ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с, 2003, №4, мод. 151; с, 2007, №7, мод. 696; с. 2009, № 3, мод. 84; с. 2012, №7, мод, 718; с. 2014, №7, қ.2, мод. 424)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии таҳсилоти ибтидоии касбиро муайян намуда, фаъолияти субъектҳои сохторҳои таълимию истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми гирифтани касб, тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ равона карда шудаанд, танзим менамояд ().
БОБИ 1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- маълумоти ибтидоии касбӣ - қонеъгардонии мақсадноки талаботи шаҳрвандон тавассути таълим, ки қисмҳои таркибии он метавонанд таълими кадрҳо, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандоне бошанд, ки маълумоти ибтидоии касбӣ надоранд;
- муассисаи таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ - муассисае, ки дар раванди таълим як ё якчанд барномаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбиро амалӣ намуда, таълим ва тарбияи хонандагонро таъмин менамояд ();
- кормандони муҳандисию педагогӣ - шахсони дорои таҳсилоти дахлдоре, ки дар асоси касбӣ ба таълиму тарбияи хонандагон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ машғуланд ();
- тахассус - дараҷаи касбие, ки дар раванди таҳсилоти ибтидоии касбӣ хонанда аз худ намуда, он бо ҳуҷҷати намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тасдиқ карда мешавад ().
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад .
Моддаи 3. Самтҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи маълумоти ибтидоии касбӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маълумоти ибтидоии касбиро афзалиятнок эълон менамояд.
Самтҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи маълумоти ибтидоии касбӣ аз инҳо иборатанд:
- хусусияти башардустона ва демократӣ доштани таълим ва тарбия;
- муттасилӣ ва пайдарпаӣ;
- дастрас будани маълумоти ибтидоии касбӣ, мутобиқшавии низоми маълумоти ибтидоии касбӣ ба сатҳ, хусусиятҳои инкишоф ва тарбияи касбии хонандагон ();
- хусусияти дунявӣ доштани низоми маълумоти ибтидоии касби ();
- хусусияти демократии давлатию ҷамъиятии идораи низоми маълумоти ибтидоии касбӣ ();
- дастгирии маърифатнокӣ ва истеъдод.
Дар муассисаҳои таълимиии соҳаи маълумоти ибтидоии касбӣ, мақомоти идораи соҳаи маълумоти ибтидоии касбӣ ба таъсис ва фаъолияти сохторҳои ташкилии ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои динӣ иҷозат дода намешаванд.
Моддаи 4. Кафолатҳои давлатӣ дар соҳаи маълумоти ибтидоии касбӣ
Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маълумоти ибтидоии касбӣ ва тайёрии касбӣ давлат ба шаҳрвандоне, ки маълумоти умумии асосӣ ё маълумоти миёнаи умумиро гирифтаанд, ҳуқуқи гирифтани маълумоти ибтидоии касбиро кафолат медиҳад.
Дар муассисаҳои таълимии давлатӣ мутобиқи талаботи стандарти давлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати бепул гирифтани маълумоти касбӣ дода мешавад, агар шаҳрванд сатҳи маълумоти мазкурро бори аввал гирад. Хонандагони ятим метавонанд касбӣ дуюми маълумоти ибтидоии касбиро беgул гиранд.
Ба шахрвавдони Чумхурии Точикистон барои интихоби озодонаи муассисаи таълимӣ, инчунин шаклҳои гирифтани маълумоти ибтидоии касбӣ кафолат дода мешавад.
Моддаи 5. Оинномаи муассисаи таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ
Оинномаи муассисаи таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ дар маҷлиси умумии муҳандисону педагогҳои муассисаи таълими қабул ва аз ҷониби муассис тасдиқ карда мешавад.
Дар оинномаи муассиаи таълими бо тартиби ҳатмӣ: ном, маҳалли ҷойгиршавӣ (суроғаи ҳуқуқӣ ва воқеӣ), вазъи ҳуқуқии муассисаи таълимӣ, муассис, шакли ташкилию ҳуқуқии муассисаи таълимӣ, мақсадҳои раванди таълим, навъ ва намудҳои барномаҳои татбиқшавандаи таълимӣ, сохтори фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии муассисаи таълимӣ ва тартиби идораи муассисаи таълими нишон дода мешаванд ().
Он қисмати оинномаи муассисаи таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим нагардидааст, аз тарафи муассисаи таълими мустақилона таҳия гардида, аз ҷониби муассис тасдиқ карда мешавад.
Ҳангоми зарурати танзими самтҳои фаъолияти дар моддаи мазкур зикргардидаи муассисаи таълими тавассути санадҳои дигари дохилии онҳо ҳамчун илова ба оинномаи муассисаи таълими бояд ба қайд гирифта шаванд.
Санадҳои дохилии муассисаи таълими мухолифи оинномаи он буда наметавонанд.
Моддаи 5(1). Забони таҳсил
()
Забони таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад ().
БОБИ 2. НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ
()
Моддаи 6. Низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ
()
Низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз инҳо иборат аст:
- стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият;
- мақомоти идораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои (хоҷагиҳои таълимӣ-таҷрибавии) тобеи онҳо;
- хонандагон, падару модари онҳо, омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ().
Моддаи 7. Сохтори низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии зерин таъсис дода мешаванд:
- литсейҳои касбӣ-техникӣ;
- литсейҳои касбӣ;
- литсейҳои махсуси касбӣ;
- комбинатҳои таълимӣ-истеҳсолӣ;
- марказҳои таълимии калонсолони мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ;
- марказҳои таълимии иҷтимоию соҳибкорӣ;
- марказҳои таълимии назди корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ().
Моддаи 8. Стандартҳои давлатии маълумоти ибтидоии касбӣ
Маълумоти ибтидоии касбӣ дар доираи стандартҳои ягонаи давлатии маълумоти ибтидоии касбӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, амалӣ карда мешавад.
Стандартҳои давлатии маълумоти ибтидоии касбӣ иборатанд аз:
- талаботи умумӣ ба барномаҳои асосии маълумоти ибтидоии касбӣ;
- талабот ба ҳадди ақали ҳатмии мундариҷаи барномаҳои асосии маълумоти ибтидоии касбӣ, ба шартҳои татбиқи онҳо, аттестатсияи ҷамъбастии ҳатмкунандагон ва сатҳи омодагии онҳо мутобиқи ҳар як касб;
- мӯҳлатҳои аз худ намудани барномаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ;
- ҳаҷми ҳадди ниҳоии сарбории таълимии таълимгирандагон.
