ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоқикистон, с.2001, №4 мод. 194) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2:
- сархати чордаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо - ҳосил кардани металлҳои қиматбаҳо аз маъданҳои истихроҷшуда, маҷмӯи маъданҳо, хокаҳои ғанишуда (консентратҳо) ва дигар ниммаҳсулотҳо, инчунин шикасталораҳо ва партовҳое, ки дорои металлҳои қиматбаҳо мебошанд;";
- сархати нуздаҳум дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо -фаъолияти вобаста ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот, холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуперсатсияи сангҳои қиматбаҳо, аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чакана, инчунин гузаронидани амалиёти бонкӣ бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;".
2. Дар моддаи 3:
- дар қисми 3 калимаҳои "иҷозатномаи (литсензияи)" ба калимаи "иҷозатномаи" ва калимаҳои "дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" дода шудааст" ба калимаҳои "дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" дода шудаанд" иваз карда шаванд;
- аз қисми 4 калимаҳои "дар литсензияҳо барои истихроҷи онҳо," хориҷ карда шаванд;
- ҷумлаи якуми сархати дуюми қисми 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад;
"мақомоту ташкилотҳои дорои ваколати махсус барои хариди металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои киматбаҳо танҳо ба шарти пешакӣ бастани қарордодҳои хариду фурӯш бо субъектҳои истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо (дар мӯҳлати на камтар аз се моҳ то рӯзи пешбинишудаи харид) ва бо субъектҳои истихроҷи сангҳои қиматбаҳо (дар мӯҳлати на камтар аз панҷ моҳ то рӯзи пешбинишудаи харид) ва додани пешпардохт (байона) аз ҳисоби пардохтпулии шартномавӣ аз ҳуқуқи имтиёзноки харид истифода бурда метавонанд. Ҳуқуқи хариди имтиёзнок ба мақомои ташкилотҳои зикрёфта дар доираи маблағе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳар сол муайян мекунад, дода мешавад."
3. Дар моддаи 4:
- дар қисми 1 калимаҳои "ҳамин конун ва қонунҳои дигар" ба калимахои "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" иваз карда шаванд калимаи "(литсензия)" хориҷ карда шавад;
- дар қисми 3 баъди калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "инчунин бо корҳонаҳои ваколатдори истихроҷ ва коркарди маъдан" илова карда шаванд.
4. Дар моддаи 10:
- сархати ҳафтуми қисми 2 дар таҳрири зайл баён карда шавад;
"ичозатномадиҳии фаъолияти вобаста бо муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;".
5. Дар моддаи 11:
- банди 4 хориҷ карда шавад;
- сархати ёздаҳуми банди 5 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"тартиби хариди шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои қиматбаҳо, маснуот аз онҳо, инчунии сангҳои қиматбаҳои қаблан истифодашуда;".
6. Дар моддаи 12:
- банди чоруми қисми 2 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"экспертиза ва ташхиси назоратии сангҳои киматбаҳо";
- банди ҳафтуми қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"7) экспертиза, ташхис ва баҳодиҳии шикастапораҳои металлҳои қиматбаҳо, маснуоти заргар) ва дигар маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо тайер кардашуда;".
7. Моддаи 14 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 14. Иҷозатномадиҳӣ барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо сангҳои қиматбаҳо
Иҷозатномадиҳӣ барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, конҳои металлҳои қиматбаҳо сангҳои қиматбаҳо ва фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" анҷом дода мешавад.".
8. Моддаҳои 15, 16, 17, 18 хориҷ карда шаванд.
9. Дар моддаи 19:
- аз қисми 3 калимаҳои "иҷозатномаҳо ва" хориҷ карда шаванд.
10. Дар моддаи 24:
- дар қисми 1 калимаи "давлат" ба калимаҳои "субъекти истихроҷи онҳо" иваз карда шавад;
- сархати якуми қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2. Аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани маъдан, хокаҳои ғанишудаи ашёи хом маводи дорои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои киматбаҳо танҳо дар холати набудани иқтидори саноатӣ ва технологияи коркарди фоидаовари онҳо дар дохили кишвар, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад, амалӣ мегардад.";
- қисми 3 хориҷ карда шавад.
11. Дар моддаи 26:
- дар сархати якум ва чоруми қисми 2 калимаи "ревизия" ба калимаи "тафтиш" иваз карда шавад.
