ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2001, № 4, мод. 194; соли 2006, № 4, мод. 199) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 2 моддаи 12:
- банди 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"9) назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор доир ба истихроҷ, истеҳсол, ҷудо карда гирифтан, коркард, истифода, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;";
- банди 10 хориҷ карда шавад.
2. Дар қисми 2 моддаи 25:
- банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1) назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор доир ба истихроҷ, истеҳсол, ҷудо карда гирифтан, коркард, истифода, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;";
- банди 2 хориҷ карда шавад;
- бандҳои 3 ва 4 мутаносибан бандҳои 2 ва 3 ҳисобида шаванд.
3. Дар моддаи 26:
- қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Назорати давлатӣ ва тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ба амал бароварда мешавад.";
- банди 1 қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1) бо тартиби муқаррарнамудаи қонун санҷишро дар субъектҳои хоҷагидор доир ба истихроҷ, истеҳсол, ҷудо карда гирифтан, коркард, истифода, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба амал мебарорад;"
- аз банди 3 қисми 2 калимаҳои "инчунин дар бораи қатъ намудани коркарди металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо, ки барои сарфи бесамари ин сарватҳо замина муҳайё мекунанд ва (ё) имконияти таъмини нигоҳдории онҳоро истисно менамоянд" хориҷ карда шаванд;
- аз банди 4 қисми 2 калимаи "тафтиш" хориҷ карда шавад.
4. Моддаи 27 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 27. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо
Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор бо мақсади риояи қонунгузорӣ дар соҳаи муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад.".
5. Ба Қонун моддаи 27 (1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 27 (1). Ҷуброн кардани хароҷоти вобаста ба амалӣ намудани назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
Хароҷоти субъектҳои хоҷагидор, ки ҳангоми гузаронидани назорати давлатӣ дар ҷараёни интихоби намунаҳо, гузаронидани санҷиш, экспертиза ва таҳлили маҳсулот (маснуот, мавод) аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин дар ҷараёни коркарди маснуоти заргарӣ ва маишӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои ба талаботи муқарраршуда номувофиқ, ҳамчунин қобили фурӯш набуда ба миён омадаанд, ҷуброн карда намешавад.
Хароҷоти вобаста ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо мақсади назорати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор гузаронида мешавад, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ҷуброн карда мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
30 июли соли 2007 № 311
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи кабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
13 июни соли 2007 № 653
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумхурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе
19 июли соли 2007 № 382
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 12 мая 2001 года "О драгоценных металлах и драгоценных камнях" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2001г., № 4, ст. 194; 2006г., № 4, ст. 199) следующие изменения и дополнения:
1. В части 2 статьи 12:
- пункт 9 изложить в следующей редакции:
"9) государственный контроль за деятельностью хозяйствующих субъектов по добыче, производству, извлечению, переработке, использованию,хранению и учету драгоценных металлов и драгоценных камней;";
- пункт 10 исключить;
2. В части 2 статьи 25:
- пункт 1 изложить в следующей редакции:
"1) государственный контроль за деятельностью хозяйствующих субъектов по добыче, производству, извлечению, переработке, использованию, хранению и учету драгоценных металлов и драгоценных камней;";
- пункт 2 исключить.
- пункты 3 и 4 соответственно считать пунктами 2 и 3.
3. В статье 26:
- часть 1 изложить в следующей редакции:
"1. Государственный контроль и геолого - разведочные исследования месторождений драгоценных металлов и драгоценных камней, добыча, производство, использование и их оборот осуществляются органами государственной власти Республики Таджикистан в пределах полномочий, установленных законодательством Республики Таджикистан.";
- пункт 1 части 2 изложить в следующей редакции:
"1) в установленном законом порядке проводят проверки в хозяйствующих субъектах по добыче, производству, извлечению, переработке, использованию, хранению и учету драгоценных металлов и драгоценных камней";
- из пункта 3 части 2 слова "а также о прекращении работ с драгоценными металлами и драгоценными камнями, продукцией из них при выявлении нарушений, создающих условия для нерационального расходования этих ценностей и (или) исключающие возможность обеспечения их сохранности" исключить.
- из пункта 4 части 2 слово "ревизиях" исключить.
4. Статью 27 изложить в следующей редакции:
"Статья 27. Проверка деятельности хозяйствующих субъектов в области оборота драгоценных металлов и драгоценных камней
Проверка деятельности хозяйствующих субъектов в целях соблюдения законодательства в области оборота драгоценных металлов и драгоценных камней осуществляется в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О проверках деятельности хозяйствующих субъектов в Республике Таджикистан.".
5. Дополнить Закон статьей 27(1) следующего содержания:
"Статья 27(1). Возмещение затрат, связанных с осуществлением государственного контроля за деятельностью хозяйствующих субъектов
Затраты, связанные с осуществлением государственного контроля в процессе отбора проб, проведения опробования, экспертизы и анализов продукции (изделий, материалов) из драгоценных металлов и драгоценных камней, а также в процессе переработки не соответствующих установленным требованиям и не подлежащих реализации ювелирных и других бытовых изделий из драгоценных металлов и драгоценных камней, возмещению не подлежат.
Затраты, связанные с проверкой деятельности хозяйствующих субъектов, проводимой в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О проверках деятельности хозяйствующих субъектов в Республике Таджикистан" в целях контроля деятельности хозяйствующих субъектов, возмещаются за счет средств государственного бюджета.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Э.Рахмонов
г.Душанбе 30 июля 2007 года № 311
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и камнях"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С.Хайруллоев
г. Душанбе,13 июня 2007 года № 653
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях"
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 19 июля 2007 года № 382