Моддаи 9. Барномаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ
Барномаҳои таълимии зерини маълумоти ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои маълумоти ибтидоии касбӣ муттасил ва зина ба зина татбиқ карда мешаванд ():
- барномаи ягонаи якҷояшудаи маълумоти умумӣ ва касбӣ дар заминаи маълумоти асосии умумӣ (синфи 9) бо мӯҳлати таҳсил то 3 сол ;
- маълумоти ибтидоии касбӣ дар заминаи маълумоти асосии умумӣ (синфи 9) бидуни гирифтани маълумоти миёнаи (пурраи) умумӣ бо мӯҳлати таҳсили 1 - 2 сол;
- маълумоти ибтидоии касбӣ дар заминаи маълумоти миёнаи (пурраи) умумӣ (синфи 11) бо мӯҳлати таҳсил то 2 сол ;
- тайёрии касбӣ, маълумоти иловагии касбӣ, аз ҷумла бозомузӣ ва такмили ихтисос бо мӯҳлати таҳсили то 1 сол.
Хориҷ карда шуд ()
Хориҷ карда шуд ()
Барномаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ метавонанд зина ба зина сохта шаванд. Баробари ба охир расидани ҳар як зина имтиҳоноти хатмкунӣ пешбинӣ шудааст, ки супоридани онҳо ба хонанда ҳуқуқ медиҳад, ҳуҷҷати намунаи давлатиро гирад ва тибқи тахассусӣ дар давраи таҳсили ҳар як зина гирифтааш кор кунад.
Бо хоҳиши худ хонанда метавонад таҳсилро дар зинаҳои минбаъда идома диҳад. Дар ҳар як зинаи минбаъдаи таҳсил хонанда донишҳои махсус, маҳорату малакаи сатҳи нисбатан баландтари касб ва тахассусро соҳиб мешавад. Ихтисори мӯҳлатҳои таълим аз рӯи зинаҳо низ иҷозат дода мешавад.
Шахсони ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии маълумоти ибтидоии касбиро соҳибгардида, инчунин барномаҳои маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро омӯхта ҳуқуқ доранд аз рӯи барномаҳои кӯтоҳмуддат дар муассисаҳои маълумоти миёнаи касбӣ ва маълумоти олии касбӣ мутобиқи намуди тайёрии касбӣ таҳсил намоянд.
Шахсони соҳиби ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, инчунин барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро азхуднамуда ҳуқуқ доранд дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дар асоси барномаҳои кӯтоҳмуддат мувофиқ ба самти тайёрии касбӣ ба таълим фаро гирифта шаванд ().
Моддаи 10. Шаклҳои гирифтани маълумоти ибтидоии касбӣ
Хонандагон барномаҳои касбии таълимии маълумоти ибтидоии касбиро метавонанд дар шаклҳои рӯзона, шабона, ғоибона ва экстернат аз худ намоянд. Ба якҷоя кардани шаклҳои гуногуни гирифтани маълумоти ибтидоии касбӣ ва бозомӯзии касбӣ иҷозат дода мешавад.
Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ ба таври ройгон сурат мегирад ().
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ илова ба фармоиши давлатӣ метавонанд хонандагонро бо тариқи шартнома қабул намоянд ().
Номгӯи касбҳое, ки аз рӯи онҳо гирифтани маълумоти ибтидоии касбӣ дар шакли экстернат иҷозат дода намешавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Ҳамаи шаклҳои гирифтани маълумоти ибтидоии касбӣ аз рӯи барномаи мушаххаси таълимӣ бояд дар доираи стандартҳои ягонаи давлатии маълумоти ибтидоии касбӣ анҷом дода шаванд.
Шахсоне, ки дар муассисаҳои маълумоти ибтидоии касбии аккредитатсияи давлатӣ надошта таҳсил намуда, онҳоро бомуваффақият хатм намудаанд, барои аттестатсияи байнифосилавӣ ва ҷамъбастӣ дар муассисаҳои маълумоти ибтидоии касбии аккредитатсияи давлатӣ дошта бо шартҳои экстернат ҳуқуқ доранд.
Ба шахсоне, ки таҳсилро тибқи барномаҳои таълимии касбии маълумоти ибтидоии касбӣ хатм намудаанд ва аз аттестатсияи ҷамъбастӣ гузаштаанд, дар хусуси сатҳи дахлдори таҳсил ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии дорои нишонаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
Моддаи 11. Таълим ва бозомӯзии касбии шаҳрвандони бешуғл ва калонсол
Таълим ва бозомӯзии касбии шаҳрвандони бешуғл ва калонсол дар литсейҳои касбӣ, марказҳои таълимии калонсолони мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва марказҳои таълимии иҷтимоию соҳибкорӣ бо тариқи ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат вобаста ба талаботи бозори меҳнат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд ().
Моддаи 12. Намудҳо ва категорияҳои муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ
Маълумоти ибтидоии касбиро дар муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ ё дар муассисаҳои дигари таълимӣ, гирифтан мумкин аст ().
Ба муассисаҳои маълумоти ибтидоии касбӣ инҳо мансуб мебошанд:
- литсейҳои касбӣ, ки дар онҳо барномаҳои касбии таълимии маълумоти ибтидоии касбии таъминкунандаи ба даст овардани касбу тахассусе, ки барои фаъолияти мустақилонаи меҳнатӣ кифояанд, амалӣ карда мешаванд. Литсейҳои касбӣ намуди асосии муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ ба ҳисоб мераванд ();
- хориҷ карда шуд ();
- марказҳои таълимии калонсолони мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ, комбинатҳои таълимию дарсомӯзӣ, марказҳои таълимию истеҳсолӣ ва дигар муассисаҳои таълимии сатҳи мазкур, ки дар онҳо тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои коргарӣ, малакаҳои меҳнатии иҷрои корҳои муайян ё гурӯҳи корҳоро зуд аз худ намудани таълимгиранда анҷом дода мешавад ва баланд намудани сатҳи таълимиро пешбинӣ намекунад ();
- маркази таълимии иҷтимоию соҳибкорӣ - корхонаи воҳид (корҳонаи давлатии дорои ҳуқуқҳои пешбурди хоҷагидорӣ), ташкил ва таҳияи барномаҳоро оиди мутобиқшавии аҳолӣ ба бозори меҳнат, мусоидат кардан ба шуғл тавассути раҳнамоии касбӣ, таълим ва бозомӯзии аҳолиро амалӣ намуда, фаъолияти худро дар асоси тиҷорат ба сифати объекти мустақили хоҷагидор иҷро менамояд ().
Барои шахсоне, ки ба шароити махсуси таҳсил ва таълим эҳтиёҷ доранд, муассисаҳои махсуси маълумоти ибтидоии касбӣ - литсейҳои махсуси касбӣ таъсис дода мешаванд. Муассисаҳои маълумоти ибтидоии касбӣ давлатӣ ва ғайридавлатӣ шуда метавонанд ().
