ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 2, мод. 323; с. 2006, №3, мод. 156; с. 2008, №3, мод.198, №12, қ. 2, мод. 996; с. 2013, №12, мод. 891; с. 2015, №12, қ. 1, мод.1117; с. 2016, №3, мод.154)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии танзим ва идоракунии фаъолият дар соҳаи бунёд, амал ва рушди алоқаи барқрро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқaррар намуда, салоҳияти мақомоти идораи давлатӣ ва танзими соҳаи мазкур, инчунин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки дар ин кор иштирок мекунанд ё аз хизмати алоқаи барқӣ истифода мебаранд, муайян мекунад.
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Таъиноти алоқаи барқӣ
Алоқaи барқӣ қисми ҷудонопазири инфраструктураи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар қаламрави он чун ҷузъи ба ҳам алоқаманди комплекси истеҳсолию хоҷагӣ, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷот ва талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идорӣ ба хизмати алоқаи барқӣ нигаронида шудааст, амал мекунад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
"алоқаи барқӣ" - ҳар навъи интиқол ё қабули нишонҳo, ишоратҳо, матни хаттӣ, тасвирҳо, овозҳо ё ҳар намуди иттилоот тавассути симҳо, радиооптика ё системаҳои дигари электромагнитӣ;
"шабакаи алоқаи барқӣ" - системаҳои интиқол ва таҷҳизоти коммутатсионӣ ё самти интиқол ва дигар манбаъҳое, ки ба воситаи симҳо, радио, воситаҳои оптикӣ ё дигари электронӣ, аз ҷумла шабакоти радифӣ, шабакаҳои қайдшуда (коммутатсияи хати алоқа ва покатӣ, ҳамзамон Интернет ва IP-телефонӣ) ва сайёри заминӣ, шабакаҳои барои радиошунавонӣ ва телевизион истифодашаванда, ҳамчунин шабакаҳои кабелӣ, ки новобаста аз намуди иттилооти интиқолшаванда ишоратҳоро таҳвил медиҳанд;
"хизматрасонии алоқаи барқӣ" - маҳсули фаъолияти оператор ва провайдер оид ба қабул, интиқол, коркарди ишоратҳо ва дигар намудҳои иттилоот тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ;
"таҷҳизоти ниҳоӣ" - воситаҳои техникӣ ё дастгоҳҳое, ки тавассути хати абонентӣ ё бо истифода аз таҷҳизоти симӣ, оптикию нахӣ ва электромагнитӣ ба шабакаи алоқаи барқи пайвастшуда, ки истифодабаранда бо ёрии онҳо метавонад иттилоотро интиқол диҳад, дигаргун созад ё қабул кунад;
"пайвандкунии байнишабакавӣ" - амали мутақобилаи технологии байни шабакоти алоқаи барқии операторони гуногуни алоқаи барқӣ, ки қабулу интиқоли иттилоотро дар байни истифодабарандагон таъмин менамояд;
"таҷҳизоти радио" - таҷҳизоти барқии интиқолкунанда ё қабулкунандае, ки ба воситаи он интиқоли иттилоот бе ягон хати алоқаи симӣ ба амал бароварда мешавад;
"спектри радиобасомад" - маҷмӯи мавҷҳои электромагнитии (радиомавҷҳо бо зудии дар худуди аз ЗкГс то 3000 ГГс) дар фазо бе истифода аз мавҷбари сунъи паҳншаванда, ки ҳангоми ташкили радиоалоқа, эфири телевизионӣ ва радиошунавонӣ ва дигар мавридҳои интиқоли ишоратҳои барқӣ бе пайваcти ҷисмӣ истифода карда мешаванд;
"воситаҳои алоқа" - дастгоҳҳои техникӣ, таҷҳизот, иншоот ва системаҳое, ки барои ташаккул, коркард, интиқол, қабул ва коммутатсияи ишоратҳои электромагнитӣ ва оптикӣ истифода карда мешаванд;
"оператори шабакаи алоқаи барқӣ" - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки соҳиби шабакаи алоқаи барқӣ буда, кору амал, рӯшди онро таъмин менамояд ва хизмати алоқаи барқиро ба ҷо меорад;
"провайдери хизмати алоқаи барқӣ" - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар асосҳои тиҷоратӣ ба воситаи шабакаи операторон ба истифодабарандагон хизмати алоқаи барқӣ мерасонанд;
"хизмати универсалӣ" - маҷмӯи хизмати алоқаи барқии истифодаи умум, ки ба ҳама гуруздаи истифодабарандагон, аз ҷумла ҳуқуқи дастрас будан ба хизмати алоқаи телефонӣ ва телеграф, хизмати иттилоотӣ ва справкадиҳӣ, хизмати телефонҳои худкори истифодаи умум барои таҳвили бепули зангҳо ба ҳадамоти садамавӣ расонида мешавад;
"истифодабарандаи хизмати алоқаи барқӣ" - шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки аз хизмати алоқаи барқии истифодаи умум истифода мебарад ва ё пурсиш ба амал меоварад;
"шабакаи алоқаи ҳукуматӣ" - шабакаи махсуси алоқа, ки таҳвили маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамояд ва ба манфиати идории давлат дар замони осоишта ва ҳолати ҷангӣ фаъолият мекунад;
"симкорт" - модули ҳаммонандсозӣ (идентификатсионӣ) буда, дар хотираи он иттилоот дар бораи хизматрасонӣ, маълумоти муайянкунандаи истифодабарандаи хизмати алоқаи барқӣ ҷойгир карда шуда, пешниҳоди хизматрасонии оператори шабакаи алоқаи барқиро таъмин менамояд ;
"ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ ва ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ" - ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ барои шахси воқеӣ шиноснома - (барои шахсони бешаҳрванд - шаҳодатномаи бақайдгирӣ) ва барои шахсони ҳуқуқӣ шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ мебошанд ;
"системаи рақамгузорӣ" - тартиби тақсим ва рақамгузорӣ (моc кардани рақамҳо ё нишонҳо) байни операторон, провайдерҳо ва таҷҳизоти ниҳоии истифодабарандагон;
"системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ" - маҷмӯи таҷҳизот ва барномаҳои дорои маълумоти идентификатори байналмилалии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки бақайдгирии идентификаторҳои истифодашаванда, шинохтани идентификаторҳои нав, муқоисаи онҳо ва кори воситаҳои мобилии идентификаторашон бақайдгирифташудаи ба шабакаи алоқаи барқӣ пайвастро таъмин менамоянд ;
"плани рақамгузорӣ" - рақамгузории мушаххаси байни операторон, провайдерҳо ва таҷҳизоти ниҳоии истифодабарандагон.
Моддаи 3. Принсипҳои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ
Фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ мутобиқи принсипҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
- ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баробар дастрас будани инфраструктураи ҳозиразамону самаранок ва хизматрасонии алоқаи барқӣ;
- мусоидат ба рақобати самаранок ва озод дар бозори алоқаи барқӣ ба манфиати истифодабарандагон;
- муҳайё кардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ;
- фароҳам овардани шароит нисбати дастрас будани шабакоти истифодаи умумӣ ва пайвандҳои байнишабакотӣ, ки кафолати холисона, ошкоро, роҳ надодан ба поймолкунии ҳуқуқ, таъмини шароитҳои баробар дар бозор ва имконияти алоқаро байни истифодабарандагон медиҳад;
- мусоидат ба расонидани хизматҳои анъанавии боэътимод ва баландсифати алоқаи барқӣ,
- ҷорӣ намудани шаклҳои нави хизматрасонӣ ва таъмини мутобиқати шабақаҳои алоқаи барқӣ бо шабакаҳои байналмилалии алоқaи барқӣ;
- муҳайё кардани хизматрасонии универсалии алоқа дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳусусиятҳо ва шароитҳои миллӣ;
- маҳфуз доштани ахбороти истифодабарандагон аз тарафи операторони шабакаҳои алоқаи барқӣ;
- дастрас будани шабакаҳои алоқаи барқӣ дар вазъиятҳои фавкулодда ва барои иҷрои вазифаҳо дар соҳаи идоракунии давлатӣ, таъмини мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ.
Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи алоқаи барқӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи алоқаи барқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад .
БОБИ II. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ
Моддаи 5. Идоракунии давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ
Идоракунии давлатии фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ ва радиобасомадҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ба амал мебароранд .
Моддаи 6. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи барқӣ:
- гузаронидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ;
- фароҳам овардани шароити зарури барои ҷалби инвеститсияҳо;
- таҳия ва ба амал баровардани барномаи ғайриинҳисорӣ ва хусусигардонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ;
- тасдиқи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он ;
- тасдиқи Тартиби хизматрасонӣ ва истифодабарии алоқаи радифӣ
- тасдиқи Тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ;
- тасдиқи номгӯи намудҳои хизмати универсалӣ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати танзими фаъолиятро дар соҳаи алоқаи барқӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияте, ки Қонуни мазкур ба онҳо додааст, вомегузорад .
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ
Ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ваколатҳои асосии зерин дода шудааст :
- таҳияи сиёсати ягона дар соҳаи алоқаи барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи принсипҳое, ки дар Қонуни мазкур ифода ёфтаанд;
- татбиқи сиёсати мазкур ба мақсади вусъати фарогирӣ бо хизмати алоқаи барқӣ барои таъмини эҳтиёҷоти рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, инчунин стандартҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои баамалбарории фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ тибқи тартиби муқарраршуда;
- муҳайё кардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ ба соҳаи алоқаи барқӣ ва ба вуҷуд овардани муҳити рақобат барои операторон ва провайдерҳо бо мақсади таъмини даcтрас будани шаклҳои нисбатан пешқадaми хизматрасонии алоқаи барқӣ барои истифодабарандагон;
- бурдани гуфтугуҳо оид ба масъалаҳои алоқаи барқӣ бо давлатҳо ва ҳукуматҳои дигар, инчунин бастани шартномаҳо дар сурати додани ваколатҳои дахлдор;
- ба амал баровардани фаъолият дар доираи ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ба сифати маъмурияти алоқаи ягона;
- иҷрои дигар вазифаҳое, ки мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар cанадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба ӯҳдаи он гузошта шудааст.
БОБИ III. ТАНЗИМКУНӢ ДАР СОҲАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ
Моддаи 8. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ
Назорат ва танзими фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ба амал бароварда мешавад.
Таъсисдиҳӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва сохтори ташкилии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад .
Моддаи 9. Вазифаҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ дар доираи ваколатҳои худ мутобиқи Қонуни мазкур вазифаҳои зеринро ба амал мебарорад :
- рақобати озодӣ (самаранок ва одилонаи) байни операторони алоқаи барқиро, аз ҷумла ба тариқи тасдиқи қоида ва дастурҳои дахлдор назорат ва танзим менамояд;
- ба ҳамаи истифодабарандагон баробар дастрас будани шабақоти алоқаи барқии иcтифодаи умумро дар асоси хизматрасонии хушсифат ва риояи маҳфузияти ахборот, инчунин ҳифзи сирри маълумоти хусусиро дар бораи истифодабарандагон таъмин менамояд;
- ба хотири мудофиа ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар вазъиятҳои фавкулодда иҷрои ӯҳдадориҳоеро, ки ба операторони алоқаи барқии иcтифодаи умум гузошта шудаанд, таъмин менамояд;
- ҳолат ва инкишофи шабакоти алоқаи барқии истифодаи умум ва хизматрасонии алоқаи барқии иетифодаи умумро назорат мекунад;
- ба иcтифодаи радиобасомадҳо дар диапазонҳое, ки бо истифода аз онҳо операторон ва провайдерон хизмати алоқаи барқиро мерасонанд, иҷозат медиҳад ва онҳоро танзим менамояд;
- риояи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ, хизматрасониҳо ва истифодабарии он, инчунин хизматрасонӣ ва истифодабарии алоқаи радифиро санҷиш ва назорат намуда, ҷиҳати иҷрои талаботи муқарраргардида чораҳои дахлдор меандешад
- нақшаи рақамгузории миллии алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз он ҷумла рамзҳои байнишаҳpӣ ва байналмилалӣ)-ро тартиб медиҳад ва назорати иҷрои онро ба амал мебарорад, иcтифодаи самараноки рақамҳо, инчунин ҷудо кардани рақамҳо ё диапазонҳои рақамҳоро ба операторони алоқаи барқӣ таъмин менамояд;
- сифати хизматҳои алоқаи барқии расонидашаванда ва ҳолати техникии воситаҳои алоқаи барқиро зери назорат мегирад.
Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ
Барои ба амал баровардани вазифаҳои худ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ваколатҳои зерин дода мешаванд :
сархати якум хориҷ карда шуд .
- гузаронидани сертификатсия, додани сертификати мутобиқат ба таҷҳизот ва хизмати алоқаи барқӣ (ё тартиби иcтифодаи сертификати давлатҳои дигар), инчунин ба дигар воситаҳои техникӣ, радиобасомадҳои шуоъафкан ё манбаи мавҷҳои баландбасомади электромагнитие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд;
- якҷоя бо мақоми давлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ андешидани тадбирҳои гирифтани пеши роҳи фаъолияте, ки ба муқобили рақобат дар соҳаи алоқаи барқӣ равон карда шудааст;
- танзими сифати хизматрасонии шабақаҳои алоқаи барқӣ мувофиқи муқаррароти Қонуни мазкур ;
- сархати чорум хориҷ карда шуд ;
- танзими шароити иcтифодаи якҷояи (пайвандҳои байнишабақотии) шабакоти алоқаи барқии иcтифодаи умум аз тарафи операторони алоқаи барқӣ;
- сархати шашум хориҷ карда шуд ;
- назорати риояи талаботи стандартҳо, қоидаҳо, асноди меъёрӣ ва иҷрои шартҳои иҷозатномаи додашуда .
