Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 № 657 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 593"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 593

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 593 "Дар бораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақамҳои "183", "150" ва "17" мувофиқан ба рақамҳои "216", "166" ва "50" иваз карда шаванд.

2. Ба Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 593 "Дар бораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1) дар банди 1 ва тамоми матни Низомнома калимаҳои "ташкилотҳои байналмилалӣ" ба калимаҳои "созмонҳои байналмилалӣ" иваз карда шаванд;

2) бандҳои 2 ва 3 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"2. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳбарӣ мегирад.

3. Ба низоми Вазорат намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ (байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва минтақавӣ) (минбаъд - муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон), намояндагиҳо ва ташкилотҳои тобеи Вазорат, ки дар ҳудуди кишвар бо мақсади таъмини фаъолияти Вазорат таъсис дода шудаанд, инчунин муассисаҳои таълимии тобеи Вазорат дохил мешаванд.";

3) дар банди 5:

- дар сархати ҳаштум калимаҳои "намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ" ба калимаҳои "муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳо ва ташкилотҳои тобеи вазорат" иваз карда шаванд;

- аз сархати даҳум калимаҳои "қонунҳо ва дигар" хориҷ карда шаванд;

- дар сархати чордаҳум калимаи "мутобиқат" ба калимаи "мусоидат" иваз карда шавад;

4) дар банди 6:

- дар сархати сеюм калимаи "стратегияи" ба калимаи "консепсияи" иваз карда шавад;

- дар сархати даҳум калимаҳои "дар хориҷа бударо, мақомоти минтақавӣ -" ба калимаи "хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон," иваз карда шаванд;

- дар сархати дувоздаҳум калимаи "роҳбарони" ба калимаи "роҳбарияти" иваз карда шавад;

- сархати бистум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- дастгоҳи марказӣ, муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Вазорат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кадрҳо таъмин намуда, тайёр намудан, такмил додан ва баланд бардоштани дараҷаи ихтисос ва савияи кадрҳои хизмати дипломатиро ташкил менамояд;";

- дар сархати сивудуюм ва тамоми матни Низомнома калимаҳои "муассисаҳои хориҷӣ" ва "муассисаҳои хориҷиро" мувофиқан ба калимаҳои "муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро" иваз карда шаванд;

- сархати сивупанҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- дар доираи салоҳияти худ тартиби батанзимдарории муносибатҳои меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷкистонро бо намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда, инчунин дигар намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъднамояндагиҳои хориҷӣ) муқаррар мекунад;";

- дар сархати сивуҳаштум калимаи "функсияҳоеро" ба калимаи "ваколатҳоеро" иваз карда шавад;

5) дар банди 7:

- дар сархати шашум калимаи "роҳбарикунандаи" ба калимаи "ҳамоҳангсози" иваз карда шавад;

- дар сархати ҳафтум калимаҳои "тартиби муқарраргардида" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар сархати нуҳум пас аз калимаи "Тоҷикистон" калимаҳои "ва хориҷи кишвар" илова карда шаванд;

6) дар банди 8:

- дар ҷумлаи якум калимаҳои "сафоратҳо, намояндагиҳо, консулгариҳо ва дигар мақомотҳои тобеи онро" ба калимаҳои "муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои Вазорат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро" иваз карда шаванд;

- дар ҷумлаи дуюм калимаи "озмунҳо" ба калимаи "тендерҳо" иваз карда шавад;

7) ҷумлаи дуюми банди 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Ҳангоми танзими ҳуқуқии фаъолият Вазорат ҳуқуқ надорад вазифаҳо ва ваколатҳоеро муқаррар намояд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ накардаанд, инчунин ҳуқуқ надорад нисбат ба татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ маҳдудият муқаррар намояд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.";

8) дар банди 13:

- дар ҷумлаи дуюм калимаҳои "давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият" ба калимаҳои "хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар ҷумлаи сеюм калимаи "аввал" ба калимаи "якум" иваз карда шавад;

9) дар банди 15:

- дар сархати дуюм калимаҳои "фармонҳо, амрҳо" ба калимаи "фармоишҳо" иваз карда шуда, калимаҳои "мақомоти намояндагии минтақавии" ба калимаи "намояндагиҳои" иваз карда шаванд;

- дар сархати шашум калимаи "дошта" ба калимаи "доранд" иваз карда шавад;

