӣ оид ба ҷамъоварии шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, инчунин шакли намунавии чунин китобҳо;

- муқаррар намудани тартиби пешниҳоди иттилоот оид ба манбаи ба даст овардани шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга аз ҷониби супорандагони чунин шикасчапораҳо (шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ), инчунин истифодаи амволи дорои чунин металлҳо;

- муқаррар намудани тартиби коркарди шикастапораҳо ва партови металлҳои қиматбаҳо, инчунин меъёрҳои иҷозатшудаи талафоти технологӣ ва партови коркард;

- муайян намудани методикаи ҳисоби тарифҳо барои қувваи барқ, гармӣ ва гази табиӣ;

- муайян намудани тартиби махдудсозӣ ва қатъ намудани истифодабарандагон аз системаи таъмииот бо энергия (қувваи барқ, газ ва гармӣ);

- пешбурди баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар соҳаи фаъолият оид ба ҷамъоварии шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга;

- анҷом додани назорати риояи тартиби аз ҳисоб баровардан ва истифодаи амволи давлатии дорои чунин металлҳо;

- анҷом додани назорати риояи меъёри супурдани шикастапораҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, ки таҳти эъломия (декларатсия) қарор намегиранд;

- анҷом додани назорати риояи меъёрҳо ва қоидаҳои эъломиякунонии супурдани шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга;

- анҷом додани назорати риояи тартиби содироти шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, инчунин металлу сангҳои қиматбаҳо;

- анҷом додани назорати риояи маҳдудиятҳои меъёрӣ ба намудҳои шикастапораҳои металл, ки аз шахсони воқеӣ қабул намудани онҳо (супорандагони шикастапора) манъ аст;

- анҷом додани назорати истифодаи амволи дорои металл ва партовҳои истеҳсолӣ, назорати фаъолияти супорандагони шикастапора ва ҷамъоварандагони шикастапора;

- анҷом додани иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба таҳия, коркард ва фурӯши шикастапора ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, назорати аз ҷониби дорандаи иҷозатнома риоя намудани шартҳои иҷозатномадиҳӣ;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва маҳсулоти спиртдор;

- анҷом додани иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти спиртдор ва аз ҷониби дорандаи иҷозатнома риоя намудани шартҳои иҷозатномадиҳӣ;

- таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба сарфаи энергия ва истифодаи манбаъҳои гайримаъмулии энергия;

- анҷом додани фаъолияти иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок ва канданиҳои фоиданоки маъмул, назорати аз ҷониби дорандаи иҷозатнома риоя намудани шартҳои иҷозатномадиҳӣ;

- анҷом додани назорати аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ риоя намудани стандартҳои муқарраргардида, меъёр ва қоидаҳои коркарди канданиҳои фоиданок ва канданиҳои фоиданоки маъмул;

- қабули меъёрҳои технологии талафот ҳангоми коркард, интиқол ва нигахдошти канданиҳои фоиданок ва канданиҳои фоиданоки маъмул;

- қабули тартиби коркарди канданиҳои фоиданок, инчунин меъёрҳои иҷозатшудаи технологии талафот ва партовҳои коркард;

- таҳияи тартиби аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ пешниҳод намудани иттилоот оид ба истихроҷи канданиҳои фоиданок ва канданиҳои фоиданоки маъмул;

- эълони тендер барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати коркарди канданиҳои фоиданок;

- якҷоя бо дигар мақомоти идораи давлатӣ таҳияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи истеҳсол, истифода ва фурӯши сангу металлҳои қиматбаҳо;

- Фонди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои дорои нишондиҳандаҳои баланд ва маҳсулоти онҳо таъмин менамояд;

- расонидани металлҳои қиматбаҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғанӣ гардондани захираи тиллою асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тибқи тартиби муқарраргардида ҳамоҳангсозии фаъолияти вобаста ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулот ва ашёи тайёр аз металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозори берунӣ;

- тасдиқи лоиҳаҳои коркарди конҳо, аз нав коркард намудани маъдан, баҳисобгирии истихроҷ ва истеҳсол дар ҳамаи давраҳои раванди технологӣ, аз ҷумла то лаҳзаи фурӯши онҳо;

- назорат ҷиҳати аз ҷониби корхонаю ташкилот ба Фонди давлатии геологӣ пешниҳод шудани ҳисобот оид ба корҳое, ки аз бақайдгирии давлатӣ гузаштаанд ва ҳисобот оид ба баланси захираҳо ва тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоб баровардани захираҳои баланси тасдиқнашудаи канданиҳои фоиданок;