- ҷамъоварӣ ва таъмини маҳфузияти иттилооти ба дастомада дар мавридҳои зарури, ирсоли натиҷаҳои санҷиш ва дигар маводи марбут ба онҳо бо тартиби муайяннамудаи қонун ба мақомоти дахлдор;
- ба амал баровардани назорати мувофиқати фаъолияти шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки ба истифодабарии басомадҳо иҷозат гирифтаанд, ба муқаррароти ин иҷозатномаҳо, ошкор ва бартараф кардани ишоратҳо ва радиохалалҳои беиҷозат;
- қабул, нашр ва назорати иҷрои лозимаи қоидаҳо, нишондодҳои методӣ, дастурамалҳо ва дигар санадҳое, ки барои ба амал баровардани ваколати худ заруранд;
- муқаррар кардани тартиби мушаххаси ҳалли ихтилофҳое, ки байни операторони алоқаи барқӣ, инчунин операторони алоқаи барқӣ ва истифодабарандагони хизмати алоқаи барқӣи рӯй медиҳанд;
хориҷ карда шуд
- иҷрои дигар вазифаҳо ва ваколатҳо мутобиқи Қонуни мазкур ё дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба вуҷуд овардан, инкишоф додан ва истифодаи системаи давлатии назорати радио, ки системаи ба ҳам алоқаманди воситаҳои техникии назорати радиоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба гузаронидани ченкунии умумии истифодаи каналҳо ва қитъаи радиобасомадҳо, тафтиши сифати техникӣ ва истифодабарии радиоишоратҳои интиқолшаванда, ошкор ва фарқ кардани радиофиристониҳои беиҷозат ва манбаъҳои шуоъафкании баландбасомади электромагнитӣ, радиохалалҳо имконият медиҳад .
Қарорҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ барои ҳамаи cубъектҳои танзимшаванда дар соҳаи алоқаи барқӣ сарфи назар аз шакли моликияташон ҳатмӣ мебошанд .
Моддаи 11. Хорич карда шуд
Моддаи 12. Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади тарҳрезӣ ва татбиқи сиёсати ягона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тақсим ва истифода аз спектрҳои радиобасомад, таъмини мутобиқати электромагнитии воситаҳои радиоэлектронии ҳамаи истифодабарандагон ва ҳифзи ҳуқуқии манфиатҳои давлат дар Иттифоқи байналмилалии алоқаи барқӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода мешавад .
Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Низомномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ба роҳ мемонад .
Моддаи 13. Вазифаҳои Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро амалӣ мегардонад:
- банақшагирии истифодаи самаранок ва бехалал аз спектри радиобасомадҳои ҷамъиятӣ, ба шумули истифодаи хусусии онҳо;
- ба вуҷуд овардани Нақшаи миллии тақсими радиобасомадҳо;
- ҳамоҳангсозии насби ҳама намудҳои радиостансияҳо дар каламрави ҷумҳурӣ бо мақсади истифодаи оқилонаи мавқеъҳои мавҷуда;
- таҳияи тавсияҳо ва тартиби истифода аз спектри радиобасомад;
- тархрезии консепсияи дарозмуддати инкишофи системаи спектри радиобасомад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи мавқеъ ва мусоидат кардан дар мавриди намояндагӣ аз манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуфтушунидҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои спектрҳои радиобасомад.
Қарорҳо дар нисбати насби радиоcтансияҳо танҳо бо ризояти Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
Моддаи 14. Ҳуқуқҳои Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:
- қарорҳои пештар қабулкардаи Комиссияи давлатиро оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақсими басомадҳо бекор кунад;
- манъ кардани истифода аз радиобасомадҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати вайрон кардани тартибе, ки барои истифодаи онҳо муқаррар шудааст;
- бекор ё манъ кардани таҳия ва истеҳсоли дастгоҳҳо ва воситаҳои радио, ки ба талаботи муқарраркардаи техникӣ ҷавобгӯ нестанд.
Моддаи 15. Танзими истифодаи спектрҳои радиобасомад
Спектри радиобасомад моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тартиби танзими истифодаи спектри радиобасомад аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Истифода аз спектри радиобасомад бо мақсади истифодабарӣ аз шабакаҳои алоқаи барқӣ ва расонидани хизмати алоқаи барқӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси иҷозатномаи даҳлдор мутобиқи Нақшаи миллии тақсимоти радиобасомадҳо амалӣ карда мешавад .
Иҷозатнома ба истифода аз спектри радиобасомад ҳамзамон бо иҷозатномаи мувофиқ, ба оператори алоқаи барқӣ дода мешавад. Иҷозатномаи иcтифодаи спектри радиобасомад ба ҳамон муҳлате дода мешавад, ки барои иҷозатномаи истифодабарӣ аз шабакоти алоқаи барқӣ, расонидани хизмати алоқаи барқӣ, интиқоли маълумот пешбинӣ гардидааст .
Спектри радиобасомад дар асоси пулӣ дода мешавад.
Андоза ва тартиби пардохти подош барои спектрҳои радиобасомади азхудкардашударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Ҳама гуна воситаҳои техникие, ки шуоъафканиҳои радиобасомадӣ медиҳанд ё манбаи мавҷҳои баландбасомади электромагнитӣ мебошанд, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.
Радиобасомадҳои гирифташудаи истифодабарандагон метавонанд аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ танҳо дар ҳолатҳои зерин бекор ё тағйир дода шаванд, дигаргун ё аз нав тақсим гарданд :
- вақте, ки чунин амалро манфиати таъмини мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ё вазъияти фавкулодда тақозо мекунад ва он танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мувофиқи созишномаҳои байналмилалӣ ба амал бароварда мешавад;
- бо тавсияи ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи иcтифодаи радиобасомадҳо ё ки ба мақсади иcтифодаи пурраи спектри радиобасомадҳо;
- агар чунин истифодабарандагон сари вақт иҷозати иcтифодаи спектри дигари киёспазирро гирифта бошанд.
Дар ин ҳолат хароҷотҳои операторони алоқаи барқӣ ба муносибати гузариши фавкулодда ба басомадҳои дигар дар натиҷаи татбиқи нишондодҳои қисми шашуми моддаи мазкур аз тарафи давлат ҷуброн карда мешавад.
БОБИ IV. ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ ВА СЕРТИФИКАТСИЯ
Моддаи 16. Иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ
Иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад .
Иҷозатномаҳо барои ба амал баровардани намуди муайяни фаъолият дар соҳаи алоқаи барқи умумӣ ё инфиродӣ шуда метавонанд.
Ба иҷозатномаҳои умумӣ иҷозатномае дохил мешаванд, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои баамалбарории фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ дар асоси талаботи ягона барои гирифтани иҷозатнома дода мешаванд. Мундариҷаи иҷозатномаҳои умумӣ барои ҳамаи иҷозатномаҳое, ки барои истифодабарии ҳамон як навъи шабакаи алоқа, инчунин барои ҳамон як навъи хизматрасонии алоқа дода мешаванд, бояд якхела бошанд.
Ба иҷозатномаҳои инфиродӣ иҷозатномае мансубанд, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои баамалбарории фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ дар асоси талаботу шартҳои махсус дода шудаанд. Лоиҳакашӣ, сохтмон, истифодабарӣ ва расонидани хизмати алоқаи барқии зерин бояд таҳти иҷозатномадиҳии инфиродӣ қарор гиранд:
- шабакоти алоқаи барқии иcтифодаи умумии маҳаллӣ, байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ;
- шабакоти алоқаи мутаҳаррики радиотелефонӣ (алоқаи сайёри кандуӣ);
- шабакоти радиодаъвати шахсӣ;
- шабакоти интиқоли маълумот;
- шабакоти пахши барномаҳои телевизион ва радиошунавонӣ.
Ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи баробар доранд. Бо сабаби маҳдудиятҳои техникӣ ё маҳдудияти миқдори басомад, ё дар сурати имконияти техникӣ ва молиявӣ надоштани аризадиҳанда барои иҷрои муътадили ӯҳдадориҳои худ мувофиқи шартҳое, ки вай фаъолияти худро амалӣ мекунад, мумкин аст иҷозатнома дода нашавад.
қисмҳои шашум ва ҳафтум хориҷ карда шуд .
Агар миқдори иҷозатномаҳо бо сабабҳои техникӣ маҳдуд бошад, додани иҷозатномаҳо дар асоси озмун (тендер) ба амал бароварда мешавад. Тартиби гузаронидани озмун (тендер)-ҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 17. Сертификатсияи таҷҳизот
Ҳамаи воситаҳои алоқaи барқӣ, аз ҷумла таҷҳизоти ниҳоии дар шабакоти алоқаи барқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда ҷиҳати мувофиқат ба стандартҳои ҷоpӣ, шартҳои техникӣ ва дигар меъёрҳо, аз ҷумла стандартҳои байналмилалӣ ва миллии мамлакатҳои дигар мувофиқи тартиби муқарраршуда дар асоси шартномаҳои дуҷонибаи эътирофи сертификатсияҳо мавриди сертификатсия қарор мегиранд.
Сертификатсияи воситаҳои алоқаи барқӣ ё тартиби истифодаи сертификатҳои мамлакатҳои дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ба амал бароварда мешавад .
БОБИ V. ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ
Моддаи 18. Ҳуқуқҳои операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ
Операторон ва провайдерон ҳуқуқ доранд:
- дар сурати аз ҷониби истифодабарандагон вайрон кардани қоидаҳои муқарраргардидаи истифодаи алоқаи барқӣ хизматрасониро ба онҳо боздоранд;
- ҷуброни зарареро, ки бо айби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ рӯи медиҳад, талаб кунанд;
- нисбат ба амали ғайриқонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи қонунгузорӣ арз кунанд.
Операторон ва провайдерон мувофиқи қонунгузорӣ ҳуқуқҳои дигарро низ дошта метавонанд.
Моддаи 19. Ҳуқуқи истифодабарандагони хизмати алоқаи барқӣ
Истифодабарандагон ҳуқуқ доранд:
- хизмати шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум ба онҳо дастрас бошад;
- таҷҳизоти ниҳоии худро ба шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум мутобиқи шартҳо ва тартибе, ки қонунгузорӣ муайян кардааст, пайваст кунанд;
- аз хизматрасонии саривақтӣ ва босифати операторон ва провайдерон мутобиқи қоидаҳои муқарраршуда истифода баранд;
- аз хизмати алоқаи барқӣ, дар сурати аз тарафи оператор ё провайдер риоя нашудани шартҳое, ки дар шартнома зикр гардидаанд, даст кашанд;
- дар натиҷаи нарасонидани хизмат ё сифати пасти хизматрасонӣ пардохтани товони зарар ва ҷуброни зарари маънавиро талаб кунанд;
- дар сурати вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо ба мақоми давлатии ваколатдор ва суд муроҷиат намоянд.
Дар ҳолати истифода гардидани хизмати алоқаи барқӣ аз ҷониби фарзанд, падару модари ӯ ҳуқуқ доранд, аз операторон ва провайдерон оид ба истифодабарии хизмати алоқаи барқӣ маълумоти дахлдорро ба таври ройгон гиранд .
Истифодабарандагон мувофиқи қонунгузорӣ ҳуқуқҳои дигарро низ дошта метавонанд.
Моддаи 20. ӯҳдадориҳои операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ
Операторон ва провайдерон ӯҳдадоранд :
- ба истифодабарандагон хизмат расонанд;
- ҳамкориро бо системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ таъмин намоянд ;
- васли воситаҳои мобилии алоқаи барқии дар системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бақайдгирифташударо ба шабакаи алоқаи барқӣ таъмин намоянд ;
- ба амал баровардани фаъолият дар cоҳаи алоқаи барқӣ мувофиқи шартҳои иҷозатнома ва қоидаҳои муқарраршуда;
- мутобиқи стандартҳо, қоидаву меъёрҳои муқарраргардида сифати хизмати расонидашавандаро таъмин намоянд;
- ба падару модар маълумотро дар бораи истифодаи хизмати алоқаи барқӣ аз ҷониби фарзандашон ройгон пешниҳод кунанд ;
- шартномаро бевосита бо худи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахсони воқеӣ ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахсони ҳуқуқӣ банданд ;
- тибқи Тартиб ва талаботи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавбақайдгирии симкортҳои истифодабарандагонро гузаронанд
- сирри гуфтугуҳои телефонӣ, телеграфӣ ва дигар маълумотеро, ки тариқ шабакоти алоқаи барқӣ интиқол мегарданд, риоя кунанд;
- ба истифодабарандагон сари вақт ахбороти муфассал доир ба шароиту тартиби расонидани хизмати алоқаи барқӣ, аз ҷумла тағйирёбии тарифҳо ба хизмати алоқаи барқӣ пешниҳод намоянд;
- пардохтани товони зарари расонидашударо ба истифодабарандагон мувофиқи қонунгузорӣ бинобар иҷро накардан ва ё бо сифати номувофиқ иҷро намудани шартномаҳои расонидани хизмати алоқаи барқӣ, инчунин нарасонидан ва ё бо сифати номувофиқ расонидани хизмат пардозанд.
Операторон ва провайдерон мувофиқи қонунгузорӣ ӯҳдадориҳои дигарро низ дошта метавонанд.
Моддаи 21. ӯҳдадориҳои истифодабарандагони хизмати алоқаи барқӣ
Истифодабарандагон ӯҳдадоранд :
- қоидаҳои муқарраршудаи истифода аз хизмати алоқаи барқиро риоя намоянд;
- таҷҳизоти ниҳоиеро, ки сертификати мувофиқат ба стандартҳои муқарраршуда доранд, истифода баранд;
- ҳангоми бастани шартнома ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ ва ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқиро пешниҳод намоянд ;
- симкортҳои худро дар операторони хизмати алоқаи барқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба қайд гиранд ;
- саривақт подоши хизмати ба онҳо расонидашударо пардозанд; амалҳоеро, ки ба паст шудани сифати кор ва ё вайрон кардани шабакоти алоқаи барқӣ оварда мерасонанд, содир накунанд.
