ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МЕТАЛЛҲОИ ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2001, №4, мод.194; с.2006, №4, мод.199; с.2007, №7, мод.673; с.2008, №12, қ.2, мод.999; с.2009, №9-10, мод.545; с.2011, №6, мод. 454)
Қонун асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муносибатҳоеро танзим менамояд, ки дар соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, коркард, истифода ва муомилоти онҳо (муомилоти гражданӣ) ба миён меоянд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсад ва вазифаҳои қонуни мазкур
Қонуни мазкур асосҳои муносибатҳоеро танзим менамояд, ки дар соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, коркард, истифода ва муомилоти (муомилоти гражданӣ) онҳо ба миён меоянд, аз ҷумла:
соҳаи амалиёти инҳисории давлатиро муқаррар менамояд;
мақсад, усулу хусусияти танзими давлатии фаъолияти шахсҳои воқеӣ ва ҳуқуқиро муқаррар менамояд;
салоҳияти мақомоти Ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар мекунад;
мақоми давлатии Фонди металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва конҳои захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд;
шароити фаъолияти бозори металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
мақоми назорати маҳаки давлатӣ ва захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд;
навъу шаклҳои асосии назорати давлатии тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳоро муайян мекунад.
Қонуни мазкур тартиби додугирифти шаҳрвандонро (шахсони воқеиро) бо маснуоти заргарӣ ва ашёи ороишӣ ва маишӣ, ки аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохта шудаанду моликияти шахсии онҳост, танзим намекунад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар ин қонун мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:
металлҳои қиматбаҳо - тилло, нуқра, платина ва металлҳои гурӯҳи платина (палладий, ирридий, родий, рутений ва осмий). Рӯйхати мазкурро танҳо бо қонун тағйир додан мумкин аст. Металлҳои қиматбаҳо метавонад дар ҳар шаклу ҳолат, аз ҷумла дар шакли худрӯй, холис ва тоза кардашуда ва ҳамчунин дар шакли ашёи хом, хӯла, нимтайёр, маҳсулоти саноатӣ, пайвасти химиявӣ, маснуоти заргарӣ, маснуоти дигар, танга, шикастапора ва партовҳои истеҳсолоту истеъмолот бошад;
cангҳои қиматбаҳо - алмос, зумуррад, ёқут, сапфир, лаъли асил ва александрити табиӣ, ҳамчунин гавҳари табии хом ва суфта. Рӯйхати мазкурро танҳо бо қонун тағйир додан мумкин аст ;
сарват - металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
истихроҷи металлҳои қиматбаҳо - ҷудо карда гирифтани металлҳои қиматбаҳо аз конҳои асосӣ (маъданӣ), конхои пошхӯрдаю техногенӣ ва ҳосил кардани консентрат ва дигар ниммахсулоти дорои металлҳои қиматбаҳо;
истихроҷи сангҳои қиматбаҳо - ҷудо карда гирифтани сангҳои қиматбаҳо аз конҳои асосӣ, пошхӯрдаю техногенӣ ва ҳамчунин саракорӣ, навъҷудокунӣ, нархгузории ибтидоии сангҳои қиматбаҳо;
тиллои ёфтшуда - металлҳои қиматбаҳо ба шакли порахои худрӯй, ки ҳангоми бурдани корҳои ҷустуҷӯии геологӣ ва истихроҷӣ дар карерҳо, конҳо, нақбҳои куҳӣ, конҳои асосӣ ва пошхӯрда ёфт шудаанд;
канданиҳои фоиданоки пошхӯрда - пайдоишҳои табиии минералӣ, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, қалъагӣ, волфрам, металлҳои нодир, сангҳои зинатӣ ва ғайра, ки дар натиҷаи бодхӯрдашавии физикию химиявии ҷинсҳои кӯҳӣ, зуҳуроту конҳои канданиҳои фоиданоки аслӣ пайдо шудаанд ;
усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ - тарзи ташкили истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда, ки тибқи иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар минтақаҳои қаъри замини захираҳояш ҳисобнашуда ва дар тавозуни давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштанашуда амалӣ карда мешавад ;
маснуоти заргарӣ - маснуоте, ки дар таркибашон металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо доранд, тамғаи давлатӣ ва маҳак дошта барои истифодаи шахсии шаҳрвандон таъин гардидаанд.
ҷустуҷӯ - корҳои ҷустуҷӯи геологӣ - корҳое, ки аз кофтукови ҷойҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сар карда то ба ҳисоб гирифтан ва тасдиқ намудани захираҳои онҳо бурда мешаванд;
дафинаи металҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо -металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маснуот аз онҳо, ки дар замин гӯронда шудаанд ё ба таври дигар пинҳон карда шуданду молики онҳо аз рӯи қонун ҳуқуқи моликдориашро гум кардааст ё муқаррар карданаш ғайри имкон аст;
саракорӣ ва таснифи ибтидоии сангҳои қиматбаҳо - марҳaлаи охирини амали тоза кардани маъдан аст, ки имкон медиҳад сангҳои қиматбаҳо дар асоси коллексияҳои тасдиқшудаи намудҳои намунавӣ ва асбобҳои таснифотӣ аз маъдани истихроҷгардида ҷудо карда, ҳамчунин онҳо ба навъҳои алоҳидае тақсим карда шаванд, ки ба навъҳои мақбули бозори ҷаҳонӣ мувофиқ бошанд;
баҳодиҳии ибтидоии сангҳои қиматбаҳо - марҳалаи охирини амали технологии тоза кардани маъдан буда, баҳодиҳии сангҳои қиматбаҳоро дар асоси нархномаҳое, ки дар бозори ҷаҳонӣ қабул шудаанд барои баҳодиҳии ҳамин гуна навъҳои ашёи хоми маъдан кор фармуда мешаванд, таъмин менамоянд;
истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо - ҳосил кардани металлҳои қиматбаҳо аз маъданҳои истихроҷшуда, маҷмӯи маъданҳо, хокаҳои ғанишуда (консентратҳо) ва дигар ниммаҳсулотҳо, инчунин шикасталораҳо ва партовҳое, ки дорои металлҳои қиматбаҳо мебошанд ;
холискории металлҳои қиматбаҳо - амали тоза кардани металлҳои қиматбаҳои истихроҷшуда аз омехтаҳо ва унсурҳои ҳамроҳбуда, хушсифат гардонидани металлҳои қиматбаҳо ба ҳадди стандартҳои давлатӣ ва шартҳои техникие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд ё ба ҳадди стандартҳои байналмилалӣ;
рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо - ҷудо карда гирифтани сангҳои қиматбаҳо аз асбобҳо ва дигар маснуоти таъиноти техникии аз корбаромада ё бо сабабҳои дигар аз истифода монда, ҳамчунин аз партовҳои дорои сангҳои қиматбаҳое, ки минбаъд онҳоро тоза карда ба ҳадде расонидан, ки сифаташон ба шартҳои техникӣ ё асбоби таснифоти алмос мутобиқ гардад;
истифодаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо -истифода кардани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба мақсадҳои истеҳсолӣ, илмӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ;
ҳисобу китоби махсус - бурдани феҳристе, ки амалиёт бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро бо ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ ба роҳ монда, барои дохил кардани ин ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ ба феҳристи мазкур аз онҳо музд намеситонад;
муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо -фаъолияти вобаста ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот, холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуперсатсияи сангҳои қиматбаҳо, аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чакана, инчунин гузаронидани амалиёти бонкӣ бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ;
амале, ки ихтиёрдориро ба ҳуқуқи моликияти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо (муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо), аз ҷумла ба сифати замонат истифода кардани онҳо, гузаштани ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои амволиро ифода менамояд;
тағйир додани ҳолати физикӣ ё таркиби металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар ҳама гуна моддаҳо ва маводҳо ҳангоми истихроҷ, истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо коркарду пардоздиҳӣ ва истифодаи минбаъдаи онҳо;
ҳамлу нақли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо аз ҷумла интиқол додани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо ба анбор, фонду захира ва ҳамчунин нигаҳдорӣ ва ба намоиш гузоштани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон овардан ва аз он баровардани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо.
Моддаи 3. Ҳуқуқи моликият ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо
1. Масъалаҳои соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани қитъаҳои замини дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар ихтиёри давлат мебошанд.
2. Давлат ба қитъаҳои замини дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истисноӣ дошта, масъалаҳои ҳуқуқдориашро бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ", бо ҳамин қонун, шартномаҳои байналмилалӣ ва принсипу меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда ҳаллу фасл мекунад.
3. Субъектҳои истихроҷкунандаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ки дар моддаи 4-уми ҳамин қонун зикр шудаанд, метавонанд қитъаҳои замини дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро мутобиқи иҷозатномаи истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки ба онҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" дода шудаанд, барои истифода гиранд .
4. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои аз конҳо истихроҷшуда, ҳамчунин дигар маҳсулот ва даромаде, ки ҳангоми истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба таври қонунӣ ба даст омадаанд, моликияти субъектҳои истихроҷкунандаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мебошанд, агар дар шартномаҳои молфиристӣ, аз ҷумла шартномаҳои маҳсулотфиристӣ барои эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ, ки бо иштироки ин субъектҳо баста шудаанд ва инчунин дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарти дигаре муқаррар нашуда бошад .
Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки ғайрқонунӣ истихроҷ шудаанд, моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
5. Металлҳои қиматбаҳои мувофиқи стандарт холисшуда, инчунин сангҳои қиматбаҳои аз конҳо истихроҷшуда ё рекупиратсиягардидаи ба навъҳо ҷудошуда ҳангоми фурӯш аз тарафи субъектҳои истихроҷу истеҳсолкунанда ба тартиби афзалиётнок пешниҳод мегарданд:
ба мақоми махсуси ваколатдори ҳокимияти иҷроия барои пурра кардани Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
мақомоту ташкилотҳои дорои ваколати махсус барои хариди металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои киматбаҳо танҳо ба шарти пешакӣ бастани қарордодҳои хариду фурӯш бо субъектҳои истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо (дар мӯҳлати на камтар аз се моҳ то рӯзи пешбинишудаи харид) ва бо субъектҳои истихроҷи сангҳои қиматбаҳо (дар мӯҳлати на камтар аз панҷ моҳ то рӯзи пешбинишудаи харид) ва додани пешпардохт (байона) аз ҳисоби пардохтпулии шартномавӣ аз ҳуқуқи имтиёзноки харид истифода бурда метавонанд. Ҳуқуқи хариди имтиёзнок ба мақомои ташкилотҳои зикрёфта дар доираи маблағе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳар сол муайян мекунад, дода мешавад. Иҷро накардани шартҳои қарордоди басташудаи харидуфурӯши металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз тарафи як ё ҳарду тараф ба оқибатҳое мерасонад, ки бо моддаи 20 ҳамин қонун муқаррар шудаанд .
6. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудаанд, моликияти давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда метавонанд. Моликон ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ҳуқуқи моликият доштани худро мутобиқи ҳамин қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд.
Ҳуқуқи моликият ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз тарафи давлат баробари ҳуқуқи моликият ба дигар объектҳои моликият ҳифз карда мешавад.
Давлат барои бастани шартномаҳо ҷиҳати харидани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои истихроҷу истеҳсолшуда бо субъектҳои онҳоро истихроҷу истеҳсол бо мақсади пурра кардани Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бартарият дорад.
Моддаи 4. Субъектҳои истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо
1. Истихроҷу истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва истихроҷи сангҳои қиматбаҳоро танҳо ташкилотҳое ба амал бароварда метавонанд, ки сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии моликият бо тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" иҷозатнома гирифтаанд .
2. Истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёриро соҳибкоронӣ инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие амалӣ карда метавонанд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" иҷозат гирифтаанд. Шартҳои иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда тибқи қоидаҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд .
3. Металлҳои қиматбаҳоро танҳо ташкилотҳое, ки рӯйхаташонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, холискорӣ карда метавонанд .
4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо аз рӯзи гирифтани литсензияи дахлдор то беэътибор гардиданаш ҳуқуқдор мешаванд .
Моддаи 5. Биржаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо
1. Дар Тоҷикистон биржаҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое фаъолият мекунанд, ки ба амали доду гирифти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ машғул буда бо амалиёти зерин алоқаманданд:
сабиқаи стандартӣ ва ченакии металлҳои қиматбаҳои холискардашуда;
сангҳои қиматбаҳои сайқалнахӯрда, ба навъҳо ҷудошуда;
сангҳои қиматбаҳои сайқалдодаи сертификатсияшуда;
металлҳои қиматбаҳои худрӯй;
маснуоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба истиснои маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти маишӣ, ки металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо доранд;
маснуоти нимтайёр, ки металлҳои қиматбаҳо доранд;
тангаҳое, ки металлҳои қиматбаҳо доранд.
2. Тартиби фаъолияти биржаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳамин Қонун, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи биржаҳои молӣ ва савдои биржавӣ" ва дигар қонунҳо муқаррар мекунад.
БОБИ 2. ФОНДҲО ВА ЗАХИРАҲОИ ДАВЛАТИИ МЕТАЛЛҲОИ ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО
Моддаи 6. Фонди давлатии конҳои захиравии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо
1. Фонди давлатии конҳои захиравии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба мақсади танзими ҳаҷми истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва ҳамчунин ба мақсади минбаъд қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо барпо карда мешавад.
2. Фонди давлатии конҳои захиравии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, конҳои ҷудогонаи кашфшудаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоеро фаро мегирад, ки дар ҳисоби давлат буда, ба истифода дода нашудаанд ё аз истифода бароварда шудаанд.
3. Қарори ба фонди давлатии захиравии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ҳамроҳ кардани конҳои ҷудогонаи кашфшудаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад.
4. Фонди давлатии конҳои захиравии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" идора мекунад. Шартҳои истифодаи конҳои кашфшудаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки ба фонди конҳои захиравии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дохил карда шудаанд, бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал мувофиқа карда мешавад.