Моддаи 13. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ
Муассисаҳои давлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори он бо тартиби дархост ва бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, аз нав ташкил карда ва барҳам дода мешаванд ().
Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбии ғайридавлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешаванд ().
Моддаи 14. Аттестатсия, аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва иҷозатномадиҳии фаъолияти онҳо
()
Аттестатсия, аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва иҷозатномадиҳии фаъолияти онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад ().
Моддаи 15. Идоракунии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таълимӣ дар асоси таносуби принсипҳои яккасардорӣ ва дастаҷамъӣ идора карда мешавад ().
Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ раванди таълим, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва ғайраро дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оиннома амалӣ менамояд ().
Фаъолияти муассисаҳои таълимии ғайридавлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар қисмати риояи стандартҳои давлатии маълумоти ибтидоии касбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақоми ваколатдори он танзим карда мешавад.
БОБИ 3. СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМИИ ТАХСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ, ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ОНҲО
Моддаи 16. Хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ шахсоне мебошанд, ки бо тартиби муқарраргардида барои таҳсил ба муассисаи таълимӣ қабул гардидаанд.
Хонандагон дар давраи таҳсил ба таъминоти моддӣ аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
Ба хонандагон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ овардан ва истифода бурдани телефонҳои мобилӣ манъ аст ().
Ба хонандагон бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ омадан манъ аст. Хонандагоне, ки бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ меоянд, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешаванд
Давраи таҳсили хонандагон дар муасиссаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии шакли рӯзона ба собиқаи умумии корӣ ва муттассили меҳнатӣ дохил мешавад.
Моддаи 17. Кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва талабот нисбати онҳо
Ба кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ инҳо дохил мешаванд: маъмурият, омӯзгорон, устоҳои калон, устоҳои (инструкторҳои) таълими истеҳсолӣ, мураббиён, методистҳо ва дигар кормандоне, ки раванди таълим ва тарбияро амалӣ менамоянд ().
Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо фаъолияти муҳандисию педагогӣ он шахсоне машғул шуда метавонанд, ки дорои маълумоти миёнаи касбӣ ё маълумоти олии касбӣ, малакаҳои зарурии касбӣ ва тахассус аз рӯи ихтисос, тайёрии амалии касбӣ бошанд; инчунин шахсоне, ки дар соҳаҳои иқтисодиёт таҷрибаи кории истеҳсолӣ ва сифатҳои баланди ахлоқӣ дошта бошанд.
Ба кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар раванди таълим истифода бурдани телефонҳои мобилӣ манъ аст ().
Муносибатҳои меҳнатии кормандони муҳандисию педагогӣ тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ танзим карда мешаванд. Муқаррароти шартнома (қарордод) бо Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Давлат барои кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ на камтар аз як маротиба дар панҷ сол такмили ихтисоси бепулро кафолат медиҳад.
Такмили ихтисоси кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои ғайридавлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҳисоби маблағҳои муассис (муассисон) ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад ().
Такмили тахассуси кормандони муҳандисию педагогӣ метавонад инчунин тибқи шартномаҳои басташудаи шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ бо донишкадаҳои такмили ихтисос, муассисаҳои олии таълимӣ ва ташкилот ё муассисаҳои илмӣ аз ҳисоби маблағи шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ анҷом дода шавад.
Талабот ба кормандони муҳандисию педагогӣ ба воситаи тавсифномаҳои тахассуси, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, муайян карда мешавад.
Бо мақсади такмили фаъолияти муҳандисию педагогӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, таъмини мутобиқати онҳо бо вазифаи ишғолкардаашон, ҳавасмандгардонии рушди сатҳи касбӣ, такмили сифат ва самаранокии кор, мунтазам дар панҷ сол як маротиба аттестатсияи кормандони низоми маълумоти ибтидоии касбӣ гузаронида мешавад ().
Тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи кормандони муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Ба фаъолияти муҳандисию педагогӣ дар муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ шахсоне роҳ дода намешаванд, ки ба онҳо ин фаъолият бо ҳукми суд ё бо нишондодҳои тиббие, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, манъ карда шудааст.
Моддаи 18. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ
Кормандони муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ барои иштирок дар идораи муассисаи таълимӣ, ҳифзи шаъну эътибори касбии худ, таъмини шароити зарурӣ барои фаъолияти касбӣ, такмили тахассус бо тартиби муқарраргардида, ташаббуси педагогӣ ва паҳн намудани таҷрибаи худ, интихоби озодонаи шаклҳо, усулҳо ва тарзҳои самараноки таълим ҳуқуқ доранд.
Ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои касбӣ, кормандони муҳандисию педагогӣ барои интихоби озоди истифодаи усули таълиму тарбия, дастурҳои таълимӣ, маводҳо, китобҳо ва усулҳои баҳодиҳии дониши хонандагон ҳуқуқ доранд.
Сарбории таълимии корманди муҳандисию педагогии муассисаи таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ нишон дода шудааст, бо ҳадди ниҳоии муайяннамудаи шакл ва намуди дахлдори муассиса маҳдуд карда мешавад.
ӯҳдадориҳои кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ аз инҳо иборатанд:
таъмини татбиқи сифатноки стандарти давлатии таълим, ташаккули сифатҳои ахлоқию эстетикӣ ва шаҳрвандӣ;
таъмини аз худ намудан ва иҷрои барномаҳои таълимӣ дар сатҳи ҳатмии талаботи давлатӣ аз тарафи хонандагон;
риояи одоб ва ахлоқи педагогӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва шаъни хонандагон;
ҳифзи хонандагон аз шаклҳои гуногуни зӯроварии ҷисмонию равонӣ, амалӣ намудани корҳои маърифатию фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии истеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва машрубот ().
БОБИ 4. МАЪЛУМОТИ ИБТИДОИИ КАСБИИ ШАХСОНЕ, КИ БО ҲИФЗИ МАХСУСИ ИҶТИМОӢ ТАЪМИН КАРДА МЕШАВАНД
Моддаи 19. Категорияи шахсоне, ки бо ҳифзи махсуси иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд
Ба шахсоне, ки мутобиқи Қонуни мазкур бо ҳифзи махсуси иҷтимоӣ таъмин карда мешавад, инҳо дохил мешаванд:
- маъюбон, ятимон ва ноболиғоне, ки бе сарпарастии падару модар мондаанд ();
- хонандагони литсейҳои махсуси касбӣ ();
- хонандагони муассисаҳои таълимии касбии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ;
- муҳоҷирони иҷборӣ, ки дар муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд.
Моддаи 20. Таъмини таҳсили маъюбон
Давлат ба маъюбони модарзод, шахсоне, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ ва ҷароҳатҳо маъюб гардидаанд, мутобиқи хоҳиши онҳо ва тавсияномаҳои меҳнатии комиссияи экспертии тиббию меҳнатӣ (КЭТМ) ҳуқуқҳои имтиёзнокро барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии давлатии маълумоти ибтидоии касбӣ барои омӯхтани касбҳо кафолат медиҳад.
