Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2013, № 456 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №593"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №593

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №593 "Дар бораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 167 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад, ки аз онҳо 150 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 17 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Вазорат маблағгузорӣ карда мешавад.".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Эмомалӣ Раҳмон

аз 4 октябри соли 2013, № 456

ш. Душанбе