Моддаи 7. Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи захираи тиллову асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, маҷмӯи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти онҳоро, ки аз манъбаҳои дар банди 3-юми ҳамин модда номбаршуда ба даст омадаанд, дар бар мегирад.
Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, молиявӣ, илмӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва дигар эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Сарватҳое, ки ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохиланд, моликияти давлатӣ мебошанд.
Биноҳои хизматӣ ва истеҳсолӣ, иншооту иморатҳое, ки барои нигаҳдорӣ, қабул ва хизмати сарвати Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, моликияти давлатӣ мебошанд ва онҳоро ба шаклҳои дигар, аз ҷумла хусусӣ гардонидан мумкин нест. Иншоотҳои мазкурро ба иҷора додан ва ё ба мақсади дигар истифода кардан танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.
Низомномаи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
2. Қарори пурра сохтан ва харҷ кардани сарватҳои Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад.
3. Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби зайл пур мешавад:
металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки аз субъектҳои бозори металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба пули буҷети давлатӣ, аз ҷумла аз рӯи шартномаҳои молфиристӣ, ки субъектҳои мазкур бо ташкилотҳои холискорикунандаи металлҳои қиматбаҳо бастаанд, харида шудаанд;
металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои нодири худрӯй, ки аз субъектҳои истихроҷкунандаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба пули буҷети давлатӣ харидорӣ шудаанд;
бо тартиби муқарраркардаи қонун маҷбуран кашида гирифтани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти аз онҳо сохташуда ва шикастапораҳои чунин маснуот;
маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохташудае, ки аз ташкилотҳои ин маснуотро харидорикунанда ба даст омадааст;
металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти аз онҳо сохташуда, шикастапораҳои чунин маснуот, ки аз шаҳрвандон харида шудаанд;
шикастапора ва партови металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
дафинаҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти онҳо ва шикастапораҳои чунин маснуот;
металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои бесоҳиб, маснуоти онҳо ва шикастапораҳои чунин маснуот;
металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти онҳо ва шикастапораҳои чунин маснуоте, ки ба давлат мерос мондаанд ва тӯҳфа карда шудаанд;
инъомҳое, ки аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохташуда, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар фаъолияти давлатӣ гирифтаанд;
металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин маснуоти онҳо, ки ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асосҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.
4. Сангҳои қиматбаҳоро ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои баъзе ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навъҳо ҷудо карда мехаранд.
Тартиби назорати давлатиро ба сифати ба навъҳо ҷудокунӣ ва нархгузории сангҳои қиматбаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
5. Маблағе, ки ба он сарват ба Фонди давлатии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ мешавад, бояд дар қисми хароҷоти буҷети давлатӣ ҳатман ба ҳисоб гирифта шавад.
6. Мақоми ваколати махсусдоштаи ҳокимияти иҷроия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дахлу харҷи сарвати Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли молиявӣ ҳисобот пешниҳод мекунад. Ҳамзамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳисоботи иҷрои буҷети давлатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистои дар бораи дахлу харҷи сарвати Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар соли молиявӣ ҳисобот ва нишондиҳандаҳои ҷамъбастиро дар бораи вазъи умумии Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.
Моддаи 8. Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии Фонди давлатии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон, маҷмӯи нодири сангҳои қиматбаҳои дорои аҳамияти таърихию бадеӣ, инчунин маҷмӯи маснуоти нодири заргарӣ ва ашёи дигар аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мебошад.
Низомномаи Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳамии Қонун тасдиқ менамояд.
2. Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимнашаванда ва моликияти давлатӣ буда, онро ба ҳар шакли дигар бегона кардан ва дигар хел истифода бурдан, аз ҷумла ба иҷора додан мумкин нест. Сарвати Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст фақат ба мақсади намоиш ё тадқиқоти илмӣ дар Тоҷикистон ва берун аз хоки Тоҷикистон бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шавад.
3. Номнавис шудани сарвати Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон ба Фонди алмоси Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
4. Мақоми давлатии ваколатдори махсуси ҳокимияти иҷроия ташхиси (экспертиза) пешакии сарватҳоеро, ки ба Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис карданианд, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва азнавсозии онҳоро, инчунин бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузоштани сарватҳои Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд.
Моддаи 9. Захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз сабикаи тиллои холиси моликияти давлатӣ иборат буда, ҷузъи захираи тиллою асъори Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, барои амалӣ сохтани сиёсати молиявии давлат ва қонеъ кардани эҳтиёҷоти фаврии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулодда таъин гардидааст.
2. Қисми захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон мавҷуд аст, дар суратҳисобҳои он ба қайд гирифта мешавад. Қарорро дар бораи харҷ кардани ин қисми захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби мувофиқакардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад. Ҳисоботро дар бораи ҳолати дар суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифтани қисми захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоcикистон ҳамчун қисми таркибии маърӯзаи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
3. Қисми захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар суратҳисоби мақоми давлатии ваколатдори махсуси давлатии ҳокимияти иҷроия ба ҳисоб гирифта мешавад. Қарори харҷ кардани захираи тиллое, ки дар Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мавҷуд аст, мутобиқи моддаи 22-юми ҳамин қонун қабул карда мешавад.
БОБИ 3. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ МУНОСИБАТҲОИ СОҲАИ ТАДҚИҚУ ҶУСТУҶӯИ ГЕОЛОГИИ КОНҲОИ МЕТАЛЛҲОИ ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО, ИСТИХРОҶУ ИСТЕҲСОЛ, ИСТИФОДА ВА МУОМИЛОТИ ОНҲО
Моддаи 10. Мақсад ва роҳҳои воситаҳои танзими давлатии муносибатҳои соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо
1. Танзими давлатии муносибатҳои соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо, инчунин ҷамъоварии шикастапораю партовҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо мақсади амалӣ сохтани сиёсати давлатӣ ба амал бароварда мешавад, ки мақсад аз ин ҳавасманд кардани истихроҷу истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ривоҷ додани бозори ин сарват ва самарабахш истифода кардани онҳо барои пешрафти иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хосиятҳои махсуси металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мебошад.
2. Танзими давлатии ин муносибатҳо бо роҳҳои зерин ба амал бароварда мешаванд:
иҷозатдиҳии истифодаи қитъаҳои замини дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
барои ташаккулёбии Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ғанӣ гардонидани захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон хариди афзалиётноки металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
муқаррар намудани талабот нисбати ҳисобу китоб, саришта, ҳамлу нақли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва ҳисобот дар бораи онҳо, инчунин нисбати тартиби додугирифти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
ба тартибандозии меъёрию ҳуқуқии амали ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродие, ки дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ бо доду гирифти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо машғуланд;
ҳисобу китоби махсуси ин ташкилоту соҳибкорони инфиродӣ;
назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо;
иҷозатномадиҳии фаъолияти вобаста бо муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ;
аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани тартиби дохил ва хориҷшави металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
ташкили назорати давлатӣ ба нархи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо роҳи тасдиқ намудани таснифгардонии ҳатмӣ ва нархномае, ки дар бозори ҷаҳонӣ ҷорист;
тартиби хоси назорати гумрукӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон овардан ва аз он бурдани металлҳои киматбаҳо ва сангҳои киматбаҳо ва ҳамчунин маснуоти аз онҳо сохташуда;
муайян кардани тартиби сертификатсияи металлҳои қиматбаҳо ва саигҳои қиматбаҳои мавриди коркард қароргирифта ва маснуоти аз онҳо сохташуда;
муқаррар намудани рӯйхати ташкилотҳое, ки бо холискории металлҳои қиматбаҳо машғуланд;
ташкили назорати давлатӣ оиди сифати саракунӣ, классификатсия ва нархгузории сангҳои қиматбаҳои коркарданашудаи ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон овардашуда.
3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муайян намудани маҳак ва тамғаи давлатӣ гузоштан ба металлҳои қиматбаҳо (сабикаи аҳамияти саноатӣ), тамғаи маҳакӣ задан ба маснуоти заргарӣ ва маснуоти дигари маишии металлҳои қиматбаҳо, инҳисори давлатӣ, муқаррар карда шудааст.
4. Танзими давлатии муносибатҳо дар соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу истеҳсоли онҳо аз тарафи мақомоти ҳокимити давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон дар мавриди танзими давлатии муносибатҳои мазкур мувофиқан бо ҳамин Қонун, инчунин ба қонунгузорин Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 11. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои барои танзими муносибатҳои соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин қонун ва қонунҳои дигар:
1) сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо ва ҳамчунин ҷамъоварии шикастапора ва партови металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро ба амал мебарорад;
2) мутобиқи қонунҳо нақшаи ташаккул додани Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фурӯхтани сарватҳои он, ҳамчунин ҳисоботи дар соли молиявӣ пурра ва харҷ кардани сарватҳои ин фондро тасдиқ менамояд;
3) ваколати мақомоти идораи давлатиро дар соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳоро дар қаламрави дахлдор муайян мекунад;
4) қоидаҳои иҷозатро барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифодаи усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ тасдиқ мекунад ;
5) тартиботи зайлро муқаррар менамояд:
содироту воридоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
ба ҳисоб гирифтан, нигоҳ доштани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо, инчунин тартиби ҳисоботдиҳӣ дар бораи онҳо;
амалӣ гардонидани назорати давлатӣ ба сифати саракорӣ ва нархмонии сангҳои қиматбаҳo;
харидан ва ба қайди Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон даровардани сарватҳо;
ташаккул додани Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
аз Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхтани сарватҳо ва тартиби пардохти пули онҳо;
тафтиш кардани ҳолати Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
санҷидани маҳак ва тамға задани маснуоти металлҳои қиматбаҳо;
номгӯи корҳое, ки барояшон музди (боҷи) санҷиш ситонида мешавад ва андозаи ин музд;
гузаронидани экспертизаи иқтисодию ҳуқуқии лоиҳаи шартномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо субъектҳо ё бо воҳидҳои марзиву маъмурии давлатҳои хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар соҳаи истихроҷу истеҳсол, истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
тартиби хариди шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои қиматбаҳо, маснуот аз онҳо, инчунии сангҳои қиматбаҳои қаблан истифодашуда .
6) ҳифзи конҳои кашфшудаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро таъмин менамояд;
7) дар бораи тартиби ба консессияҳо додан ва эълони тендерҳои байналмилалӣ оиди ба кор андохтани конҳои ҷудогона қарор қабул менамояд;
8) ваколатҳои ба зиммааш гузоштаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад.
Моддаи 12. Назорати давлатии маҳак
1. Назорати давлатии маҳак бо мақсади ҳимоя намудани ҳуқуқи исттифодакунандагони маснуоти заргарӣ ва маснуоти дигари маишие, ки аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохта шудаанд, ҳимояи ҳуқуқи истеҳсолкунандагони ин маснуот аз рақобати беинсофона, ҳамчунин ҳимояи манфиати давлат гузаронида мешавад.
2. Назорати давлатии маҳак ин ҷиҳатҳоро дар бар мегирад:
1) санҷидан, таҳлил кардан ва тамғаи маҳаки давлатӣ задан ба ҳамаи маснуоти заргарии маишие, ки аз металлҳои қиматбаҳои истеҳсолоти ватанӣ тайёр карда шудаанд ва ҳамчунин маснуотн мазкур, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фурӯш оварда шудаанд;
2) экспертизаи нусхаи тамғаҳои маҳаки давлатӣ;
3) таҳлили назоратӣ ва экспертизаи техникии металлҳои қиматбаҳо, маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда, инчунин шикастапора ва партови металлҳои қиматбаҳо;
4) экспертиза ва ташхиси назоратии сангҳои киматбаҳо ;
5) экспертиза мутобиқи қарорҳои мақомоти таҳқиқу тафтишоти пешакӣ ва суд;
6) экспсртизаи ашёҳои осорхонаҳо ва бойгониҳо, ки аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо тайёр карда шудаанд, инчунин назорат ба таъмини маҳфуздории ин ашёҳо;
7) сертификатсияи ҳатмӣ ва баҳодиҳии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти аз онҳо тайёршуда ;
8) баҳисобгирии махсуси ташкилотҳо (ба ғайр аз корхонаҳои истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо) ва соҳибкорони алоҳида, ки додугирифти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро анҷом медиҳанд ;
9) назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор доир ба ҷудо карда гирифтан, коркард, истифода, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва саннҳои қиматбаҳо ,;
10) Хориҷ карда шуд .
3. Пардохтпулии маҳак (боҷи маҳак) барои гузарондани санҷиш, таҳлил ва гузоштани тамғаи маҳаки давлатӣ ба маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти рӯзгор аз металлҳои қиматбаҳо, барои экспертиза, таҳлили материалҳо, экспертиза ва ташхиси сангҳои қиматбаҳо ситонида мешавад. Ҳаҷми пардохтпулии маҳакро (боҷи маҳак) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
4. Як қисми пардохти ҳаққи маҳак (боҷи маҳак) барои таъмини фаъолият оиди назорати давлатии маҳак истифода шуда, қисми боқимондаи он (боҷ) ба ҳисоби даромади буҷети давлатӣ гузаронда мешавад. Ҳаҷми маблағе, ки барои таъмини фаъолият оиди назорати давлатии маҳак ҷудо карда мешавад, дар қонуни буҷети давлатӣ тасдиқ мегардад.
Моддаи 13. Сертификатсияи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда сертификатсия карда мешаванд.
Сертификатсияи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда тасдиқи мутобиқати онҳо ба тавсифоти муқарраргардидаи сифатию миқдорӣ ва талаботи техникӣ мебошад.
2. Барои тасдиқи мутобиқати зикрёфта сертификат дода, ба маҳсулот бошад, дар ҳолатҳои муқарраркардаи системаи сертификатсия тамғаи мутобиқат зада мешавад.
3. Феҳристи намудҳои маҳсулот, шаклҳои сертификатсия, инчунин ҳолатҳои мавриди сертификатсия қарор ёфтани ин намудҳои маҳсулотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Ташкили кор оиди гузарондани ин сертификатсия ба зиммаи мақоми давлатии махсуси ваколатдори ҳокимияти иҷроия гузошта мешавад.