Истифодабарандагон мувофиқи қонунгузори ӯҳдадориҳои дигарро низ дошта метавонанд.
Моддаи 22. Хориҷ карда шуд
Моддаи 23. Хориҷ карда шуд
Моддаи 24. Сирри алоқи барқӣ
Сирри гуфтугуйҳои телефонӣ, телеграфӣ, электронӣ ва дигар ахбороте, ки аз тариқи шабакоти алоқаи барқӣ интиқол меёбанд, аз тарафи қонун ҳимоя мешавад.
Ҳамаи операторони алоқаи барқи ӯҳдадоранд, ки сирри гуфтугӯиҳо ва ахбороти ирсолшавандаро махфӣ нигоҳ доранд. Маълумот оид ба ахборот ва инчунин худи ахбороти тавассути шабакоти алоқаи барқи интиқолгардида танҳо ба худи шахсони фиристанда ва ё намояндаи қонунии он пешниҳод карда мешавад .
Гӯш кардани гуфтугуйҳои телефонӣ, шиносоӣ бо ахбороти тариқи шабакоти алоқаи барқи интиқолшаванда, дастрас кардани маълумот доир ба онҳо, инчунин дигар маҳдудиятҳои сирри гуфтугӯиҳо ва ахборот танҳо дар асос ва бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
Шахсони манcабдор ва дигар ашхосе, ки ба вайрон намудани муқаррароти моддаи мазкур роҳ додаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
БОБИ VI. ШАБАКОТИ АЛОҚАИ БАРҚӢ, ПАЙВАНДҲОИ БАЙНИ ШАБАКАҲО, ТАҶҲИЗОТИ НИҲОӢ ВА РАҚАМГУЗОРӢ
Моддаи 25. Маҷмӯи амволи шабакоти алоқаи барқӣ
Ба маҷмӯи амволи алоқаи барқӣ биноҳо, аппаратура, таҷҳизот, иншооти кабелу канализатсионӣ ва хати кабел, симҷӯбҳои хатҳои алоқаи ҳавоӣ, таҷҳизоти хати радиорелеии алоқа ва сиетемаҳои радиотелефонии алоқа (бесим), таҷҳизоти алоқаи радифии заминӣ, воситаҳои нақлиёт дохил мешаванд.
Моддаи 26. Шаклҳои моликият ба шабакаҳои алоқаи барқӣ
Шабакаҳои алоқаи барқӣ метавонанд молиқияти хусусӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд. Рӯйхати шабакаҳо ва воситаҳои алоқаро, ки танҳо моликияти давлатӣ маҳсуб мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Ҳамаи соҳибони шабакоти алоқаи барқӣ ҳуқуқҳои баробар доранд ва бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда мешаванд.
Моддаи 27. Шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум
Шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум шабакаи алоқаи барқие мебошад, ки барои расонидани хизмати алоқаи барқӣ ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои ягонаи хизматрасонӣ, тартиби пешниҳод ва пардохти он пешбинӣ карда шудааст.
Ҳар як шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ метавонад шабакаи алоқаи барқии истифодаи умумро созмон диҳад ва истифода барад, инчунин мувофиқи муқаррароти Қонуни мазкур хизмати алоқаи барқии истифодаи умумро пешниҳод намояд.
Моддаи 28. Шабакоти алоқаи барқии мақомоти идоравӣ ва ҷудошуда
Ба шабакоти алоқаи барқии мақомоти идоравӣ шабакоти алоқаи барқие мансубанд, ки барои таъмини эҳтиёҷоти истеҳсолӣ ва махсуси шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешбинӣ шуда, дар ихтиёри онҳo мебошанд ва аз тарафи онҳо истифода бурда мешаванд. Шабакоти алоқаи барқии мақомоти идоравӣ метавонанд барои расонидаии хизмати алоқаи барқӣ ба дигар истифодабарандагон низ пешниҳод карда шаванд.
Ба шабакоти алоқаи барқии ҷудошуда шабакоти алоқаи барқии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои расонидани хизмати алоқаи барқӣ ба доираи маҳдуди истифодабарандагон пешбинӣ шудаанд, мансубанд.
Қоидаҳои хизматрасонӣ аз тарафи операторони шабакоти алоқаи барқии идораҳо аз ҷониби операторони худи ҳамин шабакоти алоқаи барқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиетон муқаррар карда мешавад.
Васли шабакоти алоқаи барқии идоравӣ ва ҷудошуда бо шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум танҳо дар асоси шартномаи дахлдор ба амал бароварда мешавад. Шарту талаботи чунин тарзи васли байнишабакотӣ бо Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад.
Моддаи 29. Васлҳои байнишабакотӣ
Операторони шабакоти алоқаи барқии истифодаи умум, ки мавқеи бартарӣ доранд, ӯҳдадоранд дархостҳоро оид ба васли байнишабакотии шабакаҳои худ бо шабакаҳои операторони дигари алоқаи барқие, ки иҷозатнома доранд, қонеъ гардонанд .
Васли байнишабакотӣ дар асоси шартномаҳои байни операторони алоқаи барқӣ, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ тасдиқ мекунад, ба амал бароварда мешавад. Муқаррароти шартнома оид ба васли байнишабакотӣ набояд ба муқаррароти Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва шартҳои васли байнишабакотӣ, ки онҳо тариқи қонунгузорӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ муқаррар гардидаанд, мухолиф бошанд .
Дар сурати вуҷуд доштани имконияти техникӣ барои васли байнишабакотӣ иҷрои он набояд рад карда шавад. Ҳар як радкунии васли байнишабакотӣ бояд пурра асоснок карда шавад.
Дар сурати рад намудан ба васли байнишабакотӣ барои ҳалли масъалаҳои баҳсталаб тарафи ҷабрдида метавонад ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ муроҷиат намояд .
Моддаи 30. Таҷҳизоти ниҳоӣ
Ҳар як шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқyқи ворид намудан, фуруш, васлу истифодабарӣ ва хизматрасонии таҷҳизоти ниҳоиро дорад.
Ҳар як таҷҳизоти ниҳоӣ метавонад ба шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум танҳо дар cурате васл карда шавад, ки он ба талаботи асосии моддаи мазкур мувофиқ буда, бо тартиби муқарраршуда сертификат гирифтааст.
Талаботи асосӣ нисбати таҷҳизоти ниҳоӣ аз инҳо иборат мебошанд:
- бехавфӣ барои истифодабарандагон ва ҳайати кормандони шабакаи алоқаи барқӣ;
- мувофиқат ба талаботи мутобиқати электромагнитӣ;
- самаранок истифода бурдани спектри радиобасомад ва пешгирӣ намудани халалҳои радиотехникӣ байни системаҳои кайхонӣ ва рӯизаминӣ;
- мутобиқат ва ҳамкориҳо бо воситаҳои шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум;
- ҷонибдории таснифоти дахлдоре, ки дастрас намудани алоқаи таъҷилиро кафолат медиҳанд ва кори аз онҳо истифода бурдани истифодабарандагони ҷисман маъюбро осон менамоянд.
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ номгӯи таҷҳизоти ниҳоиеро, ки сертификати мутобиқат дорад, нашр мекунад .
Моддаи 30(1) Бақайдгирӣ ва муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ
Мақоми ваколатдори давлатии соҳаи алоқаи барқӣ системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқиро ташкил намуда, рушд медиҳад ва истифода мебарад.
Идентификаторҳои байналмилалии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ дар системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ба қайд гирифта мешаванд.
Бақайдгирии идентификаторҳои воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ музднок анҷом дода мешавад. Андоза ва тартиби пардохти хизматрасонии бақайдгирии идентификаторҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар мувофиқа бо мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ муайян карда мешаванд.
Дигаргун сохтан, нусхабардорӣ ва паҳн кардани маълумоти системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бе розигии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ манъ аст.
Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр, паҳн ва истифода кардани намудҳои гуногуни таҷҳизоту барномаҳое, ки барои дигаргун кардани маълумоти идентификатории воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ истифода мешаванд ва (ё) истифодаи воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки маълумоти идентификаторашон дигар карда шудааст, манъ мебошад.
Операторони хизмати алоқаи барқӣ ҳуқуқ надоранд ба воситаҳои мобилии алоқаи барқии дар системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бақайдгирифтанашуда хизмат расонанд
Моддаи 31. Рақамгузорӣ
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ идоракунии рақамгузориро ба амал бароварда, нақшаи миллии рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд ва назорат мекунад .
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ операторони алоқа ва истифодабарандагонро, ки таҷҳизоти ниҳоӣ доранд, бо тақсимот ва истифодаи самараноки рақамҳо таъмин менамояд .
Рақамҳои алоқаи барқӣ ба операторон ва истифодабарандагони хизмати алоқаи барқӣ дар асоси пардохти пулӣ дода мешавад. Миқдор ва тартиби пардохти истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ муайян карда мешаванд , .
Моддаи 32. Хизматрасонии универсалӣ
Хизматрасонии универсалӣ аз рӯи тарифҳо ва шартҳои техникӣ ба гуруҳҳои алоҳидаи истифодабарандагони ҷиcман маъюбӣ ба ин хизматрасонӣ эҳтиёҷоти махсусдошта пешниҳод гардида, барои ба онҳо дастрас будани хизмати алоқа мусоидат менамояд. Интиқоли зангзаниҳои бемузд ба ҳадамотҳои садамавӣ ва таъҷилӣ барои ҳамаи таъминкунандагони хизмати алоқаи телефонии истифодаи умум ҳатмӣ мебошад.
Ба операторон ӯҳдадориҳои расонидани хизмати универсалӣ метавонанд вогузор шаванд .
Тартиби расонидани хизмати универсалӣ аз тарафи операторони алоқaи барқии универсалӣ ва маблағгузории ҳароҷоти иҷрои вазифаҳо нисбати хизмати универсалӣ бо Низомнома дар бораи хизматрасонии универсалӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян карда мешавад.
Моддаи 33. Истифодаи шабакоти алоқаи барқӣ ба манфиати идоракунии давлатӣ, мудофиа, амнияти миллӣ, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар ҳолатҳои фавкулодда
Шабакаи ҳукуматии алоқаи барқӣ аз тарафи мақомоте, ки махсус, бино ба таъиноти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, бунёд ва истифода карда мешавад. Шабакаи ҳукуматии алоқаи барқӣ бояд маҳфияти маълумотеро, ки ба тавассути ин шабака таҳвил мегардад, таъмин намояд.
Ҳамаи вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шабакоти алоқаи барқии дохилӣ истифода мебаранд ва инчунин операторони шабакоти алоқаи барқии истифодаи умум ӯҳдадоранд барои иҷрои талаботи идораи давлатӣ, аз ҷумла мудофиа, амният, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар ҳолатҳои фавкулодда пешниҳод намудани шабақаҳо ва хизмати алоқаи барқиро таъмин намоянд .
Идоракунии шабакоти алоқаи барқӣ дар ҳолатҳои фавкулодда аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои кудратӣ, инчунин вазорату муассисаҳое, ки шабакоти алоқаи барқии худӣ доранд, ба амал бароварда мешавад .
Ҳангоми рӯи додани ҳолатҳои фавкулоддае (амалиётҳои ҷангӣ, офатҳои табиӣ, карантин ва ғайра), ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, мақоми давлатии ваколатдор дар истифодабари ҳуқуқи бартариятнок дошта, инчунин барои маҳдудкунӣ ва ё боздоштани фаъолияти ҳар як шабака ва воситаи алоқаи барқӣ сарфи назар аз мансубияти идоравии онҳо ҳуқуқ доранд.
Зарари ба операторони алоқаи барқӣ дар ҳoлатҳои фавкулодда, инчунин бо мақсади таъмини мудофиаи миллӣ, амният, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ зимни иcтифодабарии шабакаҳо ва воситаҳои алоқаи барқӣ расонидашуда мутобиқи қонунгузорӣ ва мувофиқи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ҷуброн карда мешавад.
Операторони алоқаи барқӣ ӯҳдадоранд таҷҳизот ва иcтифодабарии воситаҳоеро, ки барои хабардоркунии аҳолӣ аз ҳавфи ҳолатҳои фавқулодда заруранд, таъмин намоянд .
Моддаи 34. Амали якҷояи операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ бо мақоме, ки фаъолияти фаврии ҷустуҷӯро амалӣ мегардонанд
Операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ, ки дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, сарфи назар аз мансубияти идорӣ ва Шакли моликият, мавриди коркард, офариниш ва иcтифодабарӣ аз шабакаҳои алоқа мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадоранд ба мақомҳое, ки фаъолияти фаврии ҷустуҷӯӣ мебаранд, кумак намоянд ва ба тавассути шабакаи алоқаи барқӣ ба амал баровардани чорабиниҳои фаврии ҷустуҷӯӣ шароит фароҳам оваранд, барои роҳ надодан ба ошкор кардани усулҳои ташкилӣ ва тақтиқии гузаронидани чорабиниҳои мазкур чораҳо андешанд .
Дар сурати истифодаи ғайриқонунӣ аз воситаҳои алоқа, ки ба манфиати шахс, ҷомеа ва давлат зарар меоваранд, идораҳои ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ доранд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳар гуна шабака ва воситаҳои алоқаро, сарфи назар аз мансубияти идорӣ ва шакли моликият боздоранд.
