Низомномаи Комиссия оид ба масъалаҳои реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон аз 2 апрели соли 2005, № 125

Санаи амалкуни: 28.12.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 апрели с. 2005 № 125

Низомномаи Комиссия оид ба масъалаҳои реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 590)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Комиссия оид ба масъалаҳои реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон (минбаъд Комиссия) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст ва дар фаъолияти худ ба ӯ тобеъ мебошад.

2. Қарорҳои Комиссия, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меёрию ҳуқуқи ва Низомномаи мазкур қабул карда мешаванд, барои иҷро аз тарафи тамоми мақомоти ҳокимияти иҷроия ва субъектҳои хоҷагидори, сарфи назар аз шакли моликият ва таъиноти идоравиашон ҳатми мебошад.

Дар ҳолати норозиги бо қарори Комиссия иҷрокунандагон ҳақ доранд, ки дар мӯҳлати даҳрӯза ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кунанд, ки хулосаи он дар масъалаи баҳсталаб охирин аст.

II. Мақсад ва вазифаҳои Комиссия

3. Мақсадҳои фаъолияти Комиссия инҳоянд:

- баҳо додан ба ҳолати ташкилию хоҷагидори, молиявию иқтисоди, истеҳсолию хоҷагидории субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон дар асоси ҳуҷҷатҳои таҳлилии вазоратҳо ва корхонаҳо;

- ташкили фаъолияти мақсаднок оид ба тайёр намудани нақшаҳои инфироди бо имконоти реструктуризатсия (додани корхона ба консессия, ба идораи беруна, аз нав ташкилдиҳи) ва ё худ хусусигардони аз рӯи лоиҳаҳои инфироди;

- ташкили таҳияи барномаҳои реструктуризатсия (тайёр намудани бизнес-нақшаҳо, нақшаҳои амали корхонаҳои реструктуризатсияшаванда, маънидод намудани вазифаҳои нав ва бизнес-амалҳо, ташкили системаи нави ҳисобдори, нақшаи кормандон, таҳияи стратегия ва моделҳо);

- ташкили татбиқи барномаҳои реструктуризатсия (баррасии ҷузъ ба ҷузъи нақшаҳо, назорати мӯҳлати иҷро, ташкили ҳавасманди барои иштироки фаъолона дар иҷрои барномаҳо);

- мусоидат ба сармоягузории барномаҳои реструктуризатсия, аз ҷумла аз ҳисоби донорҳо (грантҳо ва кӯмаки техникии ташкилотҳои молиявии байналмилали).

4. Вазифаҳои Комиссия инҳоянд:

- равона намудани фаъолияти вазоратҳо, субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон барои тезонидани ҷараёни реструктуризатсия;

- тайёр намудани лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон ва ё хусусигардонии онҳо аз рӯи лоиҳаҳои инфироди.

III. Ташкили фаъолияти Комиссия

5. Фаъолияти Комиссия дар шакли ҷаласаҳои мунтазами машварати баъди ворид гардидани пешниҳодоти вазоратҳо, субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон, лекин на камтар аз як ҷаласа ҳар моҳ гузаронида мешавад. Мӯҳлатҳои гузаронидани ҷаласа ва вақти он аз тарафи Раиси Комиссия муайян карда мешавад. Ҷаласаи Комиссия босалоҳият ҳисобида мешавад, агар дар он аз се ду ҳиссаи аъзоён иштирок дошта бошанд.

6. Рӯзномаи ҷаласа аз рӯи аксарияти оддии овозҳои иштироккунандагони он тасдиқ карда мешавад. Тағйирот ба рӯзномаи ҷаласа аз рӯи пешниҳодоти аъзоёни Комиссия мумкин аст ворид карда шавад.

7. Қарорҳои Комиссия протоколҳои ҷаласаҳои Комиссия мебошанд, ки аз тарафи Раиси Комиссия имзо мегарданд.

8. Хароҷоте, ки бо фаъолияти Комиссия алоқаманд, аз ҳисоби маблағҳое, ки ба ихтиёри Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд, пӯшонида мешаванд.(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 590)

9. Ҳайати Комиссия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Приложение 2

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

 от 2 апреля 2005 года № 125

Положение о комиссии по вопросам реструктуризации субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий

(в редакции Постановления Правительства РТ от 28.12.2006г.№590

I. Общие положения

1. Комиссия по вопросам реструктуризации субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий (далее Комиссия) образована постановлением Правительства Республики Таджикистан и в своей деятельности подчиняется ему.

2. Решения Комиссии, принимаемые ей в соответствии с законами Республики Таджикистан, другими нормативными правовыми актами и настоящим Положением, являются обязательными для исполнения всеми органами исполнительной власти и хозяйствующими субъектами независимо от формы собственности и ведомственной подчиненности.

В случае несогласия с решением Комиссии, исполнители вправе обжаловать его не позднее десятидневного срока в Правительство Республики Таджикистан, заключение которого по спорному вопросу является окончательным.

II. Цели и задачи Комиссии

3. Целями деятельности Комиссии являются:

- оценка организационно-управленческого, финансово-экономического, производственно-хозяйственного состояния субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий на основе предоставляемых министерствами и предприятиями материалов ситуационного анализа;

- организация целенаправленной работы по подготовке индивидуальных планов с возможностью реструктуризации (передача в концессию, во внешнее управление, реорганизация) или приватизации по индивидуальному проекту;

- организация разработки программ реструктуризации (подготовка бизнес-планов, планов действий реструктуризуемых предприятий, описание новых функций, описание бизнес-процессов, организации новой системы учета, план персонала, разработка стратегии и моделей;

- организация реализации программ реструктуризации (детализация планов, контроль сроков выполнения, организация стимулов для активного участия в реализации);

- содействие в финансирование программ реструктуризации, в том числе за счет доноров (гранты и техническая помощь международных финансовых институтов).

4. Задачами Комиссии являются:

- направление деятельности министерств, субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий по ускорению процесса реструктуризации;

- подготовка проектов постановлений Правительства Республики Таджикистан по реструктуризации предприятий или их приватизации по индивидуальным проектам.

III. Организация деятельности Комиссии

5. Деятельность Комиссии осуществляется в форме регулярно проводимых заседаний по мере поступления предложений по реструктуризации от министерств или субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий, но не реже одного раза в месяц. Конкретные сроки и время проведения заседаний определяются её Председателем. Заседание Комиссии правомочно при наличии не менее 2/3 от общего числа членов Комиссии.

6. Повестка дня заседания утверждается простым большинством голосов от числа присутствующих членов Комиссии. Изменения в повестке дня могут быть внесены по предложению членов Комиссии.

7. Решениями Комиссии являются протоколы заседаний Комиссии, подписываемые Председателем Комиссии.

8. Расходы, связанные с работой Комиссии, финансируются за счет средств, оставляемых в распоряжении Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан (в редакции Постановления Правительства РТ от 28.12.2006г.№590).

9. Состав Комиссии утверждается Правительством Республики Таджикистан