Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 декабри соли 2003 № 532
тасдиқ шудааст
Тартиби расонидани нусхаҳои ҳатмии бепули нашрияҳои электронӣ, барномаҳо барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ва асоси маълумоти ошкор
1. Тартиби мазкур вазифаҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро барои пешниҳоди нусхаи ҳатмии бепули нашрияи электронии ошкор (минбаъд нашрияи электронӣ) барои ташаккули хазинаи миллии иттилоотӣ-депозитарияи нашрияҳои электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоот", "Дар бораи ҳифзи иттилоот" ва "Дар бораи иттилоотонӣ" нашрияи электронӣ ҳамчун маводи иттилоотӣ бояд мавриди бақайдгирӣ ва нигоҳдорӣ қарор гирад.
2. Нусхаи ҳатмии нашрияҳои электронии ошкор, ки маҳсули иттилоотии ҳомили мошинӣ, барнома барои мошинҳои электронии ҳисоббарор (минбаъд МЭҲ) ё асоси маълумот мебошад ва истифодаи мустақилонаи он баҳри ҳалли масъалаҳои истифодабаранда бо ёрии таъминоти барномавии маъмул ё ба қатори нашр дохилшуда имконпазир аст, бояд ба нигоҳдории доимӣ супорида шавад.
3. Зери мафҳуми нашрияи электронии ошкор маҳсулоти иттилоотие фаҳмида мешавад, ки дар ҳомили мошинӣ қарор гирифта, барои истифодаи мустақилонаи эҳтиёҷмандон бо ёрии мошинҳои электронии ҳисоббарор пешбинӣ гардида, бо розигии молик ба гурӯҳи номуайяни шахсон бе тағйири ҳам шакл ва ҳам мазмун паҳн мешавад ва дорои маълумотҳоест, ки қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба сирри давлатӣ мансуб надонистааст.
Зери барнома барои МЭҲ шакли объективии пешниҳоди маҷмӯи маълумот ва фармонҳо фаҳмида мешавад, ки барои фаъолияти мошинҳои электронии ҳисоббарор ва дигар дастгоҳҳои компютерӣ бо мақсади гирифтани натиҷаҳои муайян истифода мегарданд.
Зери асоси маълумот шакли объективии пешниҳод ва ташкили маҷмӯи маълумотҳои бо чунин усул танзимёфтае фаҳмида мешаванд, ки онҳо тавассути мошинҳои электронии ҳисоббарор қобили дарёфт ва мавриди коркард қарор гирифта тавонанд.
4. Нусхаи ҳатмии нашрияҳои электронӣ, барномаҳо барои МЭҲ ва асоси маълумот ба Маркази миллии патентию иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешаванд.
5. Истеҳсолкунандагони нашрияҳои электронии ошкор расонидани нусхаи ҳатмии нашрияҳои электрониро дар муддати 10, рӯз баъди интишори теъдоди аввалини нашр (новобаста аз теъдоди нусхаҳо) амалӣ месозанд.
6. Нусхаҳои ҳатмии нашрияи электроние, ки танҳо тавассути шабакаи алоқа ё дар тасмаҳои магнитӣ интишор мегарданд, мавриди фиристодан, коркард ва баҳисобгирӣ қарор намегиранд. Ба Маркази миллии патентию иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин маҳсулоти иттилоотие, ки дорои хусусияти шартианд ва дар нашрияҳои электронӣ танҳо бо мақсади намоиши имкониятҳои бо як низоми муайян идора кардани асоси маълумот, омӯзиши тарзҳои истифодаи ин ё он низоми автоматикунонидашуда ва воситаҳои барномавӣ истифода мегарданд, расонида намешаванд.
7. Нусхаи ҳатмии нашрияҳои электронӣ ба Маркази миллии патентию иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми пурра, дар ҳамон ҳомил, бо ҳамон ороиш ва бо ҳамон маводҳои пайваст (тамғакоғазҳои замима ё часпонидашуда, матнҳои шарҳдиҳанда ва дастурамалӣ) ва нусхаи худи нашрия, ки барои истифодабарандагон паҳн карда шудааст, расонида мешавад. Агар нашрияи электронӣ дар якчанд дискҳо амалӣ гардонида шавад, он гоҳ барои нигоҳдории доимӣ бояд ҳамаи дискҳо расонида шаванд.