Моддаи 21. Таъмини ҳуқуқи ятимон, ноболиғони бе сарпарастии падару модар монда ва муҳоҷирони иҷборӣ, ки дар муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ таҳсил менамоянд
Давлат ба ятимон, ноболиғони бе сарпарастии падару модар монда ва муҳоҷирони иҷборӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои давлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқҳои имтиёзнок медиҳад ().
Дар давраи таҳсил дар муассисаҳои давлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ давлат хароҷоти иловагиро барои таълим ва таъмини онҳо ба зимма мегирад.
Моддаи 22. Таъмини ҳуқуқи хонандагони литсейҳои махсуси касбӣ
Барои шахсоне, ки ба шароити махсуси таълимӣ эҳтиёҷ доранд, литсейҳои махсуси касбӣ таъсис дода мешаванд ().
Давлат мутобиқи ихтисоси литсейҳои махсуси касбӣ ба хонандагони литсейҳои махсуси касбӣ ҳуқуқи идома додани маълумоти умумӣ ё таълими касбиро кафолат медиҳад ().
Шахсоне, ки дар муассисаҳои махсуси ибтидоии касбӣ ба гирифтани маълумоти касбӣ фурсат наёфтаанд, барои давом додани таҳсил дар курси дахлдори муассисаҳои давлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқ доранд.
Моддаи 23. Таълими наврасони маъюби дорои нуқсонҳои инкишофи ҷисмонӣ ва кӯдакони маъюб
Барои таълим, тарбия ва табобати наврасони маъюби дорои нуқсонҳои инкишофи ҷисмонӣ ва кӯдакони маъюб литсейҳои махсуси касбӣ таъсис дода мешаванд ().
Хонандагони муассисахои махсуси давлатии таълимӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд.
БОБИ 5. ИДОРАИ НИЗОМИ МАЪЛУМОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ
Моддаи 24. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дохил мешаванд:
- муайян намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- маблағгузории рушди соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ;
- муқаррар намудани тартиби аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки татбиқи низоми таҳсилоти ибтидоии касбиро таъмин мекунанд;
- тасдиқи стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- тасдиқи феҳристи касбҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- муайян ва тасдиқ намудани тавсифномаҳои тахассусии талабот ба кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- муқаррар намудани номгӯи касбҳое, ки аз рӯи онҳо гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шакли экстернат иҷозат дода намешавад ().
Моддаи 24(1). Ваколатҳои мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ:
- сиёсати давлатиро дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ амалӣ мегардонанд;
- роҳбарии соҳаро таъмин мекунанд;
- раванди таълимро тибқи стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, назорат мекунанд;
- нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот таҳия ва тасдиқ менамоянд;
- қоидаҳои қабули хонандагонро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳия ва тасдиқ менамоянд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбиро дар доираи ваколатҳояшон қабул менамоянд ().
Моддаи 25. Назорати давлатии сифати маълумоти ибтидоии касбӣ
Назорати давлатии сифати маълумоти ибтидоии касбӣ ба таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маълумоти ибтидоии касбӣ, баланд бардоштани сифати тайёркунии мутахассисон, истифодаи дурусти маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои маблағгузории муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ ҷудо шудаанд, равона карда мешавад ().
Назорати давлатии сифати маълумоти ибтидоии касбиро мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм тибқи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад
БОБИ 6. МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДӢ ДАР СОҲАИ МАЪЛУМОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ
Моддаи 26. Маблағгузории муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ
Тартиби умумии маблағгузории муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
Манбаи асосии маблағгузории фаъолияти таълимию истеҳсолӣ ва хоҷагӣ, рушди иҷтимоии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ маблағҳои буҷети давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, инчунин дигар манбаъҳо мебошанд ().
Маблағгузории муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ метавонад бо маблағҳои зерини ғайрибуҷетӣ пурра карда шавад:
- даромади фаъолияти истеҳсолӣ;
- хизматрасонии таълимии пулакӣ ();
- маблағи корфармоён ();
- маблағи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ();
- маблағи сарпарастон ();
- маблағи шахсии хонандагон ва падару модари онҳо ();
- маблағҳои эҳсонкорӣ ();
- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ().
Тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои ғайридавлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ метавонад мутобиқи меъёрҳои давлатӣ аз лаҳзаи аккредитатсияи давлатӣ гирифтан ва ҳангоми мавҷуд будани супориши давлатӣ ҷиҳати тайёр намудани кадрҳо аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда шавад.
Маблағгузории тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси коргарон, хизматчиён ва шаҳрвандони бекор аз ҳисоби маблағи корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳои манфиатдор, инчунин аз ҳисоби маблағи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ анҷом дода мешавад ().
Моддаи 27. Хизматрасонии пулакии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Муассисаҳои таълимии давлатӣ ҳуқуқ доранд ба аҳолӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ба таври шартномавӣ (пулакӣ) ва хизматрасонии иловагии таълимро аз рӯи барномаҳои иловагии таҳсил, дарсомӯзи дар курсҳои махсус ва силсилаи фанҳо, репетитори, машғулиятҳо бо хонандагон ба омӯзиши амиқи касбҳо ва дигар хизматрасониҳо, ки барномаҳои дахлдор ва стандартҳои таълимии давлатии маълумоти ибтидоии касбӣ пешбинӣ намекунанд, расонанд ().
Муассисаҳои таълимии ғайридавлатии маълумоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқ доранд, ки аз хонандагон барои хизматрасониҳои таълимӣ, аз ҷумла барои таҳсил дар доираи стандартҳои давлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ маблағ рӯёнанд, ки он ҳамчун соҳибкорӣ баррасӣ намешавад, агар даромади аз он ба даст оварда шуда, барои ҷуброни хароҷоти таъмини раванди таълим, аз ҷумла барои музди меҳнат, инкишоф ва такмилӣ он дар муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ равона гардида бошад ().
Муносибати муассисаи ғайридавлатии таълимӣ ва таълимгиранда, падару модари он (шахсони онҳоро ивазкунанда) ба воситаи шартнома, ки сатҳи таълим, мӯҳлати таҳсил, ҳаҷми пардохти таҳсил ва дигар шароитҳоро муайян мекунад, танзим карда мешавад ().
Хизматрасонии таълимии шартномавӣ (пулакӣ) наметавонад ба ҷои фаъолияти таълимӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, амалӣ гардад.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 28. Ҳамкории байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
Муассисаҳои маълумоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ҳуқуқ доранд дар соҳаи маълумоти ибтидоии касбӣ робитаҳои байналмилалиро анҷом диҳанд.
