ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи алоқаи барқӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2002, №4, қ.2, мод.323; с.2006, №3, мод.156; с.2008, №3, мод.198; №12, қ.2, мод.996) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 2 сархатҳои чордаҳум ва понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"симкорт" - модули ҳаммонандсозӣ (идентификатсионӣ) буда, дар хотираи он иттилоот дар бораи хизматрасонӣ, маълумоти муайянкунандаи истифодабарандаи хизмати алоқаи барқӣ ҷойгир карда шуда, пешниҳоди хизматрасонии оператори шабакаи алоқаи барқиро таъмин менамояд;
"ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ ва ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ" - ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ барои шахси воқеӣ шиноснома - (барои шахсони бешаҳрванд - шаҳодатномаи бақайдгирӣ) ва барои шахсони ҳуқуқӣ шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ мебошанд;".
2. Ба қисми якуми моддаи 10 сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- тасдиқ кардани Қоидаҳои хизматрасонӣ вобаста ба хариду фурӯши симкортҳо ва ба тавозуни истифодабаранда гузаронидани маблағ барои истифодаи хизмати алоқаи барқӣ;".
3. Ба қисми якуми моддаи 20 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- шартномаро бевосита бо худи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахсони воқеӣ ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахсони ҳуқуқӣ банданд;".
4. Ба қисми якуми моддаи 21 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- ҳангоми бастани шартнома ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ ва ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқиро пешниҳод намоянд;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
28 декабри соли 2013 № 1047
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 10 октябри соли 2013, № 1278
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2013 № 602
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ЭЛЕКТРИЧЕСКОЙ СВЯЗИ"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 10 мая 2002 года "Об электрической связи" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2002 г., №4, ч.2, ст.323; 2006 г., №3, ст. 156; 2008 г., №3, ст. 198; №12, ч.2, ст.996) следующие дополнения:
1. Статью 2 дополнить абзацами четырнадцатым и пятнадцатым следующего содержания:
"симкарта" - идентификационный модуль, в памяти которого размещается информация об услугах, данные, определяющие пользователя услуг электрической связи, обеспечивающий предоставление услуг оператора сети электрической связи;
"документы, удостоверяющие личность физического лица или учредительные документы юридического лица" - документы, предоставляемые при подключении к сети электрической связи, для физического лица - паспорт (для лиц без гражданства - листок регистрации) и для юридических лиц - свидетельство о государственной регистрации;".
2. Часть первую статьи 10 дополнить абзацем десятым следующего содержания:
"- утверждение Правил оказания услуг, связанных с куплей и продажей симкарт и перечислением денег на баланс пользователя для использования услуг электрической связи;".
3. Часть первую статьи 20 дополнить абзацем четвёртым следующего содержания:
"- заключать договоры непосредственно с самими физическими или юридическими лицами на основании документов, удостоверяющих личность физических лиц, или учредительных документов юридических лиц;".
4. Часть первую статьи 21 дополнить абзацем третьим следующего содержания:
"- предоставлять при заключении договора документы, удостоверяющие личность физического лица или учредительные документы юридического лица;".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 28 декабря 2013 года, № 1047
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАНА
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об электрической связи"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об электрической связи".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистана Ш. Зухуров
г. Душанбе, 10 октября 2013 года, № 1278
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об электрической связи"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об электрической связи", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об электрической связи".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 16 декабря 2013 года, №602