Моддаи 35. Ахбороти афзалиятнок
Операторони алоқаи барқӣ ва истифодабарандагон бояд бартарияти мутлақи ахбороти зеринро таъмин намоянд:
- хавфи бехатарии ҳаёти инсон дар об, замин, ҳаво, фазои кайҳонӣ;
- гузаронидани чорабиниҳои таъҳирнопазир ҷиҳати мудофиа, амнияти миллӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ;
- садамаҳои калон, фалокатҳо, паҳншавии эпидемияҳо, муриши ҳайвонот, офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавкулодда.
Моддаи 36. Имтиёз ва бартариҳо дар мавриди истифода аз алоқаи барқӣ
Барои гурӯҳи алоҳидаи шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дипломативу консулии давлатҳои хориҷа, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин гурӯҳи алоҳидаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми иcтифода аз алоқаи барқи афзалияту имтиёзҳо оид ба навбат, тартиби иcтифодабарӣ ва андозаи пардохти хизмати алоқаи барқӣ муқаррар карда мешаванд.
Номгӯи гуруҳҳои шахсоне, ки ба чунин афзалияту имтиёзҳо ҳуқуқ доранд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Ҷуброни даромадҳои пурра ба даст оварданашуда ба операторон ва ё хизмати алоқаи барқӣ дар натиҷаи муқаррар намудани имтиёзҳою бартариҳо ҷиҳати иcтифодабарии хизмати алоқа ва ё дигар намуди зарар бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 37. Сифати хизмати алоқаи барқӣ
Операторони алоқаи барқи ӯҳдадоранд ба истифодабарандагон чунон хизмат расонанд, ки ба талаботи ҳатмии сифати хизмати алоқаи барқӣ ба стандартҳо, меъёрҳои техникии хизмати алоқаи барқӣ мутобиқ бошад, инчунин онҳоро доир ба хизмати алоқаи барқӣ ва сифати он бо ахборот таъмин намоянд .
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ҷиҳати сифати хизмати алоқа барои дараҷаҳои гуногуни хизмати алоқаи барқӣ, ки онҳо аз ҷониби операторони шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум пешниҳод мегарданд, талаботи ҳадди ақалро муқаррар мекунад , .
Талаботи ҳадди ақал ба сифати хизмат дар асоси сифати миёнаи ба даст овардашудаи хизмат муқаррар гардида, тасҳеҳи он бо мақсади баланд бардоштани сифати хизмат бо дарназардошти эҳтиёҷоти истифодабарандагон, тараққиёти техникӣ ва қобилияти ҳаёти иқтисодӣ давра ба давра тағйир дода мешавад.
Назорати сифати хизмат дар асоси нишондиҳандаҳои зарурии кор ва усулҳои назорати сифат, ки бо дастури дахлдор муайян мегарданд, ба амал бароварда мешавад. Операторони алоқаи барқӣ ҳар нимсола мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ доир ба сатҳи сифати ба даст овардашуда огоҳ менамоянд .
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳуқуқ дорад ҳангоми вайрон кардани талаботи сифати хизмат пешниҳод намудани хизмати алоқаи барқиро манъ намояд .
Моддаи 38. Ҳуқуқи истифодабарӣ аз шабакоти алоқа ва расонидани хизмати алоқа
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба гирифтани ҳар гуна иҷозатнома ҷиҳати иcтифодабарӣ аз шабакоти алоқаи барқӣ ва ё пешниҳод намудани хизмати алоқаи барқӣ, инчунин ба гирифтани ҳар гуна иҷозатномаи истифодабарии спектри радиобасомади вобаста ба он ҳуқуқ доранд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон метавонанд дар хусусигардонии шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум, ки давлат иҳтиёри истифода ё назорати онҳоро дорад, иштирок кунанд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад, барои фаъолият дар соҳаи алоқа мувофиқи ҳамон шартҳо ва тартиботе, ки барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон пешбинӣ шудааст, иҷозатнома мегиранд ва дар ҷараёни хусусигардонӣ иштирок мекунанд.
Моддаи 39. Истифодаи забонҳо ва алифбоҳо
Суроғаи шахси фиристанда ва гирандаи баркияҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикиcтон равона карда мешаванд, бояд ба забони тоҷикӣ ва ё забони русӣ ба расмият дароварда шаванд. Матни баркияҳо бояд бо хуруфи алифбои тоҷикӣ, русӣ ё лотинӣ навишта шавад. Ахбороти байналмилалии тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ интиқолёфта бо забонҳое таҳия мегарданд, ки онҳоро муқаррароти шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон муайян намудаанд.
Моддаи 40. Вақти ҳисобу ҳисобот
Ҳангоми амалӣ намудани фаъолият вобаста ба пешниҳод намудани хизмат аз ҷониби операторон ва идораҳои хизматии алоқаи барқӣ, сарфи назар аз ҷои ва мавқеи онҳо дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикиcтон вақти ягонаи ҳисобу ҳисобот - вақти маҳаллӣ мебошад.
БОБИ VII. ИСТИФОДАИ ЗАМИНҲОИ ДАВЛАТӢ ВА ВОСИТАҲОИ ОПЕРАТОРОНИ ШАБАКАИ АЛОҚАИ БАРҚИИ ИСТИФОДАИ УМУМ
Моддаи 41. Истифодаи заминҳои алоқаи барқӣ, тараққиёт ва таҷдиди воситаҳои алоқаи барқӣ
Ба заминҳои шабакаи алоқаи барқӣ заминҳое мансубанд, ки барои иcтифода ба операторон барои ба амал баровардани вазифаҳои ба онҳо вогузоршуда ҷиҳати истифодабарӣ, нигаҳдорӣ, сохтмон, азнавсозӣ, тармими иншоот ва объектҳои шабакаи алоқаи барқӣ дода шудаанд.
Заминҳо барои таъмин намудани фаъолияти алоқаи барқӣ мувофиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон муқаррар кардааст, дода мешавад.
Барои таъмини иcтифодабарӣ аз хатҳои кабелӣ, радиорелеӣ ва хатҳои ҳавоии алоқаи барқӣ минтақаҳои муҳофиза муқаррар карда мешаванд. Тартиби муқаррар кардани минтақаҳои муҳофиза, ҳаҷми онҳо, тартибу низоми истифодаи заминҳоеро, ки барои ин мақсадҳо ҷудо карда шудаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 42. Ҷойгаронии воситаҳои техникии шабакаҳои алоқаи барқӣ
Мавриди тарҳрезӣ ва тараққиёти шаҳрҳо ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин, ҳамчунин маҳаллаҳо ва гузарҳои аҳолинишин, биноҳои алоҳидаи ҷамъиятӣ ва иншоотҳо, идораҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ якҷоя бо ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ мутобиқи меъёрҳои қобили татбиқ ва талаб ӯҳдадоранд, ки талаботи операторони алоқаи барқиро ҷиҳати ҷойгиронии воситаҳои техникии онҳо ба назар гиранд .
Операторон ва хизмати алоқаи барқӣ метавонанд дар замин, дар биноҳо, дар симчубҳо, дар купрукҳо, дар трубопроводҳо, дар роҳҳо ва коллекторҳо, туннелҳои роҳи оҳан ва дигар ҷойҳо, бо огоҳонии пешакӣ ва агар талаб карда шавад, бо бастани шартнома бо мулкдорон ё шахсони дигаре, ки ба чунин участкаҳои замин ё иншоот ҳуқуқ доранд, такягоҳҳо, хати алоқа ва дигар иншоотҳо созанд, насб кунанд ва истифода баранд.
Корҳои сохтмон, насб ва иcтифодабарии шабакаи алоқаи барқӣ бояд бо баҳисобгирии талаботи амнияти экологӣ ва безарар ба сифатҳои эстетикии маҳалле, ки чунин корҳо бурда мешаванд, анҷом мегиранд. Ҳамзамон барои ҳар чи камтар шудани зараре, ки ба моликияти хусусӣ ё ба муносибати ҳуқуқӣ роҳ додан расонида мешавад, ҷораҳо андешида мешавад. Баъди ба охир расидани ҳар гуна корҳо оид ба сохтмон, насб ё тармими шабакаи алоқаи барқӣ дар қитъаи замин, дар бино ё худ иншоот оператори алоқаи барқӣ ӯҳдадор аст, ки қитъаи замин, бино ё иншоотеро, ки дар он кор бурдааст, аз ҳисоби худ ба ҳолати аввалааш оварад .
Оператори алоқаи барқӣ ӯҳдадор аст товони зареро, ки ба бино, қитъаи замин ё иншоот дар натиҷаи сохтмон, насб, тармим, инчунин иcтифодабарии шабакаи алоқаи барқӣ расидааст, пардозад .
Дар ҳолатҳои фавқулодда ва дар мавриди зарурати аз тарафи операторон гузаронидани корҳои таъхирнопазир оид ба барқарор кардани шабакаи алоқаи барқӣ ё васлкунии иншооти алоқаи барқӣ дар қитъаи замин, дар бино ё иншоотҳои дигаре, ки моликияти шахсии ин гуна оператор нестанд, оператори алоқаи барқӣ ӯҳдадор аст тамоми кушишҳоро ба ҳарҷ диҳад, то соҳиби қитъаи замин, бино ё дигар иншоотҳоро огоҳ намояд ва сари вақт розигии ӯро барои гузаронидани корҳои мутазаккира гирад. Нагирифтани ризояти соҳиб монеа ба гузаронидани ин корҳо шуда наметавонад ва оператори алоқаи барқиро аз пардохти товони ҳар гуна зарар, ки мавриди иҷрои ин гуна корҳо расидааст, озод намекунанд .
Азнавсозӣ ва ба ҷои дигар кӯчонидани иншооти алоқаи барқӣ, ки бо такозои сохтмони нав, васеъ кардан, таҷаддуди нуқтаҳои аҳолинишин ва биноҳои алоҳида, азнавсозии роҳҳо ва купрукҳо, азҳудкунии заминҳои нав, азнавсозии системаи мелиоратививу коркарди канданиҳои фоиданок рӯҳ медиҳанд, аз ҳисоби супоришдиҳандаи сохтмон мувофиқи стандартҳои ҷоpӣ ва шартҳои техникии соҳибони шабакот ва воситаҳои алоқаи барқӣ ба ҷо оварда мешаванд. Ҳамзамон зиёд кардани иқтидори алоқаи барқӣ аз ҳисоби соҳибони онҳо ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 43. Рафъи оқибатҳои садама ва вайрониҳо дар шабакоти алоқаи барқӣ
Рафъи оқибатҳои садама ва вайрониҳо дар шабакоти алоқаи барқӣ аз ҷониби операторони ин шабакаҳо ба амал бароварда мешавад.
Мақомоти идораи давлатӣ ба кори бартарафкунии оқибатҳои ҳодисаҳои рӯйдода дар шабакоти алоқаи барқӣ кумак мерасонанд.
Гузаронидани корҳо ҷиҳати рафъи ҳодисаҳои рӯйдода дар шабакоти алоқаи барқӣ гирифтани иҷозати истифодабарандагон (соҳиб, иҷорагир)-и қитъаи замин, моликони бино ва ё иншоот, ки дар онҳо воситаҳои алоқаи барқӣ ҷойгир карда шудаанд, талаб карда намешавад. Товони зараре, ки дар натиҷаи бартарафкунии оқибатҳои ҳодисаҳои рӯйдода ба молик (соҳиб, иҷорагир) расонида мешаванд, аз операторони дахлдор ситонида мешавад.
Товони зараре, ки ба операторон дар натиҷаи ҳодисаҳои ғайричашмдошт дар шабакаи алоқаи барқӣ бо гуноҳи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ рӯи додааст, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз худи онҳо ҷуброн карда мешавад.
БОБИ VIII. МУҚАРРАРОТИ НИҲОӢ
Моддаи 44. Ҷавобгарӣ барои қонуншиканӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур гунаҳгоранд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 45. Ҳамкории байналмилалӣ
Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар асоси шартнома ва созишномаҳои байналмилалӣ ба амал бароварда мешавад.
Дар фаъолияти байналмилалӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ба сифати маъмурияти ягонаи алоқа баромад мекунад, бо маъмуриятҳои алоқаи дигар кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалии алoқa ҳамкорӣ менамояд, фаъолияти байналмилалиеро, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба амал мебароранд, ҳамоҳанг меcозанд .
Пардохти ҳаққи узвият барои иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ҳатман аз тарафи давлат маблағузорӣ карда мешавад.
Моддаи 46. Дар бораи мавриди амал қарор додани Қокуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе,
аз 10 майи соли 2002, № 56
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ
(Қонун аз 3.03.2006 № 166, аз 20.03.2008 № 379)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии танзим ва идоракунии фаъолият дар соҳаи бунёд, амал ва рушди алокаи барқрро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқaррар намуда, салоҳияти мақомоти идораи давлати ва танзими соҳаи мазкур, инчунин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқиро, ки дар ин кор иштирок мекунанд ё аз хизмати алоқаи барқи истифода мебаранд, муайян мекунад.
