ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи дастгирии давлатии ташаккул, истифода ва ҳифзи захираҳои иттилоотии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2007с. № 419)
Мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоот", "Дар бораи ҳифзи иттилоот" ва "Дар бораи иттилоотонӣ", инчунин бо назардошти аҳамияти стратегии захираҳои иттилооти, таъсири самарабахши онҳо ба пешрафти илму техника ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисоди ва бо мақсади дастгирии давлатии ташаккули захираҳои иттилоотии милли, истифода ва ҳифзи онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи ташаккул, истифода ва ҳифзи захираҳои иттилоотии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи баҳисобгири ва назорати истифодаи захираҳои иттилоотии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи баҳисобгири ва аз қайди давлати гузаштани захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳристи ҳуҷҷатҳо ва сарчашмаҳои иттилоотие, ки бояд ҳатман ба Маркази миллии патентию иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистони Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурил Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд, Номгӯи нишондиҳандаҳои вазъи илм ва корҳои илмию тадқиқоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби расонидани нусхаҳои ҳатмии бепули нашрияҳои электрони, барномаҳо барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ва асоси маълумоти ошкор (замима мегарданд) тасдиқ карда шаванд.
2. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мақомоти давлати оид ба ҳамоҳангсози ва идоракунии раванди иттилоотони дар қисмати ташаккул ва истифодаи захираҳои иттилоотии миллии ошкори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
3. Аз ҳисоби шумораи умумии кормандони Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таркиби Идораи илм ва сохторҳои иҷтимои шӯъбаи захираҳои иттилооти бо 4 (чор) воҳиди штати ташкил карда шавад.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Маркази миллии патентию иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 (даҳ) воҳид штати иловагиро ҷудо намуда, фаъолияти онро дар асоси феҳристи хароҷоти пешниҳоднамудаи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузори намояд.
5. Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи тартиби ягонаи экспертиза тасдиқ, маблағгузори ва назорати ташкили объектҳои иттилоотони дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 5 декабри соли 2003 № 532
ш. Душанбе