- дар сархати нуҳум калимаҳои "ҷудонамуда тасдиқ" ба калимаҳои "ҷудонамуда барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод" иваз карда шаванд;

- дар сархати дувоздаҳум калимаи "вобаста" ба калимаи "атташе" иваз карда шавад;

10) дар банди 16 калимаи "аввал" ба калимаи "якум" иваз карда шавад;

11) дар сархати чоруми банди 17 калимаҳои "аз рӯи қоида, бо фармони Вазир татбиқ" ба калимаҳои "бо фармоиши вазир тасдиқ" иваз карда шаванд;

12) дар банди 20 калимаи "мақомотҳое" ба калимаи "сохторҳое" иваз карда шавад;

13) банди 22(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"22(1). Тартиби фаъолият ва дигар масъалаҳо вобаста ба муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.".

3. Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №593 "Дар бораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудаанд, дар таҳрири нав тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

4. Дар Нақшаи идоракунии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 593 "Дар бораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, калимаҳои "ташкилотҳои байналмилалӣ" ба калимаҳои "созмонҳои байналмилалӣ" иваз карда, калимаҳои "Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатӣ "Тоҷикдипсервис"" хориҷ карда шаванд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 30 декабри соли 2019 № 657

ш.Душанбе

 

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" декабри соли 2019, № 657

тасдиқ шудааст

 

Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Гурӯҳи сафирони супоришҳои махсус

Сарраёсати консулӣ

Раёсати кадрҳо

Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америка

Раёсати кишварҳои Ховари Миёна ва Африқо

Раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором

Раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Раёсати тадқиқоти стратегӣ

Раёсати созмонҳои байналмилалӣ

Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ

Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқӣ

Раёсати ташрифоти давлатӣ

Раёсати иттилоот ва матбуот

Раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ

Раёсати молиявӣ

Раёсати корҳо

Котиботи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шуъбаи комиссияи миллии ЮНЕСКО

Шуъбаи ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ

Шуъбаи Созмони ҳамкории Шанхай

Шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ

Шуъбаи тарҷума

Шуъбаи сохтмон

 

Эзоҳ: Воҳидҳои кории шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, шуъбаи тарҷума ва шуъбаи сохтмон ба ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ дохил мешаванд.

 

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" декабри соли 2019, № 657

тасдиқ шудааст

 

Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатии "Тоҷикдипсервис"

Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе"

Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хизмати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии маҷаллаи "Сиёсати хориҷӣ"

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №593

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. В пункте 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №593 "О Министерстве иностранных дел Республики Таджикистан" цифры "183", "150" и "17" соответственно заменить цифрами "216", "166" и "50".

2. Внести в Положение Министерства иностранных дел Республики Таджикистан, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №593 "О Министерстве иностранных дел Республики Таджикистан", следующие изменения:

1) пункты 2 и 3 изложить в следующей редакции:

"2. В своей деятельности Министерство руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, настоящим Положением, другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, а также международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан,

3. В систему Министерства входят дипломатические представительства и консульские учреждения Республики Таджикистан в иностранных государств, представительства Республики Таджикистан при международных (межгосударственных, межправительственных и региональных) организациях (далее - заграничные учреждения Республики Таджикистан), представительства и учреждения, подведомственные Министерству, созданные с целью обеспечения деятельности Министерства на территории страны, а также образовательные учреждения.";

2) в пункте 5:

- в восьмом абзаце слова "дипломатических и консульских представительств за рубежом и представительств Республики Таджикистан при международных и региональных организациях" заменить словами "заграничные учреждения Республики Таджикистан, представительства и учреждения, подведомственные Министерству";

- в десятом абзаце слова "законов и других нормативных" заменить словами "нормативных правовых";

3) в пункте 6:

- в третьем абзаце слово "стратегию" заменить словом "Концепцию";

- в десятом абзаце слова "территориальных органов исключить -";

- в двенадцатом абзаце слово "руководителей" заменить словом "руководства";

- из двадцатого абзаца слова "организаций, находящихся в ведении Министерства," исключить;

- во всем тексте Положения слова "загранучреждений", "загранучреждения" и "загранучреждениях" заменить соответственно словами "заграничных учреждений Республики Таджикистан", "заграничные учреждения Республики Таджикистан" и "заграничных учреждениях Республики Таджикистан".