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Таъиноти алоқаи барқи
Алоқaи барқи қисми ҷудонопазири инфраструктураи иқтисоди ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар қаламрави он чун ҷузъи ба ҳам алоқаманди комплекси истеҳсолию хоҷаги, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷот ва талаботи шахсони воқеи ва ҳуқуқи, мақомоти ҳокимияти давлати ва идори ба хизмати алоқаи барқи нигаронида шудааст, амал мекунад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асоси
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
"алоқаи барқи" - ҳар навъи интиқол ё қабули нишонҳo, ишоратҳо, матни хатти, тасвирҳо, овозҳо ё ҳар намуди иттилоот тавассути симҳо, радиооптика ё системаҳои дигари электромагнити;
"шабакаи алоқаи барқи" - системаҳои интиқол ва таҷҳизоти коммутатсиони ё самти интиқол ва дигар манбаъҳое, ки ба воситаи симҳо, радио, воситаҳои оптики ё дигари электрони, аз ҷумла шабакоти радифи, шабакаҳои қайдшуда (коммутатсияи хати алоқа ва покати, ҳамзамон Интернет ва IP-телефони) ва сайёри замини, шабакаҳои барои радиошунавони ва телевизион истифодашаванда, ҳамчунин шабакаҳои кабели, ки новобаста аз намуди иттилооти интиқолшаванда ишоратҳоро таҳвил медиҳанд;
"хизматрасонии алоқаи барқи" - маҳсули фаъолияти оператор ва провайдер оид ба қабул, интиқол, коркарди ишоратҳо ва дигар намудҳои иттилоот тавассути шабакаҳои алоқаи барқи;
"таҷҳизоти ниҳои" - воситаҳои техники ё дастгоҳҳое, ки тавассути хати абоненти ё бо истифода аз таҷҳизоти сими, оптикию нахи ва электромагнити ба шабакаи алоқаи барқи пайвастшуда, ки истифодабаранда бо ёрии онҳо метавонад иттилоотро интиқол диҳад, дигаргун созад ё қабул кунад;
"пайвандкунии байнишабакави" - амали мутақобилаи технологии байни шабакоти алоқаи барқии операторони гуногуни алоқаи барқи, ки қабулу интиқоли иттилоотро дар байни истифодабарандагон таъмин менамояд;
"таҷҳизоти радио" - таҷҳизоти барқии интиқолкунанда ё қабулкунандае, ки ба воситаи он интиқоли иттилоот бе ягон хати алоқаи сими ба амал бароварда мешавад;
"спектри радиобасомад" - маҷмӯи мавҷҳои электромагнитии (радиомавҷҳо бо зудии дар худуди аз ЗкГс то 3000 ГГс) дар фазо бе истифода аз мавҷбари сунъи паҳншаванда, ки ҳангоми ташкили радиоалоқа, эфири телевизиони ва радиошунавони ва дигар мавридҳои интиқоли ишоратҳои барқи бе пайваcти ҷисми истифода карда мешаванд;
"воситаҳои алоқа" - дастгоҳҳои техники, таҷҳизот, иншоот ва системаҳое, ки барои ташаккул, коркард, интиқол, қабул ва коммутатсияи ишоратҳои электромагнити ва оптики истифода карда мешаванд;
"оператори шабакаи алоқаи барқи" - шахси воқеи ё ҳуқуқи, ки соҳиби шабакаи алоқаи барқи буда, кору амал, рӯшди онро таъмин менамояд ва хизмати алоқаи барқиро ба ҷо меорад;
"провайдери хизмати алоқаи барқи" - шахси воқеи ё ҳуқуқи, ки дар асосҳои тиҷорати ба воситаи шабакаи операторон ба истифодабарандагон хизмати алоқаи барқи мерасонанд:
"хизмати универсали" - маҷмӯи хизмати алоқаи барқии истифодаи умум, ки ба ҳама гуруздаи истифодабарандагон, аз ҷумла ҳуқуқи дастрас будан ба хизмати алоқаи телефони ва телеграф, хизмати иттилооти ва справқадиҳи, хизмати телефонҳои худкори истифодаи умум барои таҳдили бепули зангҳо ба ҳадамоти садамави расонида мешавад;
"истифодабарандаи хизмати алоқаи барқи" - шахси ҳуқуқи ё воқеи, ки аз хизмати алоқаи барқии истифодаи умум истифода мебарад ва ё пурсищ ба амал меоварад;
"шабакаи алоқаи ҳукумати" - шабакаи махсуеи алоқа, ки таҳвили маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамояд ва ба манфиати идории давлат дар замени осоишта ва ҳолати ҷанги фаъолият мекунад;
"системаи рақамгузори" - тартиби тақсим ва рақамгузори (моc кардани рақамҳо ё нишонҳо) байни операторон, провайдерҳо ва таҷҳизоти ниҳоии истифодабарандагон;
"плани рақамгузори" - рақамтузории мушаххаси байни операторон, провайдерҳо ва таҷҳизоти ниҳоии истифодабарандагон.
Моддаи 3. Принсипҳои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқи
Фаъолият дар соҳаи алоқаи барқи мутобиқи принсипҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
- ба ҳамаи шахсони воқеи ва ҳуқуқи баробар дастрас будани инфраструктураи ҳозиразамону самаранок ва хизматрасонии алоқаи барқи;
- мусоидат ба рақобати самаранок ва озод дар бозори алоқаи барқи ба манфиати истифодабарандагон;
- муҳайё кардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорони хориҷи дар соҳаи алоқаи барқи;
- фароҳам овардани шароит нисбати дастрас будани шабакоти истифодаи умуми ва пайвандҳои байнишабакоти, ки кафолати холисона, ошкоро, роҳ надодан ба поймолкунии ҳуқуқ, таъмини шароитҳои баробар дар бозор ва имконияти алоқаро байни истифодабарандагон медиҳад;
- мусоидат ба расонидани хизматҳои анъанавии боэътимод ва баландсифати алоқаи барқи,
- ҷори намудани шаклҳои нави хизматрасони ва таъмини мутобиқати шабақаҳои алоқаи барқи бо шабакаҳои байналмилалии алоқaи барқи;
- муҳайё кардани хизматрасонии универсалии алоқа дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳусуеиятҳо ва шароитҳои милли;
- маҳфуз доштани ахбороти исгифодабарандагон аз тарафи операторони шабакаҳои алоқаи барқи;
- дастрас будани шабакаҳои алоқаи барқи дар вазъиятҳои фавкулодда ва барои иҷрои вазифаҳо дар соҳаи идоракунии давлати, таъмини мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқи.
Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи алоқаи барқи
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи алоқаи барқи ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
БОБИ II. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ДАР СОҲАИ АЛОҚАИ БАРҚИ
Моддаи 5. Идоракунии давлати дар соҳаи алоқаи барқи
Идоракунии давлатии фаъолият дар соҳаи алоқаи барқи ва радиобасомадҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ба амал мебароранд (Конун аз 20.03.2008 № 379).
Моддаи 6. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистои
Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи барқи:
гузаронидани сиёсати давлати дар соҳаи алоқаи барқи;
фароҳам овардани шароити зарури барои ҷалби инвеститсияҳо;
таҳия ва ба амал баровардани барномаи ғайриинҳисори ва хусусигардони дар соҳаи алоқаи барқи;
тасдиқи номгӯи намудҳои хизмати универсали.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати танзими фаъолиятро дар соҳаи алоқаи барқи ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияте, ки Қонуни мазкур ба онҳо додааст, вомегузорад (Конун аз
20.03.2008 № 379).
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ (Конун аз 20.03.2008 № 379)
Ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ваколатҳои асосии зерин дода шудааст (Конун аз 20.03.2008 № 379):
- таҳияи сиёсати ягона дар соҳаи алоқаи барқи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи принсипҳое, ки дар Қонуни мазкур ифода ёфтаанд;
- татбиқи сиёсати мазкур ба мақсади вусъати фароғири бо хизмати алоқаи барқи барои таъмини эҳтиёҷоти рушди иқтисоди ва ичтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқи, инчунин стандартҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои баамалбарории фаъолият Дар соҳаи алоқаи барқи тибқи тартиби муқарраршуда;
- муҳайё кардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузории хориҷи ва ватани ба соҳаи алоқаи барқи ва ба вуҷуд овардани муҳити рақобат барои операторон ва провайдерҳо бо мақсади таъмини даcтрас будани шаклҳои нисбатан пешқадaми хизматрасонии алоқаи барқи барои истифодабарандагон;
- бурдани гуфтугуҳо оид ба масъалаҳои алоқаи барқи бо давлатҳо ва ҳукуматҳои дигар, инчунин бастани шартномаҳо дар сурати додани ваколатҳои дахлдор;
- ба амал баровардани фаъолият дар доираи ташкилотҳои минтакави ва байналмилали дар соҳаи алоқаи барқи ба сифати маъмурияти алоқаи ягона;
- иҷрои дигар вазифаҳое, ки мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар cанадҳои меъёриву ҳуқуқи ба ӯҳдаи он гузошга шудааст.
БОБИ III. ТАНЗИМКУНИ ДАР СОҲАИ АЛОҚАИ БАРҚИ
Моддаи 8. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ (Конун аз 20.03.2008 № 379)
Назорат ва танзими фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ба амал бароварда мешавад.
Таъсисдиҳӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва сохтори ташкилии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Конун аз 20.03.2008 № 379).
Моддаи 9. Вазифаҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ (Конун аз 20.03.2008 № 379)
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ дар доираи ваколатҳои худ мутобиқи Қонуни мазкур вазифаҳои зеринро ба амал мебарорад (Конун аз 20.03.2008 № 379):
- рақобати озоди (самаранок ва одилонаи) байни операторони алоқаи барқиро, аз ҷумла ба тариқи тасдиқи қоида ва дастурҳои дахлдор назорат ва танзим менамояд;
- ба ҳамаи истифодабарандагон баробар дастрас будани шабақоти алоқаи барқии иcтифодаи умумро дар асоси хизматрасонии хушсифат ва риояи маҳфузияти ахборот, инчунин ҳифзи сирри маълумоти хусусиро дар бораи истифодабарандагон таъмин менамояд;
- ба хотири мудофиа ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи тартиботи ҳуқуқи ва дар вазъиятҳои фавкулодда иҷрои ӯҳдадориҳоеро, ки ба операторони алоқаи барқии иcтифодаи умум гузошта шудаанд, таъмин менамояд;
- ҳолат ва инкишофи шабакоти алоқаи барқии иетифодаи умум ва хизматрасонии алоқаи барқии иетифодаи умумро назорат мекунад;
- ба иcтифодаи радиобасомадҳо дар диапазонҳое, ки бо истифода аз онҳо операторон ва провайдерон хизмати алоқаи барқиро мерасонанд, иҷозат медиҳад ва онҳоро танзим менамояд;
- нақшаи рақамгузории миллии алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз он ҷумла рамзҳои байнишаҳpи ва байналмилали)-ро тартиб медиҳад ва назорати иҷрои онро ба амал мебарорад, иcтифодаи самараноки рақамҳо, инчунин ҷудо кардани рақамҳо ё диапазоннои рақамҳоро ба операторони алоқаи барқи таъмин менамояд;
- сифати хизматҳои алоқаи барқии расонидашаванда ва ҳолати техникии воситаҳои алоқаи барқиро зери назорат мегирад.
Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ (Конун аз 20.03.2008 № 379)
Барои ба амал баровардани вазифаҳои худ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ваколатҳои зерин дода мешаванд (Конун аз 20.03.2008 № 379) :
сархати якум хориҷ карда шуд (Қонун аз 3.03.06 № 166).
- гузаронидани сертификатсия, додани сертификати мутобиқат ба таҷҳизот ва хизмати алоқаи барқи (ё тартиби иcтифодаи сертификата давлатҳои дигар), инчунин ба дигар воситаҳои техники, радиобасомадҳои шуоъафкан ё манбаи мавҷҳои баландбасомади электромагнитие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд;
- якҷоя бо мақоми давлатии сиёсати зиддиинҳиеори андешидани тадбирҳои гирифтани пеши роҳи фаъолияте, ки ба муқобили рақобат дар соҳаи алоқаи барқи равон карда шудааст;
- танзими тарифҳо ва сифати хизматрасонии шабақаҳои алоқаи барқи мувофиқи муқаррароти Қонуни мазкур;
- тасдиқи тарифҳо барои хизматрасонии алоқаи барқии операторони алоқаи барқи, ки дар бозор бартарият доранд;
- танзими шароити иcтифодаи якҷояи (пайвандҳои байнишабақотии) шабакоти алоқаи барқии иcтифодаи умум аз тарафи операторони алоқаи барқи;
- тасдиқи тарифҳо барои пайвандҳои байнишабакоти ба хизмати алоқаи барқи аз тарафи операторони алоқаи барқи, ки дар бозор бартарият доранд;
- назорати риояи талаботи стандартҳо, қоидақо, асноди меъёри ва иҷрои шартҳои иҷозатномаи додашуда (Қонун аз 3.03.06 № 166).
- ҷамъовари ва таъмини маҳфузияти иттилооти ба дастомада дар мавридҳои зарури, ирсоли натиҷаҳои санҷиш ва дигар маводи марбут ба онҳо бо тартиби муайяннамудаи қонун ба мақомоти дахлдор;
- ба амал баровардани назорати мувофиқати фаъолияти шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки ба истифодабарии басомадҳо иҷозат гирифтаанд, ба муқаррароти ин иҷозатномаҳо, ошкор ва бартараф кардани ишоратҳо ва радиохалалҳои беиҷозат;
- қабул, нашр ва назорати иҷрои лозимаи қоидаҳо, нишондодҳои методи, дастурамалҳо ва дигар санадҳое, ки барои ба амал баровардани ваколати худ заруранд;
- муқаррар кардани тартиби мушаххаси ҳалли ихтилофҳое, ки байни операторони алоқаи барқи, инчунин операторони алоқаи барқи ва истифодабарандагони хизмати алоқаи барқи рӯй медиҳанд;
- иҷрои дигар вазифаҳо ва ваколатҳо мутобиқи Қонуни мазкур ё дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба вуҷуд овардан, инкишоф додан ва истифодаи системаи давлатии назорати радио, ки системаи ба ҳам алоқаманди воситаҳои техникии назорати радиоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба гузаронидани ченкунии умумии истифодаи каналҳо ва қитъаи радиобасомадҳо, тафтиши сифати техникӣ ва истифодабарии радиоишоратҳои интиқолшаванда, ошкор ва фарқ кардани радиофиристониҳои беиҷозат ва манбаъҳои шуоъафкании баландбасомади электромагнитӣ, радиохалалҳо имконият медиҳад (Конун аз 20.03.2008 № 379).
Қарорҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ барои ҳамаи cубъектҳои танзимшаванда дар соҳаи алоқаи барқи сарфи назар аз шакли моликияташон ҳатми мебошанд (Конун аз 20.03.2008 № 379).
Моддаи 11. Хорич карда шуд (Конун аз 20.03.2008 № 379)
Моддаи 12. Комиссияи давлати оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади тарҳрези ва татбиқи сиёсати ягона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тақсим ва истифода аз спектрҳои радиобасомад, таъмини мутобиқати электромагнитии воситаҳои радиоэлектронии ҳамаи истифодабарандагон ва ҳифзи ҳуқуқии манфиатҳои давлат дар Иттифоқи байналмилалии алоқаи барқи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи давлати оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода мешавад (Конун аз 20.03.2008 № 379).
Комиссияи давлати оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Низомномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ба роҳ мемонад (Конун аз 20.03.2008 № 379.
Моддаи 13. Вазифаҳои Комиссияи давлати оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Комиссияи давлати оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро амали мегардонад:
- банақшагирии истифодаи самаранок ва бехалал аз спектри радиобасомадҳои ҷамъияти, ба шумули истифодаи хусусии онҳо;
- ба вуҷуд овардани Нақщаи миллии тақсими радиобасомадҳо;
- ҳамоҳангсозии насби ҳама намудҳои радиостансияҳо дар каламрави ҷумҳури бо мақсади истифодаи оқилонаи мавқеъҳои мавҷуда;
- таҳияи тавсияҳо ва тартиби истифода аз спектри радиобасомад;
- тархрезии консепсияи дарозмуддати инкишофи системаи спектри радиобаеомад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи мавқеъ ва мусоидат кардан дар мавриди намояндаги аз манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуфтушунидҳои байналмилали оид ба масъалаҳои спектрҳои радиобасомад.
Қарорҳо дар нисбати насби радиоcтансияҳо танҳо бо ризояти Комиссияи давлати оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
Моддаи 14. Ҳуқуқҳои Комиссияи давлати оид ба радиобасомадҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Комиссияи давлати оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:
- қарорҳои пештар қабулкардаи Комиссияи давлатиро оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурми Тоҷикистон дар бораи тақсими басомадҳо беқор кунад;
- манъ кардани истифода аз радиобасомадҳо дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати вайрон кардани тартибе, ки барои истифодаи онҳо муқаррар шудааст;
- бекор ё манъ кардани таҳия ва истеҳсоли дастгоҳҳо ва воситаҳои радио, ки ба талаботи муқарраркардаи техники ҷавобгӯ нестанд.
Моддаи 15. Танзими истифодаи спектрҳои радиобасомад
Спектри радиобасомад моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тартиби танзими истифодаи спектри радиобасомад аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Истифода аз спектри радиобасомад бо мақсади истифодабарӣ аз шабакаҳои алоқаи барқӣ ва расонидани хизмати алоқаи барқӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси иҷозатномаи даҳлдор мутобиқи Нақшаи миллии тақсимоти радиобасомадҳо амалӣ карда мешавад (Конун аз
20.03.2008 № 379).
Иҷозатнома ба истифода аз спектри радиобасомад ҳамзамон бо иҷозатномаи мувофиқ, ба оператори алоқаи барқи дода мешавад. Иҷозатномаи иcтифодаи спектри радиобасомад ба ҳамон меҳлате дода мешавад, ки барои иҷозатномаи истифодабари аз шабакоти алоқаи барқи, расонидани хизмати алоқаи барқи, интиқоли маълумот пешбини гардидааст (Қонун аз 3.03.06 № 166).
Спектри радиобасомад дар асоси пули дода мешавад.
Андоза ва тартиби пардохти подош барои спектрҳои радиобасомади азхудкардашударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Ҳама гуна восигаҳои техникие, ки шуоъафканиҳои радиобасомади медиҳанд ё манбаи мавҷҳои баландбасомади электромагнита мебошанд, мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.
Радиобасомадҳои гирифташудаи истифодабарандагон метавонанд аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ танҳо дар ҳолатҳои зерин бекор ё тағйир дода шаванд, дигаргун ё аз нав тақсим гарданд (Конун аз 20.03.2008 № 379):
- вақте ки чунин амалро манфиати таъмини мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи тартиботи ҳуқуқи ё вазъияти фавкулодда тақозо мекунад ва он танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мувофиқи созишномаpҳои байналмилали ба амал бароварда мешавад;
- бо тавсияи ташкилотҳои байналмилали дар соҳаи иcтифодаи радиобасомадҳо ё ки ба мақсади иcтифодаи пурраи спектри радиобасомадҳо;
- агар чунин истифодабарандагон сари вақт иҷозати иcтифодаи спектри дигари клёспазирро гирифта бошанд.
Дар ин ҳолат хароҷотҳои операторони алоқаи барқи ба муносибати гузариши фавкулодда ба басомадҳои дигар дар натиҷаи татбиқи нишондодҳои қисми шашуми моддаи мазкур аз тарафи давлат ҷуброн карда мешавад.
БОБИ IV. ИҶОЗАТНОМАДИҲИ ВА СЕРТИФИКАТСИЯ
Моддаи 16. Иҷозатиомадиҳи дар соҳаи алоқаи барқи
Иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи алоқаи барқи мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият" амали карда мешавад (Қонун аз 3.03.06 № 166).
Иҷозатномаҳо барои ба амал баровардани намуди муайяни фаъолият дар соҳаи алоқаи барқи умуми ё инфироди шуда метавонанд.
Ба иҷозатномаҳои умуми иҷозатномае дохил мешаванд, ки ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи барои баамалбарории фаъолият дар соҳаи алоқаи барқи дар асоси талаботи ягона барои гирифтани иҷозатнома дода мешаванд. Мундариҷаи иҷозатномаҳои умуми барои ҳамаи иҷозатномаҳое, ки ки барои истифодабарии ҳамон як навъи щабақаи алоқа, инчунин барои ҳамон як навъи хизматрасонии алоқа дода мешаванд, бояд якхела бошанд.
Ба иҷозатномаҳои инфироди иҷозатномае мансубанд, ки ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи барои баамалбарории фаъолият дар соҳаи алоқаи барқи дар асоси талаботу шартҳои махсус дода шудаанд. Лоиҳакаши, сохтмон, истифодабари ва расонидани хизмати алоқаи барқии зерин бояд таҳти иҷозатномадиҳии инфироди қарор гиранд:
- шабакоти алоқаи барқии иcтифодаи умумии маҳалли, байнишаҳри ва байналмилали;
- шабакоти алоқаи мутаҳаррики радиотелефони (алоқаи сайёри кандуи);
- шабакоти радиодаъвати шахси;
- шабакоти интиқоли маълумот;
- шабакоти пахши барномахои телевизион ва радиошунавони.
Ҳамаи шахсони воқеи ва ҳуқуқи ба гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи баробар доранд. Бо сабаби маҳдудиятҳои техники ё маҳдудияти миқдори басомад, ё дар сурати имконияти техники ва молияви надоштани аризадиҳанда барои иҷрои муътадили ӯҳдадориҳои худ мувофиқи шартҳое, ки ваи фаъолияти худро амали мекунад, мумкин аст иҷозатнома дода нашавад.
қисмҳои шашум ва ҳафтум хориҷ карда шуд (Қонун аз 3.03.06 № 166).
Агар миқдори иҷозатномаҳо бо сабабҳои техники маҳдуд бошад, додани иҷозатномаҳо дар асоси озмун. (тендер) ба амал бароварда мешавад. Тартиби гузаронидани озмун (тендер)-ҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 17. Сертификатсияи таҷҳизот
Ҳамаи воситаҳои алоқaи барқи, аз ҷумла таҷизоти ниҳоии дар шабакоти алоқаи барқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда ҷиҳати мувофиқат ба стандартҳои ҷоpи, шартҳои техники ва дигар меъёрҳо, аз ҷумла стандартҳои байналмилали ва миллии мамлакатҳои дигар мувофиқд тартиби муқарраршуда дар асоси шартномаҳои дуҷонибаи эътирофи сертификатсияҳо мавриди сертификатсия қарор мегиранд.
Сертификатсияи воситаҳои алоқаи барқи ё тартиби истифодаи сертификатҳои мамлакатҳои дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ба амал бароварда мешавад (Конун аз 20.03.2008 № 379).
БОБИ V. ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ АЛОҚАИ БАРҚИ
Моддаи 18. Ҳуқук ва ӯҳдадориҳои операторон ва провайдсрони хизмати алоқаи барқи
Операторон ва провайдерон ҳуқук, доранд:
- дар сурати аз ҷониби истифодабарандагон вайрон кардани қоидаҳои муқарраргардидаи истифодаи алоқаи барқи хизматрасониро ба онҳо боздоранд;
- ҷуброни зарареро, ки бо айби шахсони воқеи ва ҳуқуқи рӯи медиҳад, талаб кунанд;
- нисбат ба амали ғайриқонунии шахсони воқеи ва ҳуқуқи мувофиқи қонунгузори арз кунанд.
Операторон ва провайдерон мувофиқи қонунгузори ҳуқуқҳои дигарро низ дошта метавонанд.
Моддаи 19. Ҳуқуқи истифодабараидагони хизмати алоқаи барқи
Истифодабарандагон ҳуқуқ доранд:
- хизмати шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум ба онҳо дастрас бошад;
- таҷҳизоти ниҳоии худро ба шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум мутобиқи шартҳо ва тартибе, ки қонунгузори муайян кардааст, пайваст кунанд;
- аз хизматрасонии саривакти ва босифати операторон ва провайдерон мутобиқи қоидаҳои .муқарраршуда истифода баранд;
- аз хизмати алоқаи барқи, дар сурати аз тарафи оператор ё провайдер риоя нашудани шартҳое, ки дар шартнома зикр гардидаанд, даст кашанд;
- дар натиҷаи нарасонидани хизмат ё сифати пасти хизматрасони пардохтани товони зарар ва ҷуброни зарари маънавиро талаб кунанд;
- дар сурати вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо ба мақоми давлатии ваколатдор ва суд муроҷиат намоянд.
Истифодабарандагон мувофиқи қонунгузори ҳуқуқҳои дигарро низ дошта метавонанд.
Моддаи 20. Вазифаҳои операторои ва провайдеропи хизмати алоқаи барқи
Операторон ва провайдерон вазифадоранд:
- ба истидабарандагон хизмат расонанд;
- ба амал баровардани фаъолият дар cоҳаи алоқаи барқи мувофиқи шартҳои иҷозатнома ва қоидаҳои муқарраршуда;
- мутобиқи стандартҳо, қоидаву меъёрҳои муқарраргардида сифати хизмати расонидашавандаро таъмин намоянд;
- сирри гуфтугуҳои телефони, телеграфи ва дигар, маълумотеро, ки тариқ шабакоти алоқаи барқи интиқол мегарданд, риоя кунанд;
- ба истифодабарандагон сари вақт ахбороти муфассал доир ба шароиту тартиби расонидани хизмати алоқаи барқи, аз ҷумла тағйирёбии тарифҳо ба хизмати алоқаи барқи пешниҳод намоянд;
- пардохтани товони зарари расонидашударо ба истифодабарандагон мувофиқи қонунгузори бинобар иҷро накардан ва ё бо сифати номувофиқ иҷро намудани шартномаҳои расонидани хизмати алоқаи барқи, инчунин нарасонйдан ва ё бо сифати номувофиқ расонидани хизмат пардозанд.
Операторон ва провайдерон мувофиқи қонунгузори ӯҳдадориҳои дигарро низ дошта метавонанд.
Моддаи 21. Вазифаҳои истифодабарандагони хизмати алоқаи барқи
Истифодабарандагон вазифадоранд:
- қоидаҳои муқарраршудаи истифода аз хизмати алоқаи барқиро риоя намоянд;
- таҷҳизоти ниҳоиеро, ки сертификата мувофиқат ба стандартнои муқарраршуда доранд, истифода баранд;
- саривакт подоши хизмати ба онҳо расонидашударо пардозанд; амалҳоеро, ки ба паст шудани сифати кор ва ё вайрон кардани шабакоти алоқаи барқи оварда мерасонанд, содир накунанд.
Истифодабарандагон мувофиқи қонунгузори ӯҳдадориҳои дигарро низ дошта метавонанд.
Моддаи 22. Танзими тарифҳо ба хизматрасонин алоқаи барқи
Тарифҳо барои хизматрасонии алоқаи барқи, бо дарназардошти принеипҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
- тарифҳо бояд бо дарназардошти арзиши асли муайян карда шуда, маблағгузории иловагиро (субсидиро) истисно намоянд;
- тарифҳо бояд бо нархҳои асосии мавҷудаи байналмилали киёспазир бошанд ва эҳтиёҷоти шаҳрвандон аз хизмати алоқаи барқи то ҳадди ниҳои крнеъ гардонида шаванд;
- тарифҳо бояд баробарвазн ва сатҳи онҳо чунон муқаррар карда шаванд, ки барои то ҳадди имкон ҷалб намудани маблағгузории хориҷи ба сектори алоқаи барқи мусоидат намоянд;
- тарифҳо набояд дар бозори алоқаи барқи ба фаъолияти рақобатии дигар таъмингарони бозор таъсири манфи расонанд;
- тарифҳо набояд барои истифодабарандагони алоҳида нисбати дигар истифодабарандагон ягон хел афзалият мухайё кунанд.
