Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008, № 278 "Дар бораи Муассисаи давлатии Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Муассисаи давлатии Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Техникуми геологӣ ва маъдани ба номи С. Юсупова Муассисаи давлатии "Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова" дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон номида шавад.

2. Маблағгузории Муассисаи давлатии "Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова" дар назди Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон" барои соли 2008 ва солҳои минбаъда дар доираи маблағҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон пешбинишуда амалӣ карда шавад.

3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи қабули донишҷӯёни коллеҷи мазкурро барои соли таҳсили 2008-2009 ва солҳои минбаъда муқаррар намоянд.

4. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи таълимии мазкурро ҳал намояд.

5. Дар Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 605 "Дар бораи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ гардидааст, калимаҳои "Техникуми геологӣ ва маъдани ба номи С. Юсупова" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии "Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова" дар назди Донишкадаи қӯҳию металлургии Тоҷикистон" иваз карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 майи соли 2008 № 278

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственном учреждении Горного колледжа имени С. Юсуповой при Таджикском горно - металлургическом институте

В соответствии со статьей 28 Закона Республики Таджикистан "Об образовании", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Горно-геологический Техникум имени С. Юсуповой переименовать в Государственное учреждение "Горный колледж имени С. Юсуповой" при Таджикском горно-металлургическом институте.

2. Финансирование Государственного учреждения "Горного колледжа имени С. Юсуповой" при Государственном образовательном учреждение Таджикский горно-металлургический институт в 2008 году и в дальнейшем производить за счет предусмотренных средств Таджикского горно-металлургического института.

3. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан и Министерству образования Республики Таджикистан определить план приёма студентов названного колледжа на 2008-2009 учебный год и последующие годы.

4. Министерству энергетики и промышленности Республики Таджикистан в двухмесячный срок в установленном порядке решить организационно - правовые вопросы данного учебного заведения.

5. В Перечне учреждений и организаций системы Министерства энергетики и промышленности Республики Таджикистан, утвержденном постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года № 605 "О Министерстве энергетики и промышленности Республики Таджикистан", слова "Горно-геологический техникум имени С. Юсуповой" заменить словами "Государственное учреждение "Горного колледжа имени С. Юсуповой" при Таджикском горно - металлургическом институте".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                                      Эмомали Рахмон

от 30 мая 2008 года № 278

 ш. Душанбе