Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 апрели соли 2005 № 125
Дастурамали тартиби гузаронидани реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон
I. Муқаррароти умумӣ
Дастурамали мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 № 486 "Дар бораи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёна ва калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2007" таҳия шудааст ва барои дуруст муайян намудан ва баҳодиҳии:
- асосҳои гузаронидани реструктуризатсия;
- асосҳои ҳуқуқии он;
- ташхиси ҳаматарафаи корхонаҳо;
- механизмҳои реструктуризатсия;
- давраҳо ва мӯҳлатҳои гузаронидани реструктуризатсия мусоидат менамояд.
II. Заминаҳо ва равияҳои реструктуризатсия
1. Реструктуризатсия бинобар заруриятҳои объективи, ки бо пастравии самаранокии истеҳсолот, носолимии ҳолати молияви-иқтисодии корхона ва пайдошавии элементҳои муфлисшавии он ё худ бо сабаби васеъ кардани фаъолият, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулот, ишғоли бозорҳои нав ва васеъ кардани бозорҳои мавҷудаи маҳсулот алоқаманд аст, гузаронида мешавад ва ду равия дорад.
2. Реструктуризатсияи стратегии корпоративи ба баланд бардоштани самаранокии фаъолият равона мешавад ва бо тараққиёти корхонаи амалкунанда, зиёд кардани сармояи худи ва беҳтар сохтани сохтори ташкили алоқаманд аст.
3. Реструктуризатсияи корхона дар шароити бӯҳрони, ки зуҳуроти ниҳоии он таъмин карда натавонистани талаботи кредиторҳо ва ё худ муфлисшавии корхона мебошад.
4. Маблағгузории лоиҳаи реструктуризатсия, зеро татбиқи он сармоягузории муайянеро талаб мекунад.
5. Дар ҳолатҳои зарури яке аз заминаҳои реструктуризатсия ба он ҷалб намудани машваратчиёни хориҷи (ки дорои ,асбобҳои зарури,-и дахлдоранд) аз ҳисоби грантҳо ё маблағи корхонаҳо мебошад.
III. Асосҳои ҳуқуқии реструктуризатсия
6. Дар вақти тайёр намудани қарорҳо оид ба реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон бояд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳуқуқҳо ва вазифаҳои корхонаҳо, мақомоти роҳбарикунандаи давлати, коллективҳои меҳнати ва кормандон, инчунин ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманданд, риоя карда шаванд.
7. Қарорҳои Комиссия оид ба масъалаҳои реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон, ки ба шакли протоколҳои ҷаласаҳои он тартиб меёбанд, барои иҷро аз тарафи тамоми мақомоти роҳбарикунандаи давлати ва корхонаҳои реструктуризатсияшаванда ҳатми мебошанд.
IV. Ташхиси корхонаҳо
8. Мақсади ташхиси корхонаҳо муайян намудани ҳолати бизнеси корхона ва таҳияи бизнес-нақшаҳо мебошад. Ташхиси комплексии корхонаҳо чунин таҳлилҳоро дар бар мегирад: ҳолати мавҷуда, ташкили-идорави, молияви-иқтисоди, истеҳсоли-хоҷагидори ва иқтидори кадрҳо.
9. Субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон, ки ба замимаи 3-и Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёна ва калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон дохил гардидаанд, аз рӯи талаби Комиссияи оид ба масъалаҳои реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон бояд чунин маълумотҳоро пешниҳод намоянд:
- оид ба ҳолат ва сохтори воситаҳои асоси, дараҷаи хӯрдашавии моддии фондҳои асоси, инчунин дараҷаи хӯрдашавии маънавии онҳо;
- оид ба активҳои истеҳсолии зиёдати бо асоснок кардани ба мақсад мувофиқ будан ё набудани бегонасозии онҳо;
- оид ба активҳои ғайримоддии корхона;
- оид ба объектҳои инфраструктураи иҷтимои (боғчаи бачагон, табобатгоҳҳо, нуқтаҳои хӯрок, хонаҳои истироҳат, лагерҳои тобистона, варзишгоҳҳо, объектҳои коммунали, мағозаҳо ва ғайра) ва дар хусуси ҷоиз ё ноҷоиз будани бегонасозии онҳо;
- оид ба маҳсулоти истеҳсолшаванда аз рӯи навъҳо, миқдор ва сифат ва имконоти беҳтар кардани он;
- оид ба бозори фурӯши маҳсулот, ҳаҷми он, харидорони асоси (яклухт ва чакана);
- оид ба рақобаткунандагони бевосита ва бавосита;
- оид ба таҳвилгарон ва ҳаҷми ашёи таҳвилшаванда, механизми интиқоли он, инчунин нархҳо ва тарифҳои онҳо дар се соли охир, дар бораи қарзҳо дар назди таҳвилгарон ва миқдори истифодаи қувваи барқ;
- оид ба сохтори мақомоти идора, ҳайати роҳбарикунандаи он, вазифаҳои шӯъбаҳои гуногун ва баҳодиҳии иҷрои вазифа аз тарафи онҳо;
- оид ба тағйироти шуғли кормандон дар муддати се соли охир аз рӯи категорияи кормандон;
- оид ба ҳолати моливи-иқтисодии корхона дар се соли ба анҷом расидаи молияви бо пешниҳоди балансҳо.
Дар ҳолати зарури Комиссия оид ба масъалаҳои реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон метавонад аз корхонаҳо дигар маълумотҳоро оид ба дигар тарафҳои фаъолияти онҳо талаб намояд.
10. Баҳодиҳии арзиши амволи корхона аз рӯи методҳои гуногун (аз ҷумла, байналмилали) ва намудҳои баҳодиҳии арзиш гузаронида мешавад.
V. Механизми гузаронидани реструктуризатсия
11. Механизмҳои аз ҳама маъмули гузаронидани реструктуризатсия инҳо мебошанд:
- барҳамдиҳии истеҳсолоти бесамар;
- озод кардани корхона аз нигоҳ доштани объектҳои иҷтимои ва соҳаи ғайриистеҳсоли;
- тақсим намудани комплекси амвол ба корхонаҳои алоҳида, ташкили фаръҳо ва ҷамъиятҳои тобеъ;
- фурӯш, ба иҷора додан, ба гарав мондан ва ихтисор кардани активҳои истифоданашаванда;
хобондани истеҳсолоти нотамом, амволи захирави ва дигар амвол, ройгон додани он ба моликияти давлати ва мунисипали;
- аз нав баҳодиҳии воситаҳои асоси;
- харидори намудан, иҷора ва лизинги таҷҳизоти нав ва сифатан баланд;
- кам кардани захираҳо дар анборҳо, фурӯш ва ба иҷора додани биноҳои истифоданашаванда;
- назорати қатъи аз рӯи баргардонидани қарзҳои дебитори;
- фурӯш, ба гарав додан ва ба роҳбарии боваринок додани маблағҳои молияви;
- додани корхона ба консессия;
- додани корхона ба идораи беруна.
VI. Давраҳо ва мӯҳлатҳои гузаронидани реструктуризатсия
12. Аз рӯи ҳар яке аз субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон давраҳо ва мӯҳлатҳои гузаронидани реструктуризатсия аз тарафи Комиссия оид ба масъалаҳои реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон алоҳида муайян карда мешаванд.
Инструкция о порядке проведения реструктуризации субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий
I. Общие положения
Настоящая инструкция разработана в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О приватизации государственной собственности в Республике Таджикистан" и Постановлением Правительства Республики Таджикистан от 7 ноября 2003 года, №486 "О Стратегическом плане приватизации средних и крупных предприятий и реструктуризации субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий на 2003-2007 годы" и призван способствовать правильному определению и оценке:
- предпосылок реструктуризации;
- правовых ее основ;
- диагностики предприятий;
- механизмов реструктуризации;
- этапов и сроков проведения реструктуризации.
II. Предпосылки и направления реструктуризации
1. Реструктуризация проводиться из-за необходимости объективных обстоятельств, связанных со снижением эффективности производства, ухудшением финансово-экономического состояния предприятий и появлением элементов несостоятельности или в связи с диверсификации деятельности, повышения конкурентоспособности продукции, завоевания новых и расширения имеющихся рынков и имеет два направления.
