Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 декабри соли 2003 № 532
тасдиқ шудааст
Низомномаи баҳисобгирӣ ва назорати истифодаи захираҳои иттилоотии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муқаррароти умумӣ
1. Низомномаи мазкур мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоот", "Дар бораи ҳифзи иттилоот" ва "Дар бораи иттилоотонӣ" таҳия шуда, тартиби баҳисобгирӣ ва назорат аз болои истифодаи захираҳои иттилоотии давлатии (ЗИД) Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар мекунад.
2. Асоси баҳисобгирӣ ва назорат аз болои истифодаи захираҳои иттилоотӣ Низомномаи баҳисобгирӣ ва аз қайди давлатӣ гузаштани захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
3. Баҳисобгирӣ ва назорат аз болои истифодаи захираҳои иттилоотии давлатӣ мақсадҳои зерин дорад:
- самаранок истифода бурдани маблағҳои давлатӣ ҳангоми ташаккули захираҳои иттилоотӣ;
- таҳлили саҳеҳӣ, пуррагӣ ва рӯзмарра будани захираҳои иттилоотии ташаккулёбанда;
- ошкор намудани мутобиқати шартҳои муқарраршудаи дастрасӣ захираҳои иттилоотии давлатӣ бо қонунгузории ҷорӣ;
- баланд бардоштани самараноки истифодаи захираҳои итилоотии давлатӣ.
Тартиби баҳисобгирии истифодаи заҳираҳои иттилоотии давлатӣ
4. Баҳисобгирии истифодаи захираҳои иттилоотии давлатӣ дар асоси маълумоте, ки аз тарафи соҳибони захираҳои иттилоотӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва воқеикунонӣ пешниҳод мешаванд, сурат мегирад.
5. Мутобиқи моддаҳои 30 ва 33 Низомномаи баҳисобгирӣ ва аз қайди давлатӣ гузаштани захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази миллии патентию иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба иҷро накардани талаботи Низомномаи баҳисобгирӣ ва аз қайди давлатӣ гузаштани захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва андешидани чораҳои бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршуда хабар медиҳад. Ба қатори чунин вайронкуниҳо инҳо мансубанд:
- дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ набудани шахсони мансабдоре, ки барои иҷрои Низомномаи баҳисобгирӣ ва аз қайди давлатӣ гузаштани захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъуланд;
- аз тарафи мақомоти ҳокимият давлатӣ ва идоракунӣ набурдани назорат аз болои фаъолияти ташкилотҳои тобеъ, инчунин пудратчиёни фармоиши давлатӣ баҳри иҷрои талаботи Низомномаи баҳисобгирӣ ва аз қайди давлатӣ гузаштани захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба Регистри давлатии захираҳои иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумоти нопурра, носаҳеҳ ё ғайривоқеӣ.
Хабарҳои мазкур ҳар сол дар давоми семоҳаи аввали соли равон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ фиристода мешаванд.
Тартиби бурдани назорат аз болои истифодаи захираҳои иттилоотии давлатӣ
7. Дар арзномаҳои бақайдгирӣ, инчунин дар номгӯи воқеишудаи захираҳои иттилоотӣ, асос ва хазинаҳои маълумоте, ки соҳибони захираҳои иттилоотии давлатӣ ба Регистри давлатии захираҳои иттилоотӣ пешниҳод менамоянд, ҳатман маълумоти расмии барои бурдани назорат аз болои истифодаи захираҳои иттилоотии давлатӣ зарурро дохил менамоянд.
Ба қатори маълумоти расмӣ инҳо мансубанд:
- "номгӯи ташкилоти молик";
- "номгӯи захираи иттилоотӣ, асоси маълумотҳо ва / ё системаи иттилоотӣ";
- "номгӯи шабака ва суроғаи шабакавӣ (агар дастрасӣ ба асосӣ маълумотҳо дур бошад)";
- "хизматрасонии пешниҳодшаванда (муроҷиати якдаъфаина, пешниҳоди порча ё нусхаи; пурраи асоси маълумот, дигар хизматҳо)";
- "шумораи истифодабарандагон";
- "теъдоди дархостҳо (дар як рӯз, моҳ, сол)";
- "маҳдудиятҳо дар дастрасӣ (аз рӯи навъи иттилоот, аз рӯи мартабаи истифодабарандагон, аз рӯи тартиби муроҷиат намудан, ва ғайра)";
- "ҳаҷми асоси маълумот (бо мегабайт ва ё дар навиштаҷот)";
- "давраи таҷдиди асоси маълумот".