Ҳангоми ба табъ расондани нашрияҳои электронии даврӣ, давомёфтаистода ё силсилаи нашрияҳо, нусхаи ҳатмии ҳар як шумора (шумораҳои ҷилдҳои алоҳидаи нашр) алоҳида, пас аз нашри бевоситаи он, расонида мешаванд.
Якҷоя бо нусхаи ҳатмии нашрияҳои электронӣ ведомости расонидани нусхаи ҳатмии нашрияҳои электронӣ, инчунин номгӯи ҳамаи барномаҳо барои МЭҲ ва асоси маълумот, ки ба нашрия шомиланд, расонида мешаванд.
Намунаи ведомости расонидани нусхаи ҳатмии нашрияҳои электронӣ, намунаи тавсифи барномаҳо барои МЭҲ ва асоси маълумот ва дастурамалҳо оид ба пур кардани онҳоро Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Ҳуҷҷатҳои пайвасти номбаршуда новобаста аз мавҷуд будани маълумот дар худи нашрия тартиб дода мешаванд.
8. Расонидани нусхаи ҳатмии нашрияҳои электронӣ аз ҳисоби истеҳсолкунанда сурат мегирад. Хароҷот барои тайёр, нашр ва паҳн намудани нусхаҳои ҳатмӣ бояд ба арзиши аслии нашрияи электронӣ илова карда шавад.
9. Истеҳсолкунандаи нашрия электроние (маҷмӯа), ки ҳам аз барнома барои МЭҲ ва ҳам аз асоси маълумот иборат аст, як нусхаи нашрияро ба Маркази миллии патентию иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдории доимӣ ва баҳисобгирӣ мерасонад.
10. Дискетҳо ба Маркази миллии патентию иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лифофаи коғазӣ ва дискҳои оптикӣ бошад, дар қуттиҳои пластмасии стандарти супорида мешаванд. Нусхаҳои ҳатмии нашрияи электронӣ метавонанд бо пӯшта дар бастаи коғазӣ, бо истифодаи қуттиҳо ва дигар бастаҳои ҳифзшуда фиристода шаванд.
11. Нусхаҳои нуқсондори нашрияҳои электронӣ бо дархости Маркази миллии патентию иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи истеҳсолкунанда дар мӯҳлати се рӯз иваз карда мешаванд.
12. Ҳангоми қабули нусхаҳои ҳатмии нашрияҳои электронӣ Маркази миллии патентию иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашрияҳои электронӣ рақамҳои ягонаи инвентарии баҳисобгирии давлатӣ мегузорад.
13. Аз лаҳзаи қабул ва ба расмият дароварда шудани нашрияи электронӣ мутобиқи Тартиби мазкур ба истеҳсолкунанда дар бораи қабул ва ба нигоҳдорӣ гирифта шудани нашрияи электронӣ ҳуҷҷат дода мешавад.
14. Истеҳсолкунандагони нашрияҳои электронии аз барномаҳо барои МЭҲ ва асоси маълумот иборатбуда барои нарасонидани нусхаи ҳатмии ин нашрияҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ҳангоми нигоҳдорӣ ва истифодабарии нусхаҳои ҳатмии нашрияи электронии гирифташуда, Маркази патентию иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасии маҳдуд ва қатъиро ба онҳо таъмин менамояд.