2. Корпоративная стратегическая реструктуризация направлена на повышение эффективности функционирования и связана с развитием действующего предприятия, включая увеличение стоимости собственного капитала и оптимизации организационной структуры.
3. Реструктуризация предприятия в кризисных условиях, крайним проявлением которых является неудовлетворение требований кредиторов или банкротство предприятия.
4. Финансирование проекта реструктуризации, ибо её реализация требует существенных инвестиций.
5. При необходимости важной предпосылкой реструктуризации является привлечение иностранных консультантов (которые располагают соответствующим "инструментальным ящиком") за счет средств грантов или средств предприятий.
III. Правовые основы реструктуризации
6. При подготовке решений о реструктуризации субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий должно быть соблюдено законодательство Республики Таджикистан, связанное с правами и обязанностями предприятий, органов государственного управления, трудовых коллективов и работников, а также международные обязательства Республики Таджикистан.
7. Решения Комиссии по вопросам реструктуризации субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий, оформленные в виде протоколов её заседаний, являются обязательными для выполнения всеми органами государственного управления и реструктуризуемыми предприятиями.
IV. Диагностика предприятий
8. Целью диагностики предприятий является формирование целостной картины бизнеса предприятия и разработки бизнес-планов. Комплексная диагностика предприятий включает в себя анализы: ситуационный, организационно-управленческий, финансово-экономический, производственно-хозяйственный и кадрового потенциала.
9. Субъекты естественных монополий и особо крупные предприятия, включенные в приложении 3 Стратегического плана приватизации средних и крупных предприятий и реструктуризации субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий, по требованию Комиссии по вопросам реструктуризации субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий обязаны представить следующие сведения:
- о состоянии и структуре основных средств, размеров физического износа по основным фондам, а также степень морального их износа;
- об излишках производственных активов с обоснованием рациональности или нерациональности их отчуждения;
- о нематериальных активах предприятия;
- об объектах социальной инфраструктуры (детским садам, поликлиникам, столовым, жилым домам, домам отдыха, дачам, летним лагерям, спортивным сооружениям, коммунальным объектам, магазинам и т.д.) и о правомерности или неправомерности их отчуждения;
- о производимой продукции по ассортиментам, количеству и качеству и потенциальных возможностях улучшения;
- о рынке сбыта продукции, его емкости, об основных покупателях (оптовых и розничных);
- о конкурентах прямых и косвенных;
- о поставщиках и объемах поставляемого сырья, механизме его транспортировки, при этом указываются цены и тарифы на них за последние три года, о долгах перед поставщиками и о количестве потребляемой электроэнергии;
- о структуре органов управления, его руководящем составе, функции различных подразделений и оценке выполнения ими своих обязанностей;
- динамике занятости работающих за последние три года по категориям работающих;
- о финансово-экономическом состоянии предприятия за три последних завершенных финансовых года с предоставлением балансов.
При необходимости Комиссия по вопросам реструктуризации субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий может затребовать у предприятий и другие сведения, касающиеся иных сторон их деятельности.
10. Оценка стоимости имущества предприятия производится по различным методам (в том числе международным) и видам оценочной стоимости.
V. Механизмы проведения реструктуризации
11. Наиболее широко используемыми механизмами проведения реструктуризации являются:
- ликвидация нерентабельных производств;
- освобождение предприятия от содержания объектов социальной и непроизводственной сфер;
- дробление имущественного комплекса на отдельные предприятия, создание дочерних и зависимых обществ;
- продажа, сдача в аренду, передача в залог и списание неиспользуемых активов;
- консервация незавершенного производства, мобилизационного и другого имущества, безвозмездная передача его в государственную и муниципальную собственность;
- переоценка основных средств;
- приобретение, аренда, лизинг нового, высококачественного оборудования;
- снижение запасов на складах, продажа, сдача в аренду неиспользуемых помещений;
- ужесточение контроля за возвратом дебиторской задолженности;
- продажа, залог, передача в доверительное управление финансовых вложений;
- передача предприятия в концессию;
- передача предприятия во внешнее управление.
VI. Этапы и сроки проведения реструктуризации
12. По каждому из субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий этапы и сроки проведения реструктуризации определяются Комиссией по вопросам реструктуризации субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий по реструктуризации отдельно.