ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 ноябри соли 2016 № 610
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 феврали соли 2017 № 342
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи алоқаи барқӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 2, мод. 323; с. 2006, №3, мод. 156; с. 2008, №3, мод.198, №12, қ. 2, мод. 996; с. 2013, №12, мод. 891; с. 2015, №12, қ. 1, мод.1117; с. 2016, №3, мод.154) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 2 сархати ҳабдаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ" - маҷмӯи таҷҳизот ва барномаҳои дорои маълумоти идентификатори байналмилалии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки бақайдгирии идентификаторҳои истифодашаванда, шинохтани идентификаторҳои нав, муқоисаи онҳо ва кори воситаҳои мобилии идентификаторашон бақайдгирифташудаи ба шабакаи алоқаи барқӣ пайвастро таъмин менамоянд;".
2. Аз матни моддаи 4 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
3. Ба қисми якуми моддаи 6 сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- тасдиқи Тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ;".
4. Дар номи моддаи 18 калимаҳои "Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои" ба калимаи "Ҳуқуқҳои" иваз карда шаванд.
5. Дар ном ва қисми якуми моддаҳои 20 ва 21, қисми дуюми моддаи 24, қисми якуми моддаи 29, қисми дуюми моддаи 32, қисмҳои дуюм ва шашуми моддаи 33, қисми якуми моддаи 34, қисми якуми моддаи 37 ва дар қисмҳои якум, сеюм, чорум ва панҷуми моддаи 42 калимаҳои "Вазифаҳои", "вазифаҳои", "вазифаҳо", "вазифадоранд" ва "вазифадор" мувофиқан ба калимаҳои "ӯҳдадориҳои", "ӯҳдадориҳои", "ӯҳдадориҳо", "ӯҳдадоранд" ва "ӯҳдадор" иваз карда шаванд.
6. Ба қисми якуми моддаи 20 сархатҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
- ҳамкориро бо системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ таъмин намоянд;
- васли воситаҳои мобилии алоқаи барқии дар системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бақайдгирифташударо ба шабакаи алоқаи барқӣ таъмин намоянд;".
7. Моддаи 301 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 301. Бақайдгирӣ ва муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ
Мақоми ваколатдори давлатии соҳаи алоқаи барқӣ системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқиро ташкил намуда, рушд медиҳад ва истифода мебарад.
Идентификаторҳои байналмилалии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ дар системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ба қайд гирифта мешаванд.
Бақайдгирии идентификаторҳои воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ музднок анҷом дода мешавад. Андоза ва тартиби пардохти хизматрасонии бақайдгирии идентификаторҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар мувофиқа бо мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ муайян карда мешаванд.
Дигаргун сохтан, нусхабардорӣ ва паҳн кардани маълумоти системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бе розигии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ манъ аст.
Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр, паҳн ва истифода кардани намудҳои гуногуни таҷҳизоту барномаҳое, ки барои дигаргун кардани маълумоти идентификатории воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ истифода мешаванд ва (ё) истифодаи воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки маълумоти идентификаторашон дигар карда шудааст, манъ мебошад.
Операторони хизмати алоқаи барқӣ ҳуқуқ надоранд ба воситаҳои мобилии алоқаи барқии дар системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бақайдгирифтанашуда хизмат расонанд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
24 феврали соли 2017 № 1401
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ЭЛЕКТРИЧЕСКОЙ СВЯЗИ"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 2 ноября 2016 года, №610
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 16 февраля 2017 года, №342
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 10 мая 2002 года "Об электрической связи" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2002 г., №4, ч. 25 ст. 323; 2006 г., №3, ст. 156; 2008 г., №3, ст.198, №12, ч.2, ст. 996; 2013 г., №12, ст. 891; 2015 г., № 12, ч.1, ст. 1117; 2016 г., №3, ст. 154) следующие изменения и дополнения:
1. Статью 2 дополнить абзацем семнадцатым следующего содержания:
"государственная система идентификации мобильных средств электрической связи" - комплекс оборудования и программ, содержащих данные международных идентификаторов мобильных средств электрической связи, которые обеспечивают регистрацию используемых идентификаторов, распознавание новых идентификаторов, их сравнение и деятельность мобильных средств, зарегистрированные идентификаторы которых соединены к сети электрической связи;".
2. Часть первую статьи 6 дополнить абзацем шестым следующего содержания:
"- утверждение Порядка регистрации мобильных средств электрической связи и определение функций государственной системы идентификации мобильных средств электрической связи;".
3. Часть первую статьи 20 дополнить абзацами вторым и третьим следующего содержания:
"- обеспечить взаимодействие с государственной системой идентификации мобильных средств электрической связи;
- обеспечить подключение мобильных средств электрической связи, зарегистрированных в государственной системе идентификации мобильных средств электрической связи;".
4. Дополнить статью 30(1) следующего содержания:
"Статья 30(1). Регистрация и идентификация мобильных средств электрической связи
Уполномоченный государственный орган в области электрической связи создает, развивает и эксплуатирует государственную систему идентификации мобильных средств электрической связи.
Международные идентификаторы мобильных средств электрической связи регистрируются в государственной системе идентификации мобильных средств электрической связи.
Регистрация идентификаторов мобильных средств электрической связи производится платно. Размер и порядок оплаты услуг регистрации идентификаторов определяются уполномоченным государственным органом в области электрической связи по согласованию с государственным антимонопольным органом.
Изменение, копирование и распространение данных государственной системы идентификации мобильных средств электрической связи без согласия уполномоченного государственного органа в области электрической связи запрещается.
Ввоз на территорию Республики Таджикистан, изготовление, распространение и использование различных видов оборудования и программ, используемых для изменения данных идентификаторов мобильных средств электрической связи или использование мобильных средств электрической связи, идентификационные данные которых изменены, запрещается.
Операторы услуг электрической связи не вправе предоставлять услуги мобильным средствам электрической связи, не зарегистрированным в государственной системе идентификации мобильных средств электрической связи.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 24 февраля 2017 года, № 1401