ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи чораҳои тезонидани рафти реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 590)
Бо мақсади иҷрои Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон, рафъи камбудиҳо дар фаъолияти онҳо ва баланд бардоштани самараи истеҳсолот, мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Комиссия оид ба масъалаҳои реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон аз рӯи вазифа мувофиқи замимаи 1 ташкил карда шавад.
2. Низомномаи Комиссия оид ба масъалаҳои реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон ва Дастурамали тартиби гузаронидани реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон мувофиқи замимаҳои 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
3. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири нимсолаи аввали соли 2005 нақшаҳои инфиродии реструктуризатсияи корхонаҳои худро тайёр намуда ба баррасии Комиссияи мазкур пешниҳод намоянд
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 апрели соли 2005 № 125
ш. Душанбе
Замимаи1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 апрели с. 2005 № 125
Ҳайати Комиссия оид ба масъалаҳои реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Комиссия;
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Раиси Комиссия
Аъзои Комиссия:
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О мерах по ускорению процесса реструктуризации субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий
(в редакции Постановления Правительства РТ от 28.12.2006г.№590)
В целях выполнения Стратегического плана приватизации средних и крупных предприятий и реструктуризации субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий, устранения недостатков в их деятельности и повышения эффективности производства и в соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Образовать Комиссию по вопросам реструктуризации субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий по должности согласно приложения 1.
2. Утвердить Положение о комиссии по вопросам реструктуризации субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий и Инструкцию о порядке проведения реструктуризации субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий согласно приложениям 2 и 3.
3. Министерству энергетики и промышленности Республики Таджикистан, Министерству транспорта и коммуникации Республики Таджикистан, субъектам естественных монополий и особо крупным предприятиям совместно с Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан до конца первого полугодия 2005 года подготовить индивидуальные планы реструктуризации своих предприятий и представить на рассмотрение данной Комиссии
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 2 апреля 2005 года № 125
г. Душанбе
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от 2 апреля 2005 года №125
Состав Комиссии по вопросам реструктуризации субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий
Заместитель Премьер-министра Республики Таджикистан - Председатель комиссии;
Председатель Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистанзаместитель Председателя комиссии.
Члены Комиссии:
Министр экономического развития и торговли Республики Таджикистан;
Министр финансов Республики Таджикистан;
Министр юстиции Республики Таджикистан;
Министр энергетики и промышленности Республики Таджикистан;
Министр транспорта и коммуникаций Республики Таджикистан;