Мавриди муқаррар кардани нарх бояд дастур ва тавсияҳои Иттифоқи байналмилалии алоқаи барқи, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви он мебошад, ба назар гирифта шаванд.
Тарифҳо дар ҳолатҳои зайл мавриди тасдиқ қарор мегиранд:
- вақте ки дар бозор танҳо як оператори алоқаи барқи мавҷуд ва соҳиби шабакаи алоқаи барқи мебошад ва хизмат пешниҳод мекунад ё назорати онро ба амал мебарорад ва ё вақте ки оператори алоқаи барқи дар бозори чунин хизматҳо волоият дорад;
- агар оператори алоқаи барқии ягона ё соҳиби волоият маблағгузории дутарафаи шабака с хизмати дар асоси рақобат расонидашавандаро аз ҳисоби даромадҳои хизмате, ки аз тарафи чунин оператор ба сифати оператори ягона ё соҳиби волоият расонида мешавад, ба амал барорад;
- агар мақoми ваколатдор оид ба танзими алоқа нархгузориҳои зидди рақобат ва дигар амалиёти монанди онро ошкор намояд.
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ сари вақт операторони алоқаи барқиро, ки тарифи онҳо омодаи тасдиқ шудааст, огоҳ менамояд (Конун аз 20.03.2008 № 379).
Моддаи 23. Рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисори дар соҳаи алоқаи барқи
Операторони алоқаи барқи, ки дар соҳаи алоқаи барқи фаъолият менамоянд, барои бунёду рушди шабакоти алоқаи барқи ва бозори хизматрасонии алоқаи барқи шароитҳои якхела доранд.
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ якҷоя бо мақоми давлатии ғайриинхисори барои рушди рақобати одилонаву самарабахш мусоидат намуда, ҷиҳати пепгири намудани ҳолатҳои рақобати беинсофона ва маҳдудияти фаъолияти инхисори дар соҳаи алоқаи барқи дар асоси қонунгузори тадбирҳо меандешад (Конун аз
20.03.2008 № 379).
Барои рақобати беинсофона, маҳдуд намудани манфиатҳои Истифодабарандагон, роҳ додан ба дигар намудҳои амалиёте, ки монеаи рақобат мегарданд ё онро маҳдуд мекунанд, операторони алоқoи барқи бо тартиби муқарраркардаи қонунгузори ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 24. Сирри алоқи барқи
Сирри гуфтугуйҳои телефони, телеграфи, электрони ва дигар ахбороте, ки аз тариқи шабақоти алоқаи барқи интикол меёбанд, аз тарафи қонун ҳимоя мешавад.
Ҳамаи операторони алоқаи барқи вазифадоранд, ки сирри гуфтугӯиҳо ва ахбороти ирсолшавандаро махфи нигоҳ доранд. Маълумот оид ба ахборот ва инчунин худи ахбороти тавассути шабакоти алоқаи барқи интиқолгардида танҳо ба худи шахсони фиристанда ва ё намояндаи қонунии он пешниҳод карда мешавад.
Гӯш кардани гуфтугуйҳои телефони, шиносои бо ахбороти тариқи шабакоти алоқаи барқи интиқолшаванда, дастрас кардани маълумот доир ба онҳо, инчунин дигар маҳдудиятҳои сирри гуфтугӯиҳо ва ахборот танҳо дар асос ва бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
Шахсони манcабдор ва дигар ашхосе, ки ба вайрон намудани муқаррароти моддаи мазкур роҳ додаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
БОБИ VI. ШАБАКОТИ АЛОҚАИ БАРҚИ, ПАЙВАНДҲОИ БАЙНИ ШАБАКАҲО, ТАҶҲИЗОТИ НИҲОИ ВА РАҚАМГУЗОРИ
Моддаи 25. Маҷмӯи амволи шабакоти алоқаи барқи
Ба маҷмӯи амволи алоқаи барқи биноҳо, аппаратура, таҷҳизот, иншооти кабелу канализатсиони ва хати кабел, симҷӯбҳои хатҳои алоқаи ҳавои, таҷҳизоти хати радиорелеии алоқа ва сиетемаҳои радиотелефонии алоқа (бесим), таҷҳизоти алоқаи радифии замини, воситаҳои нақлиёт дохил мешаванд.
Моддаи 26. Шаклҳои моликият ба шабакаҳои алоқаи барқи
Шабакаҳои алоқаи барқи метавонанд молиқияти хусуси ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд. Рӯйхати шабакаҳо ва воситаҳои алоқаро, ки танҳо моликияти давлати маҳсуб мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. ҳамаи соҳибони шабакоти алоқаи барқи ҳуқуқҳои баробар доранд ва бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда мешаванд.
Моддаи 27. Шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум
Шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум шабакаи алоқаи барқие мебошад, ки барои расонидани хизмати алоқаи барқи ба ҳамаи шахсони воқеи ва ҳуқуқии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои ягонаи хизматрасони, тартиби пешниҳод ва пардохти он пешбини карда шудааст.
Ҳар як шахси воқеи ё ҳуқуқи метавонад шабакаи алоқаи барқии истифодаи умумро созмон диҳад ва истифода барад, инчунин мувофиқи муқаррароти Қонуни мазкур хизмати алоқаи барқии истифодаи умумро пешниҳод намояд.
Моддаи 28. Шабакоти алоқаи барқии мақомоти идорави ва ҷудошуда
Ба шабакоти алоқаи барқии мақомоти идорави шабакоти алоқаи барқие мансубанд, ки барои таъмини эҳтиёҷоти истеҳсоли ва махсуси шахсони воқеи ва ҳуқуқи пешбини шуда, дар ихтиёри онҳo мебошанд ва аз тарафи онҳо истифода бурда мешаванд. Шабакоти алоқаи барқии мақомоти идорави метавонанд барои расонидаии хизмати алоқаи барқи ба дигар истифодабарандагон низ пешниҳод карда шаванд.
Ба шабакоти алоқаи барқии ҷудошуда шабакоти алоқаи барқии шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки барои расонидани хизмати алоқаи барқи ба доираи маҳдуди истифодабарандагон пешбини шудаанд, мансубанд.
Қоидаҳои хизматрасони аз тарафи операторски шабакоти алоқаи барқии идораҳо аз ҷониби операторони худи ҳамин шабакоти алоқаи барқи мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиетон муқаррар карда мешавад.
Васли шабакоти алоқаи барқии идорави ва ҷудошуда бо шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум танҳо дар асоси шартномаи дахлдор ба амал бароварда мешавад. Шарту талаботи чунин тарзи васли байнишабакоти бо Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад.
Моддаи 29. Васлҳои байнишабакоти
Операторони шабакоти алоқаи барқии истифодаи умум, ки мавқеи бартари доранд, вазифадоранд дархостҳоро оид ба васли байнишабакотии шабакаҳои худ бо шабакаҳои операторони дигари алоқаи барқие, ки иҷозатнома доранд, қонеъ гардонанд.
Васли байнишабақоти дар асоси шартномаҳои байни операторони алоқаи барқи, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ тасдиқ мекунад, ба амал бароварда мешавад. Муқаррароти шартнома оид ба васли байнишабакоти набояд ба муқаррароти Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқи ва шартҳои васли байнишабақоти, ки онҳо тариқи қонунгузори дар соҳаи алоқаи барқи муқаррар гардидаанд, мухолиф бошанд (Конун аз 20.03.2008 № 379).
Дар сурати вуҷуд доштани имконияти техники барои васли байнишабакоти иҷрои он набояд рад карда шавад. Ҳар як радкунии васли байнишабакоти бояд пурра асоснок карда шавад.
Дар сурати рад намудан ба васли байнишабакоти барои ҳалли масъалаҳои бахсталаб тарафи ҷабрдида мегавонад ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ муроҷиат намояд (Конун аз 20.03.2008 № 379).
Моддаи 30. Таҷҳизоти ниҳои
Ҳар як шахси воқеи ва ҳуқуқи ҳуқyқи ворид намудан, фуруш, васлу истифодабари ва хизматрасонии таҷҳизоти ниҳоиро дорад.
Ҳар як таҷҳизоти ниҳои метавонад ба шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум танҳо дар cурате васл карда шавад, ки он ба талаботи асосии моддаи мазкур мувофиқ буда, бо тартиби муқарраршуда сертификат гирифтааст.
Талаботи асоси нисбати таҷҳизоти ниҳои аз инҳо иборат мебошанд:
- беҳавфи барои истифодабарандагон ва ҳайати кормандони шабакаи алоқаи барқи;
- мувофиқат ба талаботи мутобиқати электромагнита;
- самаранок истифода бурдани спектри радиобасомад ва пешгири намудани ҳалалҳои радиотехники байни системаҳои кайхони ва руизамини;
- мутобиқат ва ҳамкориҳо бо воситаҳои шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум;
- ҷонибдории таснифоти дахлдоре, ки дастрас намудани алоқаи таъҷилиро кафолат медиҳанд ва кори аз онҳо истифода бурдани истифодабарандагони ҷисман маъюбро осон менамоянд.
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ номгӯи таҷҳизоти ниҳоиеро, ки сертификати мутобиқат дорад, нашр мекунад (Конун аз 20.03.2008 № 379).
Моддаи 31. Рақамгузори
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ идоракунии ракамгузориро ба амал бароварда, нақшаи миллии рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд ва назорат мекунад (Конун аз 20.03.2008 № 379).
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ операторони алоқа ва истифодабарандагонро, ки таҷҳизоти ниҳои доранд, бо тақсимот ва истифодаи самараноки рақамҳо таъмин менамояд (Конун аз 20.03.2008 № 379).
Рақамҳои алоқаи барқи ба операторон ва истифодабарандагони хизмати алоқаи барқи дар асоси пардохти пули дода мешавад. Миқдор ва тартиби пардохти истифодабарии захираҳои рақамгузори аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ муайян карда мешаванд (Конун аз 20.03.2008 № 379).
Моддаи 32. Хизматрасонии универсали
Хизматрасонии универсали аз рӯи тарифҳо ва шартҳои техники ба гуруҳҳои алоҳидаи истифодабарандагони ҷиcман маъюби ба ин хизматрасони эҳтиёҷоти махсусдошта пешниҳод гардида, барои ба онҳо дастрас будани хизмати алоқа мусоидат менамояд. Интиқоли зангзаниҳои бемузд ба ҳадамотҳои садамави ва таъҷили барои ҳамаи таъминкунандагони хизмати алоқаи телефонии истифодаи умум ҳатми мебошад.
Ба операторов вазифаҳои расонидани хизмати универсали метавонанд вогузор шаванд. Тартиби расонидани хизмати универсали аз тарафи операторони алоқaи барқии универсали ва маблағгузории ҳароҷоти иҷрои вазифаҳо нисбати хизмати универсали бо Низомнома дар бораи Хизматрасонии универсали, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян карда мешавад.
Моддаи 33. Истифодаи шабакоти алоқаи барқи ба манфиати идоракунии давлати, мудофиа, амнияти милли, ҳифзи тартиботи ҳуқуқи ва дар ҳолатҳои фавкулодда
Шабакаи ҳукуматии алоқаи барқи аз тарафи мақомоте, ки махсус, бино ба таъиноти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, бунёд ва истифода карда мешавад. Шабакаи ҳукуматии алоқаи барқи бояд маҳфияти маълумотеро, ки ба таваесути ин шабака таҳвил мегардад, таъмин намояд.
Ҳамаи вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шабакоти алоқаи барқии дохили истифода мебаранд ва инчунин операторони шабакоти алоқаи барқии истифодаи умум вазифадоранд барои иҷрои талаботи идораи давлати, аз ҷумла мудофиа, амният, ҳифзи тартиботи ҳуқуқи ва дар ҳолатҳои фавкулодда пешниҳод намудани шабақаҳо ва хизмати алоқаи барқиро таъмин намоянд.
Идоракунии шабакоти алоқаи барқи дар ҳолатҳои фавкулодда аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар ҳамкори бо сохторҳои кудрати, инчунин вазорату муассисаҳое, ки шабакоти алоқаи барқии худи доранд, ба амал бароварда мешавад (Конун аз 20.03.2008 № 379).
Ҳангоми рӯи додани ҳолатҳои фавкулоддае (амалиётҳои ҷанги, офатҳои табии, карантин ва ғайра), ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, мақоми давлатии ваколатдор дар истифодабари ҳуқуқи бартариятнок дошта, инчунин барои маҳдудкуни ва ё боздоштани фаъолияти ҳар як шабака ва воситаи алоқаи барқй сарфи назар аз мансубияти идоравии онҳо ҳуқуқ доранд.
Зарари ба операторони алоқаи барқи дар ҳoлатҳои фавкулодда, инчунин бо мақсади таъмини мудофиаи милли, амният, ҳифзи тартиботи ҳуқуқи зимни иcтифодабарии шабакаҳо ва воситаҳои алоқаи барқи расонидашуда мутобиқи қонунгузори ва мувофиқи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ҷуброн карда мешавад.
Операторони алоқаи барқи вазифадоранд таҷҳизот ва иcтифодабарии воситаҳоеро, ки барои хабардоркунии аҳоли аз ҳавфи ҳолатҳои фавкулодда заруранд, таъмин намоянд.
Моддаи 34. Амали якҷояи операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқи бо мақоме, ки фаъолияти фаврии ҷустуҷӯро амали мегардонанд
Операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқи, ки дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, сарфи назар аз мансубияти идори ва Шакли моликият, мавриди коркард, офариниш ва иcтифодабари аз шабакаҳои алоқа мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд ба мақомҳое, ки фаъолияти фаврии ҷустуҷуи мебаранд, кумак намоянд ва ба тавассути шабакаи алоқаи барқи ба амал баровардани чорабиниҳои фаврии ҷустуҷуи шароит фароҳам оваранд, барои роҳ надодан ба ошкор кардани усулҳои ташкили ва тақтиқии гузаронидани чорабиниҳои мазкур чораҳо андешанд.
