Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2005, № 125 "Дар бораи чораҳои тезонидани рафти реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон"

Санаи амалкуни: 28.12.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи чораҳои тезонидани рафти реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 590)

Бо мақсади иҷрои Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон, рафъи камбудиҳо дар фаъолияти онҳо ва баланд бардоштани самараи истеҳсолот, мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Комиссия оид ба масъалаҳои реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон аз рӯи вазифа мувофиқи замимаи 1 ташкил карда шавад.

2. Низомномаи Комиссия оид ба масъалаҳои реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон ва Дастурамали тартиби гузаронидани реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон мувофиқи замимаҳои 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.

3. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири нимсолаи аввали соли 2005 нақшаҳои инфиродии реструктуризатсияи корхонаҳои худро тайёр намуда ба баррасии Комиссияи мазкур пешниҳод намоянд.(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 590)

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 2 апрели соли 2005 № 125

ш. Душанбе

Замимаи1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 апрели с. 2005 № 125

Ҳайати Комиссия оид ба масъалаҳои реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Комиссия;

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Раиси Комиссия.(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 590)

Аъзои Комиссия:

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;