Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 605
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Номгӯи корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 605 "Дар бораи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, бандҳои зерин илова карда шаванд:
"Муассисаи "Маркази ҳамоҳангсозӣ дар вилояти Суғд";
"Муассисаи "Маркази ҳамоҳангсозӣ дар вилояти Хатлон".
2. Маблағгузории муассисаҳои мазкур аз ҳисоби маблағҳои махсуси Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 августи соли 2007 № 470
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года № 605
В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Перечень предприятий и учреждений системы Министерства энергетики и промышленности Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года № 605 "О Министерстве энергетики и промышленности Республики Таджикистан", дополнить абзацами следующего содержания:
"Учреждение "Центр по координации в Согдийской области;
"Учреждение "Центр по координации в Хатлонской области".
2. Финансирование вышеуказанных учреждений осуществлять из специального счета Министерства энергетики и промышленности Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 31 августа 2007 года № 470
г. Душанбе