Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 2012, № 483 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №605"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №605

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №605 "Дар бораи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар банди 2 рақами "170" ба рақами "148" иваз карда шавад;

- Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №605 тасдиқ карда шудааст, дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 12 сентябри соли 2012, № 483

ш. Душанбе

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 сентябри соли 2012, № 483

Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати иқтисод ва дурнамо

Раёсати электроэнергетика ва манбаъҳои алтернативии энергия

Раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ

Раёсати саноати истихроҷи ангишт

Раёсати саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо

Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия

Раёсати саноати маводи сохтмон

Раёсати пилла ва саноати сабук

Раёсати саноати хӯрокворӣ

Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ

Раёсати муассисаҳои таълимӣ

Раёсати рушди илм, техника ва технология

Раёсати иҷозатномадиҳӣ

Раёсати сохтмони асосӣ

Раёсати баҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибавӣ

Раёсати ҳуқуқ, кор бо кадрҳо ва корҳои махсус

Раёсати корҳо