Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 593 "Дар бораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2007 № 556, аз 2.072008 № 320, аз 02.04.2009 № 216, аз 25.01.2010 № 14, аз 30.03.2010 № 190, аз 30.09.2010 № 467, аз 26.02.2011 № 50, аз 1.08.2011 № 382, аз 24.01.2012 № 36, аз 15.09.2012 № 496, аз 30.03.2013 № 164, аз 04.10.2013 № 456, аз 2.04.2014 № 236, аз 31.12.2014 № 792, аз 30.12.2019 № 657, аз 27.03.2021 № 92, аз 30.12.2021 №576)

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3 ва 4) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2011 № 50).

2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 227 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад, ки аз онҳо 167 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 60 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Вазорат маблағгузорӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.10.2013 № 456, аз 2.04.2014 № 236, аз 31.12.2014 № 792, аз 30.12.2019 № 657, аз 27.03.2021 № 92, аз 30.12.2021 № 576).

3. Ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 5 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовараи иборат аз 7 нафар дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2011 № 382, аз 27.03.2021 № 92).

Ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумқурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 8 адад муқаррар карда шавад.

4. Маблағгузории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006 № 190 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиқистон           Э. Раҳмонов

аз 28 декабри соли 2006 № 593

ш.Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2007 № 556, аз 2.072008 № 320, аз 02.04.2009 № 216, аз 25.01.2010 № 14, аз 30.03.2010 № 190, аз 30.09.2010 № 467, аз 26.02.2011 № 50)

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3 ва 4) (карор аз 26.02.2011 № 50).

2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 ба миқдори 113 воҳид ва дар соли 2008 ба миқдори 160 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (карори Хукумати ЧТ аз 2.11.2007 № 556, аз 2.07.2008 № 320, аз 02.04.2009 № 216, аз 25.01.2010 № 14, аз 30.03.2010 № 190, аз 26.02.2011 № 50).

З. Ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовараи иборат аз 7 нафар дошта бошад.