ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 декабри соли 2020, № 289
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 январи соли 2021, № 125
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ" аз 22 апрели соли 2003 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №4, мод.151; с.2007, №7, мод. 696; с. 2009, № 3, мод.84; с.2012, №7, мод.718; с.2014, №7 қ.2, мод.424; с.2017, №7-9, мод.582) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
2. Дар қисми дуюми моддаи 25 калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
29 январи соли 2021, № 1765
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати "Huaxin Cement Co., LTD-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба сохтмон ва ба истифода додани хатҳои дуюм ва сеюми лоиҳавии корхонаҳои истеҳсоли семент дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати "Huaxin Cement Co., LTD-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба сохтмон ва ба истифода додани хатҳои дуюм ва сеюми лоиҳавии корхонаҳои истеҳсоли семент дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара", ки 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Ширкати "Huaxin Cement Co., LTD-и Ҷумҳурии Халқии Хитойро дар бораи эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур огоҳ намояд.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
ш.Душанбе, 11 феврали соли 2015, № 1765
Созишнома