Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тартиби таъсис ва ташкили фаъолияти кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 707)
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" ва бо мақсади таҳияи қарорҳои мувофиқашуда ва ба роҳ мондани муколамаи иҷтимоӣ ҷиҳати муайянсозӣ ва татбиқи сиёсати шуғли аҳолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, ҳайати Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва Қоидаҳои таъсис ва ташкили фаъолияти кумитаҳои маҳаллии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ тасдиқ карда шаванд (замимаи 1, 2, 3).
2. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар асоси Қоидаҳои мазкур дар мӯҳлати ду моҳ Низомномаи кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолии маҳаллиро тасдиқ намуда, ҳайати кумитаҳоро муайян ва фаъолияти амалии онҳоро ташкил намоянд.
3. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии методии фаъолияти кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолиро дар сатҳи минтақавӣ таъмин намояд .
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2004 № 133 "Дар бораи тартиби ташкили фаъолияти кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 феврали соли 2009 № 129
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О порядке создания и организации деятельности Координационных комитетов содействия занятости населения
(в редакции постановления Правительства РТ от 05.11.2014г.№707)
В соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистана "О содействии занятости населения" и с целью выработки согласованных решений и налаживанию социального диалога по определению и осуществлению политики занятости населения Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Положение, состав республиканского Координационного комитета содействия занятости населения и Правила создания и организации деятельности местных координационных комитетов содействия занятости населения (приложения 1,2,3).
2. Председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов на основе данных Правил в двухмесячный срок утвердить Положения о местных координационных комитетах содействия занятости населения, определить персональный состав комитетов и организовать их практическую деятельность.
3. Министерству труда, миграции занятости населения Республики Таджикистан обеспечить методическое руководство деятельности координационных комитетов содействия занятости населения на региональном уровне
4. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 марта 2004 года,№133 "О Порядке организации деятельности координационных комитетов содействия занятости населения".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 27 февраля 2009 года №129
г. Душанбе