Моддаи 29. Ҷавобгарӣ барои вайрои кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи маълумоти ибтидоии касбӣ вайрон менамоянд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 30. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Рахмонов
аз 22 апрели соли 2003 № 21
ш. Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ
(Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 334, аз 26.03.2009 № 491)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии таҳсилоти ибтидоии касбиро муайян намуда, фаъолияти субъектҳои сохторҳои таълимию истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми гирифтани касб, тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ равона карда шудаанд, танзим менамояд .
БОБИ 1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
маълумоти ибтидоии касбӣ - қонеъгардонии мақсадноки талаботи шаҳрвандон тавассути таълим, ки қисмҳои таркибии он метавонанд таълими кадрҳо, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандоне бошанд, ки маълумоти ибтидоии касбӣ надоранд;
муассисаи таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ - муассисае, ки ҷараёни таълим як ё якчанд барномаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбиро амалӣ намуда, нигоҳдошт ва тарбияи хонандагонро таъмин менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Самтҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи маълумоти ибтидоии касбӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маълумоти ибтидоии касбиро афзалиятнок эълон менамояд. Самтҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи маълумоти ибтидоии касбӣ аз инҳо иборатанд:
- хусусияти башардустона ва демократӣ доштани таълим ва тарбия;
- муттасилӣ ва пайдарпаӣ;
- дастрас будани маълумоти ибтидоии касбӣ, мутобиқшавии системаи маълумоти ибтидоии касбӣ ба сатҳ, хусусиятҳои инкишоф ва тарбияи касбии хонандагон;
- хусусияти дунявӣ доштани системаи маълумоти ибтидоии касби;
- хусусияти демократии давлатию ҷамъиятии идораи системаи маълумоти ибтидоии касбӣ;
- дастгирии маърифатнокӣ ва истеъдод.
Дар муассисаҳои таълимиии соҳаи маълумоти ибтидоии касбӣ, мақомоти идораи соҳаи маълумоти ибтидоии касбӣ ба таъсис ва фаъолияти сохторҳои ташкилии ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои динӣ иҷозат дода намешаванд.
Моддаи 4. Кафолатҳои давлатӣ дар соҳаи маълумоти ибтидоии касбӣ
Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маълумоти ибтидоии касбӣ ва тайёрии касбӣ давлат ба шаҳрвандоне, ки маълумоти умумии асосӣ ё маълумоти миёнаи умумиро гирифтаанд, ҳуқуқи гирифтани маълумоти ибтидоии касбиро кафолат медиҳад.
Дар муассисаҳои таълимии давлатӣ мутобиқи талаботи стандарти давлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати бепул гирифтани маълумоти касбӣ дода мешавад, агар шаҳрванд сатҳи маълумоти мазкурро бори аввал гирад. Хонандагони ятим метавонанд касбӣ дуюми маълумоти ибтидоии касбиро беgул гиранд.
Ба шахрвавдони Чумхурии Точикистон барои интихоби озодонаи муассисаи таълимӣ, инчунин шаклҳои гирифтани маълумоти ибтидоии касбӣ кафолат дода мешавад.
Моддаи 5. Оинномаи муассисаи таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ
Оинномаи муассисаи таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ дар маҷлиси умумии муҳандисону педагогҳои муассисаи таълими қабул ва аз ҷониби муассис тасдиқ карда мешавад.
Дар оинномаи муассиаи таълими бо тартиби ҳатмӣ: ном, маҳалли ҷойгиршавӣ (суроғаи ҳуқуқӣ ва воқеӣ), вазъи ҳуқуқии муассисаи таълимӣ, муассис, шакли ташкилию ҳуқуқии муассисаи таълимӣ, мақсадҳои ҷараёни таълим, навъ ва намудҳои барномаҳои татбиқшавандаи таълимӣ, сохтори фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии муассисаи таълимӣ ва тартиби идораи муассисаи таълими нишон дода мешаванд.
Он қисмати оинномаи муассисаи таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим нагардидааст, аз тарафи муассисаи таълими мустақилона таҳия гардида, аз ҷониби муассис тасдиқ карда мешавад.
Ҳангоми зарурати танзими самтҳои фаъолияти дар моддаи мазкур зикргардидаи муассисаи таълими тавассути санадҳои дигари дохилии онҳо ҳамчун илова ба оинномаи муассисаи таълими бояд ба қайд гирифта шаванд.
Санадҳои дохилии муассисаи таълими мухолифи оинномаи он буда наметавонанд.
БОБИ 2. СИСТЕМАИ МАЪЛУМОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ
Моддаи 6. Системаи маълумоти ибтидоии касбӣ
Ба системаи маълумоти ибтидоии касбӣ дохил мешаванд:
- системаи барномаҳои муттасили таълимӣ ва стандартҳои давлатии таълимии маълумоти миёна, умумӣ ва маълумоти ибтидоии касбӣ;
- шабакаи муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбии амалкунандаи дорои шакл, навъ ва намудҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ;
- системаи мақомоти идораи маълумоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳо, ташкилоту корхонаҳои тобеи он.
Моддаи 7. Сохтори системаи маълумоти ибтидоии касбӣ
Ба муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ инҳо мансуб мебошанд:
- омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ;
- литсейҳои касбӣ;
- марказҳои таълимии шуғли аҳолӣ;
- марказҳои иҷтимоию соҳибкорӣ;
- комплексҳои таълимӣ-истеҳсолӣ.
Муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ метавонанд дар асоси бепул ва шартномавӣ (пулакӣ) фаъолият кунанд.
Моддаи 8. Стандартҳои давлатии маълумоти ибтидоии касбӣ
Маълумоти ибтидоии касбӣ дар доираи стандартҳои ягонаи давлатии маълумоти ибтидоии касбӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, амалӣ карда мешавад.
Стандартҳои давлатии маълумоти ибтидоии касбӣ иборатанд аз:
- талаботи умумӣ ба барномаҳои асосии маълумоти ибтидоии касбӣ;
- талабот ба ҳадди ақали ҳатмии мундариҷаи барномаҳои асосии маълумоти ибтидоии касбӣ, ба шартҳои татбиқи онҳо, аттестатсияи ҷамъбастии ҳатмкунандагон ва сатҳи омодагии онҳо мутобиқи ҳар як касб;
- мӯҳлатҳои аз худ намудани барномаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ;
- ҳаҷми ҳадди ниҳоии сарбории таълимии таълимгирандагон.
