Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 593 "Дар бораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2007 № 556, аз 2.072008 № 320, аз 02.04.2009 № 216, аз 25.01.2010 № 14, аз 30.03.2010 № 190, аз 30.09.2010 № 467, аз 26.02.2011 № 50, аз 1.08.2011 № 382, аз 24.01.2012 № 36, аз 15.09.2012 № 496, аз 30.03.2013 № 164, аз 04.10.2013 № 456, аз 2.04.2014 № 236, аз 31.12.2014 № 792, аз 30.12.2019 № 657, аз 27.03.2021 № 92, аз 30.12.2021 №576, аз 23.04.2026 № 208)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2007 № 556, аз 2.072008 № 320, аз 02.04.2009 № 216, аз 25.01.2010 № 14, аз 30.03.2010 № 190, аз 30.09.2010 № 467, аз 26.02.2011 № 50, аз 1.08.2011 № 382, аз 24.01.2012 № 36, аз 15.09.2012 № 496, аз 30.03.2013 № 164, аз 04.10.2013 № 456, аз 2.04.2014 № 236, аз 31.12.2014 № 792, аз 30.12.2019 № 657, аз 27.03.2021 № 92, аз 30.12.2021 №576, аз 23.04.2026 № 208)

 

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3 ва 4) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2011 № 50).

2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 228 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад, ки аз онҳо 168 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 60 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Вазорат маблағгузорӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.10.2013 № 456, аз 2.04.2014 № 236, аз 31.12.2014 № 792, аз 30.12.2019 № 657, аз 27.03.2021 № 92, аз 30.12.2021 № 576, аз 23.04.2026 № 208).

3. Ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 6 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовараи иборат аз 7 нафар дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2011 № 382, аз 27.03.2021 № 92, аз 23.04.2026 № 208).

Ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумқурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 8 адад муқаррар карда шавад.

4. Маблағгузории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006 № 190 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиқистон           Э. Раҳмонов

Раиси

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Министерстве иностранных дел Республики Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 2.11.2007г.№556, от 2.07.2008г.№320, от 2.04.2009г.№216, от 25.01.2010г.№14, от 30.03.2010г. №190 ,от 26.02.2011г. №50, от 01.08.2011г.№382, от 24.01.2012г.№36,от 15.09.2012г.№496, от 30.03.2013г. № 164, от 04.10.2013г.№456, от 02.04.2014г.№236, от 31.12.2014г.№ 792, от 30.12.2019г.№657, от 27.03.2021г.№92, от 30.12.2021 №576, от 23.04.2026 №208)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 2.11.2007г.№556, от 2.07.2008г.№320, от 2.04.2009г.№216, от 25.01.2010г.№14, от 30.03.2010г. №190 ,от 26.02.2011г. №50, от 01.08.2011г.№382, от 24.01.2012г.№36,от 15.09.2012г.№496, от 30.03.2013г. № 164, от 04.10.2013г.№456, от 02.04.2014г.№236, от 31.12.2014г.№ 792, от 30.12.2019г.№657, от 27.03.2021г.№92, от 30.12.2021 №576, от 23.04.2026 №208)

В соответствии со статей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан и в целях реализации Указа Президента Республики Таджикистан от 30 ноября 2006 года №9 "О реформировании структур центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Положение, Структуру центрального аппарата и Схему управления и Перечень организаций системы Министерства иностранных дел Республики Таджикистан (приложения 1, 2, 3 и 4)(в редакции постановления Правительства РТ от 26.02.2011г. №50).

 2. Установить  предельную  численность  сотрудников  центрального аппарата Министерства иностранных дел    Республики      Таджикистан в количестве 228 единиц (без обслуживающего персонала),   из которых 168 единиц финансируется за счет республиканского бюджета  и 60 единиц  за счет специальных   средств   Министерства ( в редакции   постановления Правительства РТ от 4.10.2013г. №456, от 02.04.2014г. №236, от 31.12.2014г. № 792, от 30.12.2019г.№657 , от 27.03.2021г.№92, от 30.12.2021 №576, от 23.04.2026 №208).

3. Разрешить Министерству иностранных дел Республики Таджикистан иметь 6 заместителей Министра, в том числе одного первого заместителя и коллегию в составе 7 человек (в редакции Постановления Правительства РТ от 01.08.2011г. №382 от 27.03.2021г.№92, от 23.04.2026 №208).

Установить для Министерства иностранных дел Республики Таджикистан лимит служебных легковых автомобилей в количестве 8 единиц.

4. Финансирование Министерства иностранных дел Республики Таджикистан обеспечить за счет средств республиканского бюджета.

5. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2006 года № 190 "Об утверждении Положения о Министерстве иностранных дел Республики Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                   Э. Рахмонов

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                   Э. Рахмонов

...