БОБИ 4. ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
Моддаи 14. Иҷозатномадиҳӣ барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо сангҳои қиматбаҳо
Иҷозатномадиҳӣ барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, конҳои металлҳои қиматбаҳо сангҳои қиматбаҳо ва фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" анҷом дода мешавад .
Моддаи 15. Хориҷ карда шуд
Моддаи 16. Хориҷ карда шуд
Моддаи 17. Хориҷ карда шуд
Моддаи 18. Хориҷ карда шуд
БОБИ 5. ИСТИФОДАЮ МУОМИЛОТИ МЕТАЛЛҲОИ ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО
Моддаи 19. Ихтиёрдории металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои истихроҷ ва истеҳсолшуда
1. Металлҳои қиматбаҳои истихроҷ ва истеҳсолшуда, ба истиснои металлҳои қиматбаҳои худрӯй, баъди коркарди зарурӣ бояд барои холискорӣ ба ташкилотҳое, ки ба номгӯи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, супорида шаванд. Ҳуқуқи моликият ба металлҳои қиматбаҳо баъди холискорӣ ба молики аввала боқӣ мемонад, агар чизи дигаре бо шартҳои созишнома зикр наёфта бошад. Тартиби кори ташкилотҳоеро, ки холискории металлҳои қиматбаҳоро ба амал мебароранд, инчунин тартиби пардохти ҳаққи хизматрасонии ин ташкилотҳо ва мӯҳлатҳои ниҳоии холискориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Тартиби гузарондани амалиёт бо ашёи хоми маъдании дорои металлҳои қиматбаҳоро то холискорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои муайян мекунад.
2. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ҳангоми истихроҷ, истеҳсол, истифода, нигоҳ доштан ва муомилот ҳатман аз ҷиҳати вазн ва сифат ба ҳисоб гирифта мешаванд. Тартиби чунин баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро, аз ҷумла мунтазам пешниҳод намудани маълумотҳоро дар бораи ташкилотҳое, ки металлҳои қиматбаҳо истеҳсол мекунанд, инчунин оиди ҳаҷми металлҳои қиматбаҳои истеҳсолшуда ба мақоми давлатии омор, дар соҳаҳои нишондодашудаи фаъолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
3. Металлҳои қиматбаҳои холисшуда, металлҳои худрӯи қиматбaҳо, ки холис карда намешаванд, инчунин сангҳои қиматбаҳо дар тавозуни (баланси) соҳибони онҳо ба ҳисоб гирифа, тибқи ҳуқуқи соҳибон, ки шартномаҳои дахлдор муқаррар кардаанд, ба муомилоти гражданӣ ворид мешаванд .
4. Металлҳои худрӯи қиматбаҳои нодир, ки коркард намешаванд, инчунин сангҳои қиматбаҳои нодир аз ҷониби субъектҳои истихроҷи онҳо барои харидан бо тартиби афзалиятнок бо нархҳои шартномавӣ ба мақоми махсуси давлатии ваколатдори ҳокимияти иҷроия пешниҳод карда мешаванд. Нархи шартномавии металлҳои худрӯи қиматбаҳои нодир аз арзиши металлҳои қиматбаҳои дар ин металлҳои худрӯӣ қиматбаҳо вуҷуд дошта паст буда наметавонад ва он аз рӯи нархҳои амалкунандаи бозори ҷаҳонӣ, ки ҳангоми бастани шартномаи хариду фурӯши ин металлҳои худрӯи амал мекунанд, ҳисоб карда мешавад. Нархи шартномавии сангҳои қиматбаҳои нодирро комиссияҳои экспертӣ, ки дар асоси баробарии мутақобил аз намояндагони тарафҳои манфиатдор таъсис дода мешаванд, муқаррар менамоянд.
Тартибу меъёри ба гурӯҳи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои нодир нисбат додани худрӯйҳоро назорати давлатии маҳаки Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Металлҳои худрӯи қиматбаҳо, ки ба гурӯҳи нодир дохил намешаванд ва намунаҳои коллексиягии маъдани ин худрӯйҳо мумкин аст аз ҷониби субъектҳои истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи нархҳои шартномави фурӯхта шаванд.
Баҳодиҳӣ ва сертификатсияи металлҳои қиматбаҳои худрӯӣ тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои аз ҷониби мақоми махсуси давлатии ваколатдори ҳокимияти иҷроия сурат мегирад. Металлҳои қиматбаҳои худрӯе, ки аз ҷониби Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ нашудаанд, ба субъектҳои истихроҷи онҳо баргардонда ё бо супориши субъектҳои мазкури истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо фурӯхта мешаванд, аз он ҷумла дар музояда.
5. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки бо тартиби афзалиятнок ба харидорони дар банди 5 моддаи 3 ҳамин Қонун ва банди 4 ҳамин модда номбаршуда фурӯхта нашудаанд, аз ҷумла металлҳои худрӯи қиматбаҳои нодир, ки аз харидани онҳо харидороне, ки аз харидани металлҳои қиматбаҳои худрӯи нодир даст кашидаанд, мумкин аст аз ҷониби субъектҳои истиҳроҷ ва истеҳсоли онҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фурӯхта шаванд, дар истеҳсолоти худи ё ба сифати ашёи гарав ё дигар ӯхдадории молиявӣ истифода бурда шуда, инчунин барои фурӯш дар бозори берунӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шаванд.
Он қисми металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки талабгорӣ ё аз рӯи ӯҳдадорӣ пардохт нашудаанд, аз ҷониби моликон ё соҳибони онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд. Он қисми металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки нархашон пардохт шуда ва дар давоми се моҳ талаб карда нашудаанд, ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд ва мумкин аст онҳо дар асоси пешниҳоди ҳуқуқи моликият дархост карда шаванд.
6. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки дар натиҷаи фаъолият оиди тадқиқи геологии сарватҳои зеризаминӣ ба даст омадаанд, аз ҷониби ташкилотҳои ин намуди корҳоро ба ҷо оварда бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми давлатии идораи Фонди давлатии сарватҳои зеризаминӣ ба ҳисоб ва ба қайд гирифта мешаванд.
7. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки тибқи Қонуни мазкур ба истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо машғуланд, ӯҳдадоранд оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм маълумот пешниҳод намоянд .
Моддаи 20. Тартиби пардохти нархи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо
1.Ҳангоми хариду фуруши иҷозатдодаи қонунгузорӣ, пардохти арзиши металлҳои қиматбаҳо бо назардошти нархи бозори ҷаҳони сурат мегирад. Ҳангоми чунин муомилот пардохти нархи сангҳои қиматбаҳо аз рӯи нархи бо роҳи эксперти муайяншуда дар асоси нархномаҳое, ки бо нархномаҳои дар бозори ҷаҳонӣ амалкунанда айният доранд ва бо назардошти тағйирёбии нархҳо дар рӯзи фурӯш сурат мегирад. Тартиби пардохти нархи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мутобиқи шартномаҳо муқаррар карда мешавад.
2. Шартномаҳо бо субъектҳои истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар бораи супоридани сарватҳои мазкур ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо пешпардохт ба ҳисоби пардохтҳои аз рӯи шартнома гузаронидашаванда таъмин гарданд. Ҳаҷми пешпардохти шартнома дар бораи супоридани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба фондҳои мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
3. Пардохт ва ҳавасмандгардонӣ барои супоридани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти онҳо, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлат гирифтаанд, мувофиқи тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
4. Ба мақсади ҳавасмандгардонии инвеститсияҳо ба инкишофи истихроҷу истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи когазҳои қиматнок мумкин аст ба муомилот когазҳои қиматноки давлатӣ бароварда шаванд, ки нархи номиналии онҳо ба вазни металлҳои қиматбаҳо мувофиқат кунанд.
5. Дар сурати аз тарафи фармоишгар иҷро нашудани шартҳои қарордод, ки дар бандҳои 1 ва 2-юми ҳамин модда зикр гардидаанд, субъектҳои истихроҷу истеҳсолкунандаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ҳақ доранд маҳсулотеро, ки арзишаш аз рӯи қарордод пардохта нашудааст дар ихтиёри худ нигоҳ доранд ва ҳамчунин бо тартиби муқарраршуда барои ҳимояи ҳуқуқи амволиашон ба суд муроҷиат намоянд.
Моддаи 21. Истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва cангҳои қиматбаҳо, шикастапораҳо ва партови онҳо
1. Истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар асоси тартибот ва шароитҳое, ки ҳамин Қонун ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, ба амал бароварда мешавад.
2. Муомилоти металлҳои қиматбаҳо дар намуди коғазҳои қиматноки (облигатсияҳои) давлатӣ, ки нархи номиналии онҳо ба вазни металлҳои қиматбаҳо мувофиқ ё бо металлҳои қиматбаҳо таъмин буда, бо тартиби муқаррар кардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузорӣ бароварда шудаанд, метавонанд сурат гирад. ӯҳдадориҳо аз рӯи ин коғазҳои қиматнок (облигатсияҳо) бояд бо ӯҳдадориҳои облигатсионии маҷмӯи эквивалентии эмитент миқдори металлҳои қиматбаҳо, ки бо ҳифозати масъул тибқи муқаррароти муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиронида шуда фаро гирифта шудаанд, бояд кафолат дода шаванд.
3. Сангҳои қиматбаҳое, ки барои истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ корношояманд, ҳамчун маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ бе маҳдудиятҳои муқаррар кардаи ин қонун истифода мешаванд.
Меъёр ва тартиби ҷудо кардани сангҳои қиматбаҳо ба гурӯҳи истифоданашавандаи истеҳсолоти маҳсулоти заргарӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
4. Шикастапора ва партовҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар ҳамаи ташкилотҳое, ки дар онҳо ин пораҳо ва партовҳо пайдо мешаванд, бояд ҷамъ оварда шаванд. Шикастапора ва партовҳои ҷамъоварда ҳатман ба ҳисоб гирифта мешаванд ва аз тарафи ташкилотҳои онҳоро ҷамъоваранда, аз ҷумла ба қисмҳои ҳарбӣ ва низомӣ, ки барои истифодаи дуюмбора (аз коркард гузаронидан) иҷозатнома доранд ва ё ба ташкилотҳое, ки ба ин навъи фаъолият иҷозатнома доранд, метавонанд барои истеҳсолоти минбаъда ва холискории металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо фурӯхта шаванд.
5. Тартиби пардохт ва нархномаи барои шикастапора ва партовҳои дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои аз шикастапораҳо ва партовҳо ҳосилшуда вобаста ба намуду ҳолати онҳо мутобиқи ҳамин қонун истифода ва ба муомилот бароварда мешаванд.
Моддаи 22. Тартиби баровардани сарватҳо аз Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ки дар Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузанд, мувофиқи нақшаи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда, дар ҳаҷми арзиши дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатии муқарраргардида истифода мешаванд. Ин нақшаҳо ҳар сол бо нишон додани мақсадҳои мушаххаси ба фурӯш баровардани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо қабул карда мешаванд.
2. Фурӯхтани тилло аз Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани амалиёт дар бозорҳои берунӣ ва дохилӣ, инчунин ба фурӯш баровардани дигар металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз фонди мазкур зиёда аз андозаи нақшаи муқарраршудаи ба фурӯш баровардани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст ва барои мақсадҳое, ки дар ин нақша пешбинӣ нашудааст, танҳо бо қарордоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи пешниҳоди асосноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даровардани тағйироти дахлдор ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ анҷом мепазирад.
Пешниҳоди мазкур бояд маълумотро дар бораи миқдори умумӣ ва навъҳои сарватҳои дахлдоре, ки дар Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзаи фиристодани пешниҳод маҳфузанд, оиди нақшаи воридшавии ин сарватҳо, мавҷудияти қарзи давлатӣ аз субъектҳои истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, оиди мӯҳлатҳои мушаххас ва соҳаҳои хароҷоти маблағ аз амалиёти пешбинишаванда бо сарватҳои иловатан фурӯхташаванда, инчунин дар бораи иҷрои воқеии қарордодҳои пешинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ин масъалаҳо маълумот дошта бошад.
3. Маблағи аз фурӯши сарватҳои Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омада, ҳатман дар қисми даромади буҷети давлатӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
4. Истифодаи захираи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зарурати технологӣ бо мақсади гирифтани маҳсулот дар асосҳои муваққатӣ ва фақат шартномавӣ роҳ дода мешавад. Нархномаҳоро барои истифодаи захираҳои Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
БОБИ 6. ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ИСТИХРОҶ, ИСТЕҲСОЛ, ИСТИФОДА ВА МУОМИЛОТИ МЕТАЛЛҲОИ ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО
Моддаи 23. Шартномаҳои байналмилалии ҶумҳурииТоҷикистон дар соҳаи истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо
1. Лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои басташудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо субъектҳои давлатҳои хориҷӣ ва ашхоси ҳуқуқии хориҷӣ дар соҳаи истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Ин лоиҳаҳо ҳатман аз экспертизаи иқтисодию ҳуқуқӣ, ки аз тарафи мақоми давлатии махсуси ваколатдори ҳокимияти иҷроия ташкил ёфтааст, бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
2. Шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истихроҷ, истеҳсол ва истифодаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо тибқи тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман ба тасдиқ расанд.
Моддаи 24. Шартномаҳои байналмилалӣ оиди коркарди маъдан ва консентратҳо
1. Молики металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои ба маъдану консетратҳо ҳамроҳ ва ё дар таркибашон мавҷудбуда, ки барои коркард ё фурӯш ба хориҷа фиристода мешаванд, субъекти истихроҷи онҳо мебошад
2. Аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани маъдан, хокаҳои ғанишудаи ашёи хом ва маводи дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои киматбаҳо танҳо дар холати набудани иқтидори саноатӣ ва технологияи коркарди фоидаовари онҳо дар дохили кишвар, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад, амалӣ мегардад .
Тартиби ҷуброни хароҷот оиди ҷудокардагирифтан ва баргардонидани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
3. Хориҷ карда шуд .