Моддаи 9. Барномаҳои таълимии касбии маълумоти ибтидоии касбӣ
Барномаҳои таълимии касбии зерини маълумоти ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои маълумоти ибтидоии касбӣ муттасил ва зина ба зина татбиқ карда мешаванд:
- барномаи ягонаи якҷояшудаи маълумоти умумӣ ва касбӣ дар заминаи маълумоти асосии умумӣ (синфи 9) бо мӯҳлати таҳсил на камтар аз 3 сол;
- маълумоти ибтидоии касбӣ дар заминаи маълумоти асосии умумӣ (синфи 9) бидуни гирифтани маълумоти миёнаи (пурраи) умумӣ бо мӯҳлати таҳсили 1 - 2 сол;
- маълумоти ибтидоии касбӣ дар заминаи маълумоти миёнаи (пурраи) умумӣ (синфи 11) бо мӯҳлати таҳсили 1-2 сол;
- тайёрии касбӣ, маълумоти иловагии касбӣ, аз ҷумла бозомузӣ ва такмили ихтисос бо мӯҳлати таҳсили то 1 сол.
Дар муассисаҳои маълумоти ибтидоии касбӣ барномаҳои якҷояшудаи маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, бо мӯҳлати 3-4 сол низ метавонанд татбиқ карда шаванд.
Зарурати татбиқи барномаҳои якҷояшудаи таълимии маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз тарафи мақомоти идораи давлатии маълумоти касбӣ мутобиқи талаботи бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Барномаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ метавонанд зина ба зина сохта шаванд. Баробари ба охир расидани ҳар як зина имтиҳоноти хатмкунӣ пешбинӣ шудааст, ки супоридани онҳо ба хонанда ҳуқуқ медиҳад, ҳуҷҷати намунаи давлатиро гирад ва тибқи тахассусӣ дар давраи таҳсили ҳар як зина гирифтааш кор кунад.
Бо хоҳиши худ хонанда метавонад таҳсилро дар зинаҳои минбаъда идома диҳад. Дар ҳар як зинаи минбаъдаи таҳсил хонанда донишҳои махсус, маҳорату малакаи сатҳи нисбатан баландтари касб ва тахассусро соҳиб мешавад. Ихтисори мӯҳлатҳои таълим аз рӯи зинаҳо низ иҷозат дода мешавад.
Шахсони ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии маълумоти ибтидоии касбиро соҳибгардида, инчунин барномаҳои маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро омӯхта ҳуқуқ доранд аз рӯи барномаҳои кӯтоҳмуддат дар муассисаҳои маълумоти миёнаи касбӣ ва маълумоти олии касбӣ мутобиқи намуди тайёрии касбӣ таҳсил намоянд.
Моддаи 10. Шаклҳои гирифтани маълумоти ибтидоии касбӣ
Хонандагон барномаҳои касбии таълимии маълумоти ибтидоии касбиро метавонанд дар шаклҳои рӯзона, шабона, ғоибона ва экстернат аз худ намоянд. Ба якҷоя кардани шаклҳои гуногуни гирифтани маълумоти ибтидоии касбӣ ва бозомӯзии касбӣ иҷозат дода мешавад.
Номгӯи касбҳое, ки аз рӯи онҳо гирифтани маълумоти ибтидоии касбӣ дар шакли экстернат иҷозат дода намешавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Ҳамаи шаклҳои гирифтани маълумоти ибтидоии касбӣ аз рӯи барномаи мушаххаси таълимӣ бояд дар доираи стандартҳои ягонаи давлатии маълумоти ибтидоии касбӣ анҷом дода шаванд.
Шахсоне, ки дар муассисаҳои маълумоти ибтидоии касбии аккредитатсияи давлатӣ надошта таҳсил намуда, онҳоро бомуваффақият хатм намудаанд, барои аттестатсияи байнифосилавӣ ва ҷамъбастӣ дар муассисаҳои маълумоти ибтидоии касбии аккредитатсияи давлатӣ дошта бо шартҳои экстернат ҳуқуқ доранд.
Ба шахсоне, ки таҳсилро тибқи барномаҳои таълимии касбии маълумоти ибтидоии касбӣ хатм намудаанд ва аз аттестатсияи ҷамъбастӣ гузаштаанд, дар хусуси сатҳи дахлдори таҳсил ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии дорои нишонаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
Моддаи 11. Таълими касбӣ, бозомӯзии шаҳрвандони бекор ва машғули кор набудагон
Таълими касбӣ ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор ва машғули кор набудагон дар курсҳои кӯтоҳмуддати марказҳои таълимӣ ва иҷтимоию соҳибкорӣ, инчунин дар заминаи муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ мувофиқи талаботи бозори меҳнат ва тибқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 12. Намудҳо ва категорияҳои муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ
Маълумоти ибтидоии касбиро дар муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ ё дар муассисаҳои дигари таълимӣ, гирифтан мумкин аст .
Ба муассисаҳои маълумоти ибтидоии касбӣ инҳо мансуб мебошанд:
- омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, ки дар онҳо барномаҳои касбии таълимии маълумоти ибтидоии касбии таъминкунандаи ба даст овардани касбу тахассусе, ки барои фаъолияти мустақилонаи меҳнатӣ кифояанд, амалӣ карда мешаванд. Омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ намуди асосии муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ ба ҳисоб мераванд;
- литсейҳои касбӣ, ки дар онҳо барномаҳои касбии таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ ва барномаҳои якҷояшудаи маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи касбие татбиқ мешаванд, ки ба даст овардани касбӣ сатҳи баланди ихтисос ва дар асоси озмун гирифтани маълумоти миёнаи касбиро таъмин месозанд;
- маркази таълимии шуғли аҳолӣ, комбинатҳои таълимию дарсомӯзӣ, марказҳои таълимию истеҳсолӣ ва дигар муассисаҳои таълимии сатҳи мазкур, ки дар онҳо тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои коргарӣ, малакаҳои меҳнатии иҷрои корҳои муайян ё гурӯҳи корҳоро зуд аз худ намудани таълимгиранда анҷом дода мешавад ва баланд намудани сатҳи таълимиро пешбинӣ намекунад;
- маркази иҷтимоию соҳибкорӣ - корхонаи воҳид (корҳонаи давлатии дорои ҳуқуқҳои пешбурди хоҷагидорӣ), ташкил ва таҳияи барномаҳоро оиди мутобиқшавии аҳолӣ ба бозори меҳнат, мусоидат кардан ба шуғл тавассути тамоюли касбӣ, таълим ва бозомӯзии аҳолиро амалӣ намуда, фаъолияти худро дар асоси тиҷорат ба сифати объекти мустақили хоҷагидор иҷро менамояд.
Барои шахсоне, ки ба шароити махсуси таҳсил ва таълим эҳтиёҷ доранд, муассисаҳои махсуси маълумоти ибтидоии касбӣ - омӯзишгоҳҳои махсуси касбӣ таъсис дода мешаванд. Муассисаҳои маълумоти ибтидоии касбӣ давлатӣ ва ғайридавлатӣ шуда метавонанд.
