Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2006, № 62 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ расонидани хизматҳои машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд"

Санаи амалкуни: 05.11.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ расонидани хизматҳои машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 366, аз 01.03.2012 № 111, аз 05.11.2014 № 707)

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" ва бо мақсади ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ расонидани хизматҳои машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд)(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 366, аз 01.03.2012 № 111, аз 05.11.2014 № 707).

2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 1995 № 559 "Дар бораи таъсис намудани ҷойҳои кории иловагӣ ва ко

рхонаҳои хурд дар назди мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон            Э. Раҳмонов

аз 31 январи соли 2006 № 62

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Правил предоставления консультационных услуг и финансовой помощи безработным и трудовым мигрантам, вернувшимся на родину гражданам, желающим заниматься предпринимательской деятельностью со стороны государственных органов занятости населения

(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.06.2007г.№366, от 01.03.2012г.№111, от 05.11.2014г. № 707)

В соответствии со статьей 23 Закона Республики Таджикистан "О содействии занятости населения" и с целью социальной защиты безработных граждан, желающих заниматься предпринимательской деятельностью, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Правила предоставления консультационных услуг и финансовой помощи безработным и трудовым мигрантам, вернувшимся на родину гражданам со стороны труда и  органов занятости населения (в редакции Постановления Правительства РТ от 30.06.2007г.№366, 01.03.2012г.№111: от 05.11.2014г. №707) (прилагаются).

2. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 4 сентября 1995 года № 559 "О создании дополнительных рабочих мест и малых предприятий при органах по труду и занятости населения республики".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                Э. Рахмонов

от 31 января 2006 года №62

 ш. Душанбе