- дополнить тридцать пятым абзацем следующего содержания:

"- в пределах своей компетенции устанавливает порядок регулирования трудовых отношений граждан Республики Таджикистан с дипломатическими представительствами, консульскими учреждениями, представительствами международных организаций, приравненных к ним, а также другими представительствами международных организаций, общественными объединениями иностранных государств в Республике Таджикистан (далее - иностранные представительства);";

- в абзаце тридцать восьмом слово "функции" заменить словом "полномочия";

4) в пункте 7:

- в седьмом абзаце слова "установленному порядку" заменить словами "нормативным правовым актам и направлению внешней политики Республики Таджикистан,";

- в восьмом абзаце слово "организаций" заменить словом "учреждений";

- девятый абзац после слова "Таджикистан" дополнить словами "и за рубежом";

5) в пункте 8:

- в первом предложении слова "посольств, постоянных представительств, консульств и других подведомственных органов" заменить словами "заграничные учреждения Республики Таджикистан и представительств Министерства на территории Республики Таджикистан";

- во втором предложении слово "конкурсы" заменить словом "тендеры"; .

6) второе предложение пункта 12 изложить в следующей редакции:

"При регулировании правовой деятельности Министерство не имеет право устанавливать задачи и полномочии, не предусмотренные нормативными правовым актами для органов государственной власти, а также устанавливать ограничения на права и свободы граждан, права негосударственных коммерческих и некоммерческих организаций, кроме случаев, предусмотренных Конституцией и другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.";

7) в пункте 13:

- во втором предложении слова "государственной политики в установленной сфере деятельности" заменить словами "внешней политики Республики Таджикистан";

8) в пункте 15:

- из второго абзаца слова "приказы" и "территориальных органов -" исключить;

- в девятом абзаце слово "утверждает" заменить словами "представляет на утверждение Правительства Республики Таджикистан";

9) в четвертом абзаце пункта 17 слова "проводятся в жизнь, как правило, приказами Министра" заменить словами "утверждаются распоряжением Министра";

10) в пункте 20 слово "органов" заменить словом "структур";

11) дополнить Положение пунктом 22(1) следующего содержания:

"22(1). Порядок деятельности и другие вопросы относительно загранучреждений Республики Таджикистан определяются Правительством Республики Таджикистан.".

3. Утвердить в новой редакции Структуру центрального аппарата Министерства иностранных дел Республики Таджикистан и Перечень организаций системы Министерства иностранных дел Республики Таджикистан, утвержденные, постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №593 "О Министерстве иностранных дел Республики Таджикистан" (приложения 1 и 2).

4. Из Схемы управления Министерства иностранных дел Республики Таджикистан, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №593, "О Министерстве иностранных дел Республики Таджикистан", слова "Государственное унитарное предприятие по обслуживанию дипломатического корпуса "Точикдипсервис" исключить.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе, 

от 30 декабря 2019 года, №657 

Приложение 1

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 декабря 2019 года, №657

Структура центрального аппарата Министерства иностранных дел Республики Таджикистан

 Руководство

Группа послов по особым поручениям

Главное консульское управление

Управление кадров

Управление стран Европы и Америки 

Управление стран Ближнего Востока и Африки

Управление стран Азии и Океании

Управление стран Содружества Независимых Государств

Управление стратегических исследований

Управление международных организаций

Управление внешнеэкономического сотрудничества

Договорно-правовое управление

Управление государственного протокола

Управление информации и печати

Управление общей информации и дипломатической связи Финансовое управление

Управление делами

Секретариат Министерства иностранных дел Республики Таджикистан

Отдел национальной комиссии ЮНЕСКО

Отдел по разрешению территориальных и пограничных вопросов

Отдел Шанхайской организации сотрудничества

Отдел информационно-коммуникационных технологий

Отдел переводов

Отдел строительства

Примечание: Штатные единицы отдела информационно-коммуникационных технологий, отдела переводов и отдела строительства входят в технический и обслуживающий персонал.

Приложение 2

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 декабря 2019 года, №657

Перечень организаций системы Министерства иностранных дел Республики Таджикистан

 Государственное унитарное предприятие по обслуживанию дипломатического корпуса "Точикдипсервис"

Государственное образовательное учреждение "Международная школа в городе Душанбе"

Центр повышения квалификации и переподготовки сотрудников дипломатической службы Министерства иностранных дел Республики Таджикистан

Государственное учреждение журнал "Сиёсати хоричи"