Моддаи 13. Тартиби таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ
Муассисаҳои давлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори он бо тартиби дархост ва бо мувофиқаи мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, аз нав ташкил карда ва барҳам дода мешаванд.
Тартиби таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбии ғайридавлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешаванд.
Моддаи 14. Аттестатсия, аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва иҷозатномадиҳии фаъолияти онҳо
Аттестатсия, аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва иҷозатномадиҳии фаъолияти онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад .
Моддаи 15. Идоракунии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таълимӣ дар асоси таносуби принсипҳои яккасардорӣ ва коллегиалӣ идора карда мешавад.
Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҷараёни таълим, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва ғайраро дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оиннома амалӣ менамояд.
Фаъолияти муассисаҳои таълимии ғайридавлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар қисмати риояи стандартҳои давлатии маълумоти ибтидоии касбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақоми ваколатдори он танзим карда мешавад.
БОБИ 3. СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМИИ ТАХСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ, ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ОНҲО
Моддаи 16. Хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ шахсоне мебошанд, ки бо тартиби муқарраргардида барои таҳсил ба муассисаи таълимӣ қабул гардидаанд.
Хонандагон дар давраи таҳсил ба таъминоти моддӣ аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
Ба хонандагон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ овардан ва истифода бурдани телефонҳои мобилӣ манъ аст .
Давраи таҳсили хонандагон дар муасиссаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии шакли рӯзона ба собиқаи умумии корӣ ва муттассили меҳнатӣ дохил мешавад.
Моддаи 17. Кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва талабот нисбати онҳо
Ба кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ инҳо дохил мешаванд: маъмурият, омӯзгорон, устоҳои калон, устоҳои (инструкторҳои) таълими истеҳсолӣ, мураббиён, методистҳо ва дигар кормандоне, ки ҷараёни таълим ва тарбияро амалӣ менамоянд.
Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо фаъолияти муҳандисию педагогӣ он шахсоне машғул шуда метавонанд, ки дорои маълумоти миёнаи касбӣ ё маълумоти олии касбӣ, малакаҳои зарурии касбӣ ва тахассус аз рӯи ихтисос, тайёрии амалии касбӣ бошанд; инчунин шахсоне, ки дар соҳаҳои иқтисодиёт таҷрибаи кории истеҳсолӣ ва сифатҳои баланди ахлоқӣ дошта бошанд.
Ба кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар раванди таълим истифода бурдани телефонҳои мобилӣ манъ аст .
Муносибатҳои меҳнатии кормандони муҳандисию педагогӣ тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ танзим карда мешаванд. Муқаррароти шартнома (қарордод) бо Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Давлат барои кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ на камтар аз як маротиба дар панҷ сол такмили ихтисоси бепулро кафолат медиҳад.
Такмили тахассуси кормандони муҳандисию педагогӣ метавонад инчунин тибқи шартномаҳои басташудаи шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ бо донишкадаҳои такмили ихтисос, муассисаҳои олии таълимӣ ва ташкилот ё муассисаҳои илмӣ аз ҳисоби маблағи шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ анҷом дода шавад.
Талабот ба кормандони муҳандисию педагогӣ ба воситаи тавсифномаҳои тахассуси, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, муайян карда мешавад.
Бо мақсади такмили фаъолияти муҳандисию педагогӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, таъмини мутобиқати онҳо бо вазифаи ишғолкардаашон, ҳавасмандгардонии рушди сатҳи касбӣ, такмили сифат ва самаранокии кор, мунтазам дар панҷ сол як маротиба аттестатсияи кормандони системам маълумоти ибтидоии касбӣ гузаронида мешавад.
Тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи кормандони муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Ба фаъолияти муҳандисию педагогӣ дар муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ шахсоне роҳ дода намешаванд, ки ба онҳо ин фаъолият бо ҳукми суд ё бо нишондодҳои тиббие, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, манъ карда шудааст.
Моддаи 18. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ
Кормандони муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ барои иштирок дар идораи муассисаи таълимӣ, ҳифзи шаъну эътибори касбии худ, таъмини шароити зарурӣ барои фаъолияти касбӣ, такмили тахассус бо тартиби муқарраргардида, ташаббуси педагогӣ ва паҳн намудани таҷрибаи худ, интихоби озодонаи шаклҳо, усулҳо ва тарзҳои самараноки таълим ҳуқуқ доранд.
Ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои касбӣ, кормандони муҳандисию педагогӣ барои интихоби озоди истифодаи усули таълиму тарбия, дастурҳои таълимӣ, маводҳо, китобҳо ва усулҳои баҳодиҳии дониши хонандагон ҳуқуқ доранд.
Сарбории таълимии корманди муҳандисию педагогии муассисаи таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ нишон дода шудааст, бо ҳадди ниҳоии муайяннамудаи шакл ва намуди дахлдори муассиса маҳдуд карда мешавад.
ӯҳдадориҳои кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ аз инҳо иборатанд:
таъмини татбиқи сифатноки стандарти давлатии таълим, ташаккули сифатҳои ахлоқию эстетикӣ ва шаҳрвандӣ;
таъмини аз худ намудан ва иҷрои барномаҳои таълимӣ дар сатҳи ҳатмии талаботи давлатӣ аз тарафи хонандагон;
риояи одоб ва ахлоқи педагогӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва шаъни хонандагон;
хонандагонро аз шаклҳои зуроварии ҷисмонию рӯҳӣ муҳофизат намудан, ҷиҳати пешгирии истеъмоли маводи нашъадор ва машрубот бо онҳо кор бурдан.
БОБИ 4. МАЪЛУМОТИ ИБТИДОИИ КАСБИИ ШАХСОНЕ, КИ БО ҲИФЗИ МАХСУСИ ИҶТИМОӢ ТАЪМИН КАРДА МЕШАВАНД
Моддаи 19. Категорияи шахсоне, ки бо ҳифзи махсуси иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд
Ба шахсоне, ки мутобиқи Қонуни мазкур бо ҳифзи махсуси иҷтимоӣ таъмин карда мешавад, инҳо дохил мешаванд:
- маъюбон, ятимон ва ноболиғоне, ки бе сарпарастии волидайн мондаанд;
- хонандагони муассисаҳои махсуси таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ;
- хонандагони муассисаҳои таълимии касбии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ;
- муҳоҷирони иҷборӣ, ки дар муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд.
Моддаи 20. Таъмини таҳсили маъюбон
Давлат ба маъюбони модарзод, шахсоне, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ ва ҷароҳатҳо маъюб гардидаанд, мутобиқи хоҳиши онҳо ва тавсияномаҳои меҳнатии комиссияи экспертии тиббию меҳнатӣ (КЭТМ) ҳуқуқҳои имтиёзнокро барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии давлатии маълумоти ибтидоии касбӣ барои омӯхтани касбҳо кафолат медиҳад.
