Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2002, № 36 "Дар бораи ҷуброни хароҷоти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" барои хизматрасони ба нафақахӯрон"

Санаи амалкуни: 01.09.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ ҶУБРОНИ ХАРОҶОТИ БОНКИ ДАВЛАТИИ АМОНАТГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "АМОНАТБОНК" БАРОИ ХИЗМАТРАСОНИ БА НАФАҚАХӯРОН

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184, аз 5.11.2014 № 709, аз 31.08.2018 № 456)

Мутобиқи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2001 "Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2002" ва мавриди амал қарор додани он", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби замимагардидаи ҷуброни хароҷоти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" барои хизматрасони ба нафақахӯрон тасдиқ карда шавад.

2. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни хароҷоти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"-ро барои хизматрасони ба нафақахӯрон ба андозаи 0,6 фоизи маблағҳои воқеан пардохтшудаи нафақа таъмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184, аз 5.11.2014 № 709, аз 31.08.2018 № 456).

3. Ҷуброни хароҷот ҳар моҳ мутаносибан ба маблағҳои воқеан пардохташудаи нафақа анҷом дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      Э. Раҳмонов

аз 4 феврали соли 2002 № 36

ш. Душанбе

Замимаи

қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 феврали соли 2002 № 36

ТАРТИБИ ҶУБРОНИ ХАРОҶОТИ БОНКИ ДАВЛАТИИ АМОНАТГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "АМОНАТБОНК" БАРОИ ХИЗМАТРАСОНИ БА НАФАҚАХӯРОН

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184, аз 5.11.2014 № 709)

Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонии нафақахӯрон дар муассисаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" (минбаъд "Амонатбонк") ва таъмини устувории молиявии "Амонатбонк" дар соли 2002 тартиби зерини ҷуброни хароҷоти "Амонатбонк" оид ба хизматрасонии нафақахӯрон (пардохти нафақаҳое, ки мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолии маҳалли истиқомат таъин намудаанд) муқаррар карда шавад:

1. "Амонатбонк" мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ӯҳдадор аст:

- гузаштани пардохтҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда таъмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 5.11.2014 № 709);

- пардохти нафақаҳоро ба нафақахӯрон дар мӯҳлати 10 рӯзи пас аз лаҳзаи ба ҳисоби корреспондентии муассисаи "Амонатбонк" ворид шудани маблағҳои барои пардохти нафақаҳо таъингардида, таъмин намояд;

- ҳар моҳ бо муассисаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аниқ намудани маблағҳои воқеии пардохти нафақаҳо муқоисаҳо анҷом диҳад.

2. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184, аз 5.11.2014 № 709):

- маблағгузории пардохти нафадаҳоро ҳар моҳ таъмин намояд;

- хароҷоти муассисаҳои "Амонатбонк"-ро оид ба хизматрасонии нафақахӯрон ҷуброн намояд (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 5.11.2014 № 709).

Ҷуброни хароҷот ҳар моҳ мутаносибан ба маблағи нафақаҳои воқеан пардохташуда дар асоси маълумотҳои муқоисаи мутақобила байни "Амонатбонк" аз ҷониби раёсату шӯъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 5.11.2014 № 709).

Маблағи ҷуброн бо супоришномаи пардохтии алоҳида ба ҳисоби муассисаи дахлдори "Амонатбонк" интиқол дода мешавад.

Барои ҷуброни хароҷоти муассисаҳои "Амонатбонк" сарф намудани маблағҳое, ки барои пардохти нафақаҳои нафақахӯрон маблағгузори шудаанд, қатъиян манъ карда мешавад.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ҷуброни хароҷоти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" барои хизматрасони ба нафақахӯрон

Мутобиқи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2001 "Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2002" ва мавриди амал қарор додани он", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби замимагардидаи ҷуброни хароҷоти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" барои хизматрасони ба нафақахӯрон тасдиқ карда шавад.

2. Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни хароҷоти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"-ро барои хизматрасони ба нафақахӯрон ба андозаи (як) фоизи маблағҳои воқеан барои пардохти нафақа интиқолгардида таъмин намояд.

3. Ҷуброни хароҷот ҳар моҳ мутаносибан ба маблағҳои воқеан пардохташудаи нафақа анҷом дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 4 феврали соли 2002 № 36

ш. Душанбе

Замимаи

қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 феврали соли 2002 № 36

Тартиби ҷуброни хароҷоти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" барои хизматрасони ба нафақахӯрон

Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонии нафақахӯрон дар муассисаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" (минбаъд "Амонатбонк") ва таъмини устувории молиявии "Амонатбонк" дар соли 2002 тартиби зерини ҷуброни хароҷоти "Амонатбонк" оид ба хизматрасонии нафақахӯрон (пардохти нафақаҳое, ки мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолии маҳалли истиқомат таъин намудаанд) муқаррар карда шавад:

1. "Амонатбонк" мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ӯҳдадор аст:

- гузаштани пардохтҳои Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда таъмин намояд;

- пардохти нафақаҳоро ба нафақахӯрон дар мӯҳлати 10 рӯзи пас аз лаҳзаи ба ҳисоби корреспондентии муассисаи "Амонатбонк" ворид шудани маблағҳои барои пардохти нафақаҳо таъингардида, таъмин намояд;

- ҳар моҳ бо муассисаҳои Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳоли бо мақсади аниқ намудани маблағҳои воқеии пардохти нафақаҳо муқоисаҳо анҷом диҳад.

2. Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст:

- маблағгузории пардохти нафадаҳоро ҳар моҳ таъмин намояд;

- хароҷоти муассисаҳои "Амонатбонк"-ро оид ба хизматрасонии нафақахӯрони мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳоли ҷуброн намояд.

Ҷуброни хароҷот ҳар моҳ мутаносибан ба маблағи нафақаҳои воқеан пардохташуда дар асоси маълумотҳои муқоисаи мутақобила байни ,Амонатбонк, аз ҷониби шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва муассисаи маблағгузори Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳоли анҷом дода мешавад.