Тартиби иҷозат ва истифодабарии нашрияҳои электронӣ мутобиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию дастурие, ки Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян карда мешавад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 декабри соли 2003 № 532
тасдиқ шудааст
Феҳристи ҳуҷҷатҳо ва сарчашмаҳои иттилоотие, ки бояд ҳатман ба Маркази миллии патентию иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистони Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад
Дар асоси моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоот" ва бо мақсади ташаккули захираҳои иттилоотие, ки иқтидори илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос менамоянд, таъсиси маҳсулот ва хизматрасонии иттилоотии иловаги, мубодилаи байнидавлатии иттилооти илми ва техники, бояд чунин ҳуҷҷатҳо ва сарчашмаҳои иттилооти ба Маркази миллии патентию иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шаванд:
1. Ҳисоботи ҷамъбасти оид ба мавзӯъҳои анҷомёфтаи корҳои илмию тадқиқоти;
2. Рисола ва авторефератҳои рисолаҳо, ки аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани унвонҳои номзади ё доктори ҳимоя шудаанд, новобаста аз давлате, ки ҳимоя дар он ҷо гузаштааст;
3. Нусхаи аттестат, ваколатномаи муассисаҳои илми ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4. Нусхаи патентҳо ва шаҳодатномаҳои муаллифи барои дастовардҳои илмию техники, ки шаҳрвандон ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷа гирифтаанд;
5. Адабиёти адади нашрашон кам: маҷмӯаҳои корҳои илмию тадқиқотии идорави, маводи конфренсияҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар, препринтҳо. Як нусхаи новобаста аз манбаи маблағгузориашон нашршудаи рисолаҳо, феҳристҳо, проспектҳо, брошураҳо, инчунин маводҳои иттилоотию рекламави;
6. Нусхаи мақолаҳо, маърӯзаҳо, фишурдаи (тезиси) маърӯзаҳои илми ва илмию оммавие, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа нашр кардаанд;
7. Шакли пуркардаи ҳисобот дар бораи номгӯи нишондиҳандаҳои ҳолати илм ва корҳои илмию тадқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8. Маълумот оид ба захираҳои иттилоотии мавҷуда (массивҳо, хазинаҳо, асосҳо ва бонкҳои маълумот, феҳристҳо ва ғайра);
9. Маълумот оид ба гузаронидани лоиҳаҳои сармоягузори ва инноватсиони ва дигар коркардҳои консептуалие, ки ба фаъолияти илмию техникии ташкилот алоқаманданд;
10. Маълумот оид ба дастовардҳои илми ва техники, технологияҳои навтарин ва ашёҳо;
11. Маълумоти ҳисоботи (нақшави) дар бораи чорабиниҳои банақшагирифтаи ҷумҳурияви ва байналмилалии илмию техникиконференсияҳо, семинарҳо, форумҳои илми, машваратҳо, намоишҳо, анҷуманҳои ҷамъиятҳои илми ва ғайра;
13. Ҳисоботҳо дар бораи сафарҳои хориҷии олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар конференсияҳои илми, симпозиумҳо, семинарҳои байналмилалии илми ширкат кардаанд, бо пешниҳоди иттилоот (дар намуди навишти библиографи) оид ба маводи дар он ҷо чоп кардаву чопии бадастовардаашон;
13. Нусхаи нашрияҳои илми ва техникии даври ва идомаёбанда.
Порядок доставки обязательного бесплатного экземпляра открытых электронных изданий, программ для электронно-вычислительных машин и баз данных
1. Настоящий порядок определяет обязанность юридических и физических лиц предоставлять обязательный экземпляр открытого электронного издания (далее электронное издание) для формирования национального информационного фонда - депозитария электронных изданий Республики Таджикистан.
Электронное издание, являясь информационным продуктом, подлежит государственной регистрации и хранению в соответствии с Законами Республики Таджикистан "Об информации", "О защите информации" и "Об информатизации".
2. Сдаче на постоянное хранение подлежит обязательный экземпляр открытого электронного издания, представляющего собой информационный продукт на машиночитаемом носителе, программу для электронно-вычислительных машин (далее ЭВМ) или базу данных, допускающую ее самостоятельное использование для решения задач пользователя с помощью широко распространенного или входящего в состав издания программного обеспечения.
3. Под открытым электронным изданием понимается информационный продукт на машиночитаемом носителе, предназначенный для самостоятельного использования потребителями с помощью электронно-вычислительных машин, распространяемый с согласия собственника неопределенному кругу лиц в неизменном виде, как по содержанию, так и по форме, и не содержащий сведений, отнесенных действующим законодательством Республики Таджикистан к государственной тайне.