БОБИ 7. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ БА ТАДҚИҚУ ҶУСТУҶӯИ ГЕОЛОГИИ КОНҲОИ МЕТАЛЛҲОИ ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО, ИСТИХРОҶ, ИСТЕҲСОЛ, ИСТИФОДА ВА МУОМИЛОТН ОНҲО
Моддаи 25. Мақсад ва намудҳои назорати давлатӣ ба тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо
1. Назорати давлатӣ ба тадқиқу ҷустуҷӯи конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо бо мақсадҳои зайл амалӣ карда мешавад:
1) риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо;
2) истифодаи самараноки захираҳои табиии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
3) истифодабарии схемаҳои ташкилию технологии аз ҷиҳати экологӣ тозаи истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
4) бе осеб нигоҳдории металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин маҳсулоти аз онҳо тайёршуда.
2. Ба тадқиқу ҷустуҷӯи конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо шаклҳои зерини назорати ягонаи давлатӣ ҷорӣ карда мешаванд:
1) назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор доир ба истихроҷ, истеҳсол, ҷудо карда гирифтан, коркард, истифода, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ;
2) назорати давлатии маҳак, ки мутобиқи банди 2 моддаи 12 ҳамин қонун ба амал бароварда мешавад ;
3) назорати давлатӣ ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчуни ба маҳсулоти онҳо, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда ва аз он бароварда мешаванд .
Моддаи 26. Салоҳияти мақомоти назорати давлатӣ ба тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо
1. Назорати давлатӣ ва тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ба амал бароварда мешавад .
2. Мақомоти назорати давлатӣ ба тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо мутобиқи мақсадҳо ва намудҳои назорат салоҳияти зеринро доранд:
1) бо тартиби муқаррарнамудаи қонун санҷишро дар субъектҳои хоҷагидор доир ба истихроҷ, истеҳсол, ҷудо карда гирифтан, коркард, истифода, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба амал мебарорад ;
2) шаклҳои ба ҳисобгирию ҳисоботдиҳиро ҳангоми истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳиро муқаррар мекунанд;
3) ба шахсонн мансабдори ташкилотҳои назоратшаванда дар бораи бартараф кардани камбудиҳо, пешниҳодҳои барояшон ҳатмӣ, мефиристанд ;
4) ҳангоми санҷиш ва тадқиқот ошкор намудани нишонаҳои ҷиноят ё дигар ҳуқуқвайронкуниҳо маводи дахлдорро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупоранд , .
3. Мақомоти назорати давлатӣ ба тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо наметавонанд бо фаъолияти тиҷоратӣ мустақилона машғул шаванд, инчунин ба истиснои ташкилотҳои барои таъмини вазифаҳои мақомоти давлатӣ таъсисёфта, муассиси ташкилоти анҷомдиҳандаи фаъолияти тиҷоратӣ буда наметавонанд.
Моддаи 27. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо
Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор бо мақсади риояи қонунгузорӣ дар соҳаи муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад .
Моддаи 27 (1). Ҷуброн кардани хароҷоти вобаста ба амалӣ намудани назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
Хароҷоти субъектҳои хоҷагидор, ки ҳангоми гузаронидани назорати давлатӣ дар ҷараёни, интихоби намунаҳо, гузаронидани санҷиш, экспертиза ва таҳлили маҳсулот (маснуот, мавод) аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин дар ҷараёни коркарди маснуоти заргарӣ ва маишӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои ба талаботи муқарраршуда номувофиқ, ҳамчунин қобили фурӯш набуда ба миён омадаанд, ҷуброн карда намешавад.
Хароҷоти вобаста ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо мақсади назорати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор гузаронида мешавад, аз ҳисобӣ маблағҳби буҷети давлатӣ ҷуброн карда мешаванд .
БОБИ 8. МАСЪУЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲО ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОР
Моддаи 28. Таъмини муҳофизат ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин маҳсулоти онҳо
1. Ташкилотҳое, ки тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳоро ба роҳ мондаанд ва бо амалиёти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сарукор доранд, муҳофизаи сарватҳои мазкур, инчунин маҳсулоти онҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунанд.
Бо ин мақсад ташкилотҳои мазкур оид ба мустаҳкамкардани объектҳое, ки дар онҳо амалиёт бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо гузаронда мешаванд, яъне ҷиҳозонидан барои бо воситаҳои техникии махсуси ҳифз, асбобҳои махсуси садодиҳанда ва алоқа бояд тадбирҳо андешанд, хадамоти худии посбони таъсис диҳанд ва дар ҳолати имконнопазирии таъсис додани онҳо бо ташкилотҳои махсусе, ки соҳаи фаъолияташон ҳифзи объектҳост дар бораи қабули хизматрасонии шартномаҳо банданд .
2. Ҳисоби фаврии истихроҷ, истеҳсол, нақли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти онҳо дар корхонаҳо аз рӯи ҳар як марҳалаи коркард ё ҳар як намуди кор бо назардошти хусусиятҳои технологӣ истифодаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, пайдоиши пасмондаю талафшавии истеҳсолӣ, алоҳида ба роҳ монда мешавад.
3.Ҳамлу нақли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин маҳсулоти онҳо бо нақлиёти ҳавоӣ, обӣ, роҳи оҳан ва автомобилии махсусе, ки бо воситаҳои дахлдори техникӣ ҷиҳозонида шудаанд ва онҳоро муҳофизони мусаллаҳ, ҳамроҳӣ мекунанд, ба амал бароварда мешавад. Таҷҳизоти нақлиёти махсуси автомобилӣ бояд бехатарии бори мазкурро таъмин намояд.
4. Қоидаҳои таъмини ҳифзи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар корхонаҳои истихроҷи маъдани кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд .
Моддаи 29. Масъулият барои вайрон кардани тартиботи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо
1. Шахсоне, ки барои вайрон кардани тартиботи муқарраршудаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо айбдоранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
2. Маблағе, ки аз истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба даст омадааст тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми даромади буҷети давлат ворид мешавад. Дар айни замон металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар мӯҳлати се шабонарӯз аз мавриди гирифтани онҳо ҳатман ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.
3. Ташкилотҳо ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, ҳангоми вайрон кардани қоидаҳои коркарди конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ки ба нобудшавии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо оварда расонидаанд, арзиши зарари расонидашударо ба давлат ҷуброн мекунанд.
Моддаи 30. Шикоят аз амали мақомоти давлатии танзимкунандаи муносибатҳои соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо ва ашхоси мансабдори ваколатдори онҳо
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз амали мақомоти давлатии танзимкунандаи муносибатҳои соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо ва назорати давлатии ин соҳа, инчуннн аз амали ашхоси мансабдори ваколатдори онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят карда метавонанд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш. Душанбе
12 майи соли 2001 № 21
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МЕТАЛЛҲОИ ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО
Қонун асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муносибатҳоеро танзим менамояд, ки дар соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, коркард, истифода ва муомилоти онҳо (муомилоти гражданӣ) ба миён меоянд.
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсад ва вазифаҳои қонуни мазкур
Қонуни мазкур асосҳои муносибатҳоеро танзим менамояд, ки дар соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, коркард, истифода ва муомилоти (муомилоти гражданӣ) онҳо ба миён меоянд, аз ҷумла:
соҳаи амалиёти инҳисории давлатиро муқаррар менамояд;
мақсад, усулу хусусияти танзими давлатии фаъолияти шахсҳои воқеӣ ва ҳуқуқиро муқаррар менамояд;
салоҳияти мақомоти Ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар мекунад;
мақоми давлатии Фонди металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва конҳои захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд;
шароити фаъолияти бозори металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
мақоми назорати маҳаки давлатӣ ва захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд;
навъу шаклҳои асосии назорати давлатии тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳоро муайян мекунад.
Қонуни мазкур тартиби додугирифти шаҳрвандонро (шахсони воқеиро) бо маснуоти заргарӣ ва ашёи ороиши ва маишӣ, ки аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохта шудаанду моликияти шахсии онҳост, танзим намекунад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асоси
Дар ин қонун мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:
металлҳои қиматбаҳо - тилло, нуқра, платина ва металлҳои гурӯҳи платина (палладий, ирридий, родий, рутений ва осмий). Рӯйхати мазкурро танҳо бо қонун тағйир додан мумкин аст. Металлҳои қиматбаҳо метавонад дар ҳар шаклу ҳолат, аз ҷумла дар шакли худрӯй, холис ва тоза кардашуда ва ҳамчунин дар шакли ашёи хом, хӯла, нимтайёр, маҳсулоти саноатӣ, пайвасти химиявӣ, маснуоти заргарӣ, маснуоти дигар, танга, шикастапора ва партовҳои истеҳсолоту истеъмолот бошад;
cангҳои қиматбаҳо - алмос, зумуррад, ёқут, сапфир ва александрити табиӣ, ҳамчунин гавҳари табии хом ва суфта. Рӯйхати мазкурро танҳо бо қонун тағйир додан мумкин аст;
сарват - металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
истихроҷи металлҳои қиматбаҳо - ҷудо карда гирифтани металлҳои қиматбаҳо аз конҳои асосӣ (маъданӣ), конхои пошхӯрдаю техногенӣ ва ҳосил кардани консентрат ва дигар ниммахсулоти дорой металлҳои қиматбаҳо;
истихроҷи сангҳои қиматбаҳо - ҷудо карда гирифтани сангҳои қиматбаҳо аз конҳои асосӣ, пошхӯрдаю техногенӣ ва ҳамчунин саракорӣ, навъҷудокунӣ, нархгузории ибтидоии сангҳои қиматбаҳо;
тиллои ёфтшуда - металлҳои қиматбаҳо ба шакли порахои худрӯй, ки ҳангоми бурдани корҳои ҷустуҷӯии геологӣ ва истихроҷӣ дар карерҳо, конҳо, нақбҳои куҳӣ, конҳои асосӣ ва пошхӯрда ёфт шудаанд;
заршуии худфаъол - усули ташкили истихроҷи металлҳо ва сангҳои қиматбаҳоро меноманд, ки дар ин ҳол кормандон ҷои зисти муқимиашонро ба мӯҳлати зиёда аз чор моҳ, тарк мекунанд. Дар ин ҳолат барои бунёд ва таъмини иншоотҳои иҷтимоӣ дар маҳалли иҷрои корҳой мазкур аз буҷети дахлдор маблағ харҷ намешавад.
фаъолияти ихтиёрӣ овардан - супурдани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои ёфташуда, истихроҷшуда ва ихтиёран ба давлат таҳвилшуда.
маснуоти заргарӣ - маснуоте, ки дар таркибашон металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо доранд, тамғаи давлатӣ ва маҳак дошта барои истифодаи шахсии шаҳрвандон таъин гардидаанд.
ҷустуҷӯ - корҳои ҷустуҷӯи геологӣ - корҳое, ки аз кофтукови ҷойҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сар карда то ба ҳисоб гирифтан ва тасдиқ намудани заҳираҳои онҳо бурда мешаванд;
дафинаи металҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо -металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маснуот аз онҳо, ки дар замин гӯронда шудаанд, ё ба таври дигар пинҳон карда шуданду молики онҳо аз рӯи қонун ҳуқуқи моликдориашро гум кардааст ё муқаррар карданаш ғайри имкон аст;
саракорӣ ва таснифи ибтидоии сангҳои қиматбаҳо - марҳaлаи охирини амали тоза кардани маъдан аст, ки имкон медиҳад сангҳои қиматбаҳо дар асоси коллексияҳои тасдиқшудаи намудҳои намунавӣ ва асбобҳои таснифотӣ аз маъдани истихроҷгардида ҷудо карда, ҳамчунин онҳо ба навъҳои алоҳидае тақсим карда шаванд, ки ба навъҳои мақбули бозори ҷаҳонӣ мувофиқ бошанд;
баҳодиҳии ибтидоии сангҳои қиматбаҳо - марҳалаи охирини амали технологии тоза кардани маъдан буда, баҳодиҳии сангҳои қиматбаҳоро дар асоси нархномаҳое, ки дар бозори ҷаҳонӣ қабул шудаанд барои баҳодиҳии ҳамин гуна навъҳои ашёи хоми маъдан кор фармуда мешаванд, таъмин менамоянд;
истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо - ҷудо карда гирифтани металлҳои қиматбаҳо аз маъданҳои истихроҷшуда, маҷмӯи маъданҳо, консентратҳо ва дигар ниммаҳсулоти дорои металлҳои қиматбаҳо, ҳамчунин аз шикастапораю партовҳои дорои металлҳои қиматбаҳо холискории металлҳои қиматбаҳо;
холискории металлҳои қиматбаҳо - амали тоза кардани металлҳои қиматбаҳои истихроҷшуда аз омехтаҳо ва унсурҳои ҳамроҳбуда, хушсифат гардонидани металлҳои қиматбаҳо ба ҳадди стандартҳои давлатӣ ва шартҳои техникие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд ё ба ҳадди стандартҳои байналмилалӣ;
рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо - ҷудо карда гирифтани сангҳои қиматбаҳо аз асбобҳо ва дигар маснуоти таъиноти техникии аз корбаромада ё бо сабабҳои дигар аз истифода монда, ҳамчунин аз партовҳои дорои сангҳои қиматбаҳое, ки минбаъд онҳоро тоза карда ба ҳадде расонидан, ки сифаташон ба шартҳои техникӣ ё асбоби таснифоти алмос мутобиқ гардад;
истифодаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо -истифода кардани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба мақсадҳои истеҳсолӣ, илмӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ;
ҳисобу китоби махсус - бурдани феҳристе, ки амалиёт бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро бо ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ ба роҳ монда, барои дохил кардани ин ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ ба феҳристи мазкур аз онҳо музд намеситонад;
амалиёт бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо:
амале, ки ихтиёрдориро ба ҳуқуқи моликияти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо (муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо), аз ҷумла ба сифати замонат истифода кардани онҳо, гузаштани ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои амволиро ифода менамояд;
тағйир додани ҳолати физикӣ ё таркиби металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар ҳама гуна моддаҳо ва маводҳо ҳангоми истихроҷ, истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо коркарду пардоздиҳӣ ва истифодаи минбаъдаи онҳо;
ҳамлу нақли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо аз ҷумла интиқол додани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо ба анбор, фонду захира ва ҳамчунин нигаҳдорӣ ва ба намоиш гузоштани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон овардан ва аз он баровардани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо.
Моддаи 3. Ҳуқуқи моликият ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо
1. Масъалаҳои соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани қитъаҳои замини дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар ихтиёри давлат мебошанд.
2. Давлат ба қитъаҳои замини дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истисноӣ дошта, масъалаҳои ҳуқуқдориашро бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ", бо ҳамин қонун, шартномаҳои байналмилалӣ ва принсипу меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда ҳаллу фасл мекунад.
3. Субъектҳои истихроҷкунандаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ки дар моддаи 4-уми ҳамин қонун зикр шудаанд, метавонанд қитъаҳои замини дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро мутобиқи иҷозатномаи (литсензияи) истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки ба онҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" дода шудаанд, барои истифода гиранд.
4. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои аз конҳо истихроҷшуда, ҳамчунин дигар маҳсулот ва даромаде, ки ҳангоми истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба таври қонунӣ ба даст омадаанд, моликияти субъектҳои истихроҷкунандаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мебошанд, агар дар литсензияҳо барои истихроҷи онҳо, дар шартномаҳои молфиристӣ, аз ҷумла шартномаҳои маҳсулотфиристӣ барои эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ, ки бо иштироки ин субъектҳо баста шудаанд ва инчунин дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарти дигаре муқаррар нашуда бошад.
Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки ғайрқонунӣ истихроҷ шудаанд, моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
5. Металлҳои қиматбаҳои мувофиқи стандарт холисшуда, инчунин сангҳои қиматбаҳои аз конҳо истихроҷшуда ё рекупиратсиягардидаи ба навъҳо ҷудошуда ҳангоми фурӯш аз тарафи субъектҳои истихроҷу истеҳсолкунанда ба тартиби афзалиётнок пешниҳод мегарданд:
ба мақоми махсуси ваколатдори ҳокимияти иҷроия барои пурра кардани Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
мақомоту ташкилотҳои дорои ваколати махсус барои хариди металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо танҳо ба шарти пешакӣ (барои металлҳои қиматбаҳо на кам аз ду моҳ пеш аз рӯзи тахминии харид) бастани қарордоди хариду фурӯши металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо субъектҳои истихроҷу истеҳсоли он ва додани пешмузд (байона) аз ҳисоби пардохтпулии ин мақомоту ташкилотҳои зикрёфта, ҳуқуқи имтиёзнок доранд. Иҷро накардани шартҳои қарордоди басташудаи харидуфурӯши металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз тарафи як ё ҳарду тараф ба оқибатҳое мерасонад, ки бо моддаи 20 ҳамин қонун муқаррар шудаанд.
6. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудаанд, моликияти давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда метавонанд. Моликон ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ҳуқуқи моликият доштани худро мутобиқи ҳамин қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд.
Ҳуқуқи моликият ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз тарафи давлат баробари ҳуқуқи моликият ба дигар объектҳои моликият ҳифз карда мешавад.
Давлат барои бастани шартномаҳо ҷиҳати харидани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои истихроҷу истеҳсолшуда бо субъектҳои онҳоро истихроҷу истеҳсол бо мақсади пурра кардани Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бартарият дорад.
Моддаи 4. Субъектҳои истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо
1. Истихроҷу истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва истихроҷи сангҳои қиматбаҳоро танҳо ташкилотҳое ба амал бароварда метавонанд, ки сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии моликият бо тартиби муқарраркардаи ҳамин қонун ва қонунҳои дигар иҷозатнома (литсензия) гирифтаанд.
2. Заршӯии худфаъолиро тамоми ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқиашон, аз ҷумла артелҳои заршӯён метавонанд дар истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ба ғайр аз алмос ба кор баранд. Артелҳои заршӯён мумкин аст дар корхонаҳое, ки дар баланси худ конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу коркарди маъдан доранд, ташкил карда шавад. Давлат фаъолияти заршӯёнро ҳавасманд мегардонад.
3. Истихроҷи ихтиёрии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ ё худ гурӯҳи шахсони воқеӣ, қатъи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқии моликият, аз рӯи шартномаҳое, ки бо мақомоти ваколатдори ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. Давлат фаъолияти заршӯёнро ҳавасманд мегардонад.
4. Металлҳои қиматбаҳоро танҳо ташкилотҳое, ки рӯйхаташонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, холискорӣ карда метавонанд.
5. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо аз рӯзи гирифтани литсензияи дахлдор то беэътибор гардиданаш ҳуқуқдор мешаванд.
Моддаи 5. Биржаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо
1. Дар Тоҷикистон биржаҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое фаъолият мекунанд, ки ба амали доду гирифти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ машғул буда бо амалиёти зерин алоқаманданд:
сабиқаи стандартӣ ва ченакии металлҳои қиматбаҳои холискардашуда;
сангҳои қиматбаҳои сайқалнахӯрда, ба навъҳо ҷудошуда;
сангҳои қиматбаҳои сайқалдодаи сертификатсияшуда;
металлҳои қиматбаҳои худрӯй;
маснуоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба истиснои маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти маишӣ, ки металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо доранд;
маснуоти нимтайёр, ки металлҳои қиматбаҳо доранд;
тангаҳое, ки металлҳои қиматбаҳо доранд.
2. Тартиби фаъолияти биржаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳамин Қонун, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи биржаҳои молӣ ва савдои биржавӣ" ва дигар қонунҳо муқаррар мекунад.
БОБИ II. ФОНДҲО ВА ЗАХИРАҲОИ ДАВЛАТИИ МЕТАЛЛҲОИ ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО
Моддаи 6. Фонди давлатии конҳои захиравии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо
1. Фонди давлатии конҳои захиравии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба мақсади танзими ҳаҷми истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва ҳамчунин ба мақсади минбаъд қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо барпо карда мешавад.
2. Фонди давлатии конҳои захиравии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, конҳои ҷудогонаи кашфшудаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоеро фаро мегирад, ки дар ҳисоби давлат буда, ба истифода дода нашудаанд ё аз истифода бароварда шудаанд.
3. Қарори ба фонди давлатии захиравии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ҳамроҳ кардани конҳои ҷудогонаи кашфшудаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад.
4. Фонди давлатии конҳои захиравии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" идора мекунад. Шартҳои истифодаи конҳои кашфшудаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки ба фонди конҳои захиравии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дохил карда шудаанд, бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал мувофиқа карда мешавад.
Моддаи 7. Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи захираи тиллову асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, маҷмӯи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти онҳоро, ки аз манъбаҳои дар банди 3-юми ҳамин модда номбаршуда ба даст омадаанд, дар бар мегирад.
Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, молиявӣ, илмӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва дигар эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Сарватҳое, ки ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохиланд, моликияти давлатӣ мебошанд.
Биноҳои хизматӣ ва истеҳсолӣ, иншооту иморатҳое, ки барои нигаҳдорӣ, қабул ва хизмати сарвати Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, моликияти давлатӣ мебошанд ва онҳоро ба шаклҳои дигар, аз ҷумла хусусӣ гардонидан мумкин нест. Иншоотҳои мазкурро ба иҷора додан ва ё ба мақсади дигар истифода кардан танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.
Низомномаи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
2. Қарори пурра сохтан ва харҷ кардани сарватҳои Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад.
3. Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби зайл пур мешавад:
металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки аз субъектҳои бозори металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба пули буҷети давлатӣ, аз ҷумла аз рӯи шартномаҳои молфиристӣ, ки субъектҳои мазкур бо ташкилотҳои холискорикунандаи металлҳои қиматбаҳо бастаанд, харида шудаанд;
металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои нодири худрӯй, ки аз субъектҳои истихроҷкунандаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба пули буҷети давлатӣ харидорӣ шудаанд;
бо тартиби муқарраркардаи қонун маҷбуран кашида гирифтани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти аз онҳо сохташуда ва шикастапораҳои чунин маснуот;
маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохташудае, ки аз ташкилотҳои ин маснуотро харидорикунанда ба даст омадааст;
металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти аз онҳо сохташуда, шикастапораҳои чунин маснуот, ки аз шаҳрвандон харида шудаанд;
шикастапора ва партови металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
дафинаҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти онҳо ва шикастапораҳои чунин маснуот;
металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои бесоҳиб, маснуоти онҳо ва шикастапораҳои чунин маснуот;
металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти онҳо ва шикастапораҳои чунин маснуоте, ки ба давлат мерос мондаанд ва тӯҳфа карда шудаанд;
инъомҳое, ки аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохташуда, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар фаъолияти давлатӣ гирифтаанд;
металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин маснуоти онҳо, ки ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асосҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.
4. Сангҳои қиматбаҳоро ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои баъзе ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навъҳо ҷудо карда мехаранд.
Тартиби назорати давлатиро ба сифати ба навъҳо ҷудокунӣ ва нархгузории сангҳои қиматбаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
5. Маблағе, ки ба он сарват ба Фонди давлатии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ мешавад, бояд дар қисми хароҷоти буҷети давлатӣ ҳатман ба ҳисоб гирифта шавад.
6. Мақоми ваколати махсусдоштаи ҳокимияти иҷроия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дахлу харҷи сарвати Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли молиявӣ ҳисобот пешниҳод мекунад. Ҳамзамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳисоботи иҷрои буҷети давлатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистои дар бораи дахлу харҷи сарвати Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар соли молиявӣ ҳисобот ва нишондиҳандаҳои ҷамъбастиро дар бораи вазъи умумии Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.
Моддаи 8. Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии Фонди давлатии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон, маҷмӯи нодири сангҳои қиматбаҳои дорои аҳамияти таърихию бадеӣ, инчунин маҷмӯи маснуоти нодири заргарӣ ва ашёи дигар аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мебошад.
Низомномаи Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳамии Қонун тасдиқ менамояд.
2. Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимнашаванда ва моликияти давлатӣ буда, онро ба ҳар шакли дигар бегона кардан ва дигар хел истифода бурдан, аз ҷумла ба иҷора додан мумкин нест. Сарвати Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст фақат ба мақсади намоиш ё тадқиқоти илмӣ дар Тоҷикистон ва берун аз хоки Тоҷикистон бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шавад.
3. Номнавис шудани сарвати Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон ба Фонди алмоси Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
4. Мақоми давлатии ваколатдори махсуси ҳокимияти иҷроия ташхиси (экспертиза) пешакии сарватҳоеро, ки ба Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис карданианд, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва азнавсозии онҳоро, инчунин бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузоштани сарватҳои Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд.
Моддаи 9. Захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз сабикаи тиллои холиси моликияти давлатӣ иборат буда, ҷузъи захираи тиллою асъори Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, барои амалӣ сохтани сиёсати молиявии давлат ва қонеъ кардани эҳтиёҷоти фаврии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулодда таъин гардидааст.
2. Қисми захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон мавҷуд аст, дар суратҳисобҳои он ба қайд гирифта мешавад. Қарорро дар бораи харҷ кардани ин қисми захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби мувофиқакардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад. Ҳисоботро дар бораи ҳолати дар суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифтани қисми захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоcикистон ҳамчун қисми таркибии маърӯзаи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
3. Қисми захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар суратҳисоби мақоми давлатии ваколатдори махсуси давлатии ҳокимияти иҷроия ба ҳисоб гирифта мешавад. Қарори харҷ кардани захираи тиллое, ки дар Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мавҷуд аст, мутобиқи моддаи 22-юми ҳамин қонун қабул карда мешавад.
БОБИ III. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ МУНОСИБАТҲОИ СОҲАИ ТАДҚИҚУ ҶУСТУҶӯИ ГЕОЛОГИИ КОНҲОИ МЕТАЛЛҲОИ ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО, ИСТИХРОҶУ ИСТЕҲСОЛ, ИСТИФОДА ВА МУОМИЛОТИ ОНҲО
Моддаи 10. Мақсад ва роҳҳои воситаҳои танзими давлатии муносибатҳои соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо
1. Танзими давлатии муносибатҳои соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо, инчунин ҷамъоварии шикастапораю партовҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо мақсади амалӣ сохтани сиёсати давлатӣ ба амал бароварда мешавад, ки мақсад аз ин ҳавасманд кардани истихроҷу истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ривоҷ додани бозори ин сарват ва самарабахш истифода кардани онҳо барои пешрафти иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хосиятҳои махсуси металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мебошад.
2. Танзими давлатии ин муносибатҳо бо роҳҳои зерин ба амал бароварда мешаванд:
иҷозатдиҳии истифодаи қитъаҳои замини дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
барои ташаккулёбии Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ғанӣ гардонидани захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон хариди афзалиётноки металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
муқаррар намудани талабот нисбати ҳисобу китоб, саришта, ҳамлу нақли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва ҳисобот дар бораи онҳо, инчунин нисбати тартиби додугирифти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
ба тартибандозии меъёрию ҳуқуқии амали ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродие, ки дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ бо доду гирифти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо машғуланд;
ҳисобу китоби махсуси ин ташкилоту соҳибкорони инфиродӣ;
назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо;
литсензиякунонии баъзе навъҳои фаъолият дар соҳаи истеҳсол, истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани тартиби дохил ва хориҷшави металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
ташкили назорати давлатӣ ба нархи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо роҳи тасдиқ намудани таснифгардонии ҳатмӣ ва нархномае, ки дар бозори ҷаҳонӣ ҷорист;
тартиби хоси назорати гумрукӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон овардан ва аз он бурдани металлҳои киматбаҳо ва сангҳои киматбаҳо ва ҳамчунин маснуоти аз онҳо сохташуда;
муайян кардани тартиби сертификатсияи металлҳои қиматбаҳо ва саигҳои қиматбаҳои мавриди коркард қароргирифта ва маснуоти аз онҳо сохташуда;
муқаррар намудани рӯйхати ташкилотҳое, ки бо холискории металлҳои қиматбаҳо машғуланд;
ташкили назорати давлатӣ оиди сифати саракунӣ, классификатсия ва нархгузории сангҳои қиматбаҳои коркарданашудаи ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон овардашуда.
3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муайян намудани маҳак ва тамғаи давлатӣ гузоштан ба металлҳои қиматбаҳо (сабикаи аҳамияти саноатӣ), тамғаи маҳакӣ задан ба маснуоти заргарӣ ва маснуоти дигари маишии металлҳои қиматбаҳо, инҳисори давлатӣ, муқаррар карда шудааст.
4. Танзими давлатии муносибатҳо дар соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу истеҳсоли онҳо аз тарафи мақомоти ҳокимити давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон дар мавриди танзими давлатии муносибатҳои мазкур мувофиқан бо ҳамин Қонун, инчунин ба қонунгузорин Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 11. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои барои танзими муносибатҳои соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин қонун ва қонунҳои дигар:
1) сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии қонҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо ва ҳамчунин ҷамъоварии шикастапора ва партови металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро ба амал мебарорад;
2) мутобиқи қонунҳо нақшаи ташаккул додани Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фурӯхтани сарватҳои он, ҳамчунин ҳисоботи дар соли молиявӣ пурра ва харҷ кардани сарватҳои ин фондро тасдиқ менамояд;
3) ваколати мақомоти идораи давлатиро дар соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳоро дар қаламрави дахлдор муайян мекунад;
4) тартиби додани иҷозатнома (литсензия) барои баъзе навъҳои фаъолият ҳангоми истифодаи қитъаҳои замин бо мақсади тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва истиҳроҷи онҳо, ҷамъ овардани шикастапора ва партови металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин тартиби додани иҷозатнома ба баъзе навъҳои фаъолият оиди истеҳсолу истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ба истиснои тартиби ба бонкҳо додани иҷозатномаҳо аз тариқи бонкҳо додугирифт кардани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, дигар хел доду гирифти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ки чунин тартиботро Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳо муқаррар менамояд;
5) тартиботи зайлро муқаррар менамояд:
содироту воридоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
ба ҳисоб гирифтан, нигоҳ доштани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо, инчунин тартиби ҳисоботдиҳӣ дар бораи онҳо;
амалӣ гардонидани назорати давлатӣ ба сифати саракорӣ ва нархмонии сангҳои қиматбаҳo;
харидан ва ба қайди Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон даровардани сарватҳо;
ташаккул додани Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
аз Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхтани сарватҳо ва тартиби пардохти пули онҳо;
тафтиш кардани ҳолат Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
санҷидани маҳак ва тамға задани маснуоти металлҳои қиматбаҳо;
номгӯи корҳое, ки барояшон музди (боҷи) санҷиш ситонида мешавад ва андозаи ин музд;
гузаронидани экспертизаи иқтисодию ҳуқуқии лоиҳаи шартномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо субъектҳо ё бо воҳидҳои марзиву маъмурии давлатҳои хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар соҳаи истихроҷу истеҳсол, истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
6) ҳифзи конҳои кашфшудаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро таъмин менамояд;
7) дар бораи тартиби ба консессияҳо додан ва эълони тендерҳои байналмилалӣ оиди ба кор андохтани конҳои ҷудогона қарор қабул менамояд;
8) ваколатҳои ба зиммааш гузоштаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад.
Моддаи 12. Назорати давлатии маҳак
1. Назорати давлатии маҳак бо мақсади ҳимоя намудани ҳуқуқи исттифодакунандагони маснуоти заргарӣ ва маснуоти дигари маишие, ки аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохта шудаанд, ҳимояи ҳуқуқи истеҳсолкунандагони ин маснуот аз рақобати беинсофона, ҳамчунин ҳимояи манфиати давлат гузаронида мешавад.
2. Назорати давлатии маҳак ин ҷиҳатҳоро дар бар мегирад:
1) санҷидан, таҳлил кардан ва тамғаи маҳаки давлатӣ задан ба ҳамаи маснуоти заргарии маишие, ки аз металлҳои қиматбаҳои истеҳсолоти ватанӣ тайёр карда шудаанд ва ҳамчунин маснуотн мазкур, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фурӯш оварда шудаанд;
2) экспертизаи нусхаи тамғаҳои маҳаки давлатӣ;
3) таҳлили назоратӣ ва экспертизаи техникии металлҳои қиматбаҳо, маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда, инчунин шикастапора ва партови металлҳои қиматбаҳо;
4) экспертиза ва ташхиси сангҳои қиматбаҳо;
5) экспертиза мутобиқи қарорҳои мақомоти таҳқиқу тафтишоти пешакӣ ва суд;
6) экспсртизаи ашёҳои осорхонаҳо ва бойгониҳо, ки аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо тайёр карда шудаанд, инчунин назорат ба таъмини маҳфуздории ин ашёҳо;
7) сертификатсияи давлатӣ ва баҳодиҳии металлҳои қиматбаҳо ва (ба ғайр аз сабиқаҳои саноатӣ) сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти аз онҳо тайёршуда;
8) баҳисобгирии махсуси ташкилотҳо ва соҳибкорони алоҳида, ки додугирифти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро анҷом медиҳанд;
9) назорати доимии давлатӣ ба истеҳсол, истихроҷ, коркард, истифода, саришта ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар ташкилотҳое, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои муайян менамояд;
10) назорати даврагии давлатӣ ба истеҳсол, истихроҷ, коркард, истифода, саришта ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар ҳамаи ташкилотҳое, ки ин фаъолиятро анҷом медиҳанд, инчунин соҳибкорони алоҳида, ки додугирифтро бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба ҷо меоваранд.
3. Пардохтпулии маҳак (боҷи маҳак) барои гузарондани санҷиш, таҳлил ва гузоштани тамғаи маҳаки давлатӣ ба маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти рӯзгор аз металлҳои қиматбаҳо, барои экспертиза, таҳлили материалҳо, экспертиза ва ташхиси сангҳои қиматбаҳо ситонида мешавад. Ҳаҷми пардохтпулии маҳакро (боҷи маҳак) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
4. Як қисми пардохти ҳаққи маҳак (боҷи маҳак) барои таъмини фаъолият оиди назорати давлатии маҳак истифода шуда, қисми боқимондаи он (боҷ) ба ҳисоби даромади буҷети давлатӣ гузаронда мешавад. Ҳаҷми маблағе, ки барои таъмини фаъолият оиди назорати давлатии маҳак ҷудо карда мешавад, дар қонуни буҷети давлатӣ тасдиқ мегардад.
Моддаи 13. Сертификатсияи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда сертификатсия карда мешаванд.
Сертификатсияи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда тасдиқи мутобиқати онҳо ба тавсифоти муқарраргардидаи сифатию миқдорӣ ва талаботи техникӣ мебошад.
2. Барои тасдиқи мутобиқати зикрёфта сертификат дода, ба маҳсулот бошад, дар ҳолатҳои муқарраркардаи системаи сертификатсия тамғаи мутобиқат зада мешавад.
3. Феҳристи намудҳои маҳсулот, шаклҳои сертификатсия, инчунин ҳолатҳои мавриди сертификатсия қарор ёфтани ин намудҳои маҳсулотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Ташкили кор оиди гузарондани ин сертификатсия ба зиммаи мақоми давлатии махсуси ваколатдори ҳокимияти иҷроия гузошта мешавад.
БОБИ IV. СИСТЕМАИ ИҶОЗАТДИҲИИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 14. Иҷозатдиҳӣ дар соҳаи тадқиқ ва ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо
1. Тадқиқ ва ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷу истеҳсоли онҳо, намудҳои алоҳидаи истифода ва муомилоти онҳо дар асоси иҷозатномаҳо (литсензия) ба амал бароварда мешавад.
2. Иҷозатномаи истифодаи қитъаи сарватҳои зеризаминӣ, ки металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо доранд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" ва дигар қонунҳое, ки масъалаҳои истифодаи сарватҳои зеризаминиро танзим мекунанд, дода мешавад.
3. Соҳиби иҷозатнома металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро бо қувваи худ истихроҷ мекунад. Ҳангоми истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо соҳиби иҷозатнома ҳуқуқ дорад бо ташкилотҳое, ки фақат барои хизматрасонии ҳифозот ва иҷрои намудҳои махсуси кор (тадқиқи геологии кон, корҳои ҷустуҷӯӣ, нақбкании зеризаминӣ, таркондан, корҳои махсуси сохтмонию васлкунӣ ва ғайра) шартномаҳо бандад.
4. Дар бобати истеҳсол, истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ҳамин қонун ва дигар қонунҳо додани иҷозатномаро барои намудҳои зерини фаъолият муқаррар менамоянд:
1) истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо;
2) фурӯши металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
3) ҷамъоварии шикастапора ва партови металлҳои қиматбаҳо ва коркарди ибтидоӣ ва азнавкоркунии онҳо бо ҳосил кардани консентратҳо ва дигар ниммаҳсулотҳо, ки барои холискорӣ пешбинӣ шудаанд;
4) аз шаҳрвандон харида гирифтани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти маишӣ, ки аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохта шудаанд, инчунин шикастапораҳои онҳо;
5) рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо;
6) суфтакорӣ ва дигар азнавкоркуниҳои сангҳои қиматбаҳо;
7) сохтани протезҳои дандон аз металлҳои қиматбаҳо;
8) сертификатсияи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо;
9) аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ расонидани хизмати посбонӣ, маҳфуздорӣ ва интиқоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
10) савдои яклухт ва чаканаи маснуоти заргарии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
11) гузарондани амалиёти бонкӣ бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
12) фаъолияти ташкилотҳои савдо оиди хариду фурӯши металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
13) истеҳсол ва таъмири маснуоти заргарӣ.
Ташкилотҳо ва соҳибкорони алоҳидае, ки амалиёти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро ба амал мебароранд, метавонанд як ё якчанд иҷозатнома барои фаъолият кардан дар соҳаи мазкур дошта бошанд.
Моддаи 15. Мазмуни иҷозатнома (литсензия)
1. Иҷозатнома бояд маълумотҳои зерин дошта бошад:
номи мақоме, ки онро додааст;
ном ва макони ҷойгиршавии шахси онро гирифта;
асос барои додани он;
намуди фаъолияте, ки барояш иҷозат дода мешавад;
маълумот дар бораи ҷои фаъолияти иҷозат додашуда;
мӯҳлати эътибори он;
ҳудуде, ки дар он фаъолият иҷозат дода шудааст;
шарти амали он;
феҳристи ҳуҷҷатҳои замимаи иҷозатнома, ки ҷузъҳои таркибии он мебошанд.
Ба иҷозатнома дигар маълумотҳо низ илова шуда метавонанд, агар онҳо аз талаботи ҳамин қонун ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бароянд.
2. Бланкаҳои иҷозатнома бояд аз сохтакорӣ муҳофизат карда шуда, рақами қайд ва серияи баҳисобгирӣ дошта бошанд. Харидорӣ, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории ин варақаҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ки барои додани иҷозатнома ваколатдоранд, ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 16. Таъминоти ташкилии системаи иҷозатномадиҳӣ
1. Иҷозатномадиҳӣ (литсензиядиҳӣ) барои фаъолият дар соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин қонун, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби иҷрои намудҳои дахлдори фаъолиятро танзим менамояд, амалӣ мегардад.
2. Мақоми давлатии идораи Фонди давлатии сарватҳои зеризаминӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" барои истифодаи қитъаҳои дорои сарватҳои зеризаминӣ бо мақсади тадқиқу ҷустуҷӯи геологии сарватҳои зеризаминӣ ва конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин бо мақсади истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо иҷозатнома медиҳад.
3. Барои намудҳои фаъолияте, ки дар зербандҳои 1-8, 10, 12, 13 банди 4 моддаи 14 ҳамин қонун нишон дода шудаанд, мақоми махсуси ваколатдори назорати давлатии маҳаки Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома медиҳад.
4. Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин қонун барои амалиёти бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредитӣ бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо иҷозатнома медиҳад.
5. Мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатномаро оиди фаъолияти посбонии мсталлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ҳангоми гузаронидани амалиёт бо сарватҳои зикрёфта, таъмин менамояд.
Моддаи 17. Тартиби додани иҷозатнома (литсензия)
1. Тартиби додани иҷозатномаро барои намудҳои фаъолият дар соҳаи истеҳсол, истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва мӯҳлати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
2. Барои гирифтани иҷозатнома муроҷиаткунанда бояд ба мақоми давлатие, ки барои додани иҷозатнома ваколатдор аст, барои ба ӯ додани ҳуқуқи амалӣ гардондани намуди (намудҳои) муайяни фаъолият бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ариза пешниҳод карда, ба он ҳуҷҷатҳоеро, ки маълумотҳои зеринро тасдиқ мекунад, илова намояд:
1) мақоми ҳуқуқии субъекти фаъолияти муроҷиатшуда ва ҷои бақайдгирии давлатии он;
2) шарҳи ҳудуди фаъолияти муроҷиатшуда, ҷойгиршавии биноҳои хизматӣ ва истеҳсолӣ, иншоотҳо, иморатҳо бо замимаи ҳуҷҷатҳо, нақшаҳо ва тарҳҳои дахлдор;
3) мутобиқати биноҳои хизматӣ ва истеҳсолӣ, иншоотҳо, иморатҳо ба меъёрҳои талаботи таъмини маҳфуздории металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
4) мавҷудияти тайёрии касбӣ ва имкониятҳои молиявӣ барои амалӣ гардонидани фаъолияти муроҷиатшуда.
Номгӯи мазкур мумкин аст бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шавад.
3. Мӯҳлати ниҳоиро барои қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома қоидаҳои додани иҷозатномаи намудҳои дахлдори фаъолият муқаррар менамоянд, вале аз сӣ рӯзи пешниҳоди ариза, зиёд буда наметавонад. Иҷозатнома ба дархосткунанда бояд дар давоми даҳ рӯзи қабул кардани чунин қарор, дода шавад.
4. Додани иҷозатнома дар ҳолатҳое рад карда мешавад, ки агар:
1) дархосткунанда дар бораи худ маълумоти нодуруст дода бошад;
2) дархосткунанда далелҳои имконияти молиявӣ, тайёрии касбӣ, тайёрии техникӣ ва технологиро барои амалӣ гардондани фаъолияти арзшуда пешниҳод накарда бошад;
3) дархосткунанда ҳуҷҷатҳоеро, ки тасдиқи мустаҳкамии техникии биноҳои истеҳсолӣ, иншоотҳо, иморатҳоро исбот карда, маҳфуздории сарватҳоро таъмин менамояд, пешниҳод накарда бошад.
Қарори асоснок дар бораи рад кардани иҷозатномадиҳӣ ба дархосткунанда дар шакли хаттӣ дар давоми се рӯзи қабули қарор фиристода мешавад. Дархосткунанда дар бораи ин қарор ба суд шикоят карда метавонад.
Моддаи 18. Асосҳо барои қатъ кардан, боздоштан ё маҳдуд кардани амали иҷозатнома (литсензия)
1. Қатъ кардан, боздоштан ё маҳдуд гардондани амали иҷозатнома барои истифодаи қитъаҳои замини дорои сарватҳои зеризаминӣ бо мақсади тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳо ва истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" сурат мегирад.
2. Амали иҷозатнома барои намудҳои фаъолияти дар соҳаи истихроҷ, истеҳсол, истисфода ё муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз ҷониби мақоми давлатӣ, ки ин иҷозатномаро додааст танҳо дар ҳолатҳои зерин мумкин аст қатъ карда, боздошта ё маҳдуд гардонда шавад:
1) ба охир расидани мӯҳлати амали иҷозатнома;
2) ба амал омадани хатари бевосита ба ҳаёт ё саломатии одамоне, ки дар минтақаи таъсири намуди фаъолияти дар иҷозатнома нишон додашуда кор ё зиндагӣ мекунанд;
3) вайрон кардани шартҳои иҷозатнома;
4) вайрон карда шудани қоидаю меъёрҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ аз ҷониби соҳиби иҷозатнома;
5) ба амал омадани ҳолатҳои фавқуллода;
6) барҳам хӯрдани ташкилотҳо;
7) агар соҳиби иҷозатнома дар мӯҳлатҳои нишон додашуда ба амали фаъолияти пешбиникардаи иҷозатнома шурӯъ накарда бошад;
8) агар соҳиби иҷозатнома истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро бо ҷалби дигар шахси ҳуқуқӣ барои ба амал барории фаъолияте пеш барад, ки бевосита ба гирифтани он канданиҳои фоиданоке оварда расонад, ки истихроҷи онҳо бо шартҳои иҷозатнома пешбинӣ шудаанд ва ҳуқуқи моликият ба онҳо (дар ҳаҷми пурра ё қисми истихроҷшуда) мувофиқи шартҳои иҷозатнома ба соҳиби иҷозатнома тааллуқ дошта бошад;
9) агар фаъолияти муроҷиатшуда иҷрои ӯҳдадориҳои давлатиро оиди шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон кунад ё имконнопазир гардонад.
Дар сурати ба миён омадани ӯҳдадориҳои давлатӣ оиди шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди дода шудани иҷозатнома, давлат зарареро, ки бинобар қатъ ёфтани фаъолияти дархосткунанда расидааст, ҷуброн мекунад.
Дар ҳолатҳои дигар қатъ кардан, боздоштан ё маҳдуд гардондани амали иҷозатнома бо мувофиқаи соҳиби иҷозатнома ё бо қарори суд мумкин аст.
3. Ба соҳиби иҷозатнома дар бораи қатъ кардан, боздоштан ё маҳдуд гардондани амали иҷозатнома мақоми давлатие, ки ин иҷозатномаро додааст, дар шакли хаттӣ хабар медиҳад.
Аз болои қарори қатъ кардан, боздоштан ё маҳдуд гардондани амали иҷозатнома ба суд шикоят карда мумкин аст. Дар сурати қарори қабулшударо ғайриқонунӣ эътироф кардан, суд метавонад ҳаҷм ва тартиби ҷуброни зарареро, ки ба соҳиби иҷозатнома расонда шудааст, муқаррар намояд.
БОБИ V. ИСТИФОДАЮ МУОМИЛОТИ МЕТАЛЛҲОИ ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО
Моддаи 19. Ихтиёрдории металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои истихроҷ ва истеҳсолшуда
1. Металлҳои қиматбаҳои истихроҷ ва истеҳсолшуда, ба истиснои металлҳои қиматбаҳои худрӯй, баъди коркарди зарурӣ бояд барои холискорӣ ба ташкилотҳое, ки ба номгӯи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, супорида шаванд. Ҳуқуқи моликият ба металлҳои қиматбаҳо баъди холискорӣ ба молики аввала боқӣ мемонад, агар чизи дигаре бо шартҳои созишнома зикр наёфта бошад. Тартиби кори ташкилотҳоеро, ки холискории металлҳои қиматбаҳоро ба амал мебароранд, инчунин тартиби пардохти ҳаққи хизматрасонии ин ташкилотҳо ва мӯҳлатҳои ниҳоии холискориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Тартиби гузарондани амалиёт бо ашёи хоми маъдании дорои металлҳои қиматбаҳоро то холискорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои муайян мекунад.
2. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ҳангоми исихроҷ, истеҳсол, истифода, нигоҳ доштан ва муомилот ҳатман аз ҷиҳати вазн ва сифат ба ҳисоб гирифта мешаванд. Тартиби чунин баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро, аз ҷумла мунтазам пешниҳод намудани маълумотҳоро дар бораи ташкилотҳое, ки металлҳои қиматбаҳо истеҳсол мекунанд, инчунин оиди ҳаҷми металлҳои қиматбаҳои истеҳсолшуда ба мақоми давлатии омор, дар соҳаҳои нишондодашудаи фаъолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
3. Металлҳои қиматбаҳои холисшуда, металлҳои худрӯи қиматбaҳо, ки холис карда намешаванд, инчунин сангҳои қиматбаҳо дар тавозуни (баланси) соҳибони онҳо ба ҳисоб гирифа, тибқи ҳуқуқи соҳибон, ки иҷозатномаҳо ва шартномаҳои дахлдор муқаррар кардаанд, ба муомилоти гражданӣ ворид мешаванд.
4. Металлҳои худрӯи қиматбаҳои нодир, ки коркард намешаванд, инчунин сангҳои қиматбаҳои нодир аз ҷониби субъектҳои истихроҷи онҳо барои харидан бо тартиби афзалиятнок бо нархҳои шартномавӣ ба мақоми махсуси давлатии ваколатдори ҳокимияти иҷроия пешниҳод карда мешаванд. Нархи шартномавии металлҳои худрӯи қиматбаҳои нодир аз арзиши металлҳои қиматбаҳои дар ин металлҳои худрӯӣ қиматбаҳо вуҷуд дошта паст буда наметавонад ва он аз рӯи нархҳои амалкунандаи бозори ҷаҳонӣ, ки ҳангоми бастани шартномаи хариду фурӯши ин металлҳои худрӯи амал мекунанд, ҳисоб карда мешавад. Нархи шартномавии сангҳои қиматбаҳои нодирро комиссияҳои экспертӣ, ки дар асоси баробарии мутақобил аз намояндагони тарафҳои манфиатдор таъсис дода мешаванд, муқаррар менамоянд.
Тартибу меъёри ба гурӯҳи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои нодир нисбат додани худрӯйҳоро назорати давлатии маҳаки Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Металлҳои худрӯи қиматбаҳо, ки ба гурӯҳи нодир дохил намешаванд ва намунаҳои коллексиягии маъдани ин худрӯйҳо мумкин аст аз ҷониби субъектҳои истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи нархҳои шартномави фурӯхта шаванд.
Баҳодиҳӣ ва сертификатсияи металлҳои қиматбаҳои худрӯӣ тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои аз ҷониби мақоми махсуси давлатии ваколатдори ҳокимияти иҷроия сурат мегирад. Металлҳои қиматбаҳои худрӯе, ки аз ҷониби Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ нашудаанд, ба субъектҳои истихроҷи онҳо баргардонда ё бо супориши субъектҳои мазкури истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо фурӯхта мешаванд, аз он ҷумла дар музояда.
5. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки бо тартиби афзалиятнок ба харидорони дар банди 5 моддаи 3 ҳамин Қонун ва банди 4 ҳамин модда номбаршуда фурӯхта нашудаанд, аз ҷумла металлҳои худрӯи қиматбаҳои нодир, ки аз харидани онҳо харидороне, ки аз харидани металлҳои қиматбаҳои худрӯи нодир даст кашидаанд, мумкин аст аз ҷониби субъектҳои истиҳроҷ ва истеҳсоли онҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фурӯхта шаванд, дар истеҳсолоти худи ё ба сифати ашёи гарав ё дигар ӯхдадории молиявӣ истифода бурда шуда, инчунин барои фурӯш дар бозори берунӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шаванд.
Он қисми металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки талабгорӣ ё аз рӯи ӯхдадорӣ пардохт нашудаанд, аз ҷониби моликон ё соҳибони онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд. Он қисми металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки нархашон пардохт шуда ва дар давоми се моҳ талаб карда нашудаанд, ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд ва мумкин аст онҳо дар асоси пешниҳоди ҳуқуқи моликият дархост карда шаванд.
6. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки дар натиҷаи фаъолият оиди тадқиқи геологии сарватҳои зеризаминӣ ба даст омадаанд, аз ҷониби ташкилотҳои ин намуди корҳоро ба ҷо оварда бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми давлатии идораи Фонди давлатии сарватҳои зеризаминӣ ба ҳисоб ва ба қайд гирифта мешаванд.
Моддаи 20. Тартиби пардохти нархи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо
1.Ҳангоми хариду фуруши иҷозатдодаи қонунгузорӣ, пардохти арзиши металлҳои қиматбаҳо бо назардошти нархи бозори ҷаҳони сурат мегирад. Ҳангоми чунин муомилот пардохти нархи сангҳои қиматбаҳо аз рӯи нархи бо роҳи эксперти муайяншуда дар асоси нархномаҳое, ки бо нархномаҳои дар бозори ҷаҳонӣ амалкунанда айният доранд ва бо назардошти тағйирёбии нархҳо дар рӯзи фурӯш сурат мегирад. Тартиби пардохти нархи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мутобиқи шартномаҳо муқаррар карда мешавад.
2. Шартномаҳо бо субъектҳои истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар бораи супоридани сарватҳои мазкур ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо пешпардохт ба ҳисоби пардохтҳои аз рӯи шартнома гузаронидашаванда таъмин гарданд. Ҳаҷми пешпардохти шартнома дар бораи супоридани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба фондҳои мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
3. Пардохт ва ҳавасмандгардонӣ барои супоридани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти онҳо, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлат гирифтаанд, мувофиқи тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
4. Ба мақсади ҳавасмандгардонии инвеститсияҳо ба инкишофи истихроҷу истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи когазҳои қиматнок мумкин аст ба муомилот когазҳои қиматноки давлатӣ бароварда шаванд, ки нархи номиналии онҳо ба вазни металлҳои қиматбаҳо мувофиқат кунанд.
5. Дар сурати аз тарафи фармоишгар иҷро нашудани шартҳои қарордод, ки дар бандҳои 1 ва 2-юми ҳамин модда зикр гардидаанд, субъектҳои истихроҷу истеҳсолкунандаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ҳақ доранд маҳсулотеро, ки арзишаш аз рӯи қарордод пардохта нашудааст дар ихтиёри худ нигоҳ доранд ва ҳамчунин бо тартиби муқарраршуда барои ҳимояи ҳуқуқи амволиашон ба суд муроҷиат намоянд.
Моддаи 21. Истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва cангҳои қиматбаҳо, шикастапораҳо ва партови онҳо
1. Истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар асоси тартибот ва шароитҳое, ки ҳамин Қонун ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, ба амал бароварда мешавад.
2. Муомилоти металлҳои қиматбаҳо дар намуди коғазҳои қиматноки (облигатсияҳои) давлатӣ, ки нархи номиналии онҳо ба вазни металлҳои қиматбаҳо мувофиқ ё бо металлҳои қиматбаҳо таъмин буда, бо тартиби муқаррар кардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузорӣ бароварда шудаанд, метавонанд сурат гирад. ӯҳдадориҳо аз рӯи ин коғазҳои қиматнок (облигатсияҳо) бояд бо ӯҳдадориҳои облигатсионии маҷмӯи эквивалентии эмитент миқдори металлҳои қиматбаҳо, ки бо ҳифозати масъул тибқи муқаррароти муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиронида шуда фаро гирифта шудаанд, бояд кафолат дода шаванд.
3. Сангҳои қиматбаҳое, ки барои истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ корношояманд, ҳамчун маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ бе маҳдудиятҳои муқаррар кардаи ин қонун истифода мешаванд.
Меъёр ва тартиби ҷудо кардани сангҳои қиматбаҳо ба гурӯҳи истифоданашавандаи истеҳсолоти маҳсулоти заргарӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
4. Шикастапора ва партовҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар ҳамаи ташкилотҳое, ки дар онҳо ин пораҳо ва партовҳо пайдо мешаванд, бояд ҷамъ оварда шаванд. Шикастапора ва партовҳои ҷамъоварда ҳатман ба ҳисоб гирифта мешаванд ва аз тарафи ташкилотҳои онҳоро ҷамъоваранда, аз ҷумла ба қисмҳои ҳарбӣ ва низомӣ, ки барои истифодаи дуюмбора (аз коркард гузаронидан) иҷозатнома доранд ва ё ба ташкилотҳое, ки ба ин навъи фаъолият иҷозатнома доранд, метавонанд барои истеҳсолоти минбаъда ва холискории металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо фурӯхта шаванд.
5. Тартиби пардохт ва нархномаи барои шикастапора ва партовҳои дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои аз шикастапораҳо ва партовҳо ҳосилшуда вобаста ба намуду ҳолати онҳо мутобиқи ҳамин қонун истифода ва ба муомилот бароварда мешаванд.
Моддаи 22. Тартиби баровардани сарватҳо аз Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ки дар Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузанд, мувофиқи нақшаи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда, дар ҳаҷми арзиши дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатии муқарраргардида истифода мешаванд. Ин нақшаҳо ҳар сол бо нишон додани мақсадҳои мушаххаси ба фурӯш баровардани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо қабул карда мешаванд.
2. Фурӯхтани тилло аз Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани амалиёт дар бозорҳои берунӣ ва дохилӣ, инчунин ба фурӯш баровардани дигар металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз фонди мазкур зиёда аз андозаи нақшаи муқарраршудаи ба фурӯш баровардани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст ва барои мақсадҳое, ки дар ин нақша пешбинӣ нашудааст, танҳо бо қарордоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи пешниҳоди асосноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даровардани тағйироти дахлдор ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ анҷом мепазирад.
Пешниҳоди мазкур бояд маълумотро дар бораи миқдори умумӣ ва навъҳои сарватҳои дахлдоре, ки дар Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзаи фиристодани пешниҳод маҳфузанд, оиди нақшаи воридшавии ин сарватҳо, мавҷудияти қарзи давлатӣ аз субъектҳои истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, оиди мӯҳлатҳои мушаххас ва соҳаҳои хароҷоти маблағ аз амалиёти пешбинишаванда бо сарватҳои иловатан фурӯхташаванда, инчунин дар бораи иҷрои воқеии қарордодҳои пешинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ин масъалаҳо маълумот дошта бошад.
3. Маблағи аз фурӯши сарватҳои Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омада, ҳатман дар қисми даромади буҷети давлатӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
4. Истифодаи захираи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зарурати технологӣ бо мақсади гирифтани маҳсулот дар асосҳои муваққатӣ ва фақат шартномавӣ роҳ дода мешавад. Нархномаҳоро барои истифодаи захираҳои Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
БОБИ VI. ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ИСТИХРОҶ ИСТЕҲСОЛ, ИСТИФОДА ВА МУОМИЛОТИ МЕТАЛЛҲОИ ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО
Моддаи 23. Шартномаҳои байналмилалии ҶумҳурииТоҷикистон дар соҳаи истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо
1. Лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои басташудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо субъектҳои давлатҳои хориҷӣ ва ашхоси ҳуқуқии хориҷӣ дар соҳаи истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Ин лоиҳаҳо ҳатман аз экспертизаи иқтисодию ҳуқуқӣ, ки аз тарафи мақоми давлатии махсуси ваколатдори ҳокимияти иҷроия ташкил ёфтааст, бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
2. Шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истихроҷ, истеҳсол ва истифодаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо тибқи тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман ба тасдиқ расанд.
Моддаи 24. Шартномаҳои байналмилалӣ оиди коркарди маъдан ва консентратҳо
1. Молики металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои ба маъдану консетратҳо ҳамроҳ ва ё дар таркибашон мавҷудбуда, ки барои коркард ё фурӯш ба хориҷа фиристода мешаванд, давлат мебошад.
2. Аз ҳудуди давлат баровардани маъданҳо, консентратҳои ашёи хом ва маводе, ки дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мебошанд ба шарте сурат мегирад, ки металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои аз онҳо ҷудокардашударо ҳатман баргардонида ба Фонди металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида хароҷоташон ҷуброн карда шавад.
Тартиби ҷуброни хароҷот оиди ҷудокардагирифтан ва баргардонидани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
3. Меъёрҳои технологии ҷудокардагирифтани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои ба маъданҳою консентратҳо, мавод ва ашёи хом ҳамроҳ ва ё дар таркибашон мавҷудбударо, ки барои баргардонидан пешбинӣ шуданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
БОБИ VII. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ БА ТАДҚИҚУ ҶУСТУҶӯИ ГЕОЛОГИИ КОНҲОИ МЕТАЛЛҲОИ ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО, ИСТИХРОҶ, ИСТЕҲСОЛ, ИСТИФОДА ВА МУОМИЛОТН ОНҲО
Моддаи 25. Мақсад ва намудҳои назорати давлатӣ ба тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо
1. Назорати давлатӣ ба тадқиқу ҷустуҷӯи конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо бо мақсадҳои зайл амалӣ карда мешавад:
1) риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо;
2) истифодаи самараноки захираҳои табиии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
3) истифодабарии схемаҳои ташкилию технологии аз ҷиҳати экологӣ тозаи истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
4) бе осеб нигоҳдории металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин маҳсулоти аз онҳо тайёршуда.
2. Ба тадқиқу ҷустуҷӯи конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо шаклҳои зерини назорати ягонаи давлатӣ ҷорӣ карда мешаванд:
1) назорати доимӣ ба истихроҷ, истеҳсол, коркард, истифода, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар ташкилотҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншаванда;
2) назорати давлатӣ:
дар ҳамаи ташкилотҳое, ки ба истихроҷ, коркард ва истифодабарии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо машғуланд, инчунин маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти маишии аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохтаро мехаранд, ба гарав мегиранд, ин маснуотро мефурӯшанд ё дар савдои онҳо хизмати миёнаравиро адо мекунанд, маснуоти (маҳсулоти, маводи) аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо тайёршударо нигоҳ медоранд ва ба намоиш мегузоранд, шикастапора ва партовҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро ҷамъ меоранд ва кор мефармоянд;
нисбати соҳибкорони инфиродӣ, ки бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сарукор доранд;
3) назорати давлатии маҳак, ки мутобиқи банди 2 моддаи 12 ҳамин қонун ба амал бароварда мешавад;
4) назорати давлатӣ ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчуни ба маҳсулоти онҳо, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда ва аз он бароварда мешаванд.
Моддаи 26. Салоҳияти мақомоти назорати давлатӣ ба тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо
1. Назорати давлатӣ ба тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташон, ки ҳамин қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, ба амал бароварда мешавад.
2. Мақомоти назорати давлатӣ ба тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо мутобиқи мақсадҳо ва намудҳои назорат салоҳияти зеринро доранд:
1) дар ҳамаи ташкилотҳо, қатъи назар аз шаклҳои моликияташон, ки бо истихроҷ, истеҳсол, коркард, истифодаи металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо машғуланд, ревизия, санҷиш ва тадқиқот мегузаронанд, инчунин истифодаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро аз тарафи соҳибкорони инфиродӣ, ки бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо амалиёт мегузаронанд, санҷиш мекунанд;
2) шаклҳои ба ҳисобгирию ҳисоботдиҳиро ҳангоми истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳиро муқаррар мекунанд;
3) ба шахсонн мансабдори ташкилотҳои назоратшаванда дар бораи бартараф кардани камбудиҳо, инчунин дар бораи қатъ намудани коркарди бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо, ки барои сарфи бесамари ин сарватҳо замина муҳайё мекунанд ва ё имконияти таъмини нигоҳдории онҳоро истисно менамоянд пешниҳодҳои барояшон ҳатмӣ, мефиристанд;
4) ҳангоми ревизия, санҷиш ва тадқиқот ошкор намудани нишонаҳои ҷиноят ё дигар ҳуқуқвайронкуниҳо маводи дахлдорро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупоранд.
3. Мақомоти назорати давлатӣ ба тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо наметавонанд бо фаъолияти тиҷоратӣ мустақилона машғул шаванд, инчунин ба истиснои ташкилотҳои барои таъмини вазифаҳои мақомоти давлатӣ таъсисёфта, муассиси ташкилоти анҷомдиҳандаи фаъолияти тиҷоратӣ, буда наметавонанд.
Моддаи 27. Ҳуқуқҳои шахсони мансабдори мақомоти назорати давлатӣ ба тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо
1. Шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти назорати давлатӣ ба тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо ҳуқуқ доранд:
1) бо мақсади иҷрои вазифаҳояшон ба ҳамаи ташкилотҳое, ки ба тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо машғуланд, бо нишон додани шаҳодатномаи хизматӣ ва дастурҳои мақомоти дахлдоре, ки ходимони онҳо мебошанд, бо риояи низоми кории корхонаашон бе мамониат ворид шаванд;
2) аз назар гузаронидани ҳолати биноҳо, ҷойҳои кор, воситаҳои нақлиёт, ҷойҳои нигоҳдории доимӣ ва муваққатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маҳсулоти онҳо, ки аз тарафи ташкилотҳои тадқиқкунанда ва ҷустуҷӯкунандаи конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо истифода мешаванд, аз назар гузаронидани сарватҳои мазкур.
Мӯҳр задани биноҳои мазкур, ҷойҳои кор, воситаҳои нақлиёт, ҷойҳои нигоҳдории доимӣ ва муваққатӣ дар ҳолати ошкор шудани вайронкунии тартиботи дахлу харҷ, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории ин сарватҳо, ҷамъоварии шикастапораҳо ва партовҳои онҳо;
3) шахсонро, ки фаъолияти онҳо бевосита ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо алоқаманд аст, аз назар гузаронанд;
4) аз шахсони мансабдори ташкилотҳои назоратшаванда, инчунин аз соҳибкорони инфиродӣ, ки бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо амалиёт мебаранд, аз рӯи масъалаҳои ҳангоми назорат ба миёномада ҳуҷҷатҳои дахлдор, баёноту маълумоти хаттӣ ё шифоҳӣ талаб карда гиранд;
5) ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ва ғайраро, ки дар бораи гирифтан, хароҷот кардан ба ҳисоб гирифтан, саришта намудани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, шикастапораю партовҳои онҳо маълумот доранд, санҷиш кунанд, агар хавфи гум шудан ё тағйир додани маълумот мавҷуд бошад, то анҷоми санҷиш ё қабули қарор дар бораи гирифтани ҳуҷҷатҳо, ҳуҷҷатҳои мазкурро мӯҳр занад;
6) дар ташкилотҳои назоратшаванда интихоби намунаро аз маҳсулоти (маводи) металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, шикастапораю партовҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо барои санҷиш ва гузарондани таҳлил дар лабораторияҳои мақомоти назорати давлатӣ ё дигар лабораторияҳо ба шарти минбаъд ҳатман вопас додани онҳо амалӣ гардонанд;
7) дар ҳолатҳои ошкор намудани камбудиҳо, дар бобати ҳуқуқҳои амволи давлатӣ бо назардошти манфиати давлат ба суд даъво пешниҳод кунанд;
8) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории маъмурӣ, дар бораи додани ҷазои маъмурӣ, қарор қабул намояд;
2. Хароҷоти ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ҳангоми гузаронидани назорати давлатӣ дар ҷараёни интихоботи намунаҳо, гузарондани санҷиш, экспертиза ва таҳлили маҳсулот (маснуот, мавод) аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин дар ҷараёни азнавкоркунӣ ба талаботи муқарраршуда номувофиқ будан, ҳамчунин қобили фурӯш набудан маснуоти заргарӣ ва маишии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба миён омадаанд, ҷуброн намешаванд.
БОБИ VIII. МАСЪУЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲО ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОР
Моддаи 28. Таъмини муҳофизат ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин маҳсулоти онҳо
1. Ташкилотҳое, ки тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳоро ба роҳ мондаанд ва бо амалиёти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сарукор доранд, муҳофизаи сарватҳои мазкур, инчунин маҳсулоти онҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунанд.
Бо ин мақсад ташкилотҳои мазкур оид ба мустаҳкамкардани объектҳое, ки дар онҳо амалиёт бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо гузаронда мешаванд, яъне ҷиҳозонидан барои бо воситаҳои техникии махсуси ҳифз, сигнализатсия ва алоқа бояд тадбирҳо андешанд, хадамоти худии посбони таъсис диҳанд ва дар ҳолати имконнопазирии таъсис додани онҳо бо ташкилотҳои махсусе, ки соҳаи фаъолияташон ҳифзи объектҳост дар бораи қабули хизматрасонии шартномаҳо банданд.
2. Ҳисоби фаврии истихроҷ, истеҳсол, нақли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти онҳо дар корхонаҳо аз рӯи ҳар як марҳалаи коркард ё ҳар як намуди кор бо назардошти хусусиятҳои технологӣ истифодаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, пайдоиши пасмондаю талафшавии истеҳсолӣ, алоҳида ба роҳ монда мешавад.
3.Ҳамлу нақли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин маҳсулоти онҳо бо нақлиёти ҳавоӣ, обӣ, роҳи оҳан ва автомобилии махсусе, ки бо воситаҳои дахлдори техникӣ ҷиҳозонида шудаанд ва онҳоро муҳофизони мусаллаҳ, ҳамроҳӣ мекунанд, ба амал бароварда мешавад. Таҷҳизоти нақлиёти махсуси автомобилӣ бояд бехатарии бори мазкурро таъмин намояд.
Моддаи 29. Масъулият барои вайрон кардани тартиботи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо
1. Шахсоне, ки барои вайрон кардани тартиботи муқарраршудаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо айбдоранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
2. Маблағе, ки аз истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба даст омадааст тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми даромади буҷети давлат ворид мешавад. Дар айни замон металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар мӯҳлати се шабонарӯз аз мавриди гирифтани онҳо ҳатман ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.
3. Ташкилотҳо ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, ҳангоми вайрон кардани қоидаҳои коркарди конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ки ба нобудшавии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо оварда расонидаанд, арзиши зарари расонидашударо ба давлат ҷуброн мекунанд.
Моддаи 30. Шикоят аз амали мақомоти давлатии танзимкунандаи муносибатҳои соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо ва ашхоси мансабдори ваколатдори онҳо
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз амали мақомоти давлатии танзимкунандаи муносибатҳои соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо ва назорати давлатии ин соҳа, инчуннн аз амали ашхоси мансабдори ваколатдори онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят карда метавонанд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш. Душанбе
аз 12 майи соли 2001 № 21