- тибқи тартиби муқарраргардида назорати истифода ва ҳифзи қаъри замин;

- муайян намудани тартиби пешбурди китобҳои баҳисобгирии захираҳо ҳангоми коркарди конҳо;

- тасдиқи талафоти меъёри ва омехташавии маъдан ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданок;

- анҷом додани экспертизаи ҳатмии энергетикии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншооти сохтмон;

- анҷом додани назорати пешбурди баҳисобгирии ҳатмии захираҳои энергетикие, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ истеҳсол ва масраф шудаанд;

- анҷом додани сертификатсияи ҳатмии маҳсулоти истеъмолкунандаи энергия ва захираҳои энергетикӣ;

- анҷом додани фаъолияти иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи энергетика ва назораги аз ҷониби дорандаи иҷозатнома риоя намудани шартҳои иҷозатномадиҳӣ;

- анҷом додани назорати аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ риоя намудани стандартҳои муқарраргардида, меъёр ва қоидаҳо дар энергетика ҳангоми истеҳсол, интиқол, коркард, дигаргунсозӣ, нигаҳдошт, истифодаи захираҳои энергетикӣ ва маҳсулот, истифодаи объектҳои энергетикӣ, дастгоҳ ва таҷҳизот;

- додани иҷозат барои пайвастани барқтаъминкунии дохилии корхонаҳо, бино, иншоот ва дигар силсилаҳо ё истеҳсолоти алоҳида;

- додани иҷозат барои истифодаи таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ ё электротермикӣ;

- додани иҷозат барои дастрасӣ ба истифодаи таҷҳизоти барқии нав васлгардида (зерстансияҳо, шабакаҳо), ки транзитӣ мебошанд ё ба хати интиқоли барқи аз 35 кВ ва бештар аз он сахт васл карда шудаанд;

- додани иҷозат барои рухсат ҷиҳати истифодабарии таҷҳизоти нави барқӣ;

- анҷом додани назорати истифодаи дурусти тахфиф ва илова ба тарифҳо барои қувваи барқ ҷиҳати ҷуброни иқтидори реактивӣ дар таҷҳизоти барқии истеъмолкунандагон;

- додани иҷозат барои рухсат ҷиҳати истифодаи таҷҳизоти барқӣ ва дигар таҷҳизоти маишии барқӣ дар, биноҳои истиқоматии навсохташуда, биноҳо ва дигар манзилҳои истиқоматии кӯҳна баъди таъмири асосӣ;

- анҷом додани назорати риояи қоидаҳои истифодаи техникии таҷҳизоти истифодабарандаи гармӣ, шабакаҳои гармӣ ва қоидаҳои истифодаи энергияи гармӣ;

- додани иҷозат барои истифодаи системаҳои нави васлгардида ё аз нав сохташудаи истифодаи гармӣ;

- назорати системаи истифодаи гармии истсъмолкунандагон;

- тасдиқи стандартҳо, ҷорӣ намудани стандартҳо, қоидаҳо ва тавсеаҳои байналмилалӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сифат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- қабули қарор дар хусуси бекор кардан, таҷдиди назар намудан ё маҳдуд сохтани мӯҳлати амали ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ки хилофи талаботи стандартҳои давлатӣ мебошанд;

- нисбат ба корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо истифода бурдани чораҳои таъсиррасонии ҳукуқӣ ва иқтисодӣ оид ба натиҷахои назорати давлатӣ дар соҳаи муқаррарнамудаи фаъолият;

- тибқи тартиби муқарраргардида гузаронидани озмунҳо ва бастани қарордодҳои давлатӣ барои ҷойгиркунии фармоишҳо барои молрасонӣ, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти Вазорат, инчунин барои дигар эҳтиёҷоти давлатӣ гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- анҷом додани функсия ихтиёрдори асосӣ ва гирандаи маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои нигаҳдошти Вазорат ва иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда пешбинӣ гардидаанд;

- ташкили қабули шаҳрвандон ва тибқи тартиби муқарраргардида таъмини сари вақт баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон;

- дар доираи салоҳияти худ таъмини ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ;

- таъмини омодагирии сафарбарии Вазорат, инчунин назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти агентиҳо, корхонаҳо ва муассисаҳо оид ба омодагии сафарбарӣ, ки таҳти тобеияти Вазорат қарор доранд;

