ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби ташкили фаъолияти кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Бо мақсади ба роҳ мондани мусоҳибаи иҷтимоӣ бобати муайян ва амалӣ гардонидани сиёсати шуғли аҳолӣ, созмон додани шароити мусоид барои ҳамкории сетарафа дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ байни Ҳукумат, иттиҳодияҳои корфармоён, иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон ба принсипҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии иҷтимоӣ ва созишномаю шартномаҳои коллективӣ" пешбпнишуда ва мувофиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чун ташкилотҳои ҷамъиятӣ ташкил карда шаванд.
Ҳайати замимагардидаи Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
Ташкили фаъолияти кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолиро дар сатҳи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ дар маҳал (ҳукуматҳо) ва тарафҳои дар кумитаҳо пешниҳодшуда амалӣ менамоянд.
2. Низомномаи Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурни Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминоти методии таъсиси кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолиро дар сатҳи минтақавӣ таъмин намояд.
3. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар мӯҳлати ду моҳ Низомномаи кумитаҳои ҳамоқангсозии мусоидат ба шуғли аҳолиро тасдиқ намуда, ҳайати шахсии кумитаҳоро муайян кунанд ва фаъолияти амалии онҳоро ташкил намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 марти соли 2004 № 133
ш. Душанбе
ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О ПОРЯДКЕ ОРГАНИЗАЦИИ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ КООРДИНАЦИОННЫХ КОМИТЕТОВ СОДЕЙСТВИЯ ЗАНЯТОСТИ НАСЕЛЕНИЯ
В целях налаживания социального диалога по определению и осуществлению политики занятости населения, формирования благоприятных условий для трехстороннего сотрудничества в области содействия занятости населения между Правительством, организациями работодателей, профсоюзами и другими представителями работников, основываясь на принципах, заложенных в Законе Республики Таджикистан "О социальном партнерстве, соглашениях и коллективных договорах" и в соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан "О содействии занятости населения" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Создать на общественных началах республиканские, областные, городские и районные координационные комитеты содействия занятости населения.
Утвердить прилагаемый состав Координационного комитета содействия занятости населения Республики Таджикистан.
Организация деятельности координационных комитетов содействия занятости населения на областном, городском и районном уровне осуществляется соответствующими органами государственной власти на местах (хукуматами) и представленными в комитетах сторонами.
2. Утвердить Положение о Республиканском координационном комитете содействия занятости населения Республики Таджикистан (прилагается).
Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан обеспечить методическое руководство по созданию координационных комитетов содействия занятости населения на региональном уровне.
3. Председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов в двухмесячный срок утвердить Положение о координационных комитетах содействия занятости населения, определить персональный состав комитетов и организовать их практическую деятельность.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 31 марта 2004 года № 133
г.Душанбе