Дар сурати истифодаи ғайриқонуни аз воситаҳои алоқа, ки ба манфиати шахе, ҷомеа ва давлат зарар меоваранд, идораҳои ваколатдори давлати ҳуқуқ, доранд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳар гуна шабақа ва воситаҳои алоқаро, сарфи назар аз мансубияти идори ва шакли моликият боздоранд.
Моддаи 35. Ахбороти афзалиятнок
Операторони алоқаи барқи ва истифодабарандагон бояд бартарияти мутлақи ахбороти зеринро таъмин намоянд:
- хавфи бехатарии ҳаёти инсон дар об, замин, ҳаво, фазои кайҳони;
- гузаронидани чорабиниҳои таъҳирнопазир ҷиҳати мудофиа, амнияти милли ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқи;
- садамаҳои калон, фалокатҳо, паҳншавии эпидемияҳо, муриши ҳайвонот, офатҳои табии ва дигар ҳолатҳои фавкулодда.
Моддаи 36. Имтиёз ва бартариҳо дар мавриди истифода аз алоқаи барқи
Барои гурӯҳи алоҳидаи шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дипломативу консулии давлатҳои хориҷа, намояндагони таппсилотҳои байналмилали, инчунин гурӯҳи алоҳидаи шахсони воқеи ва ҳуқуқи ҳангоми иcтифода аз алоқаи барқи афзалияту имтиёзҳо оид ба навбат, тартиби иcтифодабари ва андозаи пардохти хизмати алоқаи барқи муқаррар карда мешаванд.
Номгӯи гуруҳҳои шахсоне, ки ба чунин афзалияту имтиёзҳо ҳуқуқ доранд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Ҷуброни даромадҳои пурра ба даст оварданашуда ба операторон ва ё хизмати алоқаи барқи дар натиҷаи муқаррар намудани имтиёзҳою бартариҳо ҷиҳати иcтифодабарии хизмати алоқа ва ё дигар намуди зарар бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали карда мешавад.
Моддаи 37. Сифати хизмати алоқаи барқи
Операторони алоқаи барқи вазифадоранд ба исгифодабарандагон чунон хизмат расонанд, ки ба талаботи ҳатмии сифати хизмати алоқаи барқи ба стандартҳо, меъёрҳои техникии хизмати алоқаи барқи мутобиқ бошад, инчунин онҳоро доир ба хизмати алоқаи барқи ва сифати он бо ахборот таъмин намоянд.
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ҷиҳати сифати хизмати алоқа барои дараҷаҳои гуногуни хизмати алоқаи барқй, ки онҳо аз ҷониби Операторони шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум пешниҳод ва тарифҳои онҳоро, ки мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими алоқа тасдиқ мекунад, талаботи ҳадди ақалро муқаррар мекунад (Конун аз 20.03.2008 № 379).
Талаботи ҳадди ақал ба сифати хизмат дар асоси сифати миёнаи ба даст овардашудаи хизмат муқаррар гардида, тасҳеҳи он бо мақсади баланд бардоштани сифати хизмат бо дарназардошти эҳтиёҷоти истифодабарандагон, тараққиёти техники ва қобилияти ҳаёти иқтисоди давра ба давра тағйир дода мешавад.
Назорати сифати хизмат дар асоси нишондиҳандаҳои зарурии кор ва усулҳои назорати сифат, ки бо дастури дахлдор муайян мегарданд, ба амал бароварда мешавад. Операторони алоқаи барқи ҳар нимсола мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ доир ба сатҳи сифати ба даст овардашуда огоҳ менамоянд (Конун аз
20.03.2008 № 379).
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳуқуқ дорад ҳангоми вайрон кардани талаботи сифати хизмат пешниҳод намудани хизмати алоқаи барқиро манъ намояд (Конун аз
20.03.2008 № 379).
Моддаи 38. Ҳуқуқи истифодабари аз шабакоти алоқа ва расонидани хизмати алоқа
Шахсони воқеи ва ҳуқуқи ба гирифтани ҳар гуна иҷозатнома ҷиҳати иcтифодабари аз шабакоти алоқаи барқи ва ё пешниҳод намудани хизмати алоқаи барқи, инчунин ба гирифтани ҳар гуна иҷозатнрмаи истифодабарии спектри радиобасомади вобаста ба он ҳуқуқ, доранд.
Шахсони воқеи ва ҳуқуқи мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон метавонанд дар хусусигардонии шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум, ки давлат иҳтиёри истифода ё назорати онҳоро дорад, ипл-ирок кунанд.
Шахсони воқеи ва ҳуқуқии хориҷи, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон тартиби дигареро пешбини накарда бошад, барои фаъолият дар соҳаи алоқа мувофиқи ҳамон шартҳо ва тартиботе, ки барои шахсони воқеи ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон пешбини шудааст, иҷозатнома мегиранд ва дар ҷараёни хусусигардони иштирок мекунанд.
Моддаи 39. Истифодаи забонҳо ва алифбоҳо
Суроғаи шахси фиристанда ва гирандаи баркияҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикиcтон равона карда мешаванд, бояд ба забони тоҷики ва ё забони руси ба расмият дароварда шаванд. Матни баркияҳо бояд бо хуруфи алифбои тоҷики, руси ё лотини навишта шавад. Ахбороти байналмилалии тавасеути шабакаҳои алоқаи барқи интиқолёфта бо забонҳое таҳия мегарданд, ки онҳоро муқаррароти шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон муайян намудаанд.
Моддаи 40. Вақти ҳисобу ҳисобот
Ҳангоми амали намудани фаъолият вобаста ба пешниҳод намудани хизмат аз ҷониби операторон ва идораҳои хизматии алоқаи барқи, сарфи назар аз ҷои ва мавқеи онҳо дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикиcтон вақти ягонаи ҳисобу ҳисобот - вақти маҳалли мебошад.
БОБИ VII. ИСТИФОДАИ ЗАМИНҲОИ ДАВЛАТИ ВА ВОСИТАҲОИ ОПЕРАТОРОНИ ШАБАКАИ АЛОҚАИ БАРҚИИ ИСТИФОДАИ УМУМ
Моддаи 41. Истифодаи заминҳои алоқаи барқи, тараққиёт ва таздиди воситаҳои алоқаи барқи
Ба заминҳои шабакаи алоқаи барқи заминҳое мансубанд, ки барои иcтифода ба операторон барои ба амал баровардани вазифаҳои ба онҳо вогузоршуда ҷиҳати истифодабари, нигахдори, сохтмон, азнавсози, тармими иншоот ва объектҳои шабакаи алоқаи барқи дода шудаанд.
Заминҳо барои таъмин намудани фаъолияти алоқаи барқи мувофиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон муқаррар кардаает, дода мешавад.
Барои таъмини иcтифодабари аз хатҳои кабели, радиорелеи ва хатҳои ҳавоии алоқаи барқи минтакдҳои муҳофиза муқаррар карда мешаванд. Тартиби муқаррар кардани минтақаҳои мухофиза, ҳаҷми онҳо, тартибу низоми истифодаи заминҳоеро, ки барои ин мақсадҳо ҷудо карда шудаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 42. Ҷойгаронии воситаҳои техникии шабакаҳои алоқаи барқи
Мавриди тарҳрези ва тараққиёти шаҳрҳо ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин, ҳамчунин маҳаллаҳо ва гузарҳои аҳолинишин, биноҳои алоҳидаи ҷамъияти ва иншоотҳо, идораҳои меъмори ва шаҳрсози якҷоя бо ташкилотҳои лоиҳакаши ва сохтмони мутобиқи меъёрҳои қобили татбиқ ва талаб вазифадоранд, ки талаботи операторони алоқаи барқиро ҷиҳати ҷойгиронии воситаҳои техникии онҳо ба назар гиранд.
Операторон ва хизмати алоқаи барқи метавонанд дар замин, дар биноҳо, дар симҷубҳо, дар купрукҳо, дар трубопроводҳо, дар роҳҳо ва коллекторҳо, туннелҳои роҳи оҳан ва дигар ҷойҳо, бо огоҳонии пешаки ва агар талаб карда шавад, бо бастани шартнома бо мулқдорон ё шахсони дигаре, ки ба чунин участкаҳои замин ё иншоот ҳуқуқ доранд, такягоҳҳо, хати алоқа ва дигар иншоотҳо созанд, насб кунанд ва истифода баранд.
Корҳои сохтмон, насб ва иcтифодабарии шабакаи алоқаи барқи бояд бо бахисобгирии талаботи амнияти экологи ва безарар ба сифатҳои эсгетикии маҳалле, ки чунин корҳо бурда мешаванд, анҷом мегиранд. Ҳамзамон барои ҳар чи камтар шудани зараре, ки ба моликияти хусуси ё ба муносибати ҳуқуқи роҳ додан расонида мешавад, ҷораҳо андешида мешавад. Баъди ба охир расидани ҳар гуна корҳо оид ба сохтмон, насб ё тармими шабакаи алоқаи барқи дар қитъаи замин, дар бино ё худ иншоот оператори алоқаи барқи вазифадор аст, ки қитъаи замин, бино ё иншоотеро, ки дар он кор бурдааст, аз ҳисоби худ ба ҳолати аввалааш оварад.
Оператори алоқаи барқи вазифадор ает товони зареро, ки ба бино, қитъаи замин ё иншоот дар натиҷаи сохтмон, насб, тармим, инчунин иcтифодабарии шабакаи алоқаи барқи расидааст, пардозад.
Дар ҳолатҳои фавкулодда ва дар мавриди зарурати аз тарафи операторон гузаронидани коркои таъхирнопазир оид ба барқарор кардани шабакаи алоқаи барқи ё васлкунии иншооти алоқаи барқи дар қитъаи замин, дар бино ё иншоотҳои дигаре, ки моликияти шахсии ин гуна оператор нестанд, оператори алоқаи барқи вазифадор аст тамоми кушишҳоро ба ҳарҷ диҳад, то соҳиби қитъаи замин, бино ё дигар иншоотҳоро огоҳ намояд ва сари вақт розигии ӯро барои гузаронидани корҳои мутазаккира гирад. Нагирифтани ризояти соҳиб монеа ба гузаронидани ин корҳо шуда наметавонад ва оператори алоқаи барқиро аз пардохти товони ҳар гуна зарар, ки мавриди иҷрои ин гуна корҳо расидааст, озод намекунанд.
Азнавсози ва ба ҷои дигар кӯчонидани иншооти алоқаи барқи, ки бо такозои сохтмони нав, васеъ кардан, таҷадауди нуқтаҳои аҳолинишин ва биноҳои алоҳида, азнавсозии роҳҳо ва купрукҳо, азҳудкунии заминҳои нав, азнавсозии системаи мелиоратививу коркарди канданиҳои фоиданок рӯҳ медиҳанд, аз ҳисоби супоришдиҳандаи сохтмон мувофиқи стандартҳои ҷоpи ва шартҳои техникии соҳибони шабақот ва воситаҳои алоқаи барқи ба ҷо оварда мешаванд. Ҳамзамон зиёд кардани иқтидори алоқаи барқи аз ҳисоби соҳибони онҳо ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 43. Рафъи оқибатҳои садама ва вайрониҳо дар шабакоти алоқаи барқи
Рафъи оқибатҳои садама ва вайрониҳо дар шабакоти алоқаи барқи аз ҷониби операторони ин шабакаҳо ба амал бароварда мешавад.
Мақомоти идораи давлати ба кори бартарафкунии оқибатҳои ҳодисаҳои рӯйдода дар шабакоти алоқаи барқи кумак мерасонанд.
Гузаронидани корҳо ҷиҳати рафъи ҳодисаҳои рӯйдода дар шабакоти алоқаи барқи гирифтани иҷозати истифодабарандагон (соҳиб, иҷорагяр)-и қитъаи замин, моликони бино ва ё иншоот, ки дар онҳо воситаҳои алоқаи барқи ҷойгир карда шудаанд, талаб карда намешавад. Товони зараре, ки дар натиҷаи бартарафкунии оқибатҳои ҳодисаҳои рӯйдода ба молик (соҳиб, иҷорагир) расонида мешаванд, аз операторони дахлдор ситонида мешавад.
Товони зараре, ки ба операторон дар натиҷаи ҳодисаҳои ғайричашмдошт дар шабакаи алоқаи барқи бо гуноҳи шахсони воқеи ва ҳуқуқи рӯи додааст, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз худи онҳо ҷуброн карда мешавад.
БОБИ VIII. МУҚАРРАРОТИ НИҲОИ
Моддаи 44. Ҷавобгари барои қонуншикани дар соҳаи алоқаи барқи
Шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки барои вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур гунаҳгоранд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 45. Ҳамкории байналмилали
Ҳамкории байналмилали дар соҳаи алоқаи барқи дар асоси шартнома ва созишномаҳои байналмилали ба амал бароварда мешавад.
Дар фаъолияти байналмилали мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ба сифати маъмурияти ягонаи алоқа баромад мекунад, бо маъмуриятҳои алоқаи дигар кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалии алoқa ҳамкори менамояд, фаъолияти байналмилалиеро, ки шахсони воқеи ва ҳуқуқи ба амал мебароранд, ҳамоҳанг меcозанд (Конун аз 20.03.2008 № 379).
Пардохти ҳаққи узвият барои иштироқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии алоқаи барқи ҳатман аз тарафи давлат маблағузори карда мешавад.
Моддаи 46. Дар бораи мавриди амал қарор додани Қокуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
аз 10 майи соли 2002 № 56