- ташкили омодагии касбии кормандони Вазорат, бозомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассус ва таҷрибаомӯзии онҳо;

- тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳо оид ба такмил, нигахдошт, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Вазорат ташаккул ёфтаанд;

- дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият анҷом додани дигар вазифаҳое, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

6. Вазорат бо мақсади татбиқи ваколат дар соҳаи мукарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ дорад:

- тибқи тартиби муқарраргардида маълумотеро, ки барои қабули қарор вобаста ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Вазорат қарордошта заруранд, дархост намояд ва ба даст орад;

- тибқи тартиби муқарраргардида барои ҳалли масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣва дигар ташкилотҳо, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;

- дар соҳаи мукарраргардидаи фаъолият мақомоти ҳамохангсоз, машваратӣ ва экспертӣ, аз ҷумла байниидоравӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо) таъсис диҳад;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар хориҷа намояндагиҳои Вазоратро таъсис диҳад;

- тибқи тартиби муқарраргардида барои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, эълонҳои расмӣ, чопи дигар мавод оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Вазорат ва хадамоти тобеъ қарордошта воситаҳои ахбори умум таъсис диҳад;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият нишонаҳои ифтихорӣ таъсис диҳад ва кормандони соҳаи мазкурро сарфароз гардонад.

7. Вазорат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, ба истисноӣ ҳолатҳои муқаррарнамудаи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, функсияи назорати фаъолияти молиявию хоҷагии мақомот, корхонаю муассисаҳои системаи Вазорат, функсияҳои идоракунии амволи давлатӣ, ки ба Вазорат таҳти идораи оперативӣ дода шудаанд, истифодаи мақсадноки воситаҳои дотатсионӣ ва хароҷоти корҳои кашфи геологӣ, инчунин воситаҳои сармоягузории асосии мутамарказро, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешаванд, анҷом медиҳад.

Ҳангоми анҷом додани танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият Вазорат ҳуқуқ надорад функсия ва ваколатҳоеро, ки қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ пешбинӣ нанамудаанд, муқаррар намояд, инчунин ҳукуқ надорад нисбат ба татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ маҳдудият муқаррар намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки имконпазирии муайян намудани чунин махдудиятҳо мутобиқи санадҳои мақомоти марказии ваколатдори ҳокимияти иҷроия мустақиман дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, конунҳои коонститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, пешбинӣ шудаанд.

III. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ

8. Вазоратро Вазир роҳбарӣ менамояд, ки тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Вазир барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

Вазир муовинон, аз ҷумла як муовини аввал дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таънн ва аз вазифа озод карда мешаванд. Шумораи муовииони Вазирро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

9. Барои ҳалли проблемаҳои нисбатан муҳим дар Вазорат дар хайати Вазир (раиси ҳайати мушовара), муовинони Вазир мувофиқи вазифа, дигар кормандони роҳбарикунандаи Вазорат ҳайати мушовара ба теъдоди 7 нафар таъсис дода мешавад. Шумораи аъзои ҳайати мушовараи Вазорат, тасдиқ ва озод намудани онҳо аз ҳайати мушовара бо пешниҳоди Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Ҳайати мушовара масъалаҳои муҳимтарини вобаста ба фаъолияти Вазоратро дар машваратҳои мунтазам гузарондааш баррасӣ менамояд. Қарори ҳайати мушовара бо протоколҳо ба расмият дароварда шуда, бо фармонҳои Вазир дар амал татбиқ карда мешаванд.

10. Воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорат аз раёсатҳо ва шӯбаҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти Вазорат иборатанд. Ба таркиби раёсатҳо шӯъбаҳо дохил карда мешаванд.