12. Дар моддаи 28:
- дар сархати дуюми қисми 1 калимаҳои "сигнализатсия ва алоқа" ба калимахои "асбобҳои махсуси садодиҳанда ва алоқа" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш.Душанбе
29 апрели соли 2006 № 186
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 12 мая 2001 года "О драгоценных металлах и драгоценных камнях" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2001 г., № 4, ст. 194) следующие изменения и дополнения:
1. В статье 2:
- абзац четырнадцатый изложить в следующей редакции:
"производство драгоценных металлов - извлечение драгоценных металлов из добытых руд, комплексных руд, концентратов и других полупродуктов, а также лома и отходов, содержащих драгоценные металлы;";
- дополнить девятнадцатый абзац следующего содержания:
"оборот драгоценных металлов и драгоценных камней - деятельность, связанная с получением конечной продукции, аффинажем драгоценных металлов и рекуперацией драгоценных камней, скупкой у населения ювелирных и других бытовых изделий из драгоценных металлов и драгоценных камней и их лома, оптовой и розничной торговлей, а также с осуществлением банковских операций с драгоценными металлами и драгоценными камнями;".
2. В статье 3:
- в части 3 слова "на основании выданных в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О недрах" лицензий" заменить на слова "на основании выданных в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности" лицензий";
- из части 4 исключить слова "лицензиями на их добычу";
-первое предложение второго абзаца части 5 изложить в следующей редакции:
"специально уполномоченные органы и организации пользуются преимущественным правом покупки драгоценных металлов и драгоценных камней только при условии предварительного заключения с субъектами производства и добычи драгоценных металлов (не менее чем за три месяца до предполагаемой даты покупки) и с субъектами добычи драгоценных камней (не менее чем за пять месяцев до предполагаемой даты покупки), договоров купли - продажи и авансирования (выдачи задатка) в счет договорных платежей. Преимущественным правом покупки указанные органы и организации пользуются в пределах денежных сумм, устанавливаемых ежегодно Законом Республики Таджикистан "О государственном бюджете Республики Таджикистан".
3. В статье 4:
- в части 1 слова "настоящим Законом и другими законами" заменить словами "Законом Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности";
- в части 3 перед словами "в порядке" добавить слова ", а также с уполномоченными горнодобывающими предприятиями".
4. В статье 10:
- абзац седьмой части 2 изложить в следующей редакции:
"лицензирования деятельности, связанной с оборотом драгоценных металлов и драгоценных камней;".
5. В статье 11:
- пункт 4 исключить;
- одиннадцатый абзац пункта 5 изложить в следующий редакции: "порядок скупки лома и отходов драгоценных металлов, изделий из них, а также бывших в употреблении драгоценных камней;".
6. В статье 12:
- пункт 4 части 2 изложить в следующей редакции:
"контрольную экспертизу и диагностику драгоценных камней";
- пункт 7 части 2 изложить в следующей редакции:
"7) экспертизу, диагностику и оценку лома драгоценных металлов, ювелирных изделий и других изделий, изготовленных из драгоценных металлов и драгоценных камней;".
7. Статью 14 изложить в следующей редакции:
"Статья 14. Лицензирование использования недр и месторождений драгоценных металлов и драгоценных камней, и деятельности, связанной с оборотом драгоценных металлов и драгоценных камней
Лицензирование использования недр и месторождений драгоценных металлов и драгоценных камней, и деятельности, связанной с оборотом драгоценных металлов и драгоценных камней, осуществляется в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности.".
8. Статьи 15, 16, 17 и 18 исключить.
9. В статье 19:
- из части 3 слова "лицензиями и" исключить.
10.В статье 24:
- в части 1 слово "государство" заменить словами " субъект их добычи";
- первый абзац части 2 изложить в следующей редакции:
"2. Вывоз за пределы Республики Таджикистан руд, концентратов сырья и материалов, содержащих драгоценные металлы и драгоценные камни, осуществляется только при условии отсутствия производственных мощностей и технологии их рентабельной переработки внутри страны, что определяется Правительством Республики Таджикистан.";
- часть 3 исключить.
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Э. Рахмонов
г. Душанбе
29 апреля 2006 года № 186
ПОСТАНОВЛЕНЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С. ХАЙРУЛЛОЕВ
г. Душанбе, 12 апреля 2006 года № 297
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г.Душанбе, 21 апреля 2006 года №206