Под программой для ЭВМ понимается объективная форма представления совокупности данных и команд, предназначенных для функционирования электронных вычислительных машин и других компьютерных устройств с целью получения определенного результата.
Под базой данных понимается объективная форма представления и организации совокупности данных, систематизированных таким образом, чтобы эти данные могли быть найдены и обработаны с помощью электронно-вычислительных машин.
4. Обязательный экземпляр открытого электронного издания, программы для ЭВМ и базы данных доставляются в Национальный патентно-информационный центр Республики Таджикистан Министерства экономики и торговли Республики Таджикистан.
5. Производители открытого электронного издания осуществляют доставку обязательного экземпляра электронного издания в течение 10 дней со дня выхода в свет первой партии тиража (вне зависимости от количества экземпляров в партии).
6. Не осуществляется доставка, комплектование и учет обязательного экземпляра электронного издания, распространяемых исключительно по каналам связи, а также на магнитных лентах.
Не подлежат доставке в Национальный патентно-информационный центр Республики Таджикистан информационные продукты, носящие условный характер, используемые в электронных изданиях исключительно в целях демонстрации возможностей системного управления баз данных, обучения способам применения тех или иных автоматизированных систем и программных средств.
7. Обязательный экземпляр электронного издания доставляется в Национальный патентно-информационный центр Республики Таджикистан Министерства экономики и торговли Республики Таджикистан в полном составе, на том же носителе, в том же оформлении и с теми же сопроводительными материалами (вложенными или наклеенными этикетками, пояснительными и инструктивными текстами), что и экземпляры издания, предназначенные для распространения потребителям. Если электронное издание реализуется на нескольких дисках, то на постоянное хранение должны быть переданы все диски издания.
При выпуске периодического, продолжающегося электронного издания или серии изданий обязательные экземпляры каждого выпуска (номера, отдельно выпускаемого тома) доставляются отдельно, непосредственно после их выхода в свет.
Вместе с обязательным экземпляром электронного издания доставляются ведомость сдачи обязательного экземпляра электронного издания, а также описания всех входящих в состав издания программ для ЭВМ и баз данных.
Формы ведомости сдачи обязательного экземпляра электронных изданий, формы описаний программы для ЭВМ и базы данных и инструкции по их заполнению утверждаются Министерством экономики и торговли Республики Таджикистан.
Указанная сопроводительная документация оформляется вне зависимости от наличия содержащихся в ней сведений в самом издании.
8. Доставка обязательного экземпляра электронного издания осуществляется за счет производителя. Затраты на подготовку, выпуск и рассылку обязательных экземпляров следует относить на себестоимость электронного издания.
9. Производитель электронного издания (сборника), содержащего как программу для ЭВМ, так и базу данных, доставляет для постоянного, хранения и учета один экземпляр издания в Национальный патентно-информационный центр Республики Таджикистан.
10. Дискеты доставляются в Национальный патентно-информационный центр Республики Таджикистан в бумажных конвертах, а компактные оптические диски - в стандартных пластмассовых коробках. Обязательные экземпляры электронных изданий могут пересылаться по почте в виде бандеролей, с использованием картонных коробок и другой защитной упаковки.
11. Дефектные экземпляры электронных изданий по запросу Национального патентно-информационного центра Республики Таджикистан заменяются производителем в 3-х дневный срок.
12. При приемке обязательных экземпляров электронных изданий Национальный патентно-информационный центр Республики Таджикистан присваивает электронным изданиям единые инвентарные номера государственного учета.
13. С момента получения электронного издания и оформленного в соответствии с настоящим Порядкам, производителю издания выдается документ, подтверждающий приемку электронного издания на хранение.
14. Производители электронных изданий, содержащих программы для ЭВМ и базы данных, несут ответственность за непоставку обязательного экземпляра этих изданий в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
Национальным патентно-информационным центром Республики Таджикистан обеспечивается строгий, ограниченный доступ при хранении и использовании полученных обязательных экземпляров электронного издания.
Порядок доступа и использования электронного издания определяется в соответствии с действующим законодательством Республики Таджикистан и нормативно-инструктивными документами, утверждаемыми Министерством экономики и торговли Республики Таджикистан.