8. Аз рӯи натиҷаҳои коркарди ин маълумотҳо, инчунин дар асоси маълумоти ҳисоботи давлатии оморӣ ва дигар усулҳои мушоҳидавии захираҳои иттилоотии давлатӣ Маркази миллии патентию иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкили ҳисоботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, ташкилотҳо дар бораи истифодабарии захираҳои иттилоотии давлатӣ дархост пешниҳод мекунад. Дар навбати аввал барои ҳисобот мақомоту ташкилотҳое даъват карда мешаванд, ки дар тобеияти онҳо захираҳои иттилоотии бағоят пурарзиш ва дорои мазмуни иҷтимоӣ мавҷудбуда, маълумот дар бораи онҳо дар Регистри давлатии захираҳои иттилоотӣ вуҷуд надорад.
9. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи ҳисоботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, ташкилот ва муассисаҳоро доир ба вазъи кори ташаккул ва истифодаи захираҳои иттилоотии давлатӣ тасдиқ менамояд ва мақомоту ташкилотҳои дахлдорро барои ҳисобот даъват мекунад.
10. Ҳангоми зарурат барои тафтиши иловагии вазъи кори ташаккул ва истифодаи захираҳои иттилоотии давлатӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ ташкилотҳо гурӯҳҳои ҳакамони махсус ташкил карда мешаванд ва маърӯзаҳои гурӯҳҳои ҳакамон якҷоя бо ҳисоботи намояндагони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо шунида мешаванд. Қазияҳои зерин мавриди тафтиш қарор мегиранд:
- муътамадӣ, пуррагӣ ва рӯзмарра будани маълумот, ки моликони захираҳои иттилоотии давлатӣ ба Регистри давлатии захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудаанд;
- ба қонунгузории ҷорӣ мутобиқ будани шартҳои молиявии дастрасии захираҳои иттилоотии давлатӣ;
- асоснок будани сабабҳои маҳдудкунии дастрасӣ ба захираҳои иттилоотии давлатӣ, агар чунин маҳдудиятҳо ҷой дошта бошанд;
11. Аз рӯи натиҷаи муҳокимаи ҳисобот дар бораи чораҳои баланд бардоштани самараноки истифодаи захираҳои иттилоотии давлатӣ ва чораҳои ҷазо барои вайронкунандаҳои асноди меъёрии чорӣ қарор қабул карда мешавад.
12. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда шудааст, ки бо қарори худ барои иҷро нашудани талаботи низомномаи мазкур боздоштан ё қатъ намудани маблағгузории фаъолияти хадамотҳои иттилоотиро талаб намояд ва барои бартараф сохтани норасоиҳои мавҷуда чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Положение об учёте и контроле за использованием государственных информационных ресурсов Республики Таджикистан
ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Настоящее положение, разработанное в соответствии с Законами Республики Таджикистан "Об информации", "О защите информации" и "Об информатизации", устанавливает порядок учета и контроля за использованием государственных информационных ресурсов Республики Таджикистан.
2. Основой учета и контроля за использованием информационных ресурсов является Положение о государственном учете и регистрации информационных ресурсов Республики Таджикистан, утверждаемое Правительством Республики Таджикистан.
3. Учет и контроль за использованием государственных информационных ресурсов преследует следующие цели:
- эффективное использование государственных средств при формировании информационных ресурсов;
- анализ достоверности, полноты и актуальности формируемых информационных ресурсов;
- выявление соответствия установленных условий доступа к государственным информационным ресурсам действующему законодательству;
- повышение эффективности использования государственных информационных ресурсов.
ПОРЯДОК УЧЕТА ИСПОЛЬЗОВАНИЯ ГОСУДАРСТВЕННЫХ ИНФОРМАЦИОННЫХ РЕСУРСОВ
4. Учет использования государственных информационных ресурсов осуществляется на основе сведений, представленных владельцами информационных ресурсов при регистрации и актуализации.