Моддаи 21. Таъмини ҳуқуқи ятимон, ноболиғони бе сарпарастии волидайн монда ва муҳоҷирони иҷборӣ, ки дар муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ таҳсил менамоянд
Давлат ба ятимон, ноболиғони бе сарпарастии волидайн монда ва муҳоҷирони иҷборӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои давлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқҳои имтиёзнок медиҳад.
Дар давраи таҳсил дар муассисаҳои давлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ давлат хароҷоти иловагиро барои таълим ва таъмини онҳо ба зимма мегирад.
Моддаи 22. Таъмини ҳуқуқи хонандагони муассисаҳои таълимии махсуси маълумоти ибтидоии касбӣ
Барои шахсоне, ки ба шароити махсуси таълимӣ эҳтиёҷ доранд, муассисаҳои таълимии махсуси маълумоти ибтидоии касбӣ таъсис дода мешаванд.
Давлат мутобиқи ихтисоси муассисаҳои махсуси таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ ба хонандагони муассисаҳои махсуси таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқи идома додани маълумоти умумӣ ё таълими касбиро кафолат медиҳад.
Шахсоне, ки дар муассисаҳои махсуси ибтидоии касбӣ ба гирифтани маълумоти касбӣ фурсат наёфтаанд, барои давом додани таҳсил дар курси дахлдори муассисаҳои давлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқ доранд.
Моддаи 23. Таълими наврасони маъюби дорои нуқсонҳои инкишофи ҷисмонӣ ва кӯдакони маъюб
Барои таълим, тарбия ва табобати наврасони маъюби дорои нуқсонҳои инкишофи ҷисмонӣ ва кӯдакони маъюб муассисаҳои махсуси таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ таъсис дода мешаванд.
Хонандагони муассисахои махсуси давлатии таълимӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд.
БОБИ 5. ИДОРАИ СИСТЕМАИ МАЪЛУМОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ
Моддаи 24. Мақомоти идораи давлатии маълумоти ибтидоии касбӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти дахлдори давлатиро ваколатдор менамояд, ки идораи маълумоти ибтидоии касбӣ, татбиқи сиёсати давлатро дар соҳаи маълумоти ибтидоии касбӣ, тарбияи кадрҳо, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, инчунин таълим ва бозомӯзии аҳолии калонсоли машғули корнабударо мутобиқи талаботи бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд.
Моддаи 25. Назорати давлатии сифати маълумоти ибтидоии касбӣ
Назорати давлатии сифати маълумоти ибтидоии касбӣ ба таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маълумоти ибтидоии касбӣ, баланд бардоштани сифати тайёркунии мутахассисон, истифодаи дурусти маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои маблағгузории муассисаҳои таълимии системаҳои маълумоти ибтидоии касбӣ ҷудо шудаанд, равона карда мешавад.
Назорати давлатии сифати маълумоти ибтидоии касбиро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа тибқи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
БОБИ 6. МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДӢ ДАР СОҲАИ МАЪЛУМОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ
Моддаи 26. Маблағгузории маълумоти ибтидоии касбӣ
Тартиби умумии маблағгузории муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
Манбаи асосии маблағгузории фаъолияти таълимию истеҳсолӣ ва хоҷагӣ, рушди иҷтимоии муассисаҳои таълими маблағҳои буҷети давлатӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо ва дигар манбаъҳо мебошанд.
Маблағгузории муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ метавонад бо маблағҳои зерини ғайрибуҷетӣ пурра карда шавад:
- даромади фаъолияти истеҳсолӣ;
- хизматрасонии таълими пулакӣ;
- маблағи корфармоён, корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ;
- маблағи мақомоти хадамоти шуғли аҳолӣ;
- маблағи сарпарастон ва дигар маблағҳое, ки ба қонунгузории ҷорv мухолифат намекунанд;
- маблағи шахсии хонандагон ва волидайни онҳо.
Тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои ғайридавлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ метавонад мутобиқи меъёрҳои давлатӣ аз лаҳзаи аккредитатсияи давлатӣ гирифтан ва ҳангоми мавҷуд будани супориши давлатӣ ҷиҳати тайёр намудани кадрҳо аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда шавад.
Маблағгузории тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси коргарон, хизматчиён ва шаҳрвандони бекор аз ҳисоби маблағи корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳои манфиатдор, инчунин аз ҳисоби маблағи хадамоти шуғли аҳолӣ анҷом дода мешаванд.
Моддаи 27. Хизматрасонии иловагии таълими пулакӣ ва дигар хизматрасониҳои муассисаҳои таълимии системаи маълумоти ибтидоии касбӣ
Муассисаҳои таълимии давлатӣ ҳуқуқ доранд ба аҳолӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, ба таври шартномавӣ (пулакӣ) ва хизматрасонии иловагии таълимро аз рӯи барномаҳои иловагии таҳсил, дарсомӯзи дар курсҳои махсус ва силсилаи фанҳо, репетитори, машғулиятҳо бо хонандагон ба омӯзиши амиқи касбҳо ва дигар хизматрасониҳо, ки барномаҳои дахлдор ва стандартҳои таълимии давлатии маълумоти ибтидоии касбӣ пешбинӣ намекунанд, расонанд.
Муассисаҳои таълимии ғайридавлатии маълумоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқ доранд, ки аз хонандагон барои хизматрасониҳои таълимӣ, аз ҷумла барои таҳсил дар доираи стандартҳои давлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ маблағ рӯёнанд, ки он ҳамчун соҳибкорӣ баррасӣ намешавад, агар даромади аз он ба даст оварда шуда, барои ҷуброни хароҷоти таъмини ҷараёни таълим, аз ҷумла барои музди меҳнат, инкишоф ва такмилӣ он дар муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ равона гардида бошад.
Муносибати муассисаи ғайридавлатии таълимӣ ва таълимгиранда, волидайни он (намояндагони қонунӣ) ба воситаи шартнома, ки сатҳи таълим, мӯҳлати таҳсил, ҳаҷми пардохти таҳсил ва дигар шароитҳоро муайян мекунад, танзим карда мешавад.
Хизматрасонии таълимии шартномавӣ (пулакӣ) наметавонад ба ҷои фаъолияти таълимӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, амалӣ гардад.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 28. Ҳамкории байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
Муассисаҳои маълумоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ҳуқуқ доранд дар соҳаи маълумоти ибтидоии касбӣ робитаҳои байналмилалиро анҷом диҳанд.
Моддаи 29. Ҷавобгарӣ барои вайрои кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи маълумоти ибтидоии касбӣ вайрон менамоянд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 30. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Рахмонов
ш. Душанбе
22 апрели соли 2003 № 21