Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2007 № 334 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003 "Дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2003, №4, мод. 151) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар ном ва матни Қонун калимаи "маълумоти" ба калимаи "таҳсилоти" иваз карда шавад.

2. Аз қисми якуми моддаи 12 калимаҳои ", ки барои фаъолияти таълимии ин сатҳ иҷозатнома (литсензия) доранд" хориҷ карда шаванд.

3. Моддаи 14 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 14. Аттестатсия, аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва иҷозатномадиҳии фаъолияти онҳо

Аттестатсия, аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва иҷозатномадиҳии фаъолияти онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

 30 июли соли 2007 № 334

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе 

 13 июни соли 2007 № 643

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ" баррасӣ намуда,қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе 

 19 июли соли 2007 № 405

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О начальном профессиональном образовании"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 22 апреля 2003 года "О начальном профессиональном образовании" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2003 год, №4, ст. 151) следующие изменения:

1. В части первой статьи 12 слова ", имеющих лицензию на право ведения образовательной деятельности этого уровня" исключить.

2. Статью 14 изложить в следующей редакции:

"Статья 14. Аттестация, аккредитация образовательных учреждений начального профессионального образования и лицензирование их деятельности

Аттестация, аккредитация образовательных учреждений начального профессионального образования и лицензирование их деятельности проводится в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                               Э.Рахмонов

г. Душанбе

30 июля 2007 года № 334

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О начальном профессиональном образовании"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О начальном профессиональном".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли 

Республики Таджикистан                             С.Хайруллоев

г. Душанбе, от 13 июня 2007 года №643

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республику Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О начальном профессиональном образовании"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О начальном профессиональном образовании", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О начальном профессиональном образовании".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                   М.Убайдуллоев

г.Душанбе 19 июля 2007 года №405