5. В соответствии с пунктами 30 и 33 Положения о государственном учете и регистрации информационных ресурсов Республики Таджикистан Национальный патентно-информационный центр Республики Таджикистан сообщает в Министерство экономики и торговли Республики Таджикистан о невыполнении требований Положения о государственном учете и регистрации информационных ресурсов Республики Таджикистан для принятия мер по устранению выявленного нарушения.
К числу таких нарушений относятся:
- отсутствие в органах государственной власти и управления должностных лиц, ответственных за выполнение Положения о государственном учете и регистрации информационных ресурсов Республики Таджикистан;
- отсутствие со стороны органов государственной власти и управления контроля за подведомственными организациями, а также подрядчиками государственного заказа за выполнение требований Положения о государственном учете и регистрации информационных ресурсов Республики Таджикистан;
- предоставление в Государственный регистр информационных ресурсов Республики Таджикистан неполных, недостоверных или неактуализированных сведений.
Указанные сообщения направляются в органы государственной власти ежегодно в течении I квартала.
ПОРЯДОК КОНТРОЛЯ ЗА ИСПОЛЬЗОВАНИЕМ ГОСУДАРСТВЕННЫХ ИНФОРМАЦИОННЫХ РЕСУРСОВ
7. В регистрационные заявки, а также в актуализированные описания информационных ресурсов, баз и банков данных, представляемых владельцами государственных информационных ресурсов в Государственный регистр информационных ресурсов, в обязательном порядке включаются реквизиты, необходимые для контроля за использованием государственных информационных ресурсов. К этим реквизитам относятся:
- "наименование организации-владельца";
- "наименование информационного ресурса, базы данных и/или информационной системы";
- "наименование сети и сетевой адрес (если к базе данных имеется удаленный доступ)";
- "предоставляемые услуги (разовое обращение, поставка фрагмента или полной копии базы данных, другие услуги)";
- "количество пользователей";
- "количество запросов (в день, месяц, год)";
- "ограничения по доступу (по виду информации, по категориям пользователей, по регламенту обращения, другие)";
- "объем базы данных (в мегабайтах и/или в записях)";
- "период обновления базы данных".
8. По результатам обработки этих данных, а также на основе данных государственной статистической отчетности и других методов мониторинга государственных информационных ресурсов Национальный патентно-информационный центр Республики Таджикистан ежегодно представляет в Министерство экономики и торговли Республики Таджикистан предложения по организации отчетов органов государственной власти и управления, организаций об использовании государственных информационных ресурсов. В первоочередном порядке для отчетов приглашаются органы и организации, в чьем ведении находятся особо ценные и социально значимые информационные ресурсы, сведения об использовании которых отсутствуют в Государственном регистре информационных ресурсов, баз и банков данных.
9. Министерство экономики и торговли Республики Таджикистан утверждает план отчетности органов государственной власти и управления, организаций и предприятий о состоянии дел по формированию и использованию государственных информационных ресурсов и приглашает соответствующие органы и организации для отчета.
10. При необходимости формируются специальные экспертные группы для дополнительной проверки состояния дел по формированию и использованию государственных информационных ресурсов в государственных органах власти и управления, организациях и заслушиваются доклады экспертной группы совместно с отчетом представителей государственных органов и организаций. В ходе экспертизы проверяются:
- достоверность, полнота и актуальность сведений, представленных владельцами государственных информационных ресурсов в Государственный регистр информационных ресурсов;
- соответствие действующему законодательству финансовых условий доступа к государственным информационным ресурсам;
- обоснованность ограничений доступа к государственным информационным ресурсам, если такие ограничения имеют место.
11. По результатам обсуждения отчета принимаются решения о мерах, направленных на повышение эффективности использования государственных информационных ресурсов, и санкциях для нарушителей действующих нормативных актов.
12. За невыполнение требований настоящего положения Министерство экономики и торговли Республики Таджикистан уполномочено своим решением обязать приостановить или прекратить финансирование деятельности информационных служб и принять необходимые меры по устранению выявленных недостатков.