11. Вазир:

байни муовинони худ вазифаҳоро тақсим мекунад;

низомномаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорат ва мақомоти тобеи Вазоратро тасдиқ менамояд;

кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва роҳбарони мақомоти маҳаллии хадамоти тобеи Вазоратро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

роҳбарони корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазоратро тибқи тартиби муқарраргардида мувофиқа ва ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

роҳбароии намояндагиҳои Вазоратро дар хориҷа ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Вазорат ҳал менамояд;

сохтор ва ҷадвали штатии Вазоратро дар доираи фонди музди меҳпат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва сметаи хароҷоти нигаҳдошти Вазоратро дар доираи маблағгузорӣ, ки барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунад;

шумораи кормандон ва фонди музди меҳнати кормандони мақомоти тобеи Вазоратро дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сметаи хароҷотро барои нигаҳдошт дар доираи маблағгузорӣ, ки барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудаасг, тасдиқ менамояд;

оинномаҳои корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазоратро тибқи тартиби муқарраргардида мувофиқа ва тасдиқ менамояд;

нақшаи кори харсола ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти хадамоти тобеъ, инчунин ҳисобот оид ба иҷрои онҳоро тасдиқ менамояд;

ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди роҳбари хадамоти тобеи Вазорат лоиҳаҳои низомнома ва сохтор, пешниҳод оид ба шумораи ниҳоӣ ва фонди музди меҳнати кормандони онҳоро барои тасдиқ манзур медорад;

ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар қмсми таъмини молиявии фаъолияти Вазорат ва хадамоти тобеъ пешниҳод манзур медорад;

ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои моъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дар банди 5 ҳамин Низомнома зикргардидаро пешниҳод менамояд;

тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхонаю муассисаҳои давлатӣ, ки таҳти тобеияти хадамоти тобеи Вазорат қарор доранд, пешниҳод манзур медорад;

ба хадамоти тобеи Вазорат дастурҳо медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;

қарорҳои хадамоти тобеи Вазоратро, ки хилофи қонунгузорӣ мебошанд, агар қонун тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад, бекор мекунад;

ба Ҳукумати Ҷумҳурин Тоҷикистон барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбари хадамоти тобеи Вазорат пешниҳод манзур менамояд;

бо пешииҳоди роҳбари хадамоти тобеи Вазорат муовинони он ва роҳбарони мақомоти маҳаллии хадамотро ба вазифа таьин ва аз вазифа озод менамояд;

фармоишҳо мебарорад, ки дорои хусусияти меъёрӣ мебошанд ва вобаста ба масъалҳои оперативӣ ва дигар масъалаҳои ҷории Вазорат фармонҳои дорои хусусияти ғайримеъёрӣ мебарорад;

тибқи тартиби муқарраргардида кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, хадамоти тобеи Вазорат, корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорат ва дигар шахсонеро, ки дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият корҳоро анҷом медиҳанд, барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ на мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

12. Маблағтузории хароҷоти нигаҳдории дастгоҳи марказии Вазорат ва мақомоти тобеи он аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида ва тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои махсус ва фаъолияти хоҷагидорӣ анҷом дода мешавад.

13. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ, мӯҳр, бланк ва штампҳои намунаи муқарраргардида буда, аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

14. Суроғаи ҳуқуқии Вазорат: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734012, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 22 мебошад.

Замимаи 2

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 605

тасдиқ карда шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати иқтисод ва дурнамо (карори Хукумати ЧТ аз 1.10.07 № 372)

Раёсати электроэнергетика

Раёсати истихроҷи нафту газ

Раёсати саноати истихроҷи ангишт ва намудҳои алтернативии энергия

Раёсати таъминоти нафту газ

Раёсати саноати маъдани куҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо

Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия

Раёсати маводи сохтмон

Раёсати саноати сабук ва ҳунарҳои нафисаи бадеӣ халқӣ

Раёсати пилла

Раёсати саноати хурокворӣ

Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ

Раёсати муассисаҳои таълимӣ

Раёсати рушди илм, техника ва технология

Раёсати иҷозатномадиҳӣ

Раёсати сохтмони асосӣ

Раёсати муҳосиба ва ҳисоб

Раёсати корҳо

Шӯъбаи кадрҳо

Шӯъбаи ҳуқуқ

Замимаи 3

бо қарори Ҳукумати

Чумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 605

тасдиқ карда шудааст

НАҚШАИ идоракунии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика

Замимаи 4

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурни Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 605

тасдиқ карда шудааст

Номгӯи корхонахо ва муассисаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи тоҷик"

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Нафтрасон"

Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикгаз"

Корхонаи воҳиди давлатии "Нафтугаз ва ангишт"

хориҷ карда шуд (карори Хукумати ЧТ аз 1.10.07 № 372)

Корхонаи воҳиди давлатии "Хӯрокворӣ"

Корхонаи воҳиди давлатии "Ғалла"

Корхонаи воҳиди давлатии "Гушту шир"

Корхонаи давлатии "Востокредмет"

Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиктекстилмаш"

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Корхонаи таҷрибавии таҷҳизоти технологии шаҳри Кӯлоб"

Корхонаи воҳиди давлатии "Заря Востока"

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Электроника-М"

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Трансформатор", ш. Кургонтеппа

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Чароғ" н. Ким

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Системсервис"

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Филиз"

Корхонаи муштараки Тоҷикистону-Эрон "Точирон" ш. Дангара

Корхонаи воҳиди давлатии "Садаф" ш. Хуҷанд

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Тоҷикхимпром" ш. Ёвон

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Кипр "Тоҷиказот" ш. Сарбанд

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Химзавод", ш. Исфара

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Тамохуш", ш. Исфара

хорич карда шуд (карори Хукумати ЧТ аз 1.10.07 № 508)

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада "Апрелевка"

Корхонаи воҳиди давлатии "Ҷамаст"

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Британияи кабир "Заравшон"

Корхонаи воҳиди давлатии "Пилла"

Корхонаи давлатии "Қолинҳои Кӯлоб", ш. Кӯлоб

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Пойафзоли Кӯлоб"

Заводи "Пӯсти Данғара"

Ҷамъиятм саҳомии шакли кушодаи "Колинҳои Қайроққум"

Корхоиаи хизмати маишӣ "Равшан"

Корхонаи хизмати маишӣ "Сапфир"

Корхонаи хизмати маишӣ "Элегант"

Корхонаи хизмати маишӣ "Ашт"

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Зайнаббибӣ"

Муассисаи давлатии таълимӣ "Донишгоҳи технологии Тоҷикистон"

Муассисаи даплатии таълимӣ "Донишкадаи энергетикаи Тоҷикистон"

Муассисаи давлатии таълимӣ "Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон"

Муассисаи давлатии таълимӣ "Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат"

Техникуми геологӣ ва маъдани ба номи С. Юсупопа

Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии саноат (карори Хукумати ЧТ аз 30.06.07 № 372)

Мудирият оид ба назорати техиикии сохтмони НОБ-и "Сангтғда-1"

Муассисаи давлатии лоиҳакашӣ ва илмӣ-тадқиқотии "Гидроэнергопроект"

Муассисаи давлатии илмӣ "Шӯъбаи илмӣ-тадқикотии энергетикии Тоҷикистон "ТаджНИОЭ" (карори Хукумати ЧТ аз 30.06.07 № 372)

Муассисаи давлатии илмӣ "Пажуҳишгоҳӣ давлатии "Ғизо"

Корхонаи воҳиди давлатии "Обёрӣ" (карори Хукумати ЧТ аз 30.06.07 № 355)

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Ангишт" (карори Хукумати ЧТ аз 30.06.07 № 372);

Корхонаи воҳиди "Содирот" (карори Хукумати ЧТ аз 30.06.07 № 372);

Корхонаи воҳиди "Легпромконтракт" (карори Хукумати ЧТ аз 30.06.07 № 372).

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июни соли 2007 № 372

НОМГӯИ корхонаҳои воҳиди давлатие, ки дар соҳаи нафтугаз ва ангишт фаъолият мекунанд

1. Корхонаи воҳиди давлатии "Нафтугазистеҳсолкунандаи ҷануб".

2. Корхонаи тадқиқоти геофизикӣ.

3. Корхонаи сохтмону васлкунии №1.

4. Корхонаи воҳиди "Пармакунии ҷануб".

5. Корхонаи воҳиди давлатии "Таъминоти моддию техникӣ ва соҳибкорӣ".

6. Корхонаи воҳиди "Суғднафтугаз".

7. Корхонаи хоҷагию манзилӣ.

8. Корхонаи воҳиди "Шахтаи Фон-Яғноб".

9. Корхонаи воҳиди "Зиддӣ".

10. Корхонаи воҳиди "Тошқӯтан".

11. Корхонаи воҳиди "Назар-Айлоқ".

12. Корхонаи воҳиди "Моғиён".

13. Корхонаи воҳиди "Шурообод".

14. Корхонаи воҳиди "Заводи таъмирию механикии ноҳияи Ҷаббор Расулов".

15. Корхонаи воҳиди "Борборкунию нақлиётии ноҳияи Ҷаббор Расулов".

16. Муассисаи оид ба пешгири ва барҳамдиҳии фавораҳои нафтугаз (карори Хукумати ЧТ аз 30.06.07 № 372).