Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № 347, аз 31.08.2012 № 473, аз 30.12.2015 № 821, аз 3.08.2016 № 344)
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, Номгӯи муассиса ва ташкилотҳои системаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3, 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 66 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (.
3. Ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад (.
4. Ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 18 адад, аз он ҷумла барои дастгоҳи марказӣ ба микдори 5 адад муқаррар карда шавад ().
5. Маблағгузории дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
6. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 7 августи соли 1997 № 349 "Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 27 декабри соли 1997 № 570 "Масъалаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 3 июни соли 2006 № 261 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 1997 № 349 "Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумхурии Тоҷикистон";
- аз 2 декабри соли 2005 № 469 "Масъалаҳои Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 3 июни соли 2006 № 270 "Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005 № 469 "Масъалаҳои Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 28 декабри соли 2006 № 604
ш. Душанбе