ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои рушду такомули ташкили боркашониҳои байналмиллалии автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади ба тартиб даровардани низоми ташкили боркашониҳои автомобилӣ, танзими тартиби дохил ва хориҷ шудан, транзит ва ҳаракати боркашонҳои хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили пардохти музд барои хизматрасонӣ, хизматҳои роҳу маишӣ, таҷҳизонидани шоҳроҳҳои автомобильгард, назорат аз болои риояи мӯҳлатҳои будубоши онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад
1. Номгуй роҳҳои автомобильгард, ки ҷиҳати рафтуомади транзитии боркашониҳои воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ ба воситаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд, параметрҳои имконпазири воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, номгӯи гузаргоҳҳои гумрукии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, номгӯи санадҳои асосие, ки барои анҷом додани боркашониҳои байналмилалии автомобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд (замимаҳои № 1-4), тасдиқ карда шаванд аз 2.10.2010 № 527).
2. Низоми рухсатдиҳии дохил ва хориҷ шудан, рафтуомади транзитӣ ба воситаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар асноди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба алоқаи байналмилалии автомобилӣ дар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои хориҷӣ муайян карда мешавад.
3. Санади намунаи муқарраршуда "Рухсатнома", ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дода мешавад, барои воридоту содирот ва гузариши транзитӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ медиҳад аз 2.10.2010 № 527).
Мақоми ваколатдори давдатии назорат ва танзим дар соҳаи иақлиёт дар дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ нуқтаҳои додани санади намунаи муқарраршуда "Рухсатнома"-ро барои боркашонҳои автомобилии хориҷӣ таъсис медиҳад.
Мақоми ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт додани варақаҳои "Рухсатнома"-ро ба боркашонҳои автомобилии хориҷӣ дар ҳолати мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти аз ҷониби нуқтаҳои қабули пардохт ва боҷу хироҷи гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ додашуда, мутобиқи мизони бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда анҷом медиҳад аз 2.10.2010 № 527).
4. Аз Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии ваколатдори ҷумҳури хоҳиш карда шавад, ки дар пунктҳои гумрукии наздисарҳадии дар банди 16 ҳамин қарор зикргардида оид ба қабули пардохт ва боҷ инчунин мубодилаи асъор пунктҳо таъсис диҳанд аз 2.10.2010 № 527).
Пунктҳои зикргардида дар гузаргоҳҳои наздисарҳади маблағҳои аз ворид, убури нақлиёт, сафари транзити, истифодаи роҳҳои автомобилгард ва дигар боҷи ба даст овардаашонро ба буҷети ҷумҳури гузаронанд(
5. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои будубоши воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон боркашониҳои байналмилалиро анҷом медиҳанд (мувофиқи варақаҳои хатсайре, ки ба варақаи "Рухсатнома" замима мегарданд) назорат намуда, хориҷ шудани онҳоро дар давоми 15 рӯз таъмин созад. Дар айни замон ба хатти сайр ва даромадани ҳатмии боркашонҳои автомобилии хориҷӣ ба "Истгоҳ" таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ба ҳаракати онҳо дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои калони Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода нашавад.
6. Муқаррар карда шавад, ки дохил шудан ва будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла ба таври транзит) барои ашхоси хориҷие, ки боркашониҳои байналмилалиро бо вайрон кардани қоидаҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои зикршуда, Конвенцияи Вена (оид ба санадҳои ронандагӣ) ва вайрон кардани созишномаҳои байниҳукуматӣ, ҳамчунин асноди меъёрии амалкунандаи ҷумҳурӣ анҷом медиҳанд, боиси он мегардад, ки воситаи нақлиёт ба мақомоти минтақавии гумрук ё мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати чораандешӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бурда шавад.
7. Терминалҳои наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ ҳамчун нуқтаи будубош, истгоҳ, бақайдгири ва гузаронидани расмиёти гумруки ва хизматрасонӣ барои боркашонҳои автомобилии хориҷи муқаррар карда шавад аз 2.10.2010 № 527).
Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ташкили истгоҳҳоро дар заминаи нуқтаҳои мавҷудаи боркашонии нақлиётию экспедиционӣ (БНЭ) ҷиҳати рушди боркашониҳои байналмилалии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл намояд
8. Мақоми ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт маблағҳои аз ҳисоби додани варақаҳои "Рухсатнома" ба боркашонҳои байналмилалии автомобилии Тоҷикистон гирифташударо тибқи тартиби муқарраршуда барои рушди соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона менамояд аз 2.10.2010 № 527).
9. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати даҳ рӯз андозаи пардохтро барои варақаҳои рухсатдиҳие (лицензияҳо), ки барои боркашонҳои автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани боркашониҳои байналмилалии автомобилӣ дода мешаванд, таҳия ва тасдиқ намояд
10. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи имзои созишномаҳои дутарафаро оид ба боркашониҳои автомобилӣ бо давлатҳое, ки чунин созишномаҳоро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон набастаанд, омухта маълумотро бо тартиби муқарраршуда дар бораи таъсиси гузаргоҳҳо ва тартиби рафтуомади шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт ва дигар ашьё ба воситаи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои намояндагиҳои (сафоратҳои) давлатҳои хориҷӣ расонанд
11. Соҳибон ва истифодабарандагони воситаҳои нақлиёти автомобилии давлатҳои хориҷие, ки кашондани борҳои кӯмаки башардӯстонаро анҷом медиҳанд, аз пардохти боҷ барои дохил шудани воситахои нақлиёти автомобилӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафтуомад бо роҳҳои автомобильгарди истифодаи умуми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд.
12. Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар бонкҳои ваколатдори тиҷорати дар постҳои наздисарҳадии гумруки, дар ҷои фаъолияти шӯъбаҳои мавҷудаашон, пунктҳои мубодилаи асъор таъсис диҳанд
13. Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи capҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон посбони ва амнияти боркашонҳои хориҷии автомобилиро ҳангоми ворид шудан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавзеи ҷойгиршавии Терминалҳои наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ таъмин намоянд
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати гумруки ҳамроҳи намудани боркашонҳои автомобилии хориҷии хориҷаи дур ва наздикро аз маҳалли убури сарҳад то Терминалҳои наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ, бо мақсади таҷаммӯъсози ва ҳамроҳии минбаъдаи онҳоро ба маҳалли таъинот таъмин намояд
14. Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки идораҳои манфиатдор тартиби дароз намудани мӯҳлати будубоши боркашонҳои хориҷии автомобилиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми рӯй додани ҳолатҳои ғайричашмдошт (cap задани фалокатҳои нақлиёти, сӯхтор, обхези, заминҷунби, вайроншавии воситаи нақлиёт, бемории ронанда ва ғайра) таҳия ва тасдиқ намоянд
15. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 1995 № 201 "Дар бораи тартиби вуруд, транзит ва хуруҷи нақлиёти бору мусофиркашонии хориҷӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад
16. Пунктҳои "Братство"-и шаҳри Турсунзода, "Фотеҳобод" ноҳияи Мастчоҳ, "Саразм" - ноҳияи Панҷакент, "Маданият" - ноҳияи Ҷаббор Расулов, "Қулма" - сарҳади Ҷумҳурии Халқии Хитой (ҶХХ), "Патар"ноҳияи Конибодом, "Баткент" - ноҳияи Исфара ҳамчун нуқтаҳои убури боркашонҳои байналхалқии автомобили муайян карда шаванд
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 26 марти соли 1997 № 123
ш. Душанбе
*Замимаҳои 1, 2, 3 ва 4 дар матни забони русӣ оварда шудааст.
Замимаи № 5
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 июли соли 1997 № 123
Андозаи маблағ барои ба расмият даровардани асноди дохил ва хориҷшави, музд барои дохил шудан ба қаламрав ва истифодаи роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Барои воситаҳои нақлиёти автомобилии мамлакатҳои хориҷаи дур
а) воситаҳои нақлиёти автомобилии боркаш бо иқтидори боркашонии:
то 10 тонна
100 доллари ИМА
аз 10 то 20 тонна
150 доллари ИМА
зиёда аз 20 тонна
200 доллари ИМА
б) автобусҳо бо миқдори ҷои нишаст:
камтар аз 12
50 доллари ИМА
аз 13 то 30
75 доллари ИМА
зиёда аз 30
100 доллари ИМА
в) автомобилҳои сабукрав
25 доллари ИМА
мотоциклҳо
10 доллари ИМА
2. Барои воситаҳои нақлиёти автомобилии мамакатҳои ИДМ:
а) воситаҳои нақлиёти автомобилии боркаш бо миқдори боркашонии
то 10 тонна
50 доллари ИМА
аз 10 то 20 тонна
100 доллари ИМА
зиёда аз 20 тонна
150 доллари ИМА
б) автобусҳо бо миқдори ҷои нишаст:
камтар аз 12
25 доллари ИМА
аз 10 то 30
50 доллари ИМА
зиёда аз 30
100 доллари ИМА
в) автомобилҳои сабукрар
15 доллари ИМА
г) мотоциклҳо
5 долларн ИМА
д) тракторҳои барои корҳои хоҷагии қишлоқ, истифодашаванда
5 доллари ИМА
барои дигар эҳтиёҷот истифодашаванда
10 доллари ИМА
3. Барои воситаҳои нақлиёти автомобилии боркаши Ҷумҳурии ӯзбекистон (бо ғайр аз мошинҳои боркаши холи) 130 доллари ИМА.
Ҳангоми убури транзитии воситаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Узбекистон аз тариқи қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои молҳои таҳти аксиз (номгӯй замима шудааст) ҳамроҳии гумрукии ҳатми ҷори карда шавад ва барои як воситаи нақлиёти автомобили ба андозаи 200 ЭКЮ ё бо асъори қобили табдили озод бо қурби баробар дар рӯзи пардохт боҷи гумруки ситонида шавад. аз 08.12.1998с. №498).
4. Барои ҳар як шабонарӯзи зиёда аз меъёрҳои муқарраршудаи будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон - 50 доллари ИМА
5. Барои рафтуомади транзити ба кишварҳои сеюм бо қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон - 90 доллари ИМА
Эзоҳ: Аз воситаҳои нақлиёти Ҷумҳурии Қирғизистон то қабули супориши махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷори намудани системаи иҷозатдиҳи) маблағ ситонида нашавад.