ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МЕТАЛЛҲОИ ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2001, №4, мод.194; с.2006, №4, мод.199; с.2007, №7, мод.673; с.2008, №12, қ.2, мод.999; с.2009, №9-10, мод.545; с.2011, №6, мод. 454) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар тамоми матни Қонун бобҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шуда, номи онҳо бо ҳарфҳои калон навишта шаванд.
3. Сархатҳои ҳафтум ва ҳаштуми моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"канданиҳои фоиданоки пошхӯрда - пайдоишҳои табиии минералӣ, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, қалъагӣ, волфрам, металлҳои нодир, сангҳои зинатӣ ва ғайра, ки дар натиҷаи бодхӯрдашавии физикию химиявии ҷинсҳои кӯҳӣ, зуҳуроту конҳои канданиҳои фоиданоки аслӣ пайдо шудаанд;
усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ - тарзи ташкили истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда, ки тибқи иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар минтақаҳои қаъри замини захираҳояш ҳисобнашуда ва дар тавозуни давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштанашуда амалӣ карда мешавад;".
4. Дар моддаи 4:
- қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2. Истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёриро соҳибкоронӣ инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие амалӣ карда метавонанд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" иҷозат гирифтаанд. Шартҳои иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда тибқи қоидаҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.";
- қисми 3 хориҷ карда шавад;
- қисмҳои 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 3 ва 4 ҳисобида шаванд.
5. Ба моддаи 11 банди 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"4) қоидаҳои иҷозатро барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифодаи усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ тасдиқ мекунад;".
6. Номи Боби 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"БОБИ 4. ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
28 декабри соли 2013 № 1049
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
ш. Душанбе, 10 октябри соли 2013, № 1282
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2013 № 604
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ДРАГОЦЕННЫХ МЕТАЛЛАХ И ДРАГОЦЕННЫХ КАМНЯХ"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 12 мая 2001 года "О драгоценных металлах и драгоценных камнях" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2001 г., №4, ст. 194; 2006 г., №4, ст. 199; 2007 г., №7, ст.673; 2008 г., №12, ч.2, ст.999; 2009 г., №9-10, ст. 545; 2011 г., №6, ст.454) следующие изменения и дополнения:
1. Название Закона писать прописными буквами.
2. Во всем тексте Закона главы обозначить арабскими цифрами и их названия писать прописными буквами.
3. Абзацы седьмой и восьмой статьи 2 изложить в следующей редакции:
"россыпные полезные ископаемые - природные минеральные образования, в том числе драгоценные металлы и драгоценные камни, олово, вольфрам, редкие металлы, поделочные камни и другие, образовавшиеся в результате физического и химического выветривания горных пород, проявления и месторождений коренных полезных ископаемых;
старательский и вольноприносительский способ - метод организации добычи россыпных полезных ископаемых, осуществляемый в соответствии с разрешением уполномоченного государственного органа индивидуальными предпринимателями и юридическими лицами в участках недр с неподсчитанными запасами и непоставленными на государственный баланс запасов полезных ископаемых Республики Таджикистан;,.
4. В статье 4:
- часть 2 изложить в следующей редакции:
"2. Добычу россыпных полезных ископаемых старательским и вольноприносительским способами могут осуществлять индивидуальные предприниматели и юридические лица, получившие разрешение в порядке, установленном Законом Республики Таджикистан "О разрешительной системе,. Условия разрешения на добычу россыпных полезных ископаемых определяются в соответствии с правилами, утвержденными Правительством Республики Таджикистан.";
- часть 3 исключить;
- части 4 и 5 соответственно считать частями 3 и 4.
5. Статью 11 дополнить пунктом 4 следующего содержания:
"4) утверждает правила разрешения на добычу россыпных полезных ископаемых старательским и вольноприносительским способами;".
6. Название Главы 4 изложить в следующей редакции:
"ГЛАВА 4. ЛИЦЕНЗИРОВАНИЕ".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 28 декабря 2013 года, № 1049
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш. Зухуров
г. Душанбе, 10 октября 2013 года, № 1